Главная / Ҷамъият / СОХТИ СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СОХТИ СИЁСӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамон тавре ки аз унвони давлат, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, шакли идоракунии Тоҷикистон шакли ҷумҳуриявӣ мебошад. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ чунин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тавассути интихобот ташаккул меёбанд.

Аломатҳои асосии шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ аз инҳо иборатанд:

  • – ба мўҳлати муайян интихоб шудани Сарвари давлат ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;
  • – таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
  • – ҷавобгарии ҳуқуқии Сарвари давлат дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст;
  • – ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои ҳокимияти олии давлатӣ барои ҳамаи дигар мақомоти давлатӣ;
  • – ҳифзи афзалиятноки манфиатҳои шаҳрвандони давлат;
  • – масъулияти байниҳамдигарии шахс ва давлат.

Чунонки аз мундариҷаи ин аломатҳо маълум мешавад, шакли ҷумҳуриявии идоракунии давлат дар таърихи башарият аз ҳама пешқадам аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шакли идоракунии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон маъқул донист.

mirvboge-ru_17-jpg17Шакли идоракунии президентиро аз мазмуни меъёрҳои зерини Конститутсия фаҳмидан мумкин аст: дар моддаи 64-уми Конститутсияи ҶТ навишта шудааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст».

Яъне Президенти кишвар дар як вақт ҳам Сарвари давлат ва ҳам Раиси Ҳукумат мебошад, ки чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳурии президентӣ хос аст.

Дар кишвари мо Президент тавассути интихоботи умумӣ ва мустақим, бо тарзи баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби тамоми халқ ба мўҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Ин тарзи интихобот низ ба шакли идоракунии президентӣ хос аст.

Ҷиҳати сеюмаш ҳамин аст, ки Ҳукумат пурра ба Президент тобеъ буда, аз фаъолияти худ ба ў мунтазам ҳисобот медиҳад. Ғайр аз ин, тибқи моддаи 69-уми Конститутсия Президенти ҶТ Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Чунин вазъият низ дар давлатҳои шакли идоракуниашон президентӣ вуҷуд дорад. Хусусиятҳои номбурда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шакли идоракунии ҶТ, яъне шакли ҷумҳурии президентӣ, ба шароити кунунӣ ва дурнамои пешрафти Тоҷикистон хеле мувофиқ аст.

Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар ин шакли идоракунӣ ба шохаҳои мустакил тақсим шудани ҳокимияти давлатист. Чунин таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва иштироки васеи мардум дар амалӣ гардонидани ҳокимият шароити мусоид фароҳам меорад. Ғайр аз ин, чунин сохти давлатдорӣ бо принсипи давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ будани Тоҷикистон мувофиқат мекунад.

Дар ҷумҳурии мо ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ инкишофи озодона дорад. Аммо иқтисоди бозории мо ба иҷтимоиёти кишвар нигаронида шудааст. Дар қисми дуюми моддаи якуми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон гардидааст. Давлатҳое, ки худро иҷтимоӣ эълон кардаанд, кўшиши зиёде мекунанд, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин барои пешрафти соҳаҳое, ки ба шароити зист ва некўаҳволии мардум дахл доранд, тадбирҳои амалӣ андешанд. Махсусан, соҳаҳои таъминоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, нафақаву суғурта, нақлиёт ва алоқа, маориф, беҳдошти муҳити зист бо шароити зиндагии мардум робитаи бевосита дошта, ғамхории ҳамаҷонибаи давлатро тақозо мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб бо вусъат ёфтани раванди қонунгузорӣ ва устувор шудани қонуният, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва аз ҳама муҳимаш – пойдор шудани сулҳу суботи умумӣ пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда истодаанд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ин ҷомеаи одамони озод буда, онҳо аз ҳама ҳукуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ бо имкониятҳои баробар истифода мекунанд ва мансубият ба нажоду миллат ва эътиқод фарқе надорад.

Принсипҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ – кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои шахсият, дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, озодии сухан, ақида ва матбуот, инчунин хусусияти демократӣ доштани ҳокимият аст. Зиндагӣ дар чунин ҷомеаи озоду пешрафта аз қадимулайём аҳли илму адаб ва олимонро ба худ ҷалб кардааст. Ҳанўз дар Юнону Рими қадим файласуфони машҳур Афлотун ва Сисерон оид ба бартарияти ин тарзи зиндагӣ ақидаҳо баён карда буданд. Мулоҳизаи олимони пешинро хулоса карда, ба таври умумӣ чор унсури ҷомеаи шаҳрвандиро ҷудо кардан мумкин аст. Инҳо – хирад, озодӣ, некўаҳволӣ ва адолат мебошанд.

Хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми марти соли 2002 хеле аниқ ва мухтасар баён кардаанд, ки ин хусусиятҳо – моликияти хусусӣ, демократияи сиёсӣ, маданияти демократӣ ва оромиву субот дар ҷомеа ба шумор мераванд.

Дар шароити имрўзаи инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасанд. Чунончи, ҳуқуқҳои фитрии инсон мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсия дахлнопазир эълон шудаанд. Ғайр аз ин, давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро на фақат эътироф, балки риоя ва ҳифз менамояд.

Гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва инкишофи муносибатҳои бозорӣ дар асоси рақобати солим ҷиҳати муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 12-уми Конститутсия навишта шудааст, ки «асоси иқтисодии Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад». Дар кишвари мо ҳама навъҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳуқуқи баробари мавҷудият доранд.

Яке аз хусусиятҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ – дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 8-уми Конститутсия ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф намешавад. Ин ақида чунин маънӣ дорад, ки дар интихоби мафкура, пайравӣ кардан ба ин ё он назарияву ақида ва таълимоти сиёсӣ ҳар шаҳрванди Тоҷикистон комилан озод аст. Инчунин, ҳар шаҳрванд ҳуқуқи комил дорад, ки ба кадом дину мазҳабе, ки майл дорад, пайравӣ намояд.

Дар 15 соли охир дар Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳои оммавӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касбӣ ва эҷодӣ, созмонҳои хайрия ва муассисаҳои хусусӣ хеле зиёд ташкил ёфтаанд. Фаъолияти озодонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ яке аз шартҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд аст. Дар Тоҷикистон даҳҳо санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки барои фаъолияти оммаи васеи мардум дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоранд.

Озодии сухан ва матбуот ҳамчун воситаи муҳими ташаккули афкори ҷамъиятӣ аз хосияти демократӣ доштани давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол дар мамлакати мо баробари матбуот ва нашрияҳои давлатӣ, инчунин, даҳҳо рўзномаву маҷаллаҳои хусусӣ, телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд. Дар моддаи 30-юми Конститутсия зикр шудааст, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Меъёри дигари конститутсионӣ – манъ будани сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид кафолати давлатии озодии ақида ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, сохти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи низоми демократии давлатдории муосир созгор буда, дурнамои инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Сохти иқтисодӣ Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтааст.

Дар моддаи 12-уми Конститутсияи ҶТ гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф шудааст. Тибқи қисми дуюми ҳамин модда давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст. Мазмуни ин меъёри конститутсионӣ чунин аст, ки ягон шакли моликият аз нигоҳи қонун нисбат ба шакли дигар бартарӣ дошта наметавонад. Барои ривоҷи шаклҳои гуногуни моликият аз ҷониби парламенти кишвар санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки бо татбиқи онҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ба таври мўътадил тараққӣ мекунанд.

Қонунҳои амалкунанда ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ додааст, ки соҳиби моликият бошад ва молу мулкашро ба мерос гузорад. Бекор кардани ҳуқуқи шахс ба моликият манъ карда мешавад.

Дар ин бора дар моддаи 32-юми Конститутсияи мамлакат чунин меъёр вуҷуд дорад: «Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ё маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад».

Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан давлати кишоварзӣ буда, маҳсулоти асосии  он аз замин рўёнида мешавад. Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон замин ба моликияти хусусии шаҳрвандон дода шудааст. Дар Тоҷикистон бошад, замин дар баробари сарватҳои зеризаминӣ, об, фазо, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат ба шумор меравад.

Аммо давлат кафолат додааст, ки мардум аз замин ва дигар боигариҳои табиӣ пурсамар истифода барад. Масалан, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷора» шаҳрвандон метавонанд бо роҳи ба иҷора гирифтани замин онро коркард намуда, вазъи иқтисодии худро беҳтар намоянд. Ғайр аз ин, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи замин фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 ва соли 1997 дар бораи ҷудо намудани мутобиқан 50 ва 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон интишор гардидаанд ва ин иқдоми Сарвари давлат ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва заминдорӣ ибтидо гузошт.

Яке аз шаклҳои асосии амалигардонии ҳуқуқҳои иқтисодии шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи мувофиқи қонун бақайдгирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол ва фурўши мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ равона карда шудааст.

Соҳибкорӣ дар кишвари мо мувофиқи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002, метавонад бо истифодаи меҳнати кироя ва бе истифодаи он, бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе таъсиси он амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шахсони хориҷӣ ва бешаҳрванд, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд.

Соҳибкор дар пешбурди фаъолияти иқтисодӣ комилан озод аст. Ў ҳуқуқи мустақилона ба муомилот баровардани молҳои истеҳсолкарда ва бадастовардаашро дорад. Дар муносибат бо давлат соҳибкор танҳо дар асоси шартнома фаъолият дошта метавонад. Кам кардани бекорӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногун – сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани рақобати молҳои ватанӣ бо молҳои хориҷӣ самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Бояд гуфт, ки дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти соҳибкорон хеле маҳдуд аст. Хусусан, ба соҳибкорон додани дастур барои иҷрои ин ё он навъи кор ва хизматрасонӣ, инчунин, муайян кардани нархҳо ба молҳои фурўхташавандаи соҳибкорон манъ карда шудааст.

Сохти иҷтимоӣ Сохти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз принсипи давлати иҷтимоӣ будани он бармеояд. Дар ин хусус дар моддаи якуми Конститутсия гуфта мешавад: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ба соҳаҳои муҳими марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳиманд, ки шаҳрвандон ҳар рўз бо онҳо сарукор мегиранд, масалан, соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – нафақа, суғурта ва ғайра.

Фароҳам овардани шароит барои таҳсил имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ба омўзиш ҷалб карда шаванд. Дар низоми мактабҳои олӣ вобаста ба талаботи иқтисоди бозорӣ ва вазъи иқтисодии табақаҳои гуногуни ҷомеа

шаклҳои ройгон ва шартномавии таҳсил ба роҳ монда шудаанд. Ҷавонон дар масъалаи интихоби шакли таҳсил комилҳуқуқ мебошанд. Дар гурўҳҳои шакли таҳсилашон ройгон хароҷоти таҳсилро худи давлат пардохт мекунад. Давлат барои гурўҳҳои муайяни шаҳрвандон истифодаи ройгони хизматрасонии тиббиро муқаррар кардааст. Нафақахўрон, иштирокчиёни ҶБВ, гурўҳҳои муайяни маъюбон ва ятимон аз хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок истифода мекунанд.

Масъалаи табаият ё худ шаҳрвандӣ ба робитаи ҳуқуқии инсон бо давлат алоқаманд аст. Ин робита дар маҷмўи ҳуқуқу вазифа ва масъулияти ҳамдигарии онҳо ифода меёбад. Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсе шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аз рўзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё ин ки мутобиқи ҳамин қонун ба ў шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин ба даст оварда мешавад: аз рўи таваллуд, аз рўи тартиби бақайдгирии он, дар натиҷаи қабул шудан ба шаҳрвандӣ, дар натиҷаи барқарор шудан ба шаҳрвандӣ ва бо роҳи интихоби шаҳрвандӣ.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандии ягона вуҷуд дорад ва мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф карда намешавад. Яке аз нишонаҳои асосии шаҳрванди ҶТ доштани шиноснома мебошад. Шиноснома санади муҳимест, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ мекунад.

Ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки соҳиби шиноснома шаванд.

Яке аз хусусиятҳои инсонпарваронаи қонунгузории амалкунандаи мо ин аст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, масъалаи қатъ гаштани шаҳрвандиро раво намебинад. Шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар истиқомат доранд, бояд дар намояндагиҳои консулии Тоҷикистон аз қайд гузаранд. Инчунин, ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон шудаанд, давлат паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад.

Бояд таъкид кард, ки шаҳрвандон дар масъалаи тарки шаҳрвандӣ комилан озоданд, вале аз ҳудуди мамлакат баромада рафтан ҳанўз маънои тарк кардани шаҳрвандиро надорад. Дар Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ бевосита ба салоҳияти Сарвари давлат гузошта шудааст. Маҷмўи корҳоро оид ба масъалаи шаҳрвандӣ комиссияи махсус ҳал мекунад, ки дар назди Президенти кишвар таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки асоси иҷтимоии давлатро гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ – коргарон, кишоварзон, ҳунармандон, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, тоҷирон, хизматчиёни ҳарбӣ, нафақахўрон, кўдакону наврасон, ҷавонон ва ғайра ташкил медиҳанд. Табақаҳои номбаршуда яке нисбат ба дигаре афзалият ё маҳдудият надорад. Вазъи ҳуқуқии онҳоро қонунҳои амалкунанда танзим мекунад.

Ҳар яке аз соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф, илм, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра тавассути қонунҳое фаъолият мекунанд, ки муносибатҳои муҳимтарини ҳамин соҳаҳоро фаро мегиранд. Чунончи, барои танзими муносибатҳои соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», барои танзими муносибатҳо дар соҳаи фарҳанг Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва барои танзими муносибатҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» қабул карда шудаанд. Ин қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқие, ки соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёти давлатро ба танзим медароранд, дар маҷмўъ сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд.

Саволҳо:

  1. Шакли идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
  2. Аломатҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявиро номбар кунед.
  3. Мундариҷаи шакли идоракунии президентиро аз кадом меъёрҳои Конститутсия фаҳмидан мумкин аст?
  4. Давлати иҷтимоӣ чӣ гунна хусусиятҳо дорад?
  5. Гуногуншаклии моликият дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст?
  6. Принсипҳои ҷомеаи шаҳрвандиро номбар кунед.
  7. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси кадом равияҳо ҷараён мегирад?
  8. Ба фикри Шумо, озодии сухан ва матбуот чӣ зарурат дорад? 9. Мазмуни моддаи 12-уми Конститутсияро шарҳ диҳед.
  9. Моликияти истисноии давлат гуфта, кадом навъи моликият дар назар дошта мешавад?
  10. Масъалаҳои шаҳрвандиро кадом санади ҳуқуқӣ танзим мекунад?
  11. Самтҳои фаъолияти соҳибкориро номбар намоед.
  12. Шахс дар чандсолагӣ ҳуқуқи гирифтани шиноснома пайдо мекунад?
  13. Шиноснома чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва вазифааш аз чӣ иборат мебошад?
  14. Давлат ба киҳо паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад?

 

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …