Главная / Гуногун / СИРРУ СЕҲРИ СУХАН

СИРРУ СЕҲРИ СУХАН

Устод Садриддин Айнӣ дар китоби “Таҳзиб-ус-сибён, ки ҳанўз дар оғози садаи 20-ум эҷод намуда буданд, навиштаанд: “Дар дунё бахтёр он касе аст, ки соҳиби илм ва дониш бошад”.

Ҳаққо, ки рост аст!

Афсонахонии модар аз китоб барои кудак
Афсонахонии модар аз китоб барои кудак

Касе барои анўхтани дониш аз сидқ талош мекунад, ба орзуҳояш мерасад ва зиндагӣ барояш ширину гуворо ва саховатманд хоҳад буд. Мутафаккири Чин Конфутсий гуфтааст: “Кишваре, ки афроди он аз илму дониш баҳраманд бошанд, дигар таъми гуруснагиро начашида, зиндагии бароҳату осуда хоҳанд дошт”. Ва дар рўзгори кунунии бамаротиб коста гардидаи ахлоқу одоби ҷомеа нақшу нуфузи китоб як бар чанд афзудааст. Ин аст, ки Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба нашри китобҳо таваҷҷўҳи хоса дорад. Ҳамасола барои чопи асарҳо аз хазинаи эҳтиётии Президент маблағи муайян ҷудо мешавад. Ва инак боз як китоби нав ба дасти мо расид. Ин китоби Абдураҳмони Абдуманнон “Пиндорҳо ва ингорҳо” мебошад, ки тавассути нашриёти “Адиб” 700 нусха аз чоп баромад.

Китоб аз ду қисм: “Пиндорҳо” ва “Ингорҳо” фароҳам омада, мақолаҳои адабиётшиносӣ, очерки ҳуҷҷатӣ, намунаҳои шеър ва тарҷумаи бадеии муаллифро, ки дар солҳои охир таълиф намудааст, дар бар мегирад.

Меҳвари асосии китобро сирру сеҳри сухан ташкил медиҳад.

Дар омади сухан бояд гўям, ки Абдураҳмони Абдуманнон ба муаррифӣ ниёз надорад. Ў яке аз пажўҳишгарони нуқтасанҷу тавонои тоҷик аст. Хонандаи тоҷик бо осори илмиву таҳқиқотии ин адабиётшинос хеле хуб ошност. Мақолаҳои таҳқиқотиаш доир ба паҳлўҳои гуногуни шеъру адаб ва намояндагони адабиёти муосири тоҷикӣ таълиф гардида, бо шавқ хонда мешаванд. Бо вуҷуди ин дар охирсухани китоб муаллиф дар бораи худ сухан меронад. Ин чиз нав буда, боиси хурсандӣ ва дастгирист. Алғараз, чун адабиёт кашфи бадеии зиндагист, зиндагиномаи адиб таъсиру самарабахшоии офаридаҳои ўро афзунтар мегардонад. Муаллиф зодгоҳи хешро чунин ба қалам медиҳад: “Дар ду соҳили болооби дарёи Чирчиқ, дар байни кўҳсорон, бештар аз 20 деҳаи хурду калони тоҷикнишин воқеанд. Яке аз калонтарини онҳо деҳаи Боғистон аст, ки сокинонаш худро аз қавми Шайх Умари Валӣ – падари Шайхантаҳури Чочӣ ва бобокалони Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрори Валӣ медонанд. Мақбараи Шайх Умари Валӣ, ки дар овони кўдакиву наврасии ман зиёратгоҳи тоҷикону ўзбекҳо, туркманҳову қирғизҳову қазоқҳо буд, ҳоло мақоми Мамнўъгоҳи давлатии Ҷумҳурии Ўзбекистонро дорад ва дар даромадгоҳи деҳаи Боғистон воқеъ аст.

Модарам мегуфт, ки ман вақти гули зардолу дар ганҷина (анбори хўроквориро дар гўиши мо ганҷина мегўянд) ба дунё омадаам ва таъкид мекард, ки ризқам аз азал бо худам аст. Яъне, ман 6-уми апрели соли 1947 дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бўстонлиқи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ таваллуд ёфтаам. Соли 1956 ноҳияи моро ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон гузарониданд”.

Аз охирсухан маълум мешавад, ки Абдураҳмони Абдуманнон дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст. Саводи ибтидоӣ ва аввалин оятҳои Қуръонро то панҷсолагиаш аз бобои модариаш мулло Рафиқ, ки аҳли китоб буда, дар байни мардуми деҳа эътибори калон доштааст, меомўзад.

Муаллиф наврасии худро хеле зебо менигорад: “Тақрибан 10-12 сол доштам, ки дар клуби деҳаамон филми ҳиндии “Ҷаноби 420”-ро нишон доданд. Дар он филм саҳнае ҳаст, ки хонум Ритаи муаллима ба кўдакон бо суруд дарси чистон мегўяд, ки тақрибан чунин садо медиҳад:

И чи, ки дана, и чи, ки дана?

Дана ҳу пур дана,

И чи, ки дана?…

Баъди тамошои он филм кўдакони ҳамсол ва аз худам хурдтари маҳалларо шомгоҳон ҷамъ мекардаму дар бехи девор шинонда, ин сурудро мехондем, вале давомашро намедонистем. Ман, ки саркардаи ин ҳангома будам, ҳамеша дилу хотирам ба ҳавои пайдо кардани давоми ин суруд ё чизи тоҷикии ба ин монанд банд буд. Ва рўзе тасодуфан дарёфтам, ки худи чистони Рита аслан тоҷикист. Баъдан ин чистонро дар шакли тоҷикӣ ва бо истифода аз чистонҳои китоби хониш ба ин тарз мехондам:

Ин чӣ, кӣ донад? Ин чӣ, ки донад?

Донад, ў пур донад.

Ин чӣ, кӣ донад?

Об дар об чӣ бошад,

Ҳавзи гулоб чӣ бошад?

Оташ расад, ях кунад,

Онро ҷавоб чӣ бошад?

Ин чӣ, кӣ донад?…

Ва кўдакон бо як овоз ҷавоб медоданд: “Тухм!”. Ҳамин тавр, “Уштуркуланги бедум” ва дигар чистонҳоро ба шакли суруд дароварда мехондем”.

Барои чӣ Абдураҳмони Абдуманнон адабиётшиносиро пеша кард. Ба ин савол худи ў дар охирсухан ҷавоб медиҳад: “Гумон мекунам, ки кўшиши шеърро фаҳмидану донистан дар ниҳодам аз ҳамон кўдакӣ пайдо шуда буд. Шояд ба ҳамин сабаб баъдҳо фаъолияти илмиву адабиамро асосан ба тадқиқу нақди шеър пайвастам”.

Ва бешубҳа завқ роҳбар шуда. Чунон ки Муҳаммад Ғоиб гуфта:

“Завқи зебоӣ насиби ҳама нест,

Зоғ бар ҷониби гулшан наравад”.

Абдураҳмони Абдуманнон аз ходими хурди илмӣ то ба мудирияти шўъбаҳои иттилооти омма, иттилотию таҳлилӣ ва фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон месабзад. Ин тасодуфӣ нест. Зеро ў номи накўву мартабаи баландро бо ҳосили заҳмату эъҷози фикри худ соҳиб шудааст. Фирдавсии бузург бесабаб нест, ки фармудааст:

“Куҷо беҳунар – шуд асири ниёз,

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз”.

Дар бахши аввали китоб, ки “Пиндорҳо” унвон гирифтааст, мақолаҳо ва гузоришҳои илмии дар солҳои охир навиштаи муаллиф рўи чоп омадаанд.

Дар мақолот муаллиф бо эҳсоси масъулиятшиносӣ роҷеъ ба шеъри муосир ва намояндагони барҷастаи он дар мисоли осори устод Мўъмин Қаноат, Гулназар, Гулрухсор, Бозор Собир ва дигарон андешаҳои ҷолиб баён намудааст.

Нахустмақолаи китоб “Шеър ҷаҳони шоир аст” ном гирифта, дар заминаи гузориш дар маҷлиси Садорати иттифоқи нависандагон, ки 22 декабри соли 2002 баргузор гардида буд, навишта шудааст. Муаллиф дар ин мақолаи мўҷазу рангини хеш оид ба ҳусну қубҳи шеъри тоҷикӣ ва раванду тамоюлҳои гуногуни он ибрози ақида карда, қайд намудааст, ки: “…ба назари ман, таҳлили хурдагиронаи эҷодиёти шоире ё шеъре низ натиҷаи матлуб нахоҳад дод. Зеро, ба қавли шўхиомези худи адибон, дар байни аъзоёни Иттифоқи нависандагон ками андар каманд адибоне, ки ба истеъдоду қудрати адиби дигар арҷ гузоранд, аксари кулл чунинанд, ки ҳар кадом ба пиндори худ даҳост. Аз ин рў, чунон ки шоири зиндаёд Нодири Нодирпур гуфтааст: “агар шеър хуб бошад, ба дифоъ ниёз надорад ва гар бад бошад, аз дифоъи ман ё дигарон суде ҳосил нахоҳад омад”.

Аз ҳамин як пораи боло гавҳари андешаҳои муаллифро метавон шинохт.

Муаллиф хеле дуруст қайд мекунад, ки воқеаҳои 15 соли охир дар шеър ҳам аксандоз гардида, “сафи ба ном шоирони китобдор хеле афзуд”. Тавре ки маълум аст, ашъори ин “шоирон” ҳама арзишҳои шеъриро аз байн бурда, сабаби таназзули завқу салиқа, тафаккуру парвози баланди хаёлоту парвариши зеҳну ҳофизаи хонанда мегардад. Дар робита бо ин чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди чораҳои Иттифоқи нависандагон дараҷаи таҳдиди ин падидаи манфӣ рў ба афзоиш аст.

Бо вуҷуди ин олими варзида ба манзараи таҳаввули шеъри имрўзаи тоҷикӣ бо чашми таҳқиқ нигариста, дастоварду пешравиҳои хеле назаррасро мебинад: “…маърифати шеър нисбат ба солҳои пешин болотар рафт, забони шеър суфтатару пухтатар шуд…, дарунмояву муҳтавои шеър фарогиртару рангинтар гардид…”. Ва тамоюлҳои бештар ҳадафманду намоёнтарро номбар мекунад: “суннатгароӣ ва навгароӣ”. Ҳамзамон қайд мекунад, ки: “Дар доираи тамоюли суннатгароӣ дар солҳои охир як равияи тозае зуҳур кард, ки онро метавон равияи фаннӣ ё тафаннунӣ номид”. Оиди ин равия мисолҳо меорад. Дар баробари ин равияи дигареро бо номи “шеъри китобӣ” қайд карда менависад: “Хусусияти чашмраси чунин шеърҳо ин аст, ки гўяндагони онҳо ба ороишу пероиш ва ритму оҳанги сухан воқеан аҳамияти зиёд медиҳанд”. Ва аз эҷодиёти Абдулло Қодирии Мумтоз, Фарзона, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Салими Хатлонӣ пораҳои шеърӣ оварда, чунин хулоса мекунад: “Ин қабил шеърҳо ба истилоҳ суратиянд, камтар гармӣ доранд, бо вуҷуди ҳамаи дурустиҳою зебоиҳо аз зиндагӣ зиёд бархурдор нестанд, содатар гўям, зочаҳои бисёр зебоеро мемонанд, ки ҷон надоранд”.

Сипас пажўҳишгари нуқтасанҷ оиди ҳунари шоири асил муҳокима ронда, аз устод Лоиқу Гулрухсор мисолҳо оварда менависад: “Маҳз ба тавассути чунин шеърҳо ҷаҳони шоир офарида мешавад, ки барои хонанда низ марғуб асту вай ба он ҷаҳон метавонад ворид шавад, бо ғаму андўҳ ва шодию сурури гўяндаи шеър шарик бошад, бо ў ҳамовоз гардад.

Сирри маҳбубият ва вирди забонҳо будани ашъори устод Лоиқ танҳо дар ҳамин аст. Худи шоир инро медонист, ки гуфтааст:

Асли ман шеъру ғазалҳои мананд,

На ҳамин шўру мағалҳои мананд…

Дар ҷаҳон бо ҷумла бурду бохтам

Ман ҷаҳони хешро ҳам сохтам”.

Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи шеърҳои навгароён сухан ронда, онро ба ду равия тақсим мекунад: равияи иҷтимоию ҳамосӣ ва равияи тағаззулӣ. Ва поягузори ҳарду равияро устод Мўъмин Қаноат медонад. Аз Гулназар ва Доро Наҷот пораҳои шеъриро намуна меорад, ки дар онҳо: “Маъниҳои баландмоя ва тасвиру тавсифҳои зебову гиро… зиёд ба чашм мерасанд”.

Дар фуроварди мақола таъкид мекунад, ки: “адабиёт озмоишро дўст дорад”.

Бале, адабиёт озмоиш аст!

Ҳамин тавр, талошҳои Абдураҳмони Абдуманнон на танҳо як даричаи боз ба сўи олами рангини шеър аст, ҳамчунин оинаи дурнамои он ҳам мебошад:

“Фикри равшанбин амалро раҳбар аст,

Чун дурахши барқ пеш аз тундар аст”.

Мақолаи “Шеъре, ки завқ парварад”, ки ба эҷодиёти устод Мўъмин Қаноат бахшида шудааст бо чунин ҷумла оғоз меёбад: “Адибони асил паёмбар ва паёмгузори замон ва насли хеш ҳастанд”.

Воқеан ҳам хизматҳои ин шоири тавонои миллат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хеле ва хеле калон аст. Аз ин ҷост, ки муаллиф ба мавқеи устод Мўмин Қаноат дар адабиёти тоҷик баҳои баланд додааст.

Дар осори устод Мўъмин Қаноат рўҳи шеъри классикӣ, нафаси ҷонбахши каломи бузургони гузашта эҳсос мешавад. Муаллиф шеъри “Пири гулфурўшон”-ро мисол меорад, ки: “дар он чи хел мўҷаз ва нишонрас тасвири зиндаи манзараи баҳорони кўҳи Варзобро офарида”:

Кўҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гўиё пири гулфурўшон аст.

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,

Локии шоҳӣ дар камар дорад,

Саллаи суф гирди сар дорад,

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Пажўҳишгарони тавонои тоҷик бар он ақидаанд, ки то кунун касе дар тасвири табиати Тоҷикистон аз ин беҳтар шеър нагуфтааст.

Бале, беҳтиарин шеър аст!

Муаллиф хеле некбинонаву оқилона таъкид мекунад, ки:

а) “Маҳорати Мўъмин Қаноат дар эҳсос кардани мавзўъҳои муҳимми ҳастии халқ ва дар ибрози мавқеъи шоистаи гражданӣ нисбат ба тафсиру талқини ин мавзўъҳо қобили таҳсину тақдир аст”;

б) “Достонҳои Мўъмин Қаноат дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мақоми хоса доранд”;

в) “Дар саргаҳи ин кор (аз ёд қироат кардани шеър) низ устод Мўъмин Қаноат меистод ва дигар шоирон аз ў нек пайравӣ карданд”;

г) “Дунёи шеъри Мўъмин Қаноат хеле рангин аст, ба қавли худи шоир, “бекарон баҳрест” ва ҳар ғаввос метавонад гавҳари дилхоҳ аз он биёбад, агар гавҳаршинос бошад”.

Дар мақола устод Мўъмин Қаноат мисли қуллаи назме, ки сўи само сар кашидааст, ба назар мерасад.

Бале, устод Мўъмин Қаноат яке аз қуллаҳои сар ба фалак кашидаи назми тоҷик мебошад!

Дар мақолаи “Паёми дўст” бо як муҳаббати бепоён бардоштҳо ва андешаҳояшро оид ба шахсияти адабӣ ва шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар иброз доштааст. Муаллиф маҷмўъаи нахустин шеърҳои Гулназар – “Расми сарбозӣ”-ро боз мекунаду чашмаш ба: “Гулназари ҷавони ҷавон дар манзари гулзор ба дуриҳои дур нигоҳи хаёломезу андешамандона афкандааст”, меафтад. Дарки нигоҳи шоири ҷавон худ на танҳо шоирона, балки олимона ҳам аст. Ва баъд қитъаеро меёбад, ки шоир ҳанўз соли 1963 дар васфи зодгоҳи худ гуфтааст:

“Деҳаам дар домани кўҳи баланд,

Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.

Кўҳ гўӣ дар каф онро дошта

– Марҳамат, – гўяд ба ҳар як раҳгузар”.

Баъд, муаллиф чунин ибрози ақида мекунад: “Сода гуфтаед, вале ба тасвир кўшидаед. Шумо аз ибтидо ба тасвир майл доштед, дунё, манзараҳо, мардумро бо чашми дил медидед, дилдодаву дилбохта будед”.

Сипас, қайд мекунад, ки Гулназар ба мавзўъи Ватан, тарғибу ташвиқи ҳиссиёти ватандўстӣ таваҷҷўҳи хоса дорад. Ва ин пораро мисол меорад, ки дар он “пайванди ногусастании қаҳрамони лирикиро бо Ватан самимона таъкид” кардааст:

“Дардҳои ҷонгудозу бедавои мо – Ватан,

Захмҳои кории мо, нолаҳои мо – Ватан,

Оре, оре, ибтидову интиҳои мо – Ватан”.

Сониян, чунин хулоса мекунад: “Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки Шумо дар лаҳзаҳои барои Ватан фаҷеътарин – маҳз аз ибтидои солҳои 90 ба баъд дар шеър симои воқеан муфрад ва хоси худро ба зуҳур овардед”.

Солисан, Гулназарро шоири ғазалсаро номида, лаззату кайфияти рубоиву дубайтиҳояшро хоса қайд кардааст, ки: “касро ба ҳамдиливу ҳамсадоӣ мехонанд”.

Абдураҳмони Абдуманнон як сифати ноёби Гулназзарро хеле ва хеле хуб ба қалам додааст: “дар шинохту арҷгузории осори ҳамқаламон Шумо ҳамеша ҳадди эътидолу инсофро риоят кардаед, дар мавқеъ ва ақидаи худ устувор будаед”.

Ва ниҳоят дар охири мақола менависад: “Истеъдоди худодод, кўшишу заҳматҳои зиёд, инсофу адлу дод тавъамон Шуморо ба мартабаву манзалати адиби мумтоз ва маҳбуби мардуми тоҷик расонидаанд”.

Бале, Гулназар адиби маҳбуби мардум аст!

Муҳовара бо рўзноманигор Бибихонум Дарвешзода зери сарлавҳаи “Сиёсат ба адабиёт бештар ниёз дорад” ҳам аз ҷиҳати мавзўъ ҳам аз ҷиҳати банду баст ва ҳам аз ҷиҳати муҳокимаронӣ хеле ҷолиб мебошад. Дар ин муҳовара муаллиф ба мавқеи Лоҳутиву Лоиқ дар адабиёти тоҷик баҳои баланд дода менависад: “Ин ду нафар чун шахсиятҳои адабӣ ва низ бо осоре, ки аз худ боқӣ гузоштанд, ба ҷараёни рушди шеъри мо, ба муайян гардидани самтҳои асосии он таъсири намоёне доштаанд”.

Ибтидои солҳои 20, ҳангоме ки Лоҳутӣ ба Тоҷикистон омад шеър рў ба танззул дошт. Ва муаллиф хеле дуруст қайд мекунад, ки: “Шеъри Лоҳутӣ як ҳалқаи пайванде гардид миёни шеъри классикӣ ва шеъри навини мо, ки бояд тавлид мешуд ва рушд мекард”. Ва баъд муаллиф бо афсўсу дилсўзона чунин менигорад: “Мутаассифона, солҳои охир дар адабиётшиносии мо ва дар суханрониҳои расмӣ номи Лоҳутӣ камтар ба забон гирифта мешавад. Чаро чунин аст, намефаҳмам. Шояд бархе бар он ақидаанд, ки ў аслан аз Тоҷикистон нест, вале хизматҳои Лоҳутӣ дар ташаккули шеър ва умуман адабиёту фарҳанги навини мо, дар таъсису рушди сохторҳои фарҳангӣ, аз чопхона сар карда то ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бениҳоят бузург аст. Инро мо набояд фаромўш кунем”.

Дар мавриди устод Лоиқ муаллиф чунин менависад: “Дар сӣ соли охири асри 20, ба андешаи ман, Лоиқ шоире буд, ки самтҳои гуногуни таҳаввулоти адабиёти моро такон медод. Шоири маъруфи мо Гулназар дар китоби худ “Лоиқе чун Лоиқе” менигорад, ки ба устод Лоиқ чун ба адабиёт бояд муроҷиат намуд, яъне эҷодиёти ў дар сатҳи як адабиёт қарор дорад”.

Баъд, муаллиф ҷуръату шуҷоати устод Лоиқро як падидаи беназир арзёбӣ мекунад. Сониян, ба модарномаи устод Лоиқ баҳои баланд дода, чунин нигоштааст: “Ҳатто устод Мирзо Турсунзода шеърҳои ба модар бахшидаашонро баъди ғазали “Ба модарам”-и Лоиқ эҷод кардаанд. Бархе шояд андеша ронанд, ки ин ҷо мо Лоиқро аз устод Мирзо Турсунзода муқаддамтар гузоштаем, лекин ин воқеият аст. Шеърҳои Лоиқ дар ин мавзўъ пештар аз шеърҳои Турсунзода навишта шуда буданд”.

Воқеан ҳам чеҳраи модарро дар шеъри муосири тоҷик касе чун Лоиқ ба риштаи назм накашидааст.

Пажўҳишгари нуқтасанҷ чунин ақида дорад, ки сиёсат ба адабиёт бештар ниёз дорад, нисбат ба он ки адабиёт ба сиёсат ва ба суоли рўзноманигор: “Адабиёт метавонад ба сиёсат таъсир бигузорад?” чунин посух медиҳад: “Албатта, агар сиёсатмадорон маърифати дарки адабиётро дошта бошанд. Чун сиёсатмадор бо мутолиа машғул аст ва ба ғоя ва ҳадафҳои асарҳои адабӣ сарфаҳм меравад, як бардоште аз он мекунад.

Таълимоти классикии Ленин дар хусуси он, ки кас дар ҷомеа зиста, берун аз он буда наметавонад, комилан дуруст аст. Адиб, ки дар ҷомеа зиста, аз он мавзўъ гирифта, барои ҷомеа эҷод мекунад, ҳеҷ мумкин нест, ки ба сиёсат дахл надошта бошад”.

Муҳовара бо андешаҳои олим оиди ормонҳои миллӣ ба анҷом мерасад: “Ормони миллиро дар ин марҳилаи буду боши ҷомеа дар ватандорӣ ва худшиносии миллӣ мебинам. Муқаддастар аз ин идеяи дигареро намебинам, зеро маҳз чунин ғоя имрўз мардумро барои рушду инкишофи ҷомеа муттаҳид месозад. Ватан ва миллат барои ҳар шахс агар муқаддас бошад, ободии аввалӣ ва осоиши дуввумӣ таъмин хоҳад буд”.

Мақолаи “Назмро дар тапиш оварда…” ба Бозор Собир бахшида шудааст. Дар он муаллиф аз шўҳрату маҳбубияти шоир, талошҳояш дар шикасти қолабҳо дар афкору гуфтор, сўхтану сохтани ў дар парвариши ҳофизаи таърихии халқ, маҳорати пайвастаи суханварӣ ва ҷасорати шоир дар баёни мавзўъҳои гуногун аз ашъори шоир намунаҳо оварда, фикри худро тақвият додааст. Муаллиф менависад: “Ба ў гоҳ номаълуму гоҳе ошкоро тазйиқ меоварданд, мефишурдандаш, вале садояш боз баландтар мешуд. Дар шеъри “Хонаи мўр” бисёр хуб ҳасби ҳол кардааст:

Ман тугмаи садоям

Дар пушти ин дари танг,

Ҳар қадр мефишоранд,

Он қадр мезанам занг.

Дар ҳамон айём буд, ки Бозор Собир ба саҳнаи “хандахезу ашковар”-и зиндагиву меҳнат бо чашми ҳайрату бим менигарист ва мегуфт:

Саҳнаи зиндагӣ бувад агар ин,

Тарсам аз пардаҳои поёнаш,

Ҳамчу санъатшинос дар аҷабам

Ман аз устоду коргардонаш”.

Муаллиф қайд мекунад, ки солҳои 70-80-и қарни XX шеърҳои тавсифӣ дар мавзўъҳои Ватан, партия, инқилоб густариш ёфта, аз кўчаҳо ба минбар гузашт. Ин гуна шеърҳо: “барои “раҳкўшоӣ” ба сўи чоп навишта мешуданд, ба масал паровозе буданд, ки қатораҳои холиро гирифта, ба манзили нашр мекашиданд. Бўи ғализи савдогарӣ меомад аз ин гуна навиштаҳо. Ва Бозор Собир аз минбари Анҷумани нўҳуми нависандагони Тоҷикистон бо алам гуфта буд:

Дар замони мо суханбозӣ ҳунар нест,

Эй ватанбозон, ватанбозӣ ҳунар нест!”.

Ҳамчунин ба шеърҳои ба гиромидошти шахсиятҳои бузурги халқамон – Фирдавсӣ, Ибни Сино, Борбад, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон бахшидаи шоир баҳои баланд дода, қайд мекунад, ки: “ҳар яке драмаи шўрангезест оид ба саҳифаҳои гуногуни таърихи халқ”.

Бозор Собир худаш хеле кам шеър менависад ва аз пурнависон дар шигифт аст, зеро пурнависоне, ки гумон аст ягон шеърашон дархўри мардум шуда бошад, хеле зиёданд. Дар фуроварди мақола муаллиф менависад: “Даҳҳо шеъри Бозор Собирро ном бурдан мумкин аст, ки ҳар яке бори маънии достонҳои пурарзишро мекашад ва дар дилу хотирҳо нақш бастааст”.

Дар бахши “Пиндорҳо” мақолаҳои “Мо гуфтаҳои мардуми бечора гуфтаем”, “Аз қиссаи “Шамъу парвона” то ғазалиёти истанбулӣ”, “Қаламам умри ҷовидони ман аст”, “Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ”, “Сирру сеҳри сухан”, муколамаи “Ҷамъият, кўдак, адабиёт” ва очерки ҳуҷҷатии “Танҳоӣ” рўи чоп омадаанд, ки хеле пурмуҳтаво буда, шавқу шўри хонандаро бармеангезад.

Мутолиаи матолиби ин бахш ҳақиқати кўҳнаро бори дигар таъйид мекунад, ки адабиёт олитарин санъати худкобӣ, худёбӣ ва истиқлолияти инсон аст. Бале, ба қавли шоир:

“Шоирӣ ғояти қудрат будааст,

Адабиёт одамият будааст”.

Дар қисми дуюми китоб “Ингорҳо” намунаи шеърҳо ва тарҷумаҳои муаллиф аз адабиёти ҷаҳон гирд омадаанд. Мутолиаи 16 шеъри муаллиф бароям тамоман ногаҳонӣ буд. Ва як гуфтаи Раҷаб Мардон ба ёд меояд: “Сатре, ки мавқеи сабт наёбад, лаҳади ў то рўзи ҳашр қафаси сина аст”. Хеле хурсанд шудам, ки сатрҳои Абдураҳмони Абдуманнон мавқеи сабт ёфтаанд. Ва эҳсос мекунам, ки ин шеърҳо ба ў чӣ қадар азизанд. Охир, бо заҳмат ба каф омадаанд. Он чӣ ки бо заҳмат омада, лаззат ҳам дорад. Шеъри баланд ҳамоно бо мутолиаи нахуст шинохта мешавад. Бо вуҷуди ин мехостам нигоҳи як шоири тавоноро дошта бошам. Ногоҳ ба ҳукми сарнавишт ҳодисае тасодуф шуд, ки ман бехабар аз худ ба муроди дил расидам. Ба утоқи кории шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ворид гашта, китоби Абдураҳмони Абдуманнонро рўи мизаш дидам.

Аз ў пурсидам, ки:

– Хондед?

Чеҳраи Муҳаммад шукуфт ва бо хушҳолӣ посух дод:

– Хондам!

Боз суол додам:

– Шеърҳо чӣ хеланд?

Бо ҳамон хушҳолӣ посух дод:

– Хеле хубанд, вале кам.

Бале, хеле кам! Барои чӣ? Ба ин суол Абдураҳмони Абдуманнон дар охирсухан чунин посух медиҳад: “Аксари навиштаҳоям ба шеъри даврони шўравӣ ва имрўз алоқаманд аст. Агарчи аз ҷавонӣ андак завқи шеър гуфтан доштам, ҳеҷ гоҳ ҳавасу даъвои шоирӣ накардаам. Чанд шеъре, ки дар ин китоб ҷой додам, бо ташвиқи дўстони шоирам Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ ва Низом Қосим сурат гирифт”.

Асолат ва ҷавҳари асосии шеърҳои ўро ситоиши бузургӣ ва муқаддасоти ишқу муҳаббати пок ва ҳақиқату самимияти инсонӣ ташкил медиҳад. Марди ҷаҳонгаштаву обрўманд ва аз гармиву сардиҳои рўзгор бохабар шеърро парчами муҳаббат карда, ба зиндагӣ бо чашми дилу хирад назар мекунад. Ва дар шеъри “Фиреби оина” ба забони ҳол омада эълон мекунад:

“Шаб дар чамани оинаи синаи сўзон

Бо чашми дилам рўи накўи ту бидидам”.

Шеърҳои китоб зебову дилнишин ва хубу марғубанд. Мехоҳам аз байтҳои дилписанди Абдураҳмони Абдуманнон чандеро манзур намоям:

“Дил ба дил додам, агар бошад пазиро арзи дил,

Нози ту бар ҷон пазирам, ёри таннозам, биё!”

*       *       *

“Булбуле рахти сафар бардоштаст

Аз гулистон дар хурўши навбаҳор.

Як гуле афтода андар роҳи дил

Булбули худро ҳамеша интизор…”.

“Чи кунам, сари баландам нашавад ба назди кас хам

Ва худ аз гаронии ғам ба дарун кашидаам дам,

Нафасам фазо надорад,

Аламам садо надорад…”.

Ман метавонам бо камоли ҷуръат бинависам, ки хонандаи равшанзамир аз мутолиаи ин китоб ҳақиқати дилхоҳро барои худ кашф хоҳад кард. Ва бигзор ин ду мисраи Мавлавӣ анҷомбахши гуфтори мо бошад:

“Мағзи нағз дорад охир одамӣ,

Як даме онро талаб, гар з-он дамӣ”.

7 октябри соли 2006

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …