Главная / Гуногун / Сиёсати иқтисодии Ҳолландия дар Индонезия

Сиёсати иқтисодии Ҳолландия дар Индонезия

Солҳои 50 ва 60-уми асри XIX дар Индонезия муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омаданд. Бо шарофати ҳамин дар зарфи солҳои 1850 – 1880 даромади Ҳолландия аз Индонезия хеле афзуда, сеяки буҷаи мамлакатро ташкил кард. Дар ин солҳо Ҳолландия аз Индонезия зиёда аз 850 млн гулден даромади холис гирифтааст.

Буржуазияи саноатӣ оҳиста-оҳиста пурқувват шуда, бар зидди буржуазияи тиҷоратию молиявӣ ба мубориза бархост ва аз ҳукумати Ҳолландия талаб кард, ки монеаҳои ба ӯ халал расонанда аз байн бардошта шаванд. Оқибат ин гурӯҳи буржуазияи Ҳолландия ба мақсад расид. Соли 1864 парламент мамлакат “Қонун дар бораи ҳисобот”-ро қабул кард, ки мувофиқи он идораи Индонезия аз зери ҳокимияти яккаю танҳои шоҳ бароварда шуд. Акнун буҷаи ширкати Ост-Индро парламенти Ҳолландия тасдиқ мекард.

borobudur

Барои фаъолияти озодонаи буржуазияи саноатӣ ва молиявии Ҳолландия дар Индонезия системам “зироатҳои маҷбурӣ” халал мерасоннд. “Қонуни қанд’’-и соли 1870-и Ҳолландия ба даст кашидан аз “зироатҳои маҷбурӣ” ибтидо гузошт. Соли 1891 ин қонун бо пуррагӣ ба кор даромад. Соли 1870 “Қонуни замин” ҳам қабул карда шуд. Мувофиқи ин қонун давлат, яъне Ҳолландия соҳиби олии ҳамаи заминҳои Индонезия муқаррар гардид ва“заминҳои хусусӣ”, ки ҳукумат ба ашхоси алоҳида тӯҳфа карда ва ё фурӯхтааст, истисно буданд. Аввал ин қонун асосан ба заминҳои Ява ва Мадура дахл дошт. Баъдтар – соли 1875 он нисбат ба мулкҳои боқимонда ҳам татбиқ карда шуд.

Барои ҳолландиҳо моликияти хусусӣ эълон карда шудани замин оқибат ба он оварда мерасонид, ки дар ин сарзамин хоҳ нохоҳ давлатҳои дигари империалистӣ ҳам соҳиби замин шуда, ҳукмронии Нидерландияро дар Индонезия ба зери хатар мегузоштанд. Барои ҳамин соли 1875 ҳукумат фурӯхтани заминро ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ қатъиян манъ кард.

Ҳамин тариқ, солҳои 70 асри XIX дар Индонезия инҳисори давлатӣ бар замин бекор карда шуд. Баъди ин сармояи хусусӣ ба Индонезия ба таври васеъ ворид гардид. Акнун ҷои инҳисорҳои тосармоядории Ост-Индия ва давлатию крепостнойии шоҳӣ Нидерландияро инҳисорҳои молиявӣ гирифтанд. Дар солҳои 70-ум ва 80-уми асри XIX барои ба корчаллонҳои хусусӣ қарз додани банкҳо Баҳри истифодаи самараноки бойгарии табиии Индонезия дар ин ҷо ширкатҳои роҳи оҳан, трамвай, киштигардӣ, сахҳомӣ ва ғайра ташкил карда шуданд.

Агар системаи “зироатҳои маҷбурӣ”-и дар соли 1830 ҷоригардида фаъолияти сармоядорон ва соҳибкоронро маҳдуд карда бошад, пас ислоҳоти солҳои 70-ум барои сармоягузорӣ ва корчаллонию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин ислоҳот, пеш аз ҳама, ба мустамликадорони Нидерландия нафъовар буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …