Главная / Биология / ХОСИЯТҲОИ СОХТИ ҲУҶАЙРАИ РАСТАНӢ

ХОСИЯТҲОИ СОХТИ ҲУҶАЙРАИ РАСТАНӢ

Дар ҳуҷайраи растаниҳо ядро ва ҳамаи органоидҳое, ки барои ҳуҷайраи ҳайвонот хосанд, дида мешаванд, масалан, тўри эндоплазмавӣ, рибосомаҳо, митохондрия, маҷмаи Голҷӣ. Дар баробари ин, ҳуҷайраи растанӣ хусусияти худро дорад (ба расми 5.5. нигаред) ва аз ҳуҷайраи ҳайвонот бо чунин аломатҳо фарқ мекунад: 1 – қабати ғафси пардаи ҳуҷайра; 2 – органеллаҳои махсус, яъне пластидҳо, ки дар онҳо синтези аввалаи моддаҳои органикӣ аз ҳисоби маъданҳо ва энергияи офтоб ба амал меояд; 3 – инкишофи системаи вакуолаҳо, ки бо хусусияти осмосии ҳуҷайра вобастагӣ дорад.

5-22

Ҳуҷайраи растаниҳо ба монанди ҳуҷайраи ҳайвонот бо мембранаи ситоплазмавӣ иҳота шудааст, вале он қабати ғафси девора низ дорад, ки аз селлюлоза иборат мебошад.

Девораи ҳуҷайра сўрохиҳо дорад, ки тавассути онҳо ҷўякҳои тури эндоплазмавӣ бо ҳуҷайраҳои ҳамсоя алоқа мекунанд. Бартарии раванди синтез, нисбат ба раванди ҷудо шудани энергия, аз ҷумлаи хосиятҳои муҳими мубодилаи моддаҳои растанӣ ба ҳисоб меравад. Синтези аввалини ангиштобҳо аз моддаҳои ғайриорганикии дар пластидҳо ба вуҷуд меояд.

Пластидҳо се намуд мешаванд:

  1. Лейкопластидҳо, ки беранг буда, дар онҳо аз ҳисоби моносахаридҳо ва дисахаридҳо крахмал синтез мешавад (баъзе лейкопластидҳо сафеда ва чарбҳоро захира мекунанд).
  1. Хлоропластҳо ранги сабз доранд, зеро дар таркиби онҳо пигменти хлорофилл мавҷуд буда, дар онҳо фотосинтез мегузарад (расми 5.22).
  1. Хромопластҳо, ки дорои пигментҳои каротиноидҳо буда, гуногунрангии гул ва меваҳо ба онҳо вобаста аст. Пластидҳо қобилияти ба якдигар табдил ёфтанро доранд.
  2. Дар таркиби ҳуҷайра КДН ва КРН мавҷуд буда, бо роҳи тақсимшавӣ метавонанд зиёд шаванд. Вакуолҳо бо мембрана иҳота шуда, аз ҳисоби ҷомҳои тури эндоплазмавӣ пайдо мешаванд.

Вакуолаҳо, сафедаҳо, ангиштобҳо, маҳсулоти синтези молекулаҳои дараҷаи паст, витаминҳо ва намакҳои гуногунро дар ҳолати маҳлул нигоҳ медоранд. Фишори осмосӣ, ки аз ҳисоби ҳал шудани моддаҳои шираи ҳуҷайра ба амал меояд, боиси ба ҳуҷайра дохил шудани об ва дар ҳолати тургор, яъне тарангӣ қарор ёфтани девораҳои ҳуҷайра мегардад. Ҳолати тургор ва чандирии девораҳои ҳуҷайра омили   муҳими устувории растанӣ ба шумор мераванд.

Расми 5.22.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Сохти пластидҳо чӣ гунаанд? Оиди ба якдигар гузаштани пластидҳо мисол оред.
  2. Дар кадом қисми пластидҳо фотосинтез ба амал меояд?
  3. Реаксияи фотосинтез ва ҷараёни дар рўшноӣ дар шакли АТФ ҷамъ шудани энергияро шарҳ диҳед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …