Главная / Гуногун / Сохтмон дар Тоҷикистон

Сохтмон дар Тоҷикистон

Нишондиҳандаҳои сохтмони асосӣ. Ҳаҷми сармоягузории асосӣ дар сохтмони асосии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 9342,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар сохтмони асосӣ ҳиссаи маблағҳои буҷети давлатӣ назаррас буда, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 4415,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра сармоягузории хориҷӣ 3597,5 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳиссаи маблағгузориҳо аз рӯи сарчашмаҳо дар моҳҳои январ-сентябри солҳои 2017-2018

соли 2017 соли 2018 Фарқият
Ҳамагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо аз ҷумла: 7559,7 9342,8 1783,1
Маблағҳои давлатӣ 3453,9 4415,5 961,6
Ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 73,0 174,7 101,7
 Корхонаҳои кишоварзӣ 46,1 25,5 -20,6
Тоҷикматлубот 3,2 1,5 -1,7
Маблағҳои аҳолӣ 235,1 238,1 3,0
Соҳибкорони инфиродӣ 206,7 275,2 68,5
ҶДММ 507,9 583,7 75,8
Корхонаҳои муштарак 45,8 31,1 -14,7
Сармоягузории хориҷӣ 2988 3597,5 609,5

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 2352,4 млн. сомонӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 фоиз кам), фондҳои асосӣ аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 698,9 ҳазор метри мураббаъ (1,5 фоиз кам), мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 4044 ҷои талаба (67,9 фоиз кам), дармонгоҳҳо барои 90 ҷойи қабул дар як баст (61,1 фоиз) беморхонаҳо 55 кат (70,6 фоиз кам) ва таҳсилоти томактабӣ барои 596 ҷой (42,7 фоиз кам) мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бинобар ба кор андохтани фондҳои асосӣ дар давраи гузашта ва оғоз гардидани маблағгузории иншоотҳои нав нишондиҳандаҳои фондҳои асосӣ нисбатан кам буда, баъд аз пурра маблағгузорӣ шудани иншоотҳои сохташаванда нишондиҳандаҳои мазкур зиёд мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …