Главная / Гуногун / СИСТЕМАҲОИ ОПЕРАТСИОНӢ

СИСТЕМАҲОИ ОПЕРАТСИОНӢ

Системаи оператсионӣ – маҷмўи программаҳои ба ҳам алоқаманд буда, ҳангоми ба кор даровардани компютер кори худро оғоз менамояд. Системаи оператсионӣ (СО) имконият медиҳад, ки командаҳо бо ёрии клавиатура ё муш ба компютер дохил карда шаванд, матни ҳуҷҷатҳо, расмҳо ва дигар информатсия бо номҳои муайян дар диск сабт карда шаванд, программаҳои амалӣ аз винчестер, дискетҳо ё воситаҳои дигар ба хотира ҷеғ зада шуда, ба кор омода сохта шаванд. Маҳз ба воситаи СО ҳамаи қисмҳои компютер ва захираҳои он, аз қабили хотираи фаврӣ, миқдори ҷой дар дискҳо ва ғайраҳо идора карда мешаванд. СО диалоги байни компютер ва инсонро ташкил менамояд. СО байни истифодабаранда, программаҳои амалӣ ва қисмҳои компютер робитаи хеле қулайи кориро (интейрфейс) муҳайё месозад.

sistemahoi-operacioni

Дар компютерҳо СО гуногун истифода бурда мешаванд. Ҳайати программаҳои системавии ҳар як СО аз тарафи созандагони он муайян карда мешавад. Дар компютерҳои фардӣ одатан системаҳои оператсионии дискӣ (DOS) истифода бурда мешаванд.

Дар кори DOS низ, ба мисли ҳар як программаи дилхоҳ, се марҳиларо ҷудо намудан мумкин аст: дохилкунии информатсия, коркарди информатсия ва хориҷкунии натиҷаҳо. Информатсия бо ёрии клавиатура ё муш дохил карда мешавад. Коркарди информатсияро протсессор ба ўҳда мегирад. Ҳангоми хориҷкунии натиҷаҳо бошад, экран ё принтер, ё диск ва ё дигар таҷҳизот хизмат расонида метавонанд.

Новобаста аз программаи амалии истифодашаванда дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсия бо ёрии таҷҳизоти якхела анҷом дода мешавад. Функсияи якуми СО – таъмини ягонагӣ ва стандартии истифодабарии қисмҳои дохилкунӣхориҷкунии информатсия барои программаи дилхоҳ мебошад. Ҳангоми иҷрои дохилкунӣ ва хориҷкунии информатсия СО бо қисмҳои компютер садҳо ва ҳатто ҳазорҳо амалиёти элементариро мегузаронад, ки тартиби иҷрои онҳо аз назари истифодабарандаи компютер пинҳон мемонад.

Функсияи дигари СО ба хотираи фаврии компютер ҷеғ задан ва ба кор даровардани программаҳои амалӣ ба шумор меравад. Пас аз итмоми кори ин программаҳо СО хотираро аз онҳо холӣ намуда, онро барои қабули программаҳои навбатӣ тайёр менамояд.

Ҳангоми омодагӣ, иҷрошавӣ ё анҷоми кори программаҳои амалӣ истифодабаранда ба компютер баъзекомандаҳоро дохил мекунад ва ҷавобҳои муайянро қабул менамояд. Дигархелтар карда гўем, байни компютер ва инсон робитаи диалогӣ барқарор карда мешавад, ки инро функсияи сеюми СО номидан мумкин аст.

Дар баъзе СО якбора якчанд программаҳо дар алоҳидагӣ ё алоқамандӣ кор карда метавонанд. Ташкили кори ин программаҳо ва идоракунии онҳоро низ СО ба ўҳда дорад, ки онро функсияи чорум гуфтан мумкин аст. Хулоса, тамоми фаъолияти компютерро СО таъмин ва идора менамояд.

Дар компютерҳои фардии IBM PC яке аз системаҳои оператсионӣ – MS DOS ё MS Windows, ё OS/2, Waқp, ё дистрибутивҳои GNU/Linux, ё ӢSD истифода бурда меша-

ванд. СО гуногун ба компютерҳо талаботи гуногунро (зудкории протсессор, ҳаҷми хотираи фаврӣ ва дискҳо) пешниҳод менамоянд. Танҳо ҳаминро хотиррасон карданием, ки як қисми программаҳои СО дар хотираи доимии компютер, қисми дигарашон дар дискетҳо ё винчестер ва ё дигар барандагони

информатсия нигоҳ дошта мешаванд.

Саволҳо:

  1. Системаи оператсионӣ чист?
  2. Вазифаҳои асосии системаи оператсионӣ кадомҳоянд?
  3. Дар кори системаи оператсионӣ чанд марҳиларо ҷудо намудан мумкин аст? Ин марҳилаҳо чӣ ном доранд?
  4. Кадом системаҳои оператсиониро медонед?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Доир ба системаҳои оператсионӣ, вазифаҳои онҳо ва тарзи корашон фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …