СОИБИ ТАБРЕЗӢ

Яке аз бузургтарин симоҳои адабию фарҳангии садаи XVII, адиби навовару эҷодкори тозакор Мирзо Муҳаммадалии Соиб – фарзанди Мирзо Абдурраҳим аст, ки бо эҷодиёти ғаниву гуногунҷилои худ на танҳо ба адабиёти асри хеш, балки ба ҷараёни минбаъдаи адабиёт низ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст.

соиби табрезиМирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 дар шаҳри Исфаҳон по ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Аз нигоҳи баромади иҷтимоӣ Соиб аз табақаи бозаргонони ҷомеъа буда, аҷдоди ӯ асосан аз Табрез будаанд ва дар рӯзгори шоҳ Аббоси Кабир бо ташаббуси ин сиёсатмадор онҳо бо гурӯҳе аз ҳампешагонашон ба Исфаҳон кӯчонида шудаанд. Дар ин бора худи Соиб баъзе ишораҳо низ намудааст:

Соиб аз хоки поки Табрез аст,

Ҳаст Саъдӣ гар аз гили Шероз.

Азбаски Соиб аз табақаи бозаргонон буд, ба ӯ муяссар шудааст, ки ҳамаи илмҳои ҷории замони худро фаро бигирад ва чунин ҳам кардааст. Хусусан, илмҳои фалсафа, ҳикмат, «Қуръон»-у тафсир, ҳадису фиқҳ, сарфу наҳв, луғат, адабиёт, калом, мантиқ, қофия, арӯз, бадеъ ва ғайраро ба хубӣ омӯхтааст.

Ба хусус, дар илми хат баҳраи комил дошт, зеро назокати ин ҳунарро аз устоду амаки худ-Шамсуддини Табрезӣ (Шамси Сонӣ), ки лақаби Ширинқалам дошт, омӯхта будааст. Ин аст, ки «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Куллиёт»-и Шамси Табрезӣ ва бисёр асарҳи дигар ба қалами ӯ китобат шудаанд.

Ба қавли сарчашмаҳо, гӯё муосирони Соиб, бузургон Ҳаким Рукно, Масеҳи Кошӣ, Ҳаким Шифоӣ аз силки устодони Соиб дар ҷодаи илми шеъру адаб бошанд, вале аҳли таҳқиқ ин фактро тасдиқ накардаанд, зеро худи Соиб мегӯяд:

Татаббӯи[1] сухани кас накардаам ҳаргиз,

Касе накарда ба ман фанни шеърро талқин.

Ба зӯри фикр бар ин тарз даст ёфтаам,

Садаф зи обилаи даст ёфт дурри санин[2].

Соиб дар овони ҷавонӣ ба зиёрати Макка ва Мадина рафта, пас аз адои ҳаҷ дар ватан бисёр наистода, муддате дар Кобул истиқомат ихтиёр мекунад. Соиб дар Кобул бо ҳукмрони он ҷо Зуфархон наздикӣ пайдо менамояд. Зеро ҳоким дар симои Соиб шахси донишманду эҷодкори соҳибистеъдодеро дармеёбад. Худи Зуфархон низ табъи шоирӣ дошта, сухану суханварро аз ин сабаб хеле хуб қадршиносӣ мекард. Ин аст, ки Зуфархон Соибро ҳатто устоди хеш мехонад. Баъдтар бо дастгирии Зуфархон Соиб ба дарбори Султони Ҳинд – Шоҳиҷаҳон низ роҳ меёбад. Аз ишораҳои шоир чунин ба мушоҳида мерасад, ки ӯ дар Ҳиндустон шӯҳрати беандоза пайдо карда будааст:

Пеш аз ин ҳарчанд шӯҳрат дошт дар мулки Ироқ,

Сайри мулки Ҳинд Соибро баландовоза кард.

Ва ё ин ки:

Миллаҳулҳамд, ки буъд аз сафари ҳаҷ,

Соиб, Аҳди худ тоза ба султони Хуросон кардам.

Ё худ:

Баландном нагардад касе, ки дар ватан аст,

Зи нақш сода бувад, то ақиқ дар Яман аст.

Дили рамидаи мо шиква аз ватан дорад,

Ақиқи мо дили пурхуне аз Яман дорад.

Ё худ дар ҷои дигар низ ба ин маънӣ чунин ишорае дорад:

Шаш сол беш рафт, ки аз Исфаҳон ба Ҳинд

Афтодааст тавсани азми маро сафар.

Чун овозаи шеъраш паҳн шуд, шоҳ Аббоси Сонӣ ӯро ба Исфаҳон хонд ва ҳатто бо унвони маликушшуаро сазовораш донист. Пас аз ӯ шоҳ Сулаймон низ Соибро қадршиносӣ кардааст. Ба қавли тазкиранависи тоҷик Муҳаммадбадеъ Малеҳои Самарқандӣ, Соиби Табрезӣ муддате сайри диёри Мовароуннаҳр низ намуда, бо аҳли шеъру адаби қаламрави мазкур низ ошноӣ доштааст.

Соиби Табрезӣ баъдҳо хидмати дарборро низ истеъфо дода, беш аз даҳ сол берун аз дарбор ба эҷод пардохтааст.

Поёни умри ӯ низ дар Исфаҳон гузашта, соли 1677 олами фониро падруд гуфтааст ва оромгоҳаш дар Исфаҳон буда, онро рамзи «Анҷумани адабии Соиб» гуфтаанд.

Соиби Табрезӣ фарзандони хешро низ дар роҳи сухандӯстию маърифатхоҳӣ парвариш намуда, яке аз писарони шоир, ки шахсияти шинохтае дар қаламрави онрӯзаи диёраш будааст, Мирзо Раҳими Соиб ном дошта, дар шеъру адаб маъруфу эътирофшуда будааст.

Эҷодиёти Соиби Табрезӣ

Эҷодиёти Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ хеле бою рангин ва серпаҳлӯ буда, ҷолибан дар эҷодиёти ӯ ғазал мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар маҷмӯъ ба қалами Соиб 120 ҳазор байт тааллуқ дошта, аз он ҷумла маснавии «Қандаҳорнома» низ ба ӯ нисбат дода мешавад. Гузашта аз он, Соиби Табрезӣ ба забони туркӣ низ эҷод карда будааст.

Муҳимтарин хусусияти таркиби девони Мирзо Муҳаммадалии Соиб он аст, ки ӯ ашъори худро-лирикаи хешро табақабандии аҷоиб мекунад. Яъне ашъори ишқии худро, ки дар он нозу истиғнои маъшуқа, васфи зебоиҳои вай, ҳусну ҷамоли ӯро васф кардааст, таҳти унвони «Миръот- ул-ҷамол» (оинаи ҳусн) меорад. Ашъоре, ки дар он ҷузъиёти ҳусни зоҳирии маҳбуба: чашму абрӯ, холу зулф, асбобҳои ороишӣ мисли шонаву оина ситоиш карда мешавад, онро «Ороиши нигор» меномад ва ё худ шеърҳои ба васоити шодию нишот, хушгузаронии умр, рӯзгор, зиндагӣ, яъне маю майгусорӣ, бодапаймоӣ ва ғайра бахшидаи худ, ин адиби мутафаккир унвони «Майхона»-ро гузоштааст. Инчунин, ашъори дидактикӣ-тарбиявӣ ва ахлоқиро бо мавзӯъҳои дигари ҳаётию фалсафӣ ва ҷанбаъҳои дигари иҷтимоидоштаро «Воҷиб-ул-ҳифз» ном ниҳодааст. Бояд гуфт, ки худи ҳамин падида дар таърихи адабиёти тоҷик доир ба мураттабсозии девони ашъор нодир буда, дар чунин шакл корбаст намудани он хоси Соиби Табрезӣ аст. Ба ашъори дар боло зикргардида бахши қасоид илова шуда, ба ин восита «Куллиёт»-и Соиб фароҳам омадааст.

Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ на танҳо дар навъҳои лирикӣ: қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва ғ. табъи баланд доштааст, ӯ хусусан дар эҷоди ғазал шӯҳрати махсус пайдо намудааст. Инчунин, мутафаккир дар эҷоди осори манзуми калонҳаҷм низ табъи баланд доштааст. Аз ин рӯ, аз ӯ маснавиҳои «Қандаҳорнома» ва «Маҳмуд ва Аёз» низ ба ёдгор аст.

Дар ин ҷо як нуктаи дигарро месазад хотиррасон созем, ки Соиб аз замони хеш то рӯзгори кунунӣ на танҳо дар Шарқ, балки дар олам ҳамчун намояндаи мактаби сабки ҳиндӣ шӯҳрат дорад.

То кунун оид ба рӯзгору фаъолияти адабии ӯ ба ҷуз қайду ишорат, мақолаҳо, муаррифиномаҳо, баёзҳову тазкираҳои муосири адабиёти тоҷик, инчунин фаслҳои ҷудогонаи таърихҳои адабиёти форсӣ низ бахшида шудаанд, ки арзиши ниҳоят гарони илмӣ-тадқиқотӣ ва оммавӣ доранд. Зеро дар онҳо дар баробари адабиёти даври шоир, оид ба ҷараёни зиндагии Соиб, паҳлӯҳои рӯзгори ӯ, лаҳзаҳои ҳаёти адиб, камолоту эҷодиёти вай, таркиби девони адиб, саҳми ӯ дар таҳаввули адабиёти асраш ва таърихи минбаъдаи адабиёт, хусусиятҳои эҷодӣ, мавзӯъҳои ашъор, сабки гуфтору шеваи баён, ҳунари эҷоду маҳорати суханварӣ, тарзи таълифу истеъдоди сухангустарӣ ва ғ. маълумоти зарурӣ дода шудааст. 

Мавзӯъҳои асосии ғазалиёту мусамматҳои мухаммаси Соиби Табрезӣ

Соиб яке аз шоирони тавонои ғазалсарост, ки дар таҳаввулоти жанри мазкур саҳми арзанда дорад. Ӯ дар рушди мусаммати мухаммас низ хеле қавипанҷа мебошад. Мусамматҳои мухаммасҳои ӯ аз нигоҳи мавзӯъ ва мӯҳтаво, инчунин аз ҷиҳати хусусиятҳои шаклӣ асосан суннатӣ бошад ҳам, дар ҳунари эҷод навоваронаанд. Чунончи, мусаммати мухаммаси аввали девони шоир, ки аз нигоҳи унсурҳои шаклӣ низ тозакориҳо дошта, хеле ҳунармандона эҷод шудааст ва аз чаҳор банд иборат аст:

Тулӯи субҳи содиқ сар зад аз иироҳаии мино,

Насими рӯҳравар мевазад аз гулшани мино,

Суроғи духтари раз кардаам аз маскани мино,

Агар ин бор меомад ба дастам гардани мино,

Чу дурди май нахоҳам дошт дасти аз гардани мино.

Маро савдои ишқи ӯ зи хобу хур бароварда,

Сарамро муншии тақдир аз дафтар бароварда,

Барои куштани ман осмон маҳзар бароварда,

Ду субҳи содиқанд аз як гиребон сар бароварда,

Яди байзои соқӣ бо баёзи гардани мино.

Банди сеюми мусаммати мухаммаси мазкур бо назардошти мавзӯъ ва мазмуну мӯҳтаво ишқӣ буда, тавъам бо маю соқӣ идома мекунад, ки байтеро аз он метавон зикр намуд:

Чу донистам, ки гаштам ошиқу шайдои бетобаш,

Ба бедорӣ тавонам дид он маҳро на дар хобаш…

Тозакорӣ дар шакл аз он иборат аст, ки дар банди чаҳорум тахаллуси адиб ба ҳайси радифи мураккаб оварда шудааст. Албатта, ин ҳолат ҳам таъкиди маъно ва ҳам бори ғоявӣ бардоштани унсури шаклӣ ва ниҳоят таъмини оҳангнокӣ дар бандро низ дорад:

Ба куфри зулфи ҷонон тоза шуд имон маро,

Соиб, Нигоҳи гарми оташ мезанад дар ҷон маро,

Соиб, Ду мисраъ дилнишин афтод дар девон маро,

Соиб, Ду чиз афтод хуш аз базми майхорон маро,

Соиб, Зи по афтодани соқӣ, ба сар ғалтидани мино.

Мусаммати мухаммаси мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст. Ҳолати хеле табиии соқӣ, ҷом, мино, ошиқ, маҳбуба ва ҷузъиёти дигари марбути он басо ҳунармандона, мушоҳидакорона ва устодона ба тасвир гирифта шудаанд. Ҳадаф висол ва хушгузаронии умр буда, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, ғанимат донистани рӯзгор шарти асосии он дониста мешавад. Ҳар чаҳор банди мусаммати мухаммаси зикршуда дар як вазн:

Ҳазаҷи мусаммани салим таълиф шудааст.

Ба ҳамин тариқ, дар девони шоир 8 мусаммати мухаммаси аз чаҳор то 7- бандӣ буда, дар маҷмӯъ 42 банд мебошанд ва 210 мисраъ ё ин ки 105 байтро ташкил медиҳанд. Ҳамаи мусамматҳои мухаммаси Соиб дар мавзӯъҳои ишқӣ, маю бода, баҳору зебоиҳои табиат ва ғайра эҷод шудаанд. Аз тарафи дигар, хеле сабук бошад ҳам оҳангҳои иҷтимоиро низ фаро гирифтаанд. Вале оҳангҳои хеле қавии иҷтимоӣ, ки дар ғазалиёти шоир дида мешаванд, дар мусамматҳои мухаммаси ӯ дучор намеоянд.

Чунончи, банди аввали мусаммати мухаммаси дуюми девонро барои намуна зикр менамоем:

Гаҳ ба ман теғи тағофул он парирӯ мезанад,

Гоҳам оташ бар ҷигар аз тундии хӯ мезанад,

Рӯ матоб, ай дил, агар теғ он ҷафоҷӯ мезанад,

Ҳар ки худро бар дами шамшери абрӯ мезанад,

Чун ҳилоли ид бар хуршед паҳлу мезанад.

Мусаммати мухаммаси мазкур дорои панҷ банд (басту панҷ мисраъ) буда, ишқист ва маҳбуба аз ҳама ҷиҳат (ҳам заҳиран ва ҳам ботинам) бартарӣ дорад. Маҳбуба ҷафоҷӯ, бераҳм, бемеҳр, пурноз, фохир, ношикебо, бадзабон аст. Ошиқ баръакс: ҷафокаш, шикебо, содиқ, ҳалим, ботавозӯъ, хоксор, хушмуомила, заҳматкаш мебошад.

Мусаммати мухаммаси зикршуда мураддаф (ридфи сода) ва дорои қофияи муқайяд буда, қофияҳо бо ҳарфи равӣ («ӯ») интиҳо ёфтаанд. Аз нигоҳи вазн бошад, ҳамаи бандҳо (5 банд) дар як вазн-Рамали мусаммани маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод шудаанд, ки афоъили он чунин аст:

**************

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон.

Умуман, мусамматҳои мухаммаси Соиб аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво маҳдуд буда, асосан аз баёни ишқу исёнҳои қалбии инсон, васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба, ситоиши маънавиёти маъшуқа ва якҷоя бо ҳолати ошиқ дар иртиботи масъалаҳои мазкур бо авзои замон ва ғайра иборат мебошад. Вале аз нигоҳи ҳунари эҷод дар сатҳи ғазалиёташ эҷод шудаанд. Ин ҷиҳат барои муайян намудани пояи шоирии Соиб хеле хуб мусоидат мекунад.

Қисмати асосии девони Соиби Табрезиро ғазал фароҳам овардааст. Албатта, чун ғазал ба забон гирифта мешавад, ҳатман ишқ фарорӯи инсон меистад. Мо аз ин ҷиҳат мавзӯи мазкурро дар ашъори Соиб хеле хуб эҳсос менамоем. Аз силки чунин ғазалҳо метавон ғазали зеринро чун намуна зикр намуд, ки тобиши хеле қавии фалсафӣ низ дорад, чунончи:

Зиҳӣ рӯят баҳори зиндагонӣ,

Ба лаълат зинда номи бенишонӣ,

Бадомӯзи ҳавас ошиқ нагардад,

Намеояд зи гулчин боғбонӣ.

Ба ҳарфи ишқ саргармам, ки бошад

Ҳаёти шамъ аз оташзабонӣ.

Ду зулфат шоҳроҳи лашкари Чин,

Ду чашмат хобгоҳи нотавонӣ.

Макун чун Хизр бар худ роҳро дур,

Ки наздик аст роҳи ҷонфишонӣ.

Шароби кӯҳнаву ёри кӯҳанро Ғанимат дон чу айёми ҷавонӣ.

Агар ошиқ намебудем, Соиб, Чи мекардем бо ин зиндагонӣ?!

Аз мӯҳтавои ғазали мазкур пайдост, ки мавзӯи марказии он ишқ буда, дар он васфи маҳбуба, ҷузъиёти зебоиҳои ҳусни ӯ, то андозае дур афтодани ошиқ ва тадриҷан ба ҳиҷрон гирифтор шуданаш, шикебоии ошиқ, нози маҳбуба, дурӣ ҷустани ӯ аз ошиқ, вале ин ҳамаро аз гардиши рӯзгор, аз ҳукми тақдир, аз печидагиҳои зиндагӣ дидани ошиқ ба назар мерасад.

Дар баробари ин ҳама, то ҳадде моҳияти андарзӣ гирифтани образи лирикии ошиқ ба мушоҳида мерасад, ки яке аз сифатҳои хеле нозуки сабки сухани Соиб, хосса услуби ғазалсароии ӯст.

Дар ашъори Соиб оҳангҳои тасаввуфию ирфонӣ низ хеле қавист, зеро боре сари ин масъала ӯро муосирин имтиҳон низ кардаанд. Нафаре аз шогирдон боре мисраи зеринро ба санҷиши устод мефиристад:

Аз шишаи бе май маи бешиша талаб кун,

Соиб фавран мисраи мазкурро чунин комил месозад:

Ҳақро зи дили холӣ аз андеша талаб кун.

Аз тарафи дигар, ӯ дар ин ҷода то ба ҳадде ба ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Бобофиғонии Шерозӣ асосан рӯ овардааст ва чун дар ғазал пайгири ин тоифа аст, маълум мешавад, ки табъу салиқаи солиму баланд дорад ва аз тарафи дигар, ирфону тасаввуф дар ғазали ӯ мақоми асосӣ дорад. Чунончи, дар ин ғазалиёти, ки дар пайравии Ҳофиз эҷод шудааст, мегӯяд:

То манзили ман бодияи бехабарӣ буд,

Ҳар мавҷи саробам ба назар болу паре буд.

Чун сарв дар ин боғ зи озодагии хеш,

Боре, ки маро буд ба дил, бесамарӣ буд.

З-он рӯз, ки шуд дидаи ман боз чу иаргис,

Авроқи дилам сарфи иарешоииазарӣ буд.

Буд аз дами шамшер дами субҳи нишотам,

То ҷавшаии довудии ман бехабарӣ буд.

Расвоии шамъ аст зи иироҳаии фоиус,

Дар парда сухаи гуфтаии маи пардадарӣ буд.

Аз аҷз чу шабиам иафитодем дар ии боғ,

Афтодагии мо гули равшаигуҳарӣ буд.

Ёре, ки ғубор аз дили ғамдидаи мо бурд,

Бемиииату бемузд иасими саҳарӣ буд.

Чуи иартави хуршед, ки дар оииа уфтод,

Аз умр ҳамии баҳраи маи ҷилвагарӣ буд.

Соиб, чӣ тавои кард ба таклифи азизои

В-ариа тарафи Хоҷа шудаи бебасарӣ буд.

Ғазали мазкур, ки хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мураддафу муқаффо буда, аз нигоҳи вазн низ ҷолиб аст. ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки аркони он чунин аст:

———————————–

яъне: мафъӯлу, мафоъӣлу, мафоъӣлу фаъӯлун ё мафоъӣл.

Дар ғазали мазкур бевафоии дунё, назарфиребии он, гузашти умр мисли лаҳзае нигаристан ба оина таъбир карда мешавад, ки ҳадаф ҳушдор додан аз тағофул варзидан мебошад. Гузашти умри ройгон монанд ба чизест, ки ба дами шамшер мувоҷеҳ мегардад ва аз раҳоӣ дигар илоҷу чорае надорад ва ҳадафи эҷодкор он аст, ки барои баҳра бардоштан аз умр, аз зиндагӣ кореро метавон интихоб кард, роҳеро метавон пеш гирифт, то ин ки дар охир лабу ангушти ҳайрат нагазӣ. Яъне ин роҳи ирфон, маърифати Ҳақ мебошад.

Дар таълимоти ирфонии ӯ роҳи мазкур роҳи камолот, роҳи мукаммалӣ ва ҷавонмардона аст, ки агар зарра ба он макон худро расонад, зарра нахоҳад монд ва ё шабнам агар комёб шавад, офтоб хоҳад гашт:

То дида маҳви рӯи ту шуд, комёб шуд,

Шабиам ба офтоб расад, офтоб шуд.

Як чашм хоби талх ҷаҳои дар бисот дошт,

Ои ҳам иасиби дидаи шӯри ҳубоб шуд.

Аз шарми зулфу рӯи ту дар иофи оҳувои

Сад бор мушк хуи шуду хуи мушки иоб шуд.

Аз рафтаии ҳубоб чӣ иарвост баҳрро,

Ишқи туро аз ии чӣ ки олам хароб шуд.

То чеҳраи ту дар арақи шарм ғӯта зад,

Ҳар орзу, ки дар дили ман буд, об шуд.

Оби ҳаёти Хизр гилолуди миннат аст.

Хуш вақти ташнае, ки диёри сароб шуд.

Соиб зи файзи ҷозибаи ишқ оқибат,

Бо офтоб зарраи ман ҳамрикоб шуд.

Агар каме амиқтару дақиқтар зеҳн монда шавад, гумон карда мешавад, ки чанд байти аввали ғазали мазкур давоми мантиқии ғазали боло бошад. Зеро давоми он роҳ дар ин ғазал тавзеҳ дода мешавад.

Ғазали боло ишқӣ буда, ифодаҳои шоир, оҳангҳои дигари иҷтимоӣ: хоби талх, бисоти ҷаҳон, дидаи шӯри ҳубоб, шарми зулфу рӯ, сайри ҳубоб, харобии олам, арақи шарм, об шудани орзу, ҳамрикоби офтоб ва ғайра хеле сахт омезиш дода шудааст.

Дар тасвири ошиқона, ки васфи ҷузвиёти ҷамоли маҳбуба аст, бо ҷузъиётҳои пуртазоди ҳаёт ба қиёс гирифта мешавад.

Вале масоили ноҳамвори рӯзгорро бо печидагиҳои сершумори зиндагӣ ишқ мувофиқи мурод сохтааст.

Ғазал бо хусусиятҳои шаклӣ низ қобили қабул аст: он мураддаф буда, радифи сода (шуд) дорад, ки бори ғоявӣ бар ӯҳда дорад ва то андозае барои оҳангнокӣ ба қофия низ таҳким мебахшад.

Қофияҳои ғазали боло муқайяд буда, бо ҳарфи равӣ – «б» интиҳо ёфтаанд.

Ғазал дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

———————————-

яъне: мафъӯлу фоъилоту мафоъилу фоъилун.

Дар баробари мавзӯъҳои ишқӣ, маю мусиқӣ, баҳору васфи табиат ва ғайра дар ғазалиёти Соиб мавзӯъҳои дигар: дӯстию рафоқати инсонҳо, дастгирии ҳамдигар, ёрӣ ба дармондагону бечорагон, ҳимояи аҳли меҳнату фуқаро, васфи илму дониш, хираду ақл, маърифату маънавиёт, мувофиқати қавлу амал, гуфтору кирдор ва ғайра манзур мегардад. Дар баробари ин амалу кирдорҳои зишт, қабоҳати инсонӣ, авомфиребиву мардумозорӣ, танбалию пурхӯрӣ, хобу хашм, бадтинатию сиёҳдилӣ, муфтхӯриву дилозорӣ, такаббуру ҳавобаландӣ, худхоҳиву худписандӣ, ғаммозиву ҷоҳилӣ, дунҳиммативу пасттинатӣ, мумсикиву бахилӣ, золимпешагиву ҳақимардумхӯрӣ, ҷафокориву бепарвоӣ ва ғайраро сахт ба зери танқид мегирад. Ба ин маънӣ, ки шахси пастҳиммат ба сарманзили мақсуд нахоҳад расид, мегӯяд:

Ба ҳеч ҷо нарасад ҳар кӣ ҳимматаш паст аст,

Пари шикаста хасу хори ошёна шавад.

Ҳол он ки агар шахс ҳимматбаланду саховатманд бошад, барояш дар ду олам мушкилие садди роҳ нахоҳад шуд. Ӯ мегӯяд:

Ба ҳиммат метавонӣ қатъ кардан осмонҳоро,

Чаро бо ин чунин теҷе ниҳон зери сипар бошӣ?

Яке аз хусусиятҳои хеле муҳимми лирикаи Соиб ва хусусан, ғазалҳои ӯ он аст, ки дар ғазал аз саромадони он Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Урфии Шерозӣ, Бобо Фиғонии Шерозӣ, Назириву Файзӣ ва дигарон ба некӣ ёд мекунад, нозукиҳо ва латофату лаҳни сухани онҳоро хеле хуб омӯхтааст ва аз ин рӯ, ҳамин ҷиҳат аз баландии табъу тавоноии шоир Соиб гувоҳӣ медиҳад.

Ба ин маънӣ, донишманди Ҳинд Шиблии Нӯъмонӣ дар «Шеър-ул- аҷам» қазоват мекунад, ки: «Соиб, агарчи тамоми устодону ҳамасронашро ба адаб ёд мекарда, лекин ба баъзе асотиди (устодҳои) сухан ниҳоят ақидаманд будааст. Зиёда аз ҳама, ба Хоҷа Ҳофиз иродат меварзад ва ин далели умдаест бар завқи салими ӯ…»

Соиби Табрезӣ дар ғазалҳои ҷавобия низ қавипанҷа аст. Аввал ин, ки ӯ ба ғазалиёти ғазалсароёни дараҷаи аввали таърихи адабиёт даст мезанад ва ҷавобияҳое рӯи кор меорад, ки агар аз ғазали аввал баланд набошад, паст ҳам нест. Масалан, яке аз ғазалсароёни хеле маъруф – Бобо Фиғонии Шерозӣ ғазале дорад бо матлаъи зерин:

Ба бӯят субҳдам нолон ба гулгашти чаман рафтам,

Ниҳодам рӯй бар рӯи гулу аз хештан рафтам…

Соиби Табрезӣ ба ин ғазал чунин ҷавобия дорад:

Ба бӯят субҳдам гирён чу шабнам дар чаман рафтам,

Ниҳодам рӯй бар рӯи гулу аз хештан рафтам.

«ташбеҳи шабнам шеърро рӯҳ дода ва даъвиро комилан собит кардааст».

Яке аз далелҳои осори пешиниён ва хосса ашъори гузаштагонро хеле нозук донистани Соиб он будааст, ки ӯ аз ашъори бузургон дар шакли мунтахаб баёзе мураттаб намуда будааст ва албатта, барои он ки ин корро сомон бидиҳад, ашъору девон ва куллиёти бисёр саромадони суханро такрор ба такрор санҷидаасту мутолиа намудааст ва бешубҳа, ин кор бетаъсири мусбат нест. Зеро баёзи мураттабнамудаи Мирзо Муҳаммадалии Соиб дорои бисту панҷ ҳазор байт буда, беш аз ҳаштсад нафар шоирро фаро гирифтааст.

Соиб аз шуарои гузашта, чунон ки қаблан зикр шуд, ба Шайх Саъдии Шерозӣ ва махсусан ғазалиёти ӯ таваҷҷӯҳи махсус дорад, чунончи: байти Саъдӣ:

Қиёмат мекунӣ, Саъдӣ, бад-ин ширин сухан гуфтан,

Мусаллам нест тӯтиро дар айёмат шакархоӣ.

Аз Соиб:

Дар ин айём шуд хатми сухан бар хомаи Соиб,

Мусаллам буд, гар з-ин пеш бар Саъдӣ шакархоӣ.

Дар ғазалиёти Соиб ишқи байни инсонҳо, шӯру валвалаҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти латифи одамӣ, нози ошиқу истинҷнои маҳбуба, тараннуми муҳаббати поки ошиқон хеле мавқеъ дорад. Ӯ дар ин ҷода аз пешиниён ба ашъори Саъдӣ бештар рӯ меорад. Тафовути тасвири Соиб дар он аст, ки дар ин ҷо ҷолибан байтҳои ғазал ҷанбаи ирсолимасалӣ мегиранд. Масалан, ба ин ғазали Соиби Табрезӣ зеҳн монед:

Онро, ки чашми масти ту беихтиёр кард,

Осудааш зи пурсиши рӯзи шумор кард.

Раҳме накард бар ҷигари оташини мо,

Машшотае, ки лаъли туро обдор кард.

Нагзошт чашм боз кунад дил ғубори чашм,

Ин гарди шӯхчашм чӣ бо ин савор кард.

Аз дил мапеч рӯй, ки шаккарсухан нашуд,

Ҳар тӯтие, ки пушт бар оинадор кард.

Беинтизор домани хуршедро гирифт,

Чун шабнам он ки оинае беғубор кард.

Дар коми шер бистари роҳат фикандааст,

Ҳар кас, ки хоби амн дар ин рӯзгор кард…

Ин он ғазал, ки Саъдии Шероз гуфтааст,

«Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард».

Аҷоибии баёни Соиб ҳатто дар лирикаи сирф ишқӣ он аст, ки баёни ӯ тамоман тобиши иҷтимоӣ мегирад ва дар девони Соиб шеърро, ки дур аз оҳангҳои иҷтимоӣ бошад, пайдо намудан муяссар намегардад. Ишқи ӯ муҳаббати андарзомез аст, ки аз ноҳамвориҳои зиндагӣ, печутобҳои рӯзгор, пастиву баландиҳои ҳаёт, шебу фарозҳои умр, гиру дорҳои олами инсонӣ, дороиву нодороҳо маншаъ мегирад, сарчашма пайдо мекунад. Намунаи қазовати боло ғазали зерини Соиб метавонад бошад:

Соқӣ аз ҷоме агар хотири мо шод кунад,

Беҳ аз он аст, ки сад майкада обод кунад.

Чашми хуфтаст ғизоле, ки надорад шӯхӣ,

Ману он сайд, ки хун дар дили сайёд кунад.

Охир, ай подшаҳи ҳусн, чӣ инсоф аст ин,

Ки дар айёми ту ишқ ин ҳама бедод кунад.

Ёди айёми ҷунун бар сари ман борад санг,

Кӯдаконро чу зи мактаб касе озод кунад.

Мотами воқеии Лайливу Маҷнун дорад,

Ҳар дарое, ки дар ин бодия фарёд кунад.

Бар забонаш ба ҷуз аз номи худо н-ояд ҳеч,

Ҳар ки наззораи он ҳусни Худодод кунад.

Хандаи кабк шавад нолаи хунин, Соиб,

Бесутун ёд чу аз рафтани Фарҳод кунад.

Ғазали мазкур низ ишқӣ буда, бо қавитарин оҳангҳои иҷтимоӣ қобили вуқӯъ шудааст, ки танҳо як ишораи сабуке метавон бар мӯҳтавои он намуд, то ҳадафи эҷодкор ошкортар гардад. Масалан, дар кӯтоҳтарин муддат, ки хуршед ба шабнам рух намуд, шабнам бо хуршед гӯё мепайвандад. Яъне бухор шуда ба ҳаво меравад. Вале ойинаи беғубори шабнам ҳамин маъниро дорад, ки шабнам болои чизе афтода бошад, аз сабаби софу пок буданаш, ранги ҳамон предметро мегирад. Яъне бо ӯ муқобилу мухолиф нест ва ғайра.

Хусусиятҳои шаклии ғазал низ хубу ҷолиб аст, зеро мураддаф (радифи сода) ва муқаффо буда, зеро қофияҳои он муқайяд аст, зеро бо равӣ (ҳарфи «р») интиҳо мёбад. Бори ғоявӣ дар ғазали боло бештар бар ӯҳдаи радиф қарор гирифта, ҳадафи қофия таъкиди маъно ва таъмини оҳангнокӣ мебошад. Аз нигоҳи вазн низ ғазали зикршуда ҷолиб аст. Ғазал дар баҳри Музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф (ё мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

————————————

яъне: мафъӯлу фоъилоту мафоъӣлу фоъилон.

Замони Соиб низ мисли асрҳои пешина асри ғазал, айёми ғазал, замони ғазал буда, рушду инкишофи навъи адабии мазкур қонуниятҳои инкишофи адабиёти бадеиро то андозае муайян намудааст. Аз ин рӯ, як хусусияти ғазали Соиб, ғазалсароии ӯ ва адабиёти даврони ин шоири баландпоя аз доираи лирикаи сирф ишқӣ берун баромада, ба масъалаҳои рӯзгору зиндагӣ, ба ҳаёти ҷомеъа пайвастани ғазал аст ва ин ҷанбаъ пас аз асри XIV, пас аз Хоҷа Ҳофиз рӯи кор омадааст. Ба андешаи мо, ин тамоил махсусан тавассути ашъори Соиб ривоҷу равнақ пайдо намуда, боиси таваҷҷӯҳи муосирони шоир ва аҳли қалами минбаъда низ шудааст.

Беш аз ин гуфтан мумкин аст, ки ин хусусияти лирикаи ишқӣ, яъне дахолату фарогирии иллату нуқсонҳои рӯзгор ва танқиди он яке аз ҷиддитарин таҳаввулот дар таърихи инкишофи навъи адабии ғазал буд, ки тавассути ашъори Соиб ҳукми суннатӣ касб кард. Чунончи:

Эмин аз душмани хомӯш шудан мумкин нест,

Хатари роҳравон аз саги ғофилгир аст.

Ё ин ки:

То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,

Пӯшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.

Шоир онҳоеро, ки аз номи падар, мансабу кори ӯ ифтихор доранд, сахт коҳиш мекунад. Ба қавли ӯ, бояд худи шахс боиси паҳн гардидани шӯҳрати хеш дар рӯзгор бошад:

Гавҳарнамои ҷавҳари зотии хеш бош,

Хокаш ба сар, ки зинда ба номи падар бувад.

Соиб аз шуарои қаблӣ таҷрибаи хислатҳои ҳамидаи инсониро аз қабили: халқдӯстӣ, некӯкорӣ, мардумнавозӣ, илмдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ, ёрӣ ба дармондагону ниёзмандон, нафърасонӣ, хоксориву фурӯтанӣ, шикастанафсиву нармдилӣ, дурандешиву олиҳимматӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ, меҳнатқаринию суботкорӣ, шикебоию бурдборӣ ва ғайраро пазируфта, онро бо тобишҳои нав пешкаши мардум намудааст:

Дона беҳтар дар замини нарм боло мекашад,

Сарфарозӣ бештар, чун хоксорӣ бештар.

Ё ин ки:

Шабнам ба офтоб расид аз фитодагӣ,

Бингар, ки аз куҷо ба куҷо метавон расид.

Ва ё:

Даъвии дониш бувад, Соиб, ба нодонӣ далел,

Ҳар ки нодон мешуморад хешро, донотар аст.

Ё ки:

Хоксорӣ на биноест, ки вайрон гардад,

Селҳо оҷизи кӯтоҳии ин деворанд.

Аз ин рӯ, Ҳазрати Соиб ба ин масъалаҳо ақидаи хоссаи худро дорад ва агар оддитар карда гӯем, ӯ дар ин ҷода истиқлоли андеша дорад. Ба андешаи ӯ:

Пок кун аз ғайбати мардум даҳони хешро,

Ай, ки аз мисвок доим мекунӣ дандон сафед.

ва аз ин рӯ ғайбатро сарчашмаи аъмоли бад меҳисобад. Ба назари шоир, махсусан забонро бояд эҳтиёт кард, зеро бурротарин шамшер аст, ки дигар ба ҳам намеояд:

Ҳар киро теғи забон нест ба фармон, Соиб, Оқибат куштаи шамшери забон мегардад.

Дигар аз қавитарину муҳимтарин хусусиятҳои лирикаи Соиб ҷанбаи андарзӣ, моҳияти мавъизатӣ касб намудани он аст. Албатта, ин яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ буда, маҳз тавассути ашъори Соиби Табрезӣ тақвият пайдо намуд. Чунончи:

Умр рафту хор-хораш дар дили бетоб монд,

Мушти хошоке дар ин вайрона аз селоб монд.

Иқди дандон дар канорам рехт аз тори нафас,

Риштаи хушке зи чандин гавҳари ноёб монд.

Танпарастӣ фурсати молидани чашме надод,

Рӯи матлаб дар ниқоби пардаҳои хоб монд.

Дил зи беишқӣ даруни синаам афсурда шуд,

Доғи ин қандили равшан дар дили меҳроб монд.

Ақл аз кори дили саргашта сар берун набурд,

Дар дили баҳри вуҷуд ин қатраи ноёб монд.

Корвони Юсуф аз Канъон ба Миср овард рӯй,

Давлати бедор рафту пои мо дар хоб монд.

Аҳли дарде, Соиб, аз олам дучори мо нашуд,

Дар дили мо ҳасрати ин гавҳари ноёб монд.

Ғазали мазкур комилан ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Ҳадаф ва муроди шоир пушаймонӣ аз умри барҳадар рафта ва тағофулварзӣ буда, қаҳрамони лирикӣ аз рӯзгори сипаришудааш пушаймон аст. Мақсад аз хор- хори умр ҳасрат аст, ки дар дил мондааст ва мурод аз селоб гузашти ноайёни рӯзгор мебошаду мушти хошок ҷисми фарсудаи рӯзгордида. Шоир ҷузъиёти ин тасвирро низ хеле таъсирнок баён кардааст: риштаи истеҳкоми лаззатҳои моддӣ – дандонҳо, фарсудашавии риштаи гавҳарҳо ва гусастани он-рехтани дандонҳову холӣ мондани даҳон. Ҳадаф аз танпарастӣ – ҳавою ҳавасҳо, неъматҳои инҷаҳонист, ки ҷӯяндагонаш мунтаҳо пушаймонанд. Вале чӣ илоҷ?

Мақсад аз дили беишқ-фармудаҳои нокарда ва акнун он ҷисми афсурдаи қафаси сина доғи қандилест, ки танҳо ҷойро холӣ кардаасту осораш (доғаш) пайдост.

Аз сабаби ин ки мо аз аҳли дард-ҳабибони Ҳақ дур мондем, пас аз ин гавҳари ноёб-файзи эшон баҳравар нагаштем. Аз ин рӯ, мо ҳасратзадагонем.

Ғазал радифдор (радифи сода-монд), дорои қофия (қофияҳои муқайяд) буда, ҳар кадом ба ҷуз аз вазифаи адабӣ-бадеӣ, инчунин бори ғоявӣ бар ӯҳда доранд. Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод шудааст ва аз ин ҷост, ки моҳияти панду андарзӣ дорад. афоъили ғазали мазкур чунин аст:

яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон.

Ҳатто аз ҳамин ғазали зикршуда ҳам қиёс кардан мумкин аст, ки лирикаи ишқӣ тавассути ашъори Соиби Табрезӣ ҷанбаи бисёр қавии иҷтимоӣ-эътирозӣ касб намудааст ва он қариб ба кулли ашъори шуарои ин аҳд ва хосса Соиб хос аст. Чун Сайидо, ки яке аз пайравони Соиб аст ва пайравии ӯ ба эҷодиёти Соиб бесабаб нест, ин мавзӯъҳоро ба олитарин дараҷа расонидааст. Ин аст, ки Соиб мегӯяд:

Дар коми аждаҳо наравӣ то ҳазор бор,

Соиб, гули мурод начинӣ зи рӯи ганҷ.

Ё худ:

Аз тири оҳи мазлум золим амон наёбад,

Пеш аз нишона хезад аз дил фиғон камонро.

Ва ё:

Гиряи шамъ аз барои мотами парвона нест,

Субҳ наздик асту дар фикри шаби тори худ аст.

Соиб, дар баробари васфи хислатҳои ҳамида, дар ҳамин поя сифатҳои разилаи инсониро сарзаниш мекунад ва аз ҷумла ӯ худхоҳиву танпарварӣ, фиребгарию ҷоҳилӣ, нодонию мардумозорӣ, суханчинию авомфиребӣ, бодахориву бадмастӣ, кибру ғурур, такаббуру худписандӣ, дурӯғгӯиву ғайбаткунӣ, зиёнкориву фисқу фуҷур, бепарвоиву бӯҳтонкорӣ, ғафлатварзиву ҳақимардумхӯрӣ, тамаъкориву дунҳимматӣ, сифлагиву беҳаёӣ ва ғайраро сахт накӯҳиш намуда, боиси ҳама гуна футуру пастравиҳо гардидани ҷомеъаро таъкид менамояд, ки дар сифатҳои зикршуда мебошад:

Садои оби равон хобро гарон созад,

Зи хушнамоии умр аст хоби ғафлати мо.

Ва ё:

Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад,

Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо.

[1]     Татаббӯъ-пайравӣ

[2]     Санин-сайқал

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …