Главная / Илм / ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «КОМПЮТЕРИ МАН»

ПРОГРАММАИ СИСТЕМАВИИ «КОМПЮТЕРИ МАН»

Чунон ки пештар дида баромадем, дар Мизи кории системаи Windows нишонаи папкаи Мой компютер (Компютери ман) ҷойгир шудааст (Расми 2). Вақте ки мо ин нишонаро интихоб менамоем ва ду маротиба пай дар пай тугмаи чапи мушро пахш мекунем, дар экран равзанаи он (Расми 19) кушода мешавад. Аз расм дида мешавад, ки дар дохили равзанаи папкаи Мой компютер (Компютери ман) нишонаҳои ҳашт папкаи дигар ҷойгир шудаанд. Аз онҳо чортояшон нишонаҳои дискҳо буда, чортои дигарашон ба папкаҳои махсус дахл доранд. Бо ёрии нишонаҳои дискҳо, мо метавонем мундариҷаи папкаҳо ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо сабтёфтаро ба экран барорем, информатсияи лозимиро кофта ёбем ва программаҳои заруриро ба кор дарорем. Нишонаи Панель управления (Панели идоракунӣ) имконият медиҳад, ки баъзе параметрҳои системаи Windows-ро тағйир диҳем. Бо ёрии нишонаи Принтеры (Принтерҳо) бошад, мо метавонем ба системаи Windows принтерҳои навро пайваст намоем.

komputer-windows-znak

Менюи папкаи Мой компютер (Компютери ман) ба мисли менюи дигар папкаҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки папкаи Мой компютер (Компютери ман) папкаи оддӣ набуда, балки программаи махсус мебошад. Ин программа метавонад информатсияи дохили ҳар як папкаро дар равзанаи алоҳида нишон диҳад. Иҷрои ин амал аз реҷаи кории программаи Мой компютер (Компютери ман) вобаста мебошад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ин реҷаи корӣ, дар менюи Мой компютер (Компютери ман) банди Вид (Намуд) ва дар зерменюи пайдошуда сатри Свойства папки (Хосиятҳои папка)-ро интихоб менамоем. Дар экран равзанае (Расми 20) пайдо мешавад, ки он Свойства папки (Хосиятҳои папка) ном дорад.

Чунонки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи сатри На основе выбранной настройки (Дар асоси шакли танзими интихобкардашуда) аломати нуқта гузошта шудааст. Барои информатсияи папкаҳои кушодашавандаро дар равзанаҳои алоҳида нишон додан лозим аст, ки нишондиҳандаи мушро ба доирачаи сатри Обычный вид (Намуди муқаррарӣ) гузошта, тугмаи чапро пахш кунем. Пас аз ин программаи Мой компютер (Компютери ман) информатсияи дохили ҳар як папкаеро, ки дар равзанаи он нишон дода мешавад, дар равзанаҳои хусусии алоҳида дар экран инъикос менамояд.

Равзанаҳои кушодашаванда дар Мизи кории системаи Windows ҷойгир мешаванд. Онҳоро дар рўи миз бо тарзҳои гуногун ҷойгир кардан мумкин аст. Бо мақсади интихоби тарзи ҷойгиркунии равзанаҳои кушодашуда, нишондиҳандаи мушро ба ҷойи дилхоҳи холии сатри Панели масъалаҳо гузошта, тугмаи рости онро пахш мекунем. Дар натиҷа, дар экран менюи равзанаи динамикии робитавӣ (Расми 21) пайдо мешавад.

Сатри аввалаи ин меню, ки Панели инструментов (Панелҳои асбобҳо) ном дорад, барои идоракунии Панели масъалаҳо истифода бурда шуда, се сатри минбаъда бошанд, се тарзи ҷойгиркунии равзанаҳоро дар Мизи корӣ муайян менамоянд: пай дар пай (дар шакли силсила), аз боло ба поён ва аз чап ба рост. Дар вақти интихоб кардани сатри Свернуть все окна (Ҳамаи равзанаҳо ғун карда шаванд) кулли равзанаҳои кушодашуда ба нишона табдил ёфта, ба Панели масъалаҳо кўчонида мешаванд. Баръакс, барои аз нав ҳамаи равзанаҳоро кушодан, нишондиҳандаи мушро ба ягон ҷойи холии Панели масъалаҳо гузошта, тугмаи рости онро пахш мекунем ва дар менюи равзанаи робитавии пайдошуда сатри Отменить свернуть все (Ғункунӣ бекор карда шавад)-ро интихоб мекунем.

Чунон ки аз расми 20 дида мешавад, дар қатори тугмаи қабатии Общие (Умумиҳо) боз ду тугмаи қабатии дигар ҷойгир шудаанд: Вид (Намуд) ва Типы файлов (Типи файлҳо). Ҳангоми пахш кардани тугмаи қабатии Вид (На- муд) дар экран равзанаи дар расми 23 овардашуда, пайдо мешавад, ки ба воситаи имкониятҳои он ба параметрҳои тарзҳои инъикоскунии объектҳои равзана тағйирот ворид Расми 21. Менюи динамикии робитавии ҷойгиркунии равзанаҳо дар Мизи корӣ 55 намудан мумкин аст. Масалан, агар дар доирачаи сатри Отображать все файлы (Ҳамаи файлҳо инъикос карда шаванд) аломати нуқта гузошта шавад, он гоҳ ҳамаи объектҳои дохили папкаро ба экран баровардан мумкин аст. Агар лозим бошад, ки файлҳои махфӣ ва системавии дохили папка нишон дода нашаванд, он гоҳ дар доирачаи сатри Не показывать скрытые и системные файлы гузоштани аломати нуқта кифоя аст.

Барои дар қисми болоии равзанаҳои системаи Windows ба мисли MS DOS нишон додани роҳи пурраи ёфтани папкаҳо ё файлҳо лозим аст, ки дар квадратчаи сатри Выводить полный путь в строке заголовка аломати байрақча гуРасми 22. Тарзи ҷойгиркунии равзанаҳо дар намуди силсила зошта шавад.

Пас аз пахш кардани тугмаи қабатии Типы файлов (Типҳои файлҳо) бошад, дар экран равзанаи дар расми 24 овардашуда, пайдо мешавад. Дар ин равзана ҳамаи намудҳои файлҳое, ки дар системаи Windows ба қайд гирифта шудаанд, нишон дода мешаванд. Ба воситаи имкониятҳои ин равзана аниқ кардан мумкин аст, ки кадом намуди файлҳо бо кадом программаҳо алоқаманданд. Барои муайянкунии алоқамандии намуди файлҳо ва программаҳо кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба нишонаи ягон намуди файл гузорем ва тугмаи чапи онро пахш намоем. Дар қисми поёнии равзана намуди объекти интихоб кардашуда ва программаи ба он алоқаманд нишон дода мешавад. Масалан, агар файли намуди XLC интихоб карда шавад, он гоҳ ба сифати программаи ба он алоқамандбуда, таблитсаи электронии Excel нишон дода мешавад.

Дар равзанаи Свойства папки (Хосиятҳои папка) ҳангоми интихоби тугмаи қабатии Типы файлов (Типи файлҳо) се тугмаи ёрирасони дигар пайдо мешаванд. Тугмаи Новый тип… (Типи нав…) барои ба система илова намудани ягон намуди нави объектҳо (Расми 24) хизмат мерасонад. Бо ёрии тугмаи Удалить (Хориҷкунӣ)

объектҳои намуди дар айни ҳол нолозимро аз системаи Windows хориҷ намудан мумкин аст. Тугмаи Изменить (Тағйирдиҳӣ) бошад, имконият медиҳад, ки алоқамандии намуди файл ва программа дигар карда шавад.

Саволҳо:

  1. Программаи системавии Компютери ман барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ карда шудааст?
  2. Бо ёрии кадом нишонаи Мизи корӣ программаи системавии Компютери манро ба кор даровардан мумкин аст?
  3. Дар равзанаи папкаи Компютери ман нишонаҳои кадом папкаҳо ҷойгир шудаанд?

Равзанаи Свойства папки ҳангоми фаъол будани тугмаи қабатии Типы файлов

  1. Хосиятҳои равзанаҳои папкаҳоро бо ёрии имкониятҳои кадом равзана тағйир додан мумкин?
  2. Равзанаҳои папкаҳоро дар Мизи корӣ бо чанд тарз ҷойгир кардан мумкин аст?
  3. Равзанаи Свойства папки (Хосиятҳои папка) аз чанд тугмаи қабатӣ иборат аст ва онҳо барои иҷрои ҳалли кадом масъалаҳо пешбинӣ карда шудаанд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Равзанаи папкаи Компютери манро кушоед ва нишонаҳои папкаҳои дохили онро муоина намоед.
  3. Ба воситаи равзанаи папкаи Компютери ман равзанаҳои якчанд папкаҳоро кушоед ва онҳоро дар Мизи корӣ бо тарзҳои гуногун ҷойгир намоед.
  4. Тугмаҳои қабатии равзанаи Свойства папки-ро бо навбат пахш намуда бинед, ки ин равзана кадом шаклҳоро қабул менамояд ва дар онҳо кадом тугмаҳои идоракунӣ ё командавӣ пайдо мешаванд.
  5. Тугмаи қабатии Вид-и равзанаи Свойства папки-ро пахш намоед ва бо ёрии имкониятҳои он равзанаҳои папкаҳоро аз нав танзим намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …