Главная / Маданият ва санъат / Суханчинӣ (Хабаркашӣ) бузӣ кардан

Суханчинӣ (Хабаркашӣ) бузӣ кардан

Дар мавриди “Суханчинӣ” дар Ислом чи гуфта шудааст?

Бидон, ки суханчинӣ он аст, ки касе сухане аз ҷое шунавад ва ба ҷои дигар ҳикоят кунад, ки он мусулмононро зиён  дорад. Яъне сухани касеро ба каси дигар бурдан, ки сабаби хусумати онҳо мегардад.

Дар ҳадис омадааст, ки суханчинро дар қисмат Худованд  ба сурати маймун гардонад.

Ҳикоят. Имом Ҳасани басрӣ раҳматуллоҳро шахсе гуфт; -Фалонӣ туро бад гуфт.

Ҳасан гуфт: – Ту ӯро дар куҷо дидӣ?

Гуфт: – Дар хонаи вай.

Гуфт: – Он ҷо барои чӣ рафтӣ?

Гуфт: – Он ҷо меҳмон будам.

Гуфт:, – Дар меҳмонӣ чӣ хӯрдӣ?

Гуфт: – Фалон чиз ва фалон чиз.

Гуфт:  Эй ноҷавонмард, чандин таъом дар шиками ту ғунҷид ва ин як сухан нағунҷид?

Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ду гур бигзашт, пас гуфг:

– Соҳибони ин гурҳо ба азоб гирифторанд. Якеаш либосҳояшро аз пешоб пок намедошт, дигараш суханчин буд.

*  *

Сухан дар миёни ду кас ҳамчу оташ аст,

Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

 

Илоҳо, мо мусулмононро аз ҳама гуноҳон дар паноҳи исмати худ нигоҳ дорӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …