Главная / Гуногун / Соҳибкорӣ – фишанги рушди иқтисод

Соҳибкорӣ – фишанги рушди иқтисод

Айни замон дар саросарии киш варамон барои соҳибкорону сармо ягузорон тибқи қонунгузории андоз имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ дода шудааст, ки он метавонад ба фаъолияти босамари соҳибкорӣ вусъат бахшад. Вале, тавре аз корҳои назоратии мақомоти андоз бармеояд, ҳанӯз ҳам баъ зе аз андозсупорандагон ба ҳолатҳои вай рон карда шудани талаботи қонунгузории андоз роҳ медиҳанд. Онҳо талаботи Ко декси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро нодида мегиранд. Масалан, дар рафти корҳои назоратӣ аксар вақт ба мушоҳида мерасад, ки қисме аз ан дозсупорандагон ҳангоми анҷом додани хизматрасонӣ аз МНХ умуман истифода намекунанд ва ё ба мизоҷ чиптаи хариди молро намедиҳанд. Онҳо хуб медонанд, ки бо ин амалашон ҳуқуқҳои истеъмол кунандагонро халалдор ва талаботи қонунгузории андозро дағалона вайрон карда истодаанд.

1540973793_1Мутобиқ ба талаботи моддаҳои 38¬39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросарии қаламрави мамлакат бояд ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кору хизматрасониҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо бо истифодаи ҳатмии мошинҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ ва дода шудани чеки назоратӣ анҷом дода шаванд.

Аз он рӯзе, ки бемории коронави рус дар минтақаҳои гуногуни мамла кати мо ба қайд гирифта шуд, бозори дӯконҳои доруфурӯшӣ гарм гардид ва баъзе соҳибкорон вазъи баамаломада ро барори кор дониста, ҳатто талаботи қонунгузории андозро ҳам фаромӯш карданд. Масалан, соҳибкори инфиродӣ Гулҷаҳон Турдиева дар маркази ноҳияи
Рӯдакӣ ҳангоми фурӯши доруворӣ тартиби истифодаи мошини назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалиро вайрон намуда, ба мизоҷон бе додани чеки МНХ хизмат мерасонд.

Дар рафти анҷом додани хариди назоратӣ асли воқеа ошкор шуд. Гулҷаҳон Турдиева ҳангоми фурӯши доруворӣ уму ман аз МНХ истифода намекард. Ӯ корно шоям будани МНХро сабаб оварда, даъво мекард, ки аз МНХ истифода накунад ҳам, маблағи андозҳоро пурраю барзиёд пар дохт менамояд. Вале, вақте кормандони мақомоти ҳудудии андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ӯ оид ба талаботи моддаҳои 38¬39 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд, соҳибкор ба гуноҳаш иқрор шуд.

Фурӯшандаи дӯкони доруфурӯшии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мадад фарм”, соҳибкорони инфиродӣ М. Пулотов ва Р. Каримҷонов низ ҳангоми гузаронида шудани хариди назоратӣ, барои истифода накардани МНХ ва нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифо даи мошини назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ, аз ҷумла лентаҳои назоратӣ ва тартиби вайрон намудани пешбурди дафтари бақайдгирии пули нақдӣ ва расидҳо ҳар кадом ба маблағи 2320 сомонӣ ҷарима таъин карда шуданд.

Соҳибкори инфиродӣ Шамсиёр Ази мов барои дағалона вайрон намудани талаботи қонунгузории андоз на як бору ду бор аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ огоҳ карда шуда буд. Ниҳоят Шамсиёр Азимов барои нигоҳ надоштани ҳуҷҷатҳои вобаста ба истифо даи мошини назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ, аз ҷумла лентаҳои назоратӣ ва тартиби вайрон намудани пешбурди дафтари бақайдгирии пули
нақдӣ ва расидҳо мутобиқи моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4640 сомонӣ ҷарима гардид.

Дар ошхонаи таомҳои миллӣ са рошпаз Муқимҷон Қосимов то соати 12:30 дақиқаи рӯз ҳамагӣ ба ду нафар чиптаи хариди таом дода буду халос, ҳол он ки дар ошхона на камтар аз 20 нафар мизоҷ машғули хӯрокхӯрӣ буданд. Вақте кормандони мақомоти ҳудудии андоз сабаби истифода накардани МНХ ва ба мизоҷон надодани чиптаро аз сарошпаз М. Қосимов пурсон шуданд, ӯ гуноҳро ба гардани харидорон бор намуд.
Рости гап мизоҷон чиптаи МНХро умуман нолозим меҳисобанд. Ана ҳамин ҳолатҳо сабаб мешаванду мо дар додани чипта камҳавсалагӣ зоҳир мекунем, баҳонаҷӯӣ намуд М. Қосимов.

Ин амали соҳибкор Муқимҷон Қосимов бо моддаи 614 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум ва нисбати ӯ ба маблағи 4640 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.
Хариди назоратӣ чунин камбудиҳоро дар фаъолияти соҳибкорон Шуҳратҷон Шарипов, Шариф Ҳусейнов, Бахтиёр Саи дов, Темур Ҳакимов, Зулайхои Ҳомидҷон, Алишер Беков, Асламҷон Гулов, Давлат мирзо Саидов, Раҳим Неъматов, Наргис Халилова ва боз чанде дигарон низ ошкор намуд. Дар натиҷа нисбати онҳо тибқи талаботи моддаҳои 614615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаҳои маъмурӣ таъин гардид.

Муносибат дар истифодаи мошинаҳои назоратӣхазинавии дорои хотираи фискалӣ дар саросари мамлакат бояд ҷиддӣ сурат бигирад. Зеро маданияти баланди савдою хизматрасониро маҳз тавассути он метавон амалӣ намуд. Дар баробари ин, ҳуқуқи истеъмол кунандагонро ҳангоми хариди молу хизматрасониҳо маҳз ҳамин чиптаи МНХ кафолат медиҳад.

Муҳаммадӣ ТАБАРЗОДА

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …