ТАҶРИБАИ ЛАБОРАТОРӢ
- Ба шишачаи ашёгузор бо ёрии сӯзани нӯгборик як бандчаи риштаи обсабзи бисёрҳуҷайра — улотрикси аз ҷӯй гирифтаатонро гузоред. Бо чакрарез як қатра об чакконед ва онро бо шишапардача пӯшонед. Микропрепарати тайёркардаатонро аввал бо пурбини хурд, сонӣ бо пурбини калони микроскоп бубинед.
- Ба сохти ҷилд, ситоплазма, ядро ва хромотофори ҳуҷайраи обсабз аз наздик шинос шавед. Шакл ва ранги хромотофорро ба қайд гиред.
- Расми хромотофори улотриксро бо хромотофори хламидомонада (бо расми дар машғулияти пеш аз ин гузаштаатон) муқоиса кунед. Монандӣ ва фарқияти онҳоро нишон диҳед.
- Расми риштаи бисёрҳуҷайраи улотриксро ба дафтаратон кашед. Ҷузъҳои (қисмҳои) ҳуҷайраи онро номбар кунед. Дурустии расми кашидаатонро тавассути расми даркитоббуда бо роҳи муқоисакунӣ, аниқ кунед.