Главная / Гуногун / Сиёсати пулию қарзӣ дар Тоҷикистон

Сиёсати пулию қарзӣ дар Тоҷикистон

Сиёсати пулию қарзӣ. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ фаъолияти худро барои татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва асъорӣ, суботи молиявии низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии амонатгузорон равона карда истодааст.

Мутобиқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30  сентябри соли ҷорӣ 15,6 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 12,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ 7,1 фоиз ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 9,4 фоиз зиёд мебошанд.

murodali-alimardonБо мақсади ғайридолларикунонӣ ва диверсификатсияи муомилоти пулӣ маҷмӯи чораҳои таъсиррасон андешида шуда, афзоиши сатҳи монетизатсия, яъне таъминнокии иқтисодиёт бо пул қонеъ шуда истодааст. Сатҳи монетизатсия ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ 28,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд гардид.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба ҳолати 31 августи соли ҷорӣ 4,5 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои хурд ба 3,1 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7 фоиз афзудааст.

Ба ҳолати 31 августи соли 2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 36,6 фоиз афзоиш ва бо асъори хориҷӣ 4,3 фоиз коҳиш ёфт. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 45,7 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 54,3 фоизро ташкил медиҳад (дар ҳамин давраи соли 2017 мутаносибан 37,1 фоиз ва 62,9 фоиз буд), ки аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳад.

Воқеан дар низоми бонкӣ беҳбудӣ каме ҳам бошад дар баъзе аз нишондиҳандаҳои молиявӣ ба чашм мерасанд. Вале дар доираи низоми бонкии ҷумҳурӣ мебояд як зумра камбудиву мушкилотҳоро бартараф намуд, ки дар заминаи худ ҳалли маҷмӯиро тақозо менамоянд.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ санаи 26 январи соли 2018 қайд намуданд, дар зарфи ду – се соли охир аз меъёр зиёд шудани қарзҳои ғайрифаъол, мушкилоти пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ, татбиқи нопурраи принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ, рушд накардани бозори қарзии байнибонкӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд ва бо ин мақсад супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

Дар ин росто ба мақсад мувофиқ мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳаматарафа таҳлил намудани таҷрибаи давлатҳои рушдёфта дар соҳаи бонкдорӣ ва гузаронидани ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, вобаста ба он таклифҳо пешниҳод намояд.

Ҷиҳати мусоидат намудан ба солимгардонии вазъи молиявии бонкҳои низомсози кишвар шӯроҳои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» мунтазам дар ҷаласаҳои худ раванди иҷрои стратегияву нақшаи чорабиниҳоро оид ба солимгардонии вазъи молиявии бонкҳои номбурда барои солҳои 2017-2019 баррасӣ намуда, барои дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ ва бартараф намудани камбудиҳои гуногун ба роҳбарияти ин бонкҳо дастуру тавсияҳои дахлдор медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидаи роҳбарияти ин бонкҳо вазъи молиявии онҳо, бахусус сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, меъёрҳои пардохтпазирии ғайриқаноатбахш, ҷалб нагардидани сармояи хориҷию дохилӣ ташвишовар боқӣ мемонад.

Вобаста ба ин Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молия ҷиҳати иҷрои супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардонии нақшаи таҷдиду солимгардонии бонкҳои низомсозро таъмин намоянд.

Бояд қайд кард, ки дастрасӣ ба қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ва фоизҳояшон паст барои соҳибкорони ватанӣ то ҳол маҳдуд боқӣ мемонад. Яке аз омилҳое, ки ба чунин ҳолат боис гардидааст ин гарону кӯтоҳмуддат будани сармоя ва захираҳое, ки аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ҷалб карда мешаванд ва ҷой доштани талаботи зиёд ба сарчашмаҳои ташаккулдиҳандаи пардохтпазирӣ дар бозори дохилӣ мебошад.

Бинобар ин Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати ҷалби сармояи арзону дарозмуддати хориҷӣ ба низоми бонкӣ чораҷӯӣ намуда,  корҳоро дар самти зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба иқтисодиёти ва диверсификатсияи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми бонкдории исломӣ вусъат диҳанд.    

Номӯътадилии вазъи бозори дохилии асъор, инчунин норасоии асъори хориҷӣ аз мушкилоти нигаронкунанда дар давраи ҳисоботӣ боқӣ монд.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар 6,8 фоиз коҳиш ёфта (дар ҳамин давраи соли 2017- 11,8 фоиз коҳиш ёфта буд), ба 9,0607 сомонӣ баробар гардид.

Коҳишёбии қурби пули миллӣ ба хусусиятҳои бунёдию сохтории иқтисодиёт алоқаманд буда, зери таъсири омилҳои берунию дохилӣ сурат гирифтааст.

Вобаста ба ин андешидани тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани назорати бозори асъори байнибонкӣ, афзун намудани захираҳои байналмилалӣ, таъмини фаълияти муътадили бозори дохилии асъор ва маҳдуд сохтани лаппишҳои аз эътидол беруни қурби пули миллӣ, нигоҳдории тафовути байни қурби расмӣ ва қурби бозории асъори хориҷӣ дар ҳудуди то 2 фоиз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ лозим аст.  

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …