Главная / Ҷуғрофия / СУРАТКАШИИ МАҲАЛ

СУРАТКАШИИ МАҲАЛ

Воситаҳои ураткашин маҳал. Сурати маҳалро бо воситаҳои гуногун гирифтан мумкин аст. Аммо он суратҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Суратҳои маҳале, ки аз самолёт ва Радифҳои маснӯии Замин гирифта шудаанд, объектҳои маҳалро бевосита акс мекунанд. Дар суратҳое, ки дар замин бо асбобҳо гирифта шудаанд? объектҳои маҳал бо аломатҳоимшартӣ ифода карда, навишта мешаванд. Ҳангоми сураткаши дар замин масофаро ба воситаи чашм муайян мекунанд. Аз ҳамин сабаб ин гуна суратгириро сураткашии назардис меноманд. Он бо ду усул гирифта мешавад: қутбӣ ва маршрутӣ (роҳиаймоӣ).

kuh

Тайёрӣ ба сураткашии маҳал. Барои нақши маҳалро кашидан васоити зерин заруранд: планшет, қутбнамо, транспортир, чентасма, ҷадвали манзура, калам, хаткӯркунак, сепояи суфачадор, паргор ва сӯзан, Баъди воситаҳоро тайёр кардан планшетро барои суратгирии маҳал омода месозем. Бо ин мақсад фанер ва ё картони андозааш 40 ба 40 ё 50 ба 50-ро гирифта, дар сатҳи он коғази сафедро мустаҳкам менамоем. Дар гӯшаи чапи он қутбнаморо чунон мегузорем, ки ақрабаки он самтҳои Шимол ва Ҷанубро нишон дихад. Ба равиши самти ақрабаки қутбнамо аз тарафи чапи қоғаз хат мекашем, ки вай ба мисли ақрабаки қутбнамо самти Шимол (Ш) ва Ҷануб (Ҷ)-ро ишора менамояд.

Пас аз иҷрои ин амал ба маҳале, ки сураткашй мешавад, шинос шуда. Миқёси сураткаширо муайян мекунем. Миқёсро чунон интихоб менамоем, ки маҳали аксшаванда пурра ҷой гирифта тавонад (расми 16). Сипас планшетро ба нақшагирии назардид омода месозем. Барои ин амалро иҷро кардан аввал нуқтаи ибтидоии сураткашии назардидро муайян намуда, сепояро барҷо карда, дар болои тахтачаи он планшетро гузошта, онро ба тарафҳои уфуқ мувофиқ мекунем, яъне то он даме, ки ақрабаки қутбнамо ва хати дар тарафи чапи планшет кашида як хел самти Шимол (Ш) ва Ҷанубро (Ҷ) нишон диҳанд. Баъд аз ин дар рӯи коғази дар планшет мустаҳкамкарда нуктаи ҷои метрро муайян карда, ба он ҷо сӯзан мехалонем, сураткашии маҳалро ба воситаи ҷадвали манзура оқоз менамоем.

Сураткашни кутбӣ. Барои бо ин усул гирифтаки сурати маҳал, пеш аз ҳама, дар маркази маҳал нуқтаеро интихоб мекунем, ки аз он ҷо тамоми объектҳои маҳал ба назар хуб намоён бошанд. Ин нуқтаро кутб мегӯянд. Баъд сспояеро, ки дар болои он планшет гузошта шудааст, дар нуқтаи қутб Суратгирии цутбй. А-иа.иуди у.чу мич майдон. К-тасвмр йар nuunucm баъди иччччи суратгирй. В-иакшаи тайёри уавлчч мактаб

гузошта, онро ба воситаи қутбнамо ба тарафҳои уфуқ мувофиқ карда, ба сураткашии маҳал омода месозем. Баъди ба кор омода сохтани планшет дар маркази он (қутб) сӯзан халонда, ба тарафи рости он ҷадвали манзураро гузошта, ба воситаи он ба объектҳое, ки ба нақша гирифта мешаванд, бо навбат нигоҳ карда, бо қалам дар маркази қутб хат мекашем (расми 18). Баъд аз ин масофаи байни қутб ва нуқтаҳоро бо паргор чен карда, мувофиқӣ миқёси интихобкарда масофаи ҳар як нуқгаро бо миқёс мегузорем. Обьектҳоро ба ҷои нуқтаҳо бо аломатҳои шартии ба онҳо монанд ифода мекунем (расмн 18). Чунин усули сураткашии назардидро сураткашии қутбӣ меноманд.

Сураткашии маршрутӣ (роҳпаймон). Ин аз ҳама оддитарин усули ба сурат гирифтани маҳал мебошад. Ин усул аз усули сураткашии қутбӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳама амалҳои сураткашии маршрутӣ дар рафти сафар иҷро карда мешаванд. Барои ин пеш аз ба саёҳат баромадан нуқтаи ибтидоии саёхатро муайян карда, планшетро бо ёрии қутбнамо ба тарафхои уфуқ мувофиқ менамоем. Дар ин суратақрабаки қутбнамю ва тирчае, ки дар тарафи чапи планшет кашида шудааст, бояд самти Шимол (Ш) ва Ҷанубро (Ҷ) нишон диҳад. Баъди ин корро ба сомон расондан объектҳои дар атрофи нуқтаи ибтидои саёҳат воқсъбударо бо аломатхои шартӣ тасвир менамоянд.

Сипас аз нуқтаи ибтидо ба воситаи чадвали манзура самти нуқтаи ояндаи ҳаракатро муайян намуда, онро бо доирача ифода мекунем. Баъд ба нуқтаи оянда омада, масофаи байни нуқтаи ибтидо ва ояндаро бо миқёси хаттӣ дар планшет қайд менамоем. Обьектҳои атрофи нуқтаи ояндаро низ дар планшет бо аломатҳои шартӣ ишора мекукем. Ин амалҳоро ҳангоми аз як нуқта ба дигар нуқтаи самти маршрут гузаштан мунтазам такрор менамоем. Баъди сураткаширо ба охир расондан онро тозанавис мекунем. Навиштаҷот ва аломатҳои шартии дар планшет бо қалам навиштаро, тоза карда, онҳоро бо туш менависем. Ҳангоми тозанавис кардан бояд ба он диққат дод, ки аломатҳои шартӣ мувофиқи аломатхои топографие, ки дар атласи синфи 6 кашида шудаанд, тасвир ёбанд. Дар қисми поёни сурати Маҳал Миқёси онро менависанд. Сарлавҳаи суратро аз хошия берун дар боло ё поёни он сабт менамоянд.

Савол ва супориш

  1. Барои суратгирии назардиди маҳал кадом асбобҳо заруранд?
  2. Планшетро барои суратгирии маҳал чн тавр тайёр мекунанд?
  3. Барои чӣ Суратгирии заминиро суратгирии назардид меноманд?
  4. Суратгирии назардидро бо кадом усулҳо ба ҷо меоваранд?
  5. Суратгирии қутбй аз суратгирии маршрутӣ чӣ фарқ дорад?
  6. Пеш аз суратгирӣ кадом амалҳоро иҷро кардан лозим аст?
  7. Сурати маҳал ва харитаро муқоиса карда гӯед, ки аломатҳон шартии сурати маҳал аз аломатҳон шартин харита чӣ фарқ доранд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …