Главная / Гуногун / Сиёсати таҷовузкоронаи хориҷии ИМА

Сиёсати таҷовузкоронаи хориҷии ИМА

Сармоядорони Англия, Фаронса ва Германия дар охирҳои асри XIX ба хориҷа қариб 35 млрд доллар сармоя бароварданд, вале ИМА бошад. Дар ҳамин давра ба хориҷа ҳамааш 500 млн доллар бароварданд. Сабабаш он буд, ки ҳанӯз дар худи ИМА барои фурӯхтани мол имкониятҳои калон мавҷуд буданд. Аз ҳамин лиҳоз сармояро дар дохили худи мамлакат ҳам гузоштан мумкин буд. Ҳоҷати ба хориҷи кишвар баровардани он набуд. Вале оҳиста-оҳиста барои сармоядорони ИМА бозори дохилӣ тангӣ кардан гирифт. Дар аввал ИМА ба забти мустамликаҳо майл надошт. Акнун бошад, аз рақибони асосии худ ақиб монданӣ набуд. Вай ҳам барои забткунии мустамликаҳо cap кард. ИМА асосан ҳавзаи Уқёнуси Атлантика ва дар он ҷо хусусан Кубаро ба даст дароварданӣ буд. Аз он ҷумла маҳз барои ин ҷазира соли 1898 бар зидди Испания ҷанг ҳам кард.

1372324977_vashington-20-vek

Аз рӯи ақидаи президенти ИМА Монро бояд хусусиятҳои географии қитъаи Америка ва пеш аз ҳама, Америкаи Лотиниро ба ҳисоб гирифта, таъсири худро дар мамлакатҳои он пурзӯр кунад. Ин ақида ба сиёсатмадорони Америка маъқул шуд. Соли 1889 бо ташаббуси котиби давлатии ИМА Д. Блейн дар шаҳри Вашингтон конференсияи аввалини давлатҳои қитъаи Америка баргузор гардид. Конференсияи Вашингтон иттифоқи байналхалқии давлатҳои Америкаро таъсис дод. Ин иттифоқро ИМА дар оянда барои сиёсати хориҷии истилогаронаи худ истифода бурд. Аз ҳамин вақт cap карда Америкаи Лотинӣ ба минтақаи манфиатҳои доимии ИМА табдил ёфт. Он ҳуқуқи маънавии дахолат кардан ба корҳои дохилии ҳамаи мамлакатҳои қитъаи Америкаро аз худ кард.

Минтақаи дигари истилогариҳои империализми ИМА Шарқи Дур буд. Дар ин ҷо ба вай лозим омад, ки бо Англия ва Германия рақобат кунад. Соли 1899 ҳар се давлат протекторати худро бар ҷазираҳои Самоа ҷорӣ намуданд. Соли 1893 ИМА ҷазираҳои Гавайро пурра ба зери дасти худ даровард. Ба империализми Америка муяссар гардид, ки мавқеи худро дар Корея ва Чин ҳам мустаҳкам кунад.

Соли 1901 ИМА бо Англия созишномае баст, ки мувофиқи он ҳуқуқи сохтмону истифодаи Канали Панамаро ба даст даровард. Ҳарчанд ҳукумати Колумбия ин созишномаро рад кард, аз дасташ коре наомад. ИМА зидди ин давлат исён ташкил намуда, ба ёрии исёнгарон сипоҳ фиристонд. Колумбия маҷбур шуд, ки ба тақдир тан диҳад. Аз ҳамин вақт cap карда империализми ИМА бар зидди рақибони камқуввати худ сиёсати “дарраи калон”-ро ба кор мебурдагӣ шуд. Бо ҳамин роҳ ба гардани як қатор мамлакатҳо шартномаҳои асоратоварро бор мекард. Масалан, соли 1907 нисбат ба Санто – Доминга ҳамин хел рафтор карда буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …