Главная / Без рубрики / СТАТУСИ МЕДАЛИ ҶАШНИИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

СТАТУСИ МЕДАЛИ ҶАШНИИ 50-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи статуси медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”

Ин қонун гурӯҳи шахсонеро, ки бо медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945” мукофотонида мешаванд, муайян карда, тартиби супурдан ва овехта гаштани онро муқаррар менамояд.

50-solagi

Моддаи 1. Статуси медали ҷашни

Медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофоти давлати буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешавад.

Моддаи 2. Шахсоне, ки бо медали ҷашни мукофотонида мешаванд

Шахсони зерини сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида мешаванд:

хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати кироя, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар амалиётҳои ҷангии фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватани иштирок кардаанд;

партизанҳо ва иштирокчиёни пинҳонкории Ҷанги Бузурги Ватани;

хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати кироДар бораи статуси медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”

 

я, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардаанд;

шахсоне, ки бо медалҳои “Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои ғалаба бар Япония” мукофотонида шудаанд, ҳамчунин шахсоне, ки шаҳодатномаи медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ё “Барои меҳнати фидокорона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945” ё шаҳодатномаи иштирокчии ҷанг доранд;

меҳнаткашони ақибгоҳ, ки барои меҳнати диловаронаашон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани бо орденҳои ИҶШС ё бо медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои шуҷоати меҳнати”, “Барои меҳнати шоён”, “Барои мудофиаи Ленинград”; “Барои мудофиаи Москва”, “Барои мудофиаи Одесса”, “Барои мудофиаи Севастополь”, “Барои мудофиаи Сталинград”, “Барои мудофиаи Кавказ”, “Барои мудофиаи Киев”, “Барои мудофиаи Заполярияи Шӯрави” мукофотонида шудаанд;

шахсоне, ки нишони “Ба сокини Ленингради муҳосирашуда” доранд;

собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд;

шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишғолкардаи душман.

Моддаи 3. Супоридани медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”

Медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо месупоранд:

комиссариатҳои ҳарбии ҷои истиқомат – ба шахсоне, ки аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти корҳои дохилии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти эмнияти давлатии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

командирон, сардорони қисмҳои дахлдори ҳарби, муассисаю идораҳоба хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати кирояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти (аз ҷумла шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия – ба меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқ партизанҳо, иштирокчиёни пинҳонкори, собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд, инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишғолкардаи душман.

Моддаи 4. Тартиби овехта гаштани медали ҷашни

Медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” дар тарафи чапи сари сина овехта, баъди медали ҷашнии “Чилсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945” ҷой дода мешавад.

Моддаи 5. Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашни

Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” ба забони давлати тартиб дода мешавад.

Намунаи ин ҳуҷҷатро дар бораи мукофотонидан Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 6. Дубликати медал ва ҳуҷҷати мукофотонидан

Шахсоне, ки бо медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида шудаанд, бояд онро эҳтиёт намоянд.

Дар сурати гум шудани медал шахсони мукофотонидашуда ҳуқуқи ба ин медал доштаашонро аз даст намедиҳанд.

Ба ивази медали гумшуда дубликаташ дода намешавад, ба истиснои ҳодисаҳои гум шудани он дар вазъияти ҷанг, дар натиҷаи офати табии ё дар ҳолатҳои дигар, ки шахс гум шудани медалашро пешбини карда наметавонист.

Дубликати ҳуҷҷати мукофотониданро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоме, ки бо ваколати ӯ мукофотонидааст, дода метавонад.

Дар сурати вафот кардани шахсе, ки бо медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида шудааст, медал дар оилаи ӯ чун ёдгори мемонад.

Моддаи 7. Маҳрум кардан аз медали ҷашни

Дар сурати маҳкум гардидани шахси мукофотонидашуда барои содир намудани ҷиноят бо пешниҳоди суд мутобиқи асос ва тартиби муқарраркардаи Қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро аз медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” маҳрум мекунад.

Моддаи 8. Ҷавобгари барои амали ғайриқонуни нисбати медали ҷашни

Шахсоне, ки нисбати медали ҷашнии “50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945” амали ғайриқонуни содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе

7 апрели соли 1995 № 57

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ . Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 157

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ

Абдусалом Деҳотӣ (14 марти 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд — 31 январ, 1962, ш. Душанбе) …