Главная / Гуногун / Стример барои компютер

Стример барои компютер

strimerСтример – таҷҳизотест, ки барои нигоҳ доштани информатсия дар лентаҳои магнитӣ хизмат мерасонад. Стримерҳо бештар барои нигоҳ доштани нусхаҳои эҳтиётии информатсияи дар винчестер маҳфузбуда истифода бурда мешаванд. Информатсия дар кассетаҳои (катриҷ) лентаҳои магнитӣ сабт карда мешавад.

Стримерҳо дар истифодабарӣ хеле содда буда, имконияти аз ҳама арзонтарини нигоҳдории информатсияро фароҳам меоваранд. Стримерҳо аз ҳамдигар бо ҳаҷмашон (аз 20 Мбайт то 40 Гбайт дар як кассета), типи кассетаҳояшон, интейрфейсашон, суръати сабт ва хонданашон (аз 100 Кбайт/с то 5 Мбайт/с), эътимоднокии сабташон ва ғайраҳо фарқ мекунанд. Стримерҳо низ ба мисли модемҳо дар ду шакл дохилӣ ва берунӣ истеҳсол карда мешаванд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …