Главная / Биология / Сохти анатомии гулсангҳо

Сохти анатомии гулсангҳо

Симбиоз. Роли гулсангҳо дар табиат ва ҳоҷагӣ

Аз рӯи сохти анатомиашон гулсангҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гулсангҳои гомеомерӣ ва гетеромерӣ. Дар гулсангҳои сохташон гомеомерӣ риштаҳои занбӯруғӣ ва обсабзҳо аз рӯи ҷойгириашон мавқеи баробару якхела доранд. Яъне, онҳо нисбати якдигар бартарӣ надоранд. Дар ин ҳолат ҳам риштаи занбӯруғ ва ҳам обсабз дар дохили луҳобе, ки обсабзҳо хориҷ мекунанд, ҷойгиранд. Чунин сохти анатомии гулсангҳо аз ҷиҳати пайдоишашон ниҳоят қадима аст.

gulsang

Дар гулсангҳои сохташон гетеромерӣ, баръакс, мавқеи ҷойгирии риштаҳои занбӯруғ ва ҳуҷайраҳои обсабз дар ҷисми (танаи) гулсангҳо баробару якхела нестанд. Дар буриши анатомии ҷисми гулсанг дар аввал қабати боло дида мешавад, ки аз риштаҳои бо ҳам зич печидаи занбӯруғ иборат аст. Дар зери пӯстлохи болоӣ қабати гонидиалӣ ё минтақаи обсабзҳо ҷойгир аст. Дар ин қабат риштаҳои парокандаи занбӯруғ ва миқдори зиёди обсабзҳо мавҷуданд. Қабати сеюм “дилак” мебошад, ки танҳо аз риштаҳои парокандаи занбӯруғ иборатанд. Дар зери ин қабат пӯстлохи поёнӣ ҷойгир аст, ки он низ аз рӯи сохташ ба пӯстлохи болоӣ монанд аст. Тавассути пӯстлохи поёнӣ аз қабати “дилак” бандчаи риштаҳои занбӯруғӣ баромада, гулсангро ба мухити сукунаташ (санг, хок, пӯстлохи дарахт ва ғайраҳо) часпонда нигоҳ медорад. Дар гулсангҳои кафкмонанд .пӯстлохи поёнӣ дида наме- шавад ва гулсанг ба туфайли риштаҳои занбӯруғии аз қабати “дилак” баромада ба муҳити маскунаташ мечаспад ва худро нигоҳ ме- дорад.

Чи тавре ки аллакай дар боло қайд гардид, ҷисми қабат-қабати гулсанг аз ду организм — занбӯруғ ва обсабз таркиб ёфтааст. Аз ин қиёс ҷисми гулсанг аз риштаҳои бо ҳам печидаи занбӯруғ, ки дар байни онҳо обсабзҳои якҳуҷайра ё сабзу кабудгоб ҷойгиранд, ташаккул ёфтааст.

Дар риштаҳои занбӯруғ баъзан пистонакҳо (макакҳо) пайдо шуда, ба даруни ҳуҷайраи обсабз дохил мешаванд. Риштаҳои занбӯруғи гулсанг об ва моддаҳои маъдании дар муҳити сукунат ҳалшударо меҷаббанд, дар ҳуҷайраи обсабз бошад, дар натиҷаи фотосинтез (аз обе, ки занбӯруғ ҷаббидааст ва гази карбонати ҳаво) моддаҳои органикӣ ҳосил мешаванд. Гулсанг организми автотрофӣ буда, аз моддаҳои органикие, ки худаш ҳосил кардааст, ғизо мегирад. Ҳамин тавр, гулсанг организми тому бутун буда, аз ду орга- низм — занбӯруғу обсабз таркиб ёфтааст. Дар натиҷаи чунин ҳамзистии муфид, яъне, агар занбӯруғ обсабзро бо обу намакҳои маъданӣ таъмин кунад, обсабз дар навбати худ занбӯруғро бо моддаҳои органикие, ки барои ғизогирии он лозим аст, таьмин мекунад. Чунин тарзи ҳамзистӣ симбиоз номида мешавад.

Гулсангҳо одатан оби борону барф, шабнам ва маҳлули моддаҳои ғизоиро (маъданиро) бо тамоми сатҳи баданашон ҷабби- да мегиранд. Манбаи асосии моддаҳои ғизоӣ барои гулсангҳо, таркиботи сукунатҷой ва ё чангу ғубори ҳаво (атмосфера), ки ба рӯи (болоӣ) онҳо тавассути боришот дастрас мегардад, мебошад.

Гулсангҳо асосан бо роҳи пайдо кардани спора, ки дар занбӯруғҳо пайдо мешавад ё бо роҳи ба ҳиссачаҳо ҷудо шудани қабатҳояшон афзоиш мекунанд. Инчунин, аз гурӯҳи ҳуҷайраҳои махсуси аз занбӯруғу обсабз иборатбуда, ки дар дохили гулсанг пайдо мешавад, низ метавонанд афзоиш кунанд. Баъзан ҷисми гулсангҳо аз фишори вазни сабзидаи худашон канда мешавад ва онҳоро шамол ва селоб ба ҳар тараф мебарад. Ва онҳо бо ин роҳ низ паҳн мешаванд.

Гулсангҳо организмҳое мебошанд, ки метавонанд аввалин шуда дар марзу буми урёну бесамар пайдо шаванд ва нашъунамо кунанд. Ҷисми хушкидаи онҳо ба порухок табдил меёбад ва дар он растаниҳои дигар нағз нашъунамо карда метавонанд. Гулсангхо инчунин кислотаҳои гуногуни органикӣ хориҷ карда, ҷинсҳои кӯҳиро тадриҷаи вайрон мекунанд.

Баъзе намуди гулсангҳо хосияти муҳофизат кардани дарахтони бешазорҳоро доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки танаи дарахти бо гулсанг фарогирифташуда аз таъсири занбӯруғҳои касалиовар кам зарар мебинад.

Гулсангҳо хӯроки асосии ҳайвоноти минтақаи шимол ба ҳисоб мераванд. Онҳо хусусан барои парвариши гавазнхо, ки дар ҳаёти мардуми шимол аҳамияти калон доранд, мавқеи муҳим доранд. Қариб 50 намуди гулсангҳоро гавазнҳо ва дигар ҳайвоноти дар минтақаи шимол зиндагикунанда истеъмол мекунанд. Баъзе намудҳои гулсангҳоро бузу гӯсфанд ва аспон низ ба сифати хӯрока истеъмол мекунанд.

Гулсангҳо барои одамон низ ҳамчун манбаи хӯрокӣ хизмат мекунанд. Аз 20 000 намуди гулсангҳои дар рӯи Замин мерӯидагӣ зиёда аз 65 намудаш аҳамияти хӯрокӣ доранд.

Дар Тоҷикистон 200 намуди гулсангҳо маълум карда шудааст. Дар даштҳои беоби Бешкенти Тоҷикистон як намуди гулсанги хӯрданибоб мерӯяд, ки онро шамолҳои сахт ба ҳар тараф ғелонида мебарад.

Дар замонҳои қадим, хусусан мардуми Мисри Қадим 2000 сол муқаддам, гулсангҳоро ба сифати доруҳои табобатӣ истифода мебурданд.

Ҳоло аз гулсангҳо доруҳои гуногун тайёр мекунанд ва онҳоро барои табобати касалиҳои пӯст, сӯхтагӣ, ҷарохатхои фасоддор, касалии сил ва ғайра истифода мебаранд.

Баъзе доруҳои аз гулсангҳо тайёршударо барои аз касалиҳо муҳофизат кардани зироатҳои кишоварзӣ истифода мебаранд. Баъзе намудхои гулсанг аз моддаҳои хушбӯй ва равғанҳои эфирӣ бойанд ва онҳоро дар саноати атриёт истифода мебаранд. Аз гулсангҳо рангҳои гуногун мегиранд ва дар саноати бофандагӣ барои ранг кардани матоъҳои абрешимӣ ва пашмин ба кор мебаранд. Дар саноати химия бошад, аз гулсангҳо моддаи махсус (лакмус) ҳосил мекунанд.

  1. Аз рӯи сохти анатомиашон гулсангҳоро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?
  2. Гулсангҳои сохташон гетеромерӣ аз гулсангҳои сохташон гомеомерӣ бо чӣ фарқ мекунанд?
  3. Афзоиши гулсангҳо чӣ тавр ба амал меояд?
  4. Боҳамзистии симбиозиро чӣ тавр маънидод кардан мумкин аст?
  5. Гулсангҳо дар табиат ва ҳаёти одамон чӣ аҳамият доранд?
  6. Дар Тоҷикистон чанд намуди гулсангҳо месабзанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …