Главная / Ҷамъият / ҚАРОР ВА БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶТ cc 2012-2020

ҚАРОР ВА БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶТ cc 2012-2020

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 барои се соли аввал тасдиқ карда шавад (замимаҳои № 1, № 2, № 3 ва № 4).
  2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ татбиқ намудани Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 муайян карда шавад.
  3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон барои солҳои 2012- 2020 барои се соли аввал аз Буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.
  4. Вазорату идораҳои дахлдор ҳар сол ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020 барои се соли аввал ахбор пешниҳод намояд.
  5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ҳисобот пешниҳод намояд;

-дар нимсолаи аввали соли 2014 Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020-ро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ  Раҳмон

БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

Замимаи № 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 апрели соли 2012, №201

тасдиқ шудааст

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (минбаъд – Барнома) – ин барномаи тадбирҳои дарозмўҳлат аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некўаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва татбиқ карда мешавад.

Барнома барои идома додани корҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти давра ба давраи ва маҷмўии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна, беҳтар намудани сифат, афзун намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содирот нигаронида шудааст.

1. Муқаррароти умумӣ

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ як қатор санадҳои меъёрии қуқуқӣ қабул карда шудаанд, аз он ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002, №46 “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

-Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2002, №666 тасдиқ карда шудааст;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004, № 37 “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”;

-Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, №469 тасдиқ карда шудааст;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 194 “Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

-Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2007, №704 тасдиқ карда шудааст;

-Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009, №505 “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”;

-Барномаи беҳбудии фазои соҳибкорӣ – 200 рўзи ислоҳот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №386 тасдиқ карда шудааст.

  1. Вобаста ба соддагардонии тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ, гирифтани ҳуҷҷатҳои мухталифи иҷозатномавӣ ислоҳот гузаронида шуда, тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, расмиёти муфлисшавии корхонаҳо содда гардонида шуд, инчунин оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои дигар амалӣ карда шуданд.
  2. Аз рўи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2010 дар ҷумҳурӣ афзоиши устувори субъектҳои соҳибкорӣ мушоҳида карда мешавад.
  1. Аз маълумоти ҷадвал бармеояд, ки миқдори субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 коҳиш ёфтааст, ки ин пеш аз ҳама бо таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баланд шудани нархи маҳсулоти нафтӣ алоқаманд мебошад, ки дар навбати худ ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонида, дигар омилҳои манфиро ба вуҷуд овард.
  2. Дар натиҷаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №508 “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010, №669 “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” тартиби нави бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ҷорӣ карда шуд, ки бақайдгирии такрориро барҳам дода, барои муайян намудани миқдори воқеии соҳибкорон имконият фароҳам овард.
  3. Новобаста аз чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сабукгардонии оқибатҳои бўҳрони молиявӣ, зарурати андешидани чораҳои мушаххаси иловагӣ оид ба кўмаки воқеӣ ба соҳибкорӣ, ҳамчун яке аз бахшҳое, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд, ба миён омадааст.
  4. Мувофиқи ҳисоботи ҳарсолаи Бонки Умумичаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат” аз рўи натиҷаҳои ислоҳоти дар солҳои 2009-2010 гузаронидашуда Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои хешро ба 25 банд беҳтар намуда, ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар гузаронидани ислоҳот оид ба фароҳам оварданн шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ пешсаф мебошанд, ворид гардид. Мақсади асосии гузаронидани ислоҳот соддагардонии тартиби таъсис ва фаъолияти корхонаҳо, таҳкими ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва такмили расмиёти муфлисшавӣ, танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва беҳтар намудани шароити бақайдгирии корхонаҳо мебошад.
  5. Бо вуҷуди тамоюли мусбати рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба рушди истеҳсолот монеа эҷод мекунанд:

– номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки рушди соҳибкорӣ, иҷозатномадиҳӣ, сертификатсиякунонӣ, гузаронидани санҷишҳо, андозбандии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, содирот ва воридоти молҳоро танзим менамоянд;

– норасоии захираҳои молиявӣ ва сармоявӣ;

– сатҳи баланди коррупсия дар мақомоти давлатӣ;

– сатҳи нокифояи омодагии касбии кадрҳои ихтисосманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорӣ;

– рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии соҳибкорон, хусусан соҳибкорони ҷавон;

– ҳамкории сусти давлат ва бахши хусусӣ;

– номукаммалии маҷмўи карзидиҳиву молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

– сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат.

  1. Низоми мавҷудаи қарздиҳиву молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номукаммал буда, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў намебошад. Хусусан, бобати пешниҳоди қарзҳо ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ меъёрҳои баланди фоизӣ истифода бурда шуда, қарзҳо нисбатан ба мўҳлати кўтоҳ дода мешаванд. Аз ин рў, дастрасии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба воситаҳои молиявӣ маҳдуд буда, дар натиҷаи он дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои зерин ба мушоҳида мерасанд:

– сатҳи пасти рушди корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ;

– истифодаи техника ва таҷҳизоти истеҳсолии кўҳнашуда;

– сатҳи пасти истеҳсолоти технологӣ;

– сифати паст ва рақобатнопазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

  1. Мақсади Барнома таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Вазифаҳои Барномаи мазкур чунинанд:

– таъсиси фонди маблағгузорӣ барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ;

– дастгирии моддию техникии соҳибкорӣ аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзноки таҷҳизот, биноҳои истеҳсолӣ ва технологияҳо;

– ташаккули инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсиси мақоми дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва зиёд намудани ваколатҳои он;

– кам намудани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми ташкил ва пешбурди тиҷорат;

– дастгирии давлатии самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ;

– рушди шаклҳои хоҷагидории хурду миёна;

– ҳавасмандгардонии таъсиси институтҳои худдастгирии соҳибкорӣ дар шакли кооперативҳои истеҳсолӣ, фурўшӣ ва қарзӣ;

– дастгирии соҳибкории инноватсионӣ;

– таъмини дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкорӣ;

– мусоидат дар омода ва такмили ихтисоси кадрҳо барои соҳибкорӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.

3. Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

  1. Таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили онҳо.
  2. Таҳияи лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд, зеро дар доираи санадҳои мавҷудаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ масъалаҳои зиёде ҳалли худро наёфтааст. Аз ҷумла, дар самти иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳо монеаҳои зиёд ҷой доранд ва дар мавриди қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:

– соддагардонии низоми иҷозатномадиҳӣ, аз ҷумла соддагардонии тартиби додани иҷозатномаҳо, ихтисори намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда, кам кардани мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои иҷозатномагиранда, ихтисори шумораи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома лозиманд, таҳия ва ҷорӣ намудани регистри электронӣ, ворид намудани принсипи “хомўшӣ – аломати ризо” ба тартиби иҷозатномадиҳӣ ва механизми “худиҷозатномадиҳӣ” (шарҳи принсипи “худиҷозатномадиҳӣ” дар лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки минбаъд таҳия мегарданд, пешбинӣ карда мешавад) ба баъзе намудҳои фаъолият бо омўзиши таҷрибаи дигар давлатҳо;

-соддагардонии низоми санҷишҳо, ихтисори миқдори мақомоти давлатие, ки гузаронидани санҷишҳоро амалӣ менамоянд.

  1. Тавассути воситаҳои ахбори омма гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди бахши соҳибкориро танзим менамоянд.

4. Мусоидат ба мустаҳкамгардонии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ

  1. Гузаронидани баҳодиҳии рушди соҳибкорӣ дар ҳама сатҳ ба мустаҳкамгардонии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ мусоидат мекунад.
  2. Васеъ намудани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

– пешниҳоди карзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

– паст намудани меъёри андозҳо барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна;

– соддагардонии тартиби содироти мол;

– мусоидат дар навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он;

– мукаммалгардонии тартиби иҷораи моликияти давлатӣ;

– мукаммалгардонии тартиби ҷалб ва иштироки соҳибкорон дар тендерҳои давлатӣ, савдо ва фармоишҳои давлатӣ;

– гузаронидани вохўриҳои мунтазам бо намояндагони бахши хусусӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва ҳал намудани мушкилиҳое, ки ба рушди соҳибкорӣмонеа мебошанд;

– гузаронидани намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ярмаркаҳои маҳсулоти ватанӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он.

5. Баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон

  1. Бо роҳи ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, курсҳои омўзишӣ, мизҳои мудаввар ва дигар барномаҳои иттилоотию таълимӣ оид ба рушди соҳибкорӣ иқтидори соҳибкорон зиёд мешавад.
  2. Ташкил намудани бизнес – инкубаторҳо(1) барои соҳибкорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Кўлоб чунин имконотро медиҳанд:

– ба иҷора додани биноҳо бо шартҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкорӣ;

– ташкили хизматрасонии босифат ва касбӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар зинаҳои гуногуни тараққиёт тавассути дастгирии суроғавии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ, омўзишӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин рушди ҳамкорӣ байни субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна;

– баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҳуқуқии соҳибкорон дар соҳаи соҳибкории хурд ва миёна;

– ташкили ҳамкории мутақобилаи субъектҳои соҳибкории хурду миёна бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

– муайян ва ҳал кардани масъалаҳои мавҷуда дар фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

6. Дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ

  1. Мақоми ваколатдори дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо кўмаки техникии ташкилотҳои донории байналмилалӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ сайти махсуси иттилоотӣ дар шабакаи “Интернет” таъсис медиҳад. Сайти мазкур соҳибкорони ватанӣва хориҷиро бо маълумот оид ба истеҳсоли молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
  2. Тафсироти масъалаҳои рушди соҳибкорӣ тавассути васоити ахбори омма гузаронида мешавад.
  3. Бо мақсади дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори дастгирии давлатии соҳибкорӣ маводи зерин ба табъ расонида мешаванд:

– маводи иттилоотӣ ва дастурҳои методӣ дар бораи субъектҳои соҳибкорӣ;

– бюллетенҳои иттилоотӣ;

– феҳристи (каталоги) молҳои аз тарафи субъектҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда.

7. Дастгирии субъектҳои соҳибкорие, ки бо истеҳсол ва (ё) фурўши мол, корҳо ва хизматрасониҳо машғул мебошанд.

  1. Пешниҳоди дастгирии давлатии молиявӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна тавассути пешниҳоди субсидияҳо, имтиёзҳои андозӣ ва сабукиҳои (преференсияҳои) гумрукӣ гузаронида мешавад.

8. Такмилдиҳии низоми қарздиҳӣ-молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна

  1. Андешидани чораҳои зарурӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи ташкил намудани Фонди муштараки қарздиҳии хурд барои соҳибкорон.
  2. Такмили механизмҳои ворид намудани институти кафолатдиҳӣ ҳамчун варианти имконпазири таъмини гарав.
  3. Таҳияи пешниҳодҳои асоснок оид ба паст намудани меъёрҳои фоизи қарзҳое, ки аз тарафи бонкҳо ва дигар институтҳои молиявӣ ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод мешаванд.
  4. Нав кардани механизмҳо ва сохторҳои қарздиҳӣ ва худмаблағгузории субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна (кооперативҳои қарздиҳӣ).
  5. Такмили механизми маблағгузории давлатии қисми меъёри фоизи тиҷоратии қарзҳои бонкӣ, ки ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод карда мешаванд.
  6. Таҳияи низоми ҷуброни давлатии фоизҳои бонкии қарзҳое, ки барои харидорӣ намудани таҷҳизоти инноватсионӣ ва баланди технологӣ аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешбинӣ шудаанд.
  7. Таҳия ва пешниҳоди механизми самараноки лизинги таҷҳизот ва технологияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  8. Рушди механизмҳо ва сохторҳои қарздиҳии хурд ва худмаблағгузории субъектҳои соҳибкории хурду миёна (кооперативҳои қарздиҳӣ).
  9. Баррасии имконияти пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ ба сармоягузороне, ки лоиҳаҳои дарозмўҳлат ва ё лоиҳаҳои нави субъектҳои соҳибкории хурду миёнаи ба рўйхати намудҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкорӣ дохилшуда, хусусан ба соҳаи инноватсионӣ ва технологияҳои баланд алоқадоштаро маблағгузорӣ мекунанд.
  10. Мутобиқгардонии қонунгузории бонкӣ бо чорабиниҳои Барномаи мазкур барои татбиқи такмилдиҳии низоми қарздиҳӣ ва дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкории хурду миёна.

9. Мўҳлати татбиқи Барнома

  1. Барномаи мазкур дар се марҳила дар асоси нақшаҳои чорабиниҳое, ки барои татбиқи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, татбиқ мегардад.

10. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома

  1. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетии вазорату идораҳои соҳавӣ ва дигар сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ давра ба давра амалӣ гардонида мешавад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои татбиқи Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо ва Нақшаи маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур муайян карда мешавад.
  2. Ҳаҷми зарурии маблағҳо барои татбиқи марҳилаи аввали Барнома барои солҳои 2012-2014 6500800 (шаш миллиону панҷсад ҳазору ҳаштсад) сомониро ташкил медиҳад, аз онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ – 5834100 (панҷ миллиону ҳаштсаду сию чор ҳазору сад) сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ -666700 (шашсаду шасту шаш ҳазору ҳафтсад) сомонӣ. Ҳамин тариқ, маблағгузорӣ дар соли 2012 – 2258700 (ду миллиону дусаду панҷоҳу ҳашт ҳазору ҳафтсад) сомонӣ, дар соли 2013 – 1905700 (як миллиону нўҳсаду панҷ ҳазору ҳафтсад) сомонӣ ва дар соли 2014 – 2336400 (ду миллиону сесаду сию шаш ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад (мутобиқи замимаи № 2).
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои маблағгузории буҷетии Барномаи мазкур дархост – таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Дархост барои маблағгузории буҷетии Барнома на дертар аз 10 августи соли муносиб пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи дархости молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста мешавад. Дархост барои маблағгузории буҷетии Барнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда ба инобат гирифта мешавад.
  4. Дар ҳолатҳои мувофиқ омадани ҳадаф, вазифа ва чорабиниҳои Барнома бо ҳадаф, вазифа ва чорабиниҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, онҳо метавонанд дар чорчўбаи имкониятҳои молиявии хеш Барномаро маблағгузорӣ намоянд.

11. Номгўи намудҳои афзалиятноки фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

  1. Бо мақсади дастгирии молиявӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкории хурду миёна муайян карда шудаанд:

– соҳаи кишоварзӣ;

– истеҳсол ва коркарди маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, маводи хўрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ;

– сохтмон, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, пулҳо ва нерўгоҳҳои баркию обии хурд;

– нобудсозии партовҳои саноатӣ ва маишӣ;

– хоҷагии манзилию – коммуналӣ;

– ташкили таълиму омўзиши касбҳои техникӣ;

-туризм;

– фаъолияти инноватсионӣ.

12. Механизм ва идораи татбиқи Барнома

  1. Идораи умумии рафти татбиқи Барномаи мазкурро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  2. Барои мусоидат ба татбиқи Барнома, чорабиниҳои он ва мониторинги рафти татбиқи Барнома Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати амали Барнома гурўҳи мутахассисонро, ки иборат аз 3 нафар мебошанд, доимӣ ҷалб менамояд.
  3. Гурўҳи мутахассисон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун таъин карда мешавад.
  4. Ин гурўҳ ўҳдадорӣ ва вазифаҳоеро, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Барномаи мазкур муайян шудаанд, ба ўхда дорад.
  5. Маблағгузории фаъолияти гурўҳи мазкур аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шуда, имкониятҳои кўмакҳои молиявӣ ва техникии ташкилотҳои хориҷӣ низ истифода бурда мешаванд.

13. Мониториг

  1. Мониторинг ва ҳамоҳангсозии раванди татбиқи Барномаро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ўҳда дорад.
  2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурди навтаъсисшуда ва корхонаҳои соҳаи инноватсиониро, ки дар шакли субсидия кўмаки молиявӣ гирифтаанд, мунтазам мониторинг намуда, ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранокии иқтисодии ин шакли дастгирӣ ҳисобот пешниҳод менамояд.
  3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Барнома ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ҳисоботи солона таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Ҳисоботи мазкур дар сомонаи интернетии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

14. Индикаторҳо

  1. Индикаторҳои асосии самаранокии татбиқи Барнома инҳоянд:

– зиёд намудани миқдори субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба 50 фоиз;

– зиёд намудани миқдори ҷойҳои нави корӣ на камтар аз 25 фоиз;

– зиёд намудани ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба 30 фоиз;

– зиёд намудани сармоягузории ватанӣ ба 40 фоиз;

– зиёд намудани хаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба 30 фоиз;

– зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот на камтар аз 50 фоиз;

– зиёд намудани андозаи субсидияҳои давлатие, ки ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна пешниҳод мешаванд, ба 100 фоиз;

– зиёд намудани миқдори қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба 100 фоиз.

15. Натиҷаҳои пешбинишуда

  1. Натиҷаҳои пешбинишуда аз татбиқи Барнома:

– афзоиши назарраси миқдори субъектҳои соҳибкорӣ;

– такмили имкониятҳои дастрас намудани ёрии молиявӣ, моддию техникӣ ба соҳибкорон;

– афзоиши умумии маҳсулоти дохилӣ, даромади Буҷети давлатӣ ва ҷойҳои нави корӣ;

– таҷдиди паркҳои технологӣ ва таҷҳизоти истеҳсолӣ;

– таъсиси инфрасохтори дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;

– беҳтар гардидани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва рақобатпазир гардидани он;

– афзун гардидани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ;

– зиёд гаштани иқтидор ва маълумотнокии соҳибкорон дар соҳаи ташкил ва ба роҳ мондани тиҷорат;

– бартараф гардонидани монеаҳои маъмурии сунъӣ, ки ҳангоми таъсис ва пешбурди тиҷорат ба вуҷуд меоянд;

– такмили тартиби иҷозатномадиҳӣ ва санҷишҳо;

– ташкил шудани бизнес инкубаторҳо ва марказҳои дастгирии соҳибкорӣ;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат.

_______________________

* (1) Бизнес-инкубатор – объекти ннфрасохтори дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад, ки дастгирии соҳибкоронро дар марҳилаи ибтидоии фаъолияти онҳо тавассути ба иҷора додани биноҳо,расониданн кўмаки машваратӣ, муҳосибавӣ, хукукӣ ва дигар хизматрасониҳо амалӣ мегардонад.

аз 30 апрели соли 2012, № 201

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …