Главная / Биология / СОХТИ АСАБ, ҲОЗИМА, НАФАСКАШИ ВА ИХРОҶУ ҶИНСӢ

СОХТИ АСАБ, ҲОЗИМА, НАФАСКАШИ ВА ИХРОҶУ ҶИНСӢ

Сохти асаби ширхӯрҳо ба таври фаъол инкишоф ёфта, мағзи сарашон ба кисмҳо тақсим шудааст. Сохти марказии асаб, майнаи cap, майнаи тахтапушт нағз инкишоф ёфтааст.

Дар майнаи сари ширхӯрҳо ҷӯякҳо зиёд буда, он аз 5 қисм (майнаи пеш ё нимкураи калони майна, майнача, майнаи фаллагӣ, миёнаи дарозрӯя) иборат аст. Аз майнаи cap 12 ҷуфт тори майнагӣ ҷудо шуда давом мекунад.

Расми 42. а) Системаи асаби ширхӯрон дар мисоли харгӯш; б) Сохти мағзи сари харгӯш
Расми 42.
а) Системаи асаби ширхӯрон дар мисоли харгӯш; б) Сохти мағзи сари харгӯш

Узвҳои ҳиссиёти ширмакҳо аз узвҳои сомеа, шомма ва босира иборат аст. Сомеа аз қисмхои дарунӣ, миёна ва суфраи гӯш иборатанд.

Узви шомма дар девораҳои сатхи бинӣ буда, бо торҳои махсуси асабӣ таъмин аст.

Узви босира аз як ҷуфт чашми мураккаб иборат аст, ки он дар баьзе ширхӯрҳо (вобаста ба тарзи ҳаётгузарониашон) пӯшида аст. Масалан, узви босираи крот ва кӯрмуш, ки дар қабати хок зиндагӣ мекунанд, нисбат ба узви ҳиссиёташон бештар инкишоф ефтааст.

Сохти ҳозимаи ширхӯрҳо аз даҳон, лунҷ, забон, дандонҳо, халқ, сурхрӯда, меъда, рӯдаи 12-ангушта, рӯдаи борик, кӯррӯда, рӯдаи ғафс, рӯдаи рост, мақъад иборат аст.

Забони ширхӯрҳо аз мушакҳои кӯндаланграх иборат буда, дар ширхӯрҳои дарранда узви зоика мавҷуд аст. Забони ширхӯрҳои алафхӯр бо пардаи хитинй пӯшида шудааст, ки барои хӯрдани ҳаргуна хасу хошок ва алафҳои хушку хордор мувофиқ ва безарар аст. Ферментҳои сатҳи дахони ширхӯрҳо крахмалро-қисман ба қанд табдил медиҳанд. Дандони ширхӯрҳо бо эмал (сир) пӯшида шудааст. Шумораи дандонҳо дар ҳамаи ширхӯрҳо як хел нест. Масалан, дар харгӯш 28, дар маймун 36, дар одам 32 дандон ҳаст.

Ҳалки ширхӯрҳо аз мушакҳои нағз инкишофёфта иборат аст. Сурхрӯда дар ширхӯрҳо то 70 см дарозӣ дошта, бо ёрии мушак ба меъда мегузарад. Меъдаи ҳайвонҳои кавшакунанда (шутур, буз, гӯсфанд, гов) мураккаб буда, қисми баромадгоҳи меъда рӯдаи 12-ангушта ном дорад, ки муҳити он ишкорӣ аст. Муҳити меъда кислотагӣ буда, ба он ғадуди галха ёрӣ мсрасонад. Дар рӯдаи борик ғадудҳои хӯрокхазмкунӣ ҳаст. Охири рӯдаи борик растаки сарбастае дорад, ки онро кӯррӯда меноманд.

Узвҳои нафаскашии ширхӯрҳо аз трахея (найи нафас) cap мешавад, ки он аз халқаҳои нопурраи тағоякӣ иборат буда, ба шуш меравад. Дар трахея ғадудҳои сипаршакли тағоякӣ, ҳалқагӣ, ангушггшакл, чумчашакл мавҷуданд. Дар ин ҷо бандакҷои овоз ҷой гирифтаанд. Трахея ба ду найи шуш (бронхия) ҷудо мешавад ва ҳар яки он боз ба ду бронхиола (найча) ва ҳар яки бронхнола ба алвеолаҳо (пуффакчаҳои ҳавоӣ) тақсим мешаванд. Ҳаво дар алвеолаҳо ассимшиггсия ва диссимилятсия мешавад. Ширхӯрҳо низ бо миқдори кам бошад ҳам, тавассути сӯрохиҳои сатҳи пӯст нафас мегиранд. Барои ҳамин тозагии пӯст сабаби асосии саломатӣ мебошад.

Узви ҷудокунии ширхӯрҳо асосан як ҷуфт гурдаи калони лӯбиёшакл аст, ки дар ду тарафи сутунмӯҳра (болои чорбанд) ҷой гирифта, ба пешобдон роҳ дорад. Пешоб ба воситаи ҷӯяки пешобдон ба берун хориҷ карда мешавад.

Узвҳои ҷинсии ширхӯрҳо мураккаб буда, ғадудҳояшон ҷуфтанд. Тухм дар тухмдонҳо тайёр мешавад ва бо найчаи фалопӣ ба бачадон рафта, бордоршавии дарунӣ ба амал меояд. Бачадон дар ширхӯрҳо 4 хел мешавад:

  1. Бачадони дубара (дар харгӯш фил). 2 Бачадони дупахлӯй (дар муш. хук). 3. Бачадони душоха (дар даррандаҳо, ҳашаротхӯрхо). 4. Бачадини содда (дар нимиаймунхо, маймунҳо ва одам).

Дар баъзе ширхӯрҳои дараҷаи боло ҷанинн инкишофефта истода ба воситаи ҳамроҳак ба организми модарӣ алоқаманд шуда, насли дар батн буда аз модар ба воситаи канали ноф ғизо мегирад.

Дар ширхӯрҳо 2 хел хамроҳак мешавад:

  1. Ҳамрохаки ҷилдаш кӯчндафароянда дар буз, гов, гӯсфанд, одам мавҷуд аст. Дар онҳо бо якчоягии ҳамроҳаки фароянда зарфҳои хун ҳам канда шуда, хунравӣ cap мешавад.
  1. Ҳамроҳаки ҷилдаш нафароянла дар хук, хар, асп, шутур, гург, caг мавҷуд аст. Дар инҳо ҳанғоми зоиш хунравӣ ба амал намеояд.

Насли ширхӯрҳо кобилияти мустақилона макиданро доранд. Дар таркиби шир ба ғайр аз об моддаҳои ғизоии сафеда, чарбҳо. лактоза (қанд), витамин, намакҳои минералӣ ҳастанд, ки барон инкишофи насл заруранд. Рӯзҳои аввал ғадудҳои шир ғализтар буда, фалла кор карда мебароранд, ки он нисбат ба шири оддӣ моддаи ғизоии зиёд дошта, хосияти бактериофагӣ ҳам дорад. Ширхӯрҳо хусусиятҳои афзоиши ба худ хос доранд. Бинобар ин ширхӯрҳоро ба гурӯҳҳои тухмзой, халтадор, ҳамроҳакдор тақсим мекунанд. Ба ширхӯрҳои тухмзой ехидна ва мурғобинӯл дохил мешаванд. Онҳо дар Австралия зиндагӣ мекунанд. Хусусан ехидна дар буттазори душворгузар зиндагӣ карда, ҳашароту кирминаи онҳоро мехӯрад. Дарозии бадани ехидна то 50 см буда, пашми дурушт дорад. Пойҳояш кӯтоҳ асту чанголхои дарози боқувват дорад. Ехидна хатарро пай бурда, лӯнда мешавад, ё ин ки ба сӯрохиҳои қабати замин медарояд.

Мурғобинӯл дар соҳили обанборҳо зиндагӣ карда, аз об хӯрок меёбад. Вай нағз шино мекунад, ғӯтта мезанад. Ҷоғхояш мисли нӯли мурғобӣ буда, дандон надорад. Вай лойқаро кофта, кирм, тукӯмшуллук, кирминаи ҳашаротро ёфта мехӯрад. Мурғобинӯл ва ехидна тухм мегузоранд, ки дарозиаш 2 см буда, парда дорад. Ехиднаи мода тухмашро ба даруни халтаи рӯйи шикамаш андохта мегардад. Пас аз тухм бачаи норасо баромада, дар он халта якчанд моҳ меистад.

Мурғобинӯли модина 2 тухмашро дар болои чизҳои гарми хонааш монда, мисли мурғи курк онҳоро пахш мекунад, Бачаҳои аз тухм баромадаи мурғобинӯлу ехидна шири зюдарашонро мехӯранд. Онҳо пистон надоранд, вале бачаҳои онҳо ширро аз рӯйи пашму пӯсг, ки дар зераш ғадудҳои шир ҳаст. пахш карда, шири баромадар-о лесида, мехӯранд.

Ба ширхӯрҳои халтадор кенгуру мисол шуда метавонад, ки он дар заминҳои кушоди Австралия. Америка зиндагӣ мекунад. Хӯроки вай растанй аст. Дар Вақти аз душман гурехтан пойҳои дарозу бакувваташро ба замин монда, ба масофаи то 3 м меҷахад. Дарозии танаш то 2 м. вазнаш то 150 кг мешавад. Эмбриони кенгуру 40 рӯз инкишоф ёфта, бачаи нобиною барахна мезояд, ки дарозии баданаш қариб 3 см буда, дар халтаи пӯсти рӯишикамй 7-8 моҳ меистад ва он чо шир мехӯрад. Дар холати оромй баъзан бачаашро
бо дасташ аз халта гирифта. ба берун мегузорад ва дар Вақти хатар боз ба халтааш андохта, мегурезад.

Ба ширхӯрҳои ҳамроҳакдор Намудҳои гуногуни ширхӯрҳо мансубанд. Масалан, caг ҳайвони ширхӯр буда, тухмхуҷайраи он моддаиғизой надорад. Эмбрион дар бадани модина, дар бачадоп инкишоф ёфта, бо пардаҳои сершумори девораи бачадон васл шуда, гласента ё ҳамроҳакро ба вуҷуд меорад. Рагҳои хунгарди эмбрион бо рагҳои доираи калони гардиши хуни модар зич пайванданд ва бо ин роҳ эмбрион ғизою оксиген мегирад. Ба хуни модар моддаҳои нолозими эмбрион дохил шуда, тоза мешавад. Инкишофи эмбриони caг 2 моҳ давом мекунал. Caг аз 4 то 10 эача мезояд, ки рӯйи балани онҳо бо пашм пӯшида шуда, бе данлон ва нобиноанд. Пас аз 10-14 рӯзи таваллуд чашмашон кушода мешаваду тадричан дандонҳои шир ҳам мсбароранд. Сагбачаҳо аз модарашон шир макида, тез калон мешаванд. Дар сннни 3-4-моҳагӣ дандонҳои шириашон ба дандонҳои асил иваз мешаванд. Car то 15 сол умр мебинад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …