Главная / Гуногун / Сиёсат иқтисодии Англия дар Ҳиндустон

Сиёсат иқтисодии Англия дар Ҳиндустон

Сиёсати иқтисодии Британияи Кабир дар Ҳиндустони нимаи дуюми асри XIX – аввали асри XX ба нафъи империализми англис нигаронида шуда буд. Ин сиёсат ҳам кишоварзӣ, ҳам саноат, ҳам нақлиёт ва ҳам алоқаро дар бар мегирифт.

Англисҳо дар Ҳиндустон захираи заминро аз нав ба ҳисоб гирифта, пардохти андоз аз замин ва ҳуқуқи замин доштанро ба низом дароварданд. Мустамликадорон доир ба замин барои музофоти Бангола, музофотҳои Шимолу Ғарбӣ, Панҷоб ва музофотҳои марказӣ қонунҳо қабул карданд. Ин чора зоҳирӣ ҳам бошад, аз гарафн замимдорон (феодалҳо) истисмор карда шудани кишоварзонро маҳдуд мекард.

Қонунҳои марбут ба замин қабулшудаи англисӣ дар Ҳиндустон хариду фурӯши заминро ба вуҷуд оварданд. Заминҳои зиёд ба ихтиёри судхӯрон мегузаштанд. Ин раванд дар Маҳараштра ва Панҷоб бештар мушоҳида карда мешуд.

1330985739_process_tilaka

Дар нимаи дуюми асри XIX инҳисорҳои мустамликавию ашрофони феодалии маҳаллӣ аксарияти заминҳои Ҳиндустонро аз худ карданд. Кишоварзони Ҳиндустон акнун се бори гаронро бар души худ гирифта буданд: андозҳо, рентаи замин (рента – даромад аз замин) ва қарзи судхӯрӣ.

Дар нимаи дуюми асри XIX ба манбаи ашёи хоми аграрӣ табдил ёфтани Ҳиндустон ба охир мерасад. Ин сабаби худро дошт. Дар ин давра Англия мақоми “устохонаи ҷаҳон”-ро аз даст дод. Истилогариҳои Германия ва Фаронса дар Африка, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ за Океания мавқеи Англияро ҳамчун империяи бузургтарини мустамликавӣ сусттар карданд. Ин ҳолат аҳамияти Ҳиндустонро барои иқтисодиётн Англия баланд бардошт. Тараққиёти тиҷорат дар байни Ҳиндустон ва Англия рафти минбаъдаи тақсимоти меҳнатро дар байни саноати коркарди аввалияи Англия ва кишоварзию саноати кӯҳкании Ҳиндустон ва дар байни шаҳрҳои Англия аз як тараф ва дехоти Ҳиндустонро аз тарафи дигар инъикос мекард.

Моли асосии содироти ҳиндӣ пахта, пашм, чут, нахи нахли биринҷ, гандум, индиго, гиёҳҳои шифобахш ва афюн ба ҳисоб мерафтанд. Моли асосии содирот пахта буд. 80 фоизи он ба Англия фиристода мешуд. Арзиши умумии молҳои содироти Ҳиндустон дар нимаи дуюми асри XIX се баробар афзуд; Ҳиндустон дар ин давра беш аз пеш ба бозори молфурӯшии Англия табдил меёфт. Ба Ҳиндустон ворид кардани молҳои англисӣ 5 баробар афзуд. Аз Англия ба ин ҷо асосан газвор зарфҳои филизӣ, маводи зебу зинат ва молҳои дигари истеъмолӣ оварда фурӯхта мешуданд. Англия аз Ҳиндустон тавассути андоз ҳам даромади калон мегирифт. Маблағи даромади метрополия аз ин манбаъ бемайлон зиёд мешуд. Соли 1859 он 361 млн рупия ва соли 1890 қариб 851 млн рупияро ташкил намудааст.

Дар давраи имперализми Британияи Кабир усулҳои истисмори Ҳиндустон тағйир ёфт. Он асосан ҷои маблағгузории сармоядорони англис шуд. Соҳаи калонтарини маблағгузорӣ дар  Ҳиндустон роҳҳои оҳан буданд. Ин соҳа ба мустамликадорон даромади аз ҳад зиёд медод. Афзоиши дарозии роҳҳои оҳани Ҳиндустон бо ҳамин сабаб ба амал меомад. Дар Ҳиндустон солҳои 60-ум 1300 км ва то солҳои 90-ум 25600 км роҳҳои оҳан сохта шуданд. Дар Ҳиндустон соҳаи дигари сердаромади маблағгузории англисҳо иншоотҳои обёрикунӣ буданд. Онҳо дар ҷойҳое бунёд мегардиданд, ки зироатҳои содиротӣ парвариш карда мешуданд. Махсусан, дар Синд ва Панҷоб – музофотҳое, ки барои парвариши пахта махсус гардонида шуда буданд.

Сармояи англисӣ ба сохтани корхонаҳои саноатӣ низ гузошта мешуд. То охирҳои солҳои 90-ум дар Ҳиндустон 177 фабрикаи бофандагӣ ва 33 фабрикаи чут ба кор даромаданд. Аз он ҷумла, дар Калкутта фабрикаҳои чут ва комбинати металлурге ва дар Канпур фабрикаҳои калони бофандагӣ сохта шуданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …