Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ФАЙЛИИ MS DOS

СИСТЕМАИ ФАЙЛИИ MS DOS

Файлҳо. Информатсия дар дискҳои магнитӣ, оптикӣ, компакт-дискҳо ва дигар барандагон дар шакли файлҳо (Files) нигоҳ дошта мешавад. Файл як қисми сатҳи диск мебошад, ки ба он номи муайяне дода шудааст ва дар он ягон миқдор информатсия нигоҳ дошта мешавад. Дар файлҳо намудҳои гуногуни информатсия, аз қабили матни программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, графику расмҳо, мусиқӣ ва ғайраҳо маҳфузанд. Аз ҳамин сабаб ҳам, файлҳо ба ғайр аз номи асосиашон боз номи иловагӣ доранд.

Қисми асосии номи файл аз қисми иловагии он бо аломати нуқта ҷудо карда мешавад. Қисми иловагии номи файл дар бораи намуди информатсияи дар файл маҳфузбуда маълумот медиҳад. Номҳои асосӣ ва иловагии файл бо ёрии ҳарфҳои хурд ё калони алифбои лотинӣ, рақамҳо ва аломатҳои зерин сохта мешаванд:

Номи асосии файл бояд аз 8 аломат ва номи иловагии он аз 3 аломат зиёд надошта бошад.

МИСОЛ:

Баъзе номҳои иловагии файлҳо ҳамчун стандарти ҷаҳонӣ қабул шудаанд:

  1.  Агар номи иловагии файл .TXT бошад, он гоҳ ин намуд файл ягон информатсияи матниро дар бар гирифтааст. Чунин файлҳоро файлҳои матнӣ меноманд. Матни онҳо метавонанд бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ, русӣ, тоҷикӣ ва ғайраҳо навишта шуда бошанд.
  2.  Агар номи иловагии файл .COM ё .EXE бошад, он гоҳ ин намуд файл программаеро дар бар гирифтааст, ки онро бевосита иҷро кардан мумкин аст. Ин намуди файлҳоро файлҳои программавӣ ё иҷрошаванда меноманд.
  3.  Агар номи иловагии файл .BAT бошад, он гоҳ ин хел файл командаҳои системаи оператсионии MS DOS-ро дар бар гирифтааст ва онро файли командавӣ меноманд.

fw.exe Dushanbe.txt – Номи асосии файл Номи иловагии файл Номи асосии файл Номи иловагии файл

  •  Агар номи иловагии файл .BAS бошад, он гоҳ ин хел файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Бейсик тартиб дода шудааст.
  •  Агар номи иловагии файл .PAS бошад, он гоҳ файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Паскал тартиб дода шудааст.
  •  Агар номи иловагии файл .ASM бошад, он гоҳ ин хел файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Ассемблер тартиб дода шудааст.
  •  Агар номи иловагии файл .C бошад, он гоҳ файл матни программаеро дар бар гирифтааст, ки он дар забони алгоритмии Си тартиб дода шудааст.
  •  Агар номи иловагии файл .ӢAK бошад, он гоҳ ин хел файл нусхаи эҳтиётии дигар файл ба ҳисоб меравад. Масалан, файлҳои Link.txt ва Link.ӣak аз ҳамдигар бо номи илова-гиашон фарқ мекунанд. Бинобар ин файли Link.ӣak нусхаи эҳтиётии файли Link.txt шумурда мешавад.

Файлҳо ба ғайр аз номҳои асосӣ ва иловагиашон боз характеристикаҳои зеринро соҳибанд:

  •  Ҳаҷми файл. Ҳаҷми файлҳо бо миқдори байтҳо чен карда мешаванд.
  •  Таърихи сохта шудани файл.
  •  Вақти сохта шудани файл.

Одатан характеристикаҳои файлҳо бо ҳамроҳии номҳои асосӣ ва иловагиашон дар диск ба қайд гирифта мешаванд.

Каталогҳо. Номи файлҳо ва характеристикаҳои онҳо дар ҷойи махсуси сатҳи диск сабт карда мешаванд, ки онро каталог ё директория меноманд.

Агар номи файл дар ягон каталог ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ мегўянд, ки файл дар дохили ин каталог ҷойгир шудааст. Дар ҳар як диск якчанд каталог ҷой дошта метавонад, лекин ҳар гуна файл бо як ном дар як каталог танҳо як маротиба вохўрда метавонад. Барои дар ягон каталог нигоҳ доштани нусхаи файл, онро бо дигар ном сабт кардан зарур аст.

Ҳамаи каталогҳои диск, ба ғайр аз каталоги асосии он, номи хусусии худро доранд. Рўйхати ин номҳо дар ягон каталоги дигар ба қайд гирифта мешавад. Агар номи каталоги X дар каталоги Y ба қайд гирифта шуда бошад, он гоҳ X зеркаталоги Y номида шуда, Y бошад, каталоги волидайнӣ номида мешавад.

Номи каталогҳо ба мисли номи асосии файлҳо сохта мешаванд ва онҳо низ бояд аз 8 аломат зиёд надошта бошанд. Илова бар ин бояд зикр намуд, ки каталогҳо фақат номи асосӣ доранд, чунки дар онҳо фақат як намуди информатсия нигоҳ дошта мешавад ва зарурият ба гузоштани номи иловагӣ намемонад.

Дар ҳар як диск як каталоги махсус мавҷуд аст, ки онро каталоги асосӣ ё решавӣ меноманд. Дар каталоги асосӣ файлҳо ва дигар каталогҳо – каталогҳои дараҷаи якум, ҷойгир карда мешаванд. Дар каталогҳои дараҷаи якум бошад, файлҳо ва каталогҳои дараҷаи дуюм ҷойгир карда мешаванд. Ин раванд мувофиқи мақсад ё хоҳиши истифодабарандаи МЭҲ метавонад якчанд маротиба такрор ёбад. Бо зиёд шудани миқдори каталогҳо дар диск сохтори дарахт- шакли каталогҳо пайдо мешавад (Расми 5). Истифодабарандаи компютер дар ҳар як лаҳзаи вақт бо яке аз каталогҳои диск сару кор дорад. Ин гуна каталогро каталоги ҷорӣ ё кунунӣ мегўянд.

Азбаски файлҳоро дар каталогҳои гуногун ҷойгир менамоянд, бинобар он ҳам баъзан кофтукоби онҳо ба мушкилиҳо оварда мерасонад. Барои ба осонӣ аз каталогҳо ёфтани файлҳо мафҳуми «Роҳ ба файл»-ро истифода мебаранд. Роҳ ба файл аз пайдарпайии номи каталогҳо ё аломати «..» (ду нуқтаи пайдарпай), ки аз ҳамдигар бо воситаи аломати «\» ҷудо карда шудаанд, иборат мебошад. Роҳ ба файл ба компютер роҳхат медиҳад, ки кофтукови файл ё зеркаталог аз кадом каталоги диск сар мешавад ва бо кадоме аз онҳо ба охир мерасад. Каталоги охирин каталогест, ки дар дохили он зеркаталог ё файли зарурӣ ҷойгир шудааст.

Агар дар ибтидои роҳ аломати «\» вохўрад, он гоҳ кофтукови файл аз каталоги асосии диск ва дар акси ҳол, аз каталоги ҷорӣ сар мешавад.

Расми 5. Сохтори дарахтшакли каталогҳо ва файлҳо дар диск

МИСОЛҲО:

  1. \Format.exe – кофтукови файли Foқmat.exe аз каталоги асосии диск сар мешавад. Файли Foқmat.exe дар худи каталоги асосии диск ҷойгир шудааст.
  1. \Lex1\Lex1.txt – роҳ аз каталоги асосии диск сар мешавад ва ба файли Lex1.txt мебарад, ки он дар дохили каталоги Lex1 ҷойгир шудааст. Каталоги Lex1 бошад, дар каталоги асосии диск ба қайд гирифта шудааст.
  2. Windows\Winwoқd\Wқ.com – роҳ аз каталоги ҷории Windows сар мешавад ва ба файли Wқ.com мебарад, ки он дар дохили каталоги Winwoқd ҷойгир шудааст. Каталоги Winwoқd бошад, зеркаталоги каталоги Windows аст.

Агар дар роҳ номи каталог вохўрад, он гоҳ ин воридшавиро аз каталоги волидайнӣ ба каталоги мазкур ифода менамояд. Ҳангоми дар роҳ вохўрдани аломати «..» бошад,

баръакс воридшавӣ аз зеркаталог ба каталоги волидайнӣ аст.

МИСОЛ:

Lex1\..\..\Windows\Win.txt – роҳ аз каталоги ҷорӣ Lex1 сар машавад. Азбаски дар роҳ аломатҳои «..» вомехўранд, пас ин маънии аввал ба каталоги волидайнии Lexicon ва баъд ба каталоги асосӣ ворид шуданро дорад. Пас аз он роҳ ба каталоги Windows мебарад ва аз он файли Win.txt –ро меёбад.

Ба ғайр аз мафҳуми «Роҳ ба файл» боз мафҳуми «Роҳ ба каталог» вуҷуд дорад. «Роҳ ба каталог» низ айнан ба мисли «Роҳ ба файл» навишта шуда, танҳо дар интиҳои роҳ номи каталоге нишон дода мешавад, ки ба он дохил шудан зарур аст.

МИСОЛ:

Фарз мекунем, ки сохтори дарахтшакли каталогҳо намуди дар расми 5 овардашударо дошта бошад, он гоҳ:

  1. роҳе, ки аз каталоги асосии диск сар мешавад:

\Lexicon роҳ ба каталоги дараҷаи якум мебарад;

\Lexicon\Lex1 – роҳ ба каталоги дараҷаи дуюм мебарад;

\Windows роҳ ба каталоги дараҷаи якум мебарад;

\Windows\Winwoқd – роҳ ба каталоги дараҷаи дуюм меба- рад.

  1. роҳе, ки аз каталоги кунунии News сар мешавад:

..\Lexicon – роҳ аз зеркаталог ба каталоги волидайнӣ мебарад;

..\Lexicon\Lex1 – роҳ аз зеркаталог ба каталоги волидайнӣ ва баъд ба каталоги дараҷаи дуюм мебарад;

..\Windows\Winwoқd – ин роҳ низ ба каталоги дараҷаи дуюм мебарад.

Чунон ки қайд карда шуд, файлҳо дар дискетҳои андоза ва характеристикаҳои гуногундошта сабт карда мешаванд.

Мувофиқи дискетҳои истифодашаванда дар компютерҳо дискдонҳои муайян хизмат мерасонанд:

 дискдон барои дискетҳо A: ва B:

 дискдони диски намуди винчестер C:

 дискдон барои компакт-дискҳо D:

Агар дискдон дискдони ҷорӣ набошад, он гоҳ барои кофта ёфтани файлҳо ва каталогҳои лозимӣ дар ибтидои роҳ номи дискдон низ қайд карда мешавад.

МИСОЛ:

  1. А:\News – каталоги нишондодашуда аз дискете кофта мешавад, ки он дар дискдони якум гузошта шудааст;
  2. Ӣ:\Windows\Win.exe – файл аз диске кофта мешавад, ки он дар дискдони дуюм гузошта шудааст;
  3. C:\Lexicon\Lex1\Lex1.exe – файл дар диски винчестер кофта мешавад.

Дискдони ҷорӣ гуфта дискдонеро меноманд, ки бо он компютер бевосита ҳамин лаҳза сару кор дорад.

Ҳангоми ибтидои кори компютер, дар экран даъватномаи система ба намуди C:\> пайдо мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дискдони диски винчестер ҷорӣ буда, каталоги асосии он каталоги ҷорӣ аст. Агар система аз дискет дохил карда шавад ва дар экран даъватнома дар намуди A:\> пайдо гардад, он гоҳ дискдони якум ва каталоги асосии дискет, ки ба ин дискдон гузошта шудааст, ҷорӣ ҳисоб карда мешаванд.

Саволҳо:

  1. Файл чист?
  2. Файлҳо чӣ гуна номгузорӣ карда мешаванд?
  3. Қисми иловагии номи файл чӣ вазифа дорад?
  4. Характеристикаҳои асосии файлҳо кадомҳоянд?
  5. Каталог чист?
  6. Каталогҳо чӣ гуна номгузорӣ карда мешаванд?
  7. Зеркаталогҳо аз каталогҳои волидайнӣ чӣ фарқ доранд?
  8. Дар як диск чандто каталоги решагӣ вуҷуд дошта метавонад?
  9. Каталоги ҷорӣ гуфта кадом каталогро меноманд?
  10. Роҳ ба файл ва роҳ ба каталогро чӣ хел мефаҳмед?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар дафтар 20-тогӣ номҳои файлҳо ва каталогҳоро нависед.
  3. Дар дафтар 10-то мисоли роҳ ба файл ва 10-то мисоли роҳ ба каталро биёред.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …