Главная / Биология / Сохт ва фаъолияти ҳаётии бактерияҳо

Сохт ва фаъолияти ҳаётии бактерияҳо

Аввалҳо бактерия ва занбӯруғҳоро ба олами наботот дохил карда буданд. Вале хусусиятҳои фарқкунандаи ин гурӯҳи организмҳо (сохт, шакл ва ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаётиашон)-ро ба назар гирифта, акнун онҳоро ҳамчун олами мустақили организмҳои зинда меомӯзанд.

Сохти ҳуҷайраи бактерия
Сохти ҳуҷайраи бактерия

Бактерияҳо организмҳои хурди микроскопии якҳуҷайрагӣ мебошанд. Дар бактерияҳо реша, поя, барг ва дигар узвҳо дида намешаванд. Онҳоро фақат дар зери микроскоп дидан имконпазир аст. Вобаста ба шакли ҳуҷайраашон бактерияҳо зоҳиран гуногунанд.

Онҳо гирдшакл ё курамонанд (коккҳо), чӯбакмонанд (маса- лан, бактерияи чӯбакшакли хасбеда), вергулмонанд (вибрион) ва спиралмонанд мешаванд. Аксари бактерияҳо дар махдул ё муҳити ғизогӣ занҷирвор ё гурӯҳ-гурӯҳ пайваст шуда, дар сатҳи болои он (яъне муҳити ғизоӣ) анбӯҳи пардамонанди бактерияҳои ин ё он намудро ба вуҷуд меоваранд

Ҳуҷайраи бактерияҳо аз берун бо ҷилди пурқувват иҳота гардидааст, ки ба туфайли он онҳо сохти доимиашонро нигоҳ медоранд. Бактерияҳо аз рӯи таркиби химиявӣ ва сохти ҷилди ҳуҷайраашон аз ҳуҷайраҳои пайдоишашон растанигӣ ва ҳайвонотӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҳучайраи бактерияҳо ядрои ҳақиқӣ дида намешавад. Моддаҳои барои ядро хос дар ситоплазмаи ҳуҷайраи бактерия ба таври паҳну парешон ҷойгиранд.

Дар бисёр бактерияҳо қамчинак дида мешавад ва бактерияҳо тавассути он ҳаракат мекунанд. Қамчинакҳо хеле борик буда, дар сатҳи ҳуҷайраи бактерия ба таври гуногун ҷойгиранд. Қамчинакҳо яктогӣ ё ба шакли бандча (ки аз микдори зиёди қамчинак иборат аст) дар қисми нӯгии танаи бактерия ҷой гирифтаанд. Баъзан микдори зиёди қамчинакҳо тамоми сатҳи ҳуҷайраи бактерияро фаро гирифтааст. Дар аксари бактерияҳо миқдори қамчинакҳо доимӣ нестанд. Микдори камчинакҳо вобаста ба шароити зист ва муҳити гизоӣ метавонад тағйир ёбад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳуҷайраи бактерия метавонад қамчинакашро партояд ё онро аз сари нав пайдо кунад.

Афзоиши бактерияҳо бо роҳи ба ду тақсим шудани ҳар як ҳуҷайра мегузарад. Дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як ҳуҷайра ду ҳуҷайраи нав (духтари)-и бактерия ҳосил мешавад. Дар шарои- ти барои афзоиш мусоид тақсим- шавии ҳуҷайраи бактерияҳо баъди ҳар ним соат ба амал меояд. Дар натиҷаи чунин афзоиши босуръат насли бавуҷудомадаи як бактерия дар муддати 5 шабонарӯз метавонад тамоми уқёнусу баҳрҳоро пур кунад. Лекин дар табиат ин ҳодиса ба амал намеояд. Зеро бактерияҳо аз хушкшавӣ, нарасидани моддаҳои ғизоӣ, ҳарорати баланд (65-85°С гармӣ), аз таъсири нури офтоб ва дигар моддаҳои тамъизкунанда (дезинфексионӣ) зуд нобуд мешаванд.

Гурӯҳи муайяни бактерияҳо (бактерияҳои чӯбакшакл, баъзе бактерияҳои курашакл) хусусияти ҳосил кардани спораро доранд. Дар шароити барои бактерия номувофиқ (набудани моддаи ғизой, намӣ, якуякбора тағйирёбии ҳарорат) ситоплазмаи ҳуҷайра фушурда шуда, аз ҷилд дур гашта, ба дарун лӯнда мезанад. Сипас вай аз ҳуҷайра берун нашуда, ҷилди нави мустаҳкамро дар худ пайдо мекунад. Чунин лӯндаи гирдшакли пайдошударо спора меноманд. Чунин тарзи спораҳосилшавиро усули афзоиш донистан нашояд. Дар ии ҳолат спораҳосилкунӣ хусусияти муҳофизатӣ дошта, вай як навъ мутобиқати ҳуҷайраи бактерия нисбат ба шароити номусоиди муҳити зист мебошад. Ҳамин ки шароити мусоид фароҳам омад, ҳуҷайраи бактерия аз спора озод шуда, фаъолияти ҳаётиашро идо- ма медиҳад.

Вазъу фаъолияти ҳаётии бактерияҳо басо гуногун аст. Агар ак- сари онҳо бе оксигени ҳаво зиндагӣ ва афзоиш карда’натавонанд, баръакс гурӯҳи дигари бактерияҳое вомехӯранд, ки ба оксигени ҳаво эҳтиёҷ надоранд.

Аз рӯи шаклу табиати ғизогирӣ бактерияҳо ба гурӯҳи организмҳои автотрофӣ ва гетеротрофӣ ҷудо мешаванд (“авто”-худам, “троф”- ғизо; “гетеро”-ҳархела гуфтан аст). Бактерияҳои автотрофӣ дар табиат кам вомехӯранд. Онҳо чунин бактерияҳое мебошанд, ки худашон моддаҳои органикии барои ғизогириашон даркориро аз моддаҳои ғайриорганикӣ дар раванди фотосинтези бактериявӣ ҳосил мекунанд. Ба онҳо организмхои сабзу кабудтоб ё сианобак- терияҳо мисол шуда метавонанд. Дар замонҳои қадими дур ба туфайли фаъолияти ҳаётии ин организмҳо сараввал оксиген дар ҳавои рӯи Замин пайдо ва зиёд шуд.

Бактерияҳои гетеротрофӣ дар навбати худ ба гурӯҳи сапрофитҳо (аз калимаи юнонӣ “сапро”-пӯсида), ки аз моддаҳои тайёри орга- никии организмҳои мурдаи наботот, ҳайвонот, микроорганизмҳо ва ё аз маҳсулоти ихроҷкардаи онҳо ғизо мегиранд ва гурӯҳи бакте- рияҳои паразитӣ (ё туфайлихӯр), ки аз моддаҳои органикии мав- ҷудоти зинда ғизо мегиранд, ҷудо мешаванд.

Бактерияҳои ба таври паразитӣ зиндагикунанда дар табиат ва- сеъ паҳн шудаанд. Чунин бактерияҳои паразитие мавҷуданд, ки дар бадани (ҷисми) намуди дигари бактерияи паразит туфайлихӯрӣ :ме– кунанд. Инчунин, бисёр бактерияҳои паразитӣ организмҳои каса– лиангезанд. Онҳо сабабгори бисёр касалиҳои гуногуни наботОт. ҳайвонот ва одамон мешаванд.

  1. Ҳуҷайраи бактерия чӣ гуна сохт дорад?
  2. Аз рӯи шаклашон бактерияҳо чӣ хел мешаванд?
  3. Бактерияҳо чй тавр афзоиш мекунанд?
  4. Спора чӣ тавр ҳосил мешавад ва он дар ҳаёти бактерия чӣ аҳамият дорад?
  5. Аз рӯи ғизогирӣ бактерияҳоро ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мекунанд?
  6. Бактерияҳои сапрофитӣ аз бактерияҳои паразитӣ бо чӣ фарқ мекунанд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …