Главная / Биология / СИНФИ ПАРРАНДАҲО

СИНФИ ПАРРАНДАҲО

Паррандаҳо дар натиҷаи инкишофи тадриҷии дуру дароз як шохаи ниҳоят инкишофёфтаи ҳайвоноти мӯҳрадорро ташкил кардаанд.

Паррандаҳои аввалин аз гурӯҳи махсуси хазандагони қобилияти парвоздошта ба вуҷуд омада, бо парвоз кардан боз хусусиятҳои хос пайдо кардаанд ва нисбат ба дигар паррандаҳо муташаккилтар мебошанд.

Хусусиятхои фарқкунандаи паррандаҳо аз хазандаҳо аз инҳо иборат аст:

  1. Сохти асабашон нағз инкишоф ёфтааст ва инро мо дар фаьолияти ҳаётии паррандаҳои гуногун мебинем.
  2. Паррандагон ҳарорати баланди доимии бадан доранд (дар паррандагони қутбӣ 400, дар паррандаҳои экваторӣ 410) ва он на ба ҳарорати ҳаво, балки ба фаъолияти мубодилан моддахо ва ба терморегулятсия вобаста аст.
  3. Бештар ба парвоз қобилият пайдо карда, хеле тез ва дур ҳаракат мекунанд.
  1. Тухм гузошта, онро гарм мекунанд, ки ин нишонаи ғамхорӣ ба насл аст.
  2. Дили паррандаҳо 4-ҳуҷрагӣ мебошад.
  3. Бадани паррандаҳо бо пару пат пӯшида шудааст.
  4. Пойҳои пеши онҳо ба бол табдил ёфтаанд.
  5. Дандон дар паррандаҳо барҳам хӯрдааст.
  6. Паррандагон нисбат ба днгар мӯҳрадорон дар кураи замин васеъ паҳн шудаанд.

Азбаски паррандаҳо дар иқлими гуногун зиндагӣ мекунанд, миқдори намудҳои онҳо ба 8600 расидааст. Ҳама намудҳои паррандаҳо 31 қаторро ташкил мекунанд. Намудҳои паррандагон дар минтақаи тропикию наздитропикӣ хеле зиёд буда, дар Арктикаю Антарктида каманд.

Расми 24. Паррандаи қадима. Археоптерикс: намуди зоҳирии эҳтимоли. устухонбандӣ ва нақши парҳо.
Расми 24. Паррандаи қадима. Археоптерикс: намуди зоҳирии эҳтимоли. устухонбандӣ ва нақши парҳо.

Ба паррандагон аломатҳои зерин барои парвоз кардан имконият додаанд:

  1. Баданашон бо пару патҳои гуногун пӯшида шудааст.
  2. Узвҳои дохилии бадан ба таври зич ҷойгир шудаанд, ки ин барои яклухт буридани ҳаво имконият медиҳад.
  3. Набудани дандонҳо то як дараҷа баданро сабук карда, ба ҷойи ҷоғ нӯли шохини сабук пайдо шудааст.
  4. Устухонбандии онҳо маҳии ва сабук буда, дарунаш бо ҳаво пур аст.
  5. Дар ҳар як парранда то 4-5 ҷуфт халтаи ҳавоӣ ҳаст, ки он халтаҳо бо шуш алоқаманд буда, пеш аз парвоз бо ҳаво пур мешаванд.
  6. Қисми пеши устухонбандии сари сина найзашакл буда, теғаи сина барои бурриши ҳаво чун қаиқ дар об ёрй мерасонад.
  7. Дар паррандаҳо узвҳои дарунӣ бисёртар дар қисми қафаси синагӣ зич ҷойгир шуда, барои нигаҳдории баробарвазнии бадан ёрӣ мерасонанд.
  8. Тартиби пешоб бо мақъад якҷоя шуда, одатан пеш аз парвоз наҷосати ҷамъшударо аз худ берун мекунанд, ки аз ин кор баданашон андаке сабуктар мешавад.
  9. Дум ва бол вазифаи муайян намудани самти ҳаракатро иҷро мекунанд.

Пӯсти паррандаҳо тунук буда, қариб ки ғадудҳои лухоббарор надорад. Танҳо дар зери парҳои дум ғадуди равғанҷудокунӣ ҳаст, ки он ҳам бештар дар паррандаҳои обй нағз инкишоф ёфта, баданашонро аз таршавӣ нигоҳ медорад. Масалан, мурғобй нӯлашро ба зери ғадуди равганин (ғадуди думгозагӣ) олонда, баъд ба қаноти пару патҳои баданаш мемолад.

тУТИ

Паррандаҳо дар соқи пояшон пулакча ва дар рӯйи панҷаҳояшон чанголҳо доранд, ки аз моддаи шоҳин ташкил ёфтаанд. Ин аломатҳои хешигарии хазандагон бо паррандагон мебошад. Дар пойи паррандаҳо 4 ангушт ҳаст, ки сетояш дар пеш ва якеаш дар ақиб ҷойгир аст ва барои шохчаро дошта истодан ерӣ мерасонанд.

Решаҳои пат аз пӯст бо навбат мебароянд. Парҳояшон мӯякию ресмоншакл мешаванд, ки аз болои пат истода, ҳарорати баданро нигоҳ медоранд. Думчаи парҳо ба пӯст алоқаманд буда, ҳар якеаш ба воситаи сӯрохии думча ғизо мегирад. Агар парро қат кунед: намешиканад, вале аз даруни тирча моддаи моеи махсус мебарояд. Пару патҳо аз варақаи мезодермалии ҷанинӣ инкишоф меёбад. Ҳар як пар аз қисмҳои зерин иборат аст: очин, дилак, тана, растакҳои пахлӯй. мӯякҳои қатори якум ва дуюм. Мӯякҳои пар чунон зич ҷойгиранд, ки ҳаворо намегузаронанд. Парҳои калони думу болро контурй ё шоҳпар меноманд. Парҳои болоӣ бо мушакҳои банди даст сахт шуда, дар ҷойи панҷаҳои редуксияшуда қанотчаро ба вуҷуд овардааст.

Ҳаракати бол ва кушодаю пӯшидашавии парҳо ба ҳаракати системаи мушакӣ вобаста аст. Дар қафаси синаи парранда мушакҳои хурд ва калон ҳаст. Аз ҷумла мушакҳои синагии калон барои бардоштани бол ва мушакҳои хурди синагӣ барои паст фаромадани бол ёрӣ мерасонанд. Пари паррандаҳо аз ҷиҳати ранг гуногун мешававд. Зеро пигменти меолин рангҳои сиёҳ, ҷагарӣ, хокистариро меофарад. Пигменти липохром бошад, рангҳои сурх, зард ва сабзро дорад. Ин шаш ранги ду пигмент дар зери таъсири нурҳои офтоб, ба якдигар акс шуда, якчанд рангҳои омехтаро ҳосил мекунанд.

Пари паррандаҳо дар як сол аз як то се маротиба иваз мешавад, ки он яку якбора ба амал намеояд ва ба назар ноаён мегузарад.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …