Главная / Илм / СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо қайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва sphaira – курра) қабати сахти аз қишри замин ва мантияи болоӣ иборатбуда мебошад. Дар ин параграф бошад, мо ба қишри замин ва сохти он, ҳамчун қисми литосфера аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Дар қиёс бо қабатҳои амиқи замин қишри болоияш хуб омӯхта шудааст.

Тӯлони шудани шаклгирии қишри заминӣ ба мураккаб гардидани сохти он таъсиргузор буд. Қабати болоии он бо ҷинсҳои гуногуни кӯҳӣ пӯшида шудааст. Ҷинсҳое, ки қишри заминро ташкил мекунанд, аз рӯи хусусиёт, таркиб ва пайдо- ишашон бисёр гуногун мебошанд. Онҳо аз маъданҳои гуногун ва ҷинсҳои кӯҳӣ иборат ёфтаанд.

Ҷинсҳои кӯҳӣ аз рӯи пайдоишашон ба се гурӯҳ тақсимбандӣ мегарданд: магматикӣ, таҳшин ва метаморфӣ (ҷадвали 5).

Ҷадвали 5

Шахҳо ва сангҳое, ки қишри заминро ташкил медиҳанд

Қишри замин: шахҳо

Таҳшиншуда

Пора-пора (харсанги лӯнда, шагал, сангреза, қум ва регсанг, лесс, гил) Пайдоиши химиявӣ (намак- санг, гипс ва ғ.) Пайдоиши органики (бӯри хатнависӣ, оҳаксанг, торф, ангиштсанг) Тадбилшуда: квартсит, варақсанг, мармар ва ғ. Магмавӣ: хоро- санг, андезит, базалт, туфсанги вулқонй

Ҷинсҳои кӯуии магмавӣ, ки онҳоро магматитҳо низ меноманд, аз худ маҳсулоти омодаи фаъолияти вулқонҳоро инъикос мекунанд (фаъолияти магмавй). Дар ҷараёни аз магмаи гудохташуда ба ҳолати сахт гузаштанаш модда кристаллӣ мешаванд.

Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ ба сифати маводҳои гарминигаҳдорй.

Ҷинсҳои кӯхии таушиншуда хоси қабатҳои болоии қаишри замин аст. Ҷинсҳои таҳшиншуда бештар аз се чор ҳиссаи сатҳи хушкиро ташкил медиҳад. Чунин ҷинсҳо дар натиҷаи равандҳои гуногун, ба монанди шамолхӯрй, аз об аф- тидан чиз (химиявӣ ва механики), фаъолияти ҳаётии организмҳо, вайроншавии ҷинсҳо ҳастанд ва пайдо мешаванд.

Ҷинсҳои кӯҳии табдилшуда – ҷинсҳои дар натиҷаи равандҳои бо номи ме­таморфизм пайдо шудааст. Ҷараён хоси тағйирёбии сохтори ҷинсҳои қӯҳӣ зери таъсири фишор ва ҳарорати баланд мебошад.

Дар литосфера ҷинсҳои кӯҳӣ, ки қишри заминро ташкил медиҳад, дар натиҷаи гардиши моддаҳо пайдо шудаанд (рас. 31).

Схемаи гардиши моддаҳо дар литосфера
Расми 31. Схемаи гардиши моддаҳо дар литосфера

Чуноне, ки аз схема маълум аст, ҳангоми ихроҷи вулқонҳо дар сатҳ ҷинсҳои кӯҳӣ пайдо мешаванд. Онҳо зери таъсири қувваи офтоб ва дигар кувваҳои беруна вайрон мешаванд ва ба ҷинсҳои кӯҳии табдилшуда мубаддал мегарданд.

Дар қабатҳои жарфтари Замин зери таъсири ҳарорати баланд ҷинсҳо дигаргун мешаванд. Литосфера аз ҷинсҳои кӯҳӣ ташкил ёфтааст ва аз рӯйи сохти қишри замин фарқ мекунад. Дар робита бо ин қишри замин ба континенталӣ ва уқёнусӣ тақсим мешавад.

Дар бораи қишри замин дар синфҳои болоӣ муфассал омӯзонида мешавад.

Тобаи (плитаи) литосферӣ – бахши бузурги устувори қишри
замин, як қисми литосфера.

Аз рӯйи маълумотҳои илмӣ литосфера аз ҳафт тоба иборат аст. Инҳо: Авруосиё, Ҳинд-Австралия, Уқёнусиоромй (тобаизериобй), Африқо, Антарктика, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (рас. 32).

Савол ва супоришҳо

  1. Чӣ гуна ҷинсҳои кӯҳӣ, ки таркиби қишри заминро тартиб додаанд, ба қисмҳо тақсим мешаванд?
  2. Схемаи гардиши модда дар литосфера чӣ гуна аст?
  3. Кадом тобаҳои литосферӣ вуҷуд доранд? Онҳоро номбар кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …