Главная / Илм / ШУТУР (УШТУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

ШУТУР (УШТУР) дар Канзи Шифо (Китоб)

shutur-660x330Шутур (Уштур) — ин ҳайвон зирактар аз ҳайвоноти дигар аст. Агар ба ӯ ранҷ расад, дастрас бошад, барги балут ва чу онро мор газад, харчанг ёфта мехӯраду худро табобат мекунад — ин албатта дар он ҷоҳое воқеъ мешавад, ки ин чизҳо мавҷуд бошанд. Беҳтарини шутур яксолаи фарбеҳи он аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар авали дараҷаи севум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он боҳро қувват медиҳад ва узвҳои баданро мустаҳкам мекунад, олати мардиро башиддат ба ҳаракат меоварад; барои таби дурӯздармиёнгиранда, ирқуннасо (радикулит), дарди сурини кӯҳна, зардпарвини сиёҳ ва сӯзиши пешоб (сӯзок) дору мешавад. Гӯшташро сӯхта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, шифо мебахшад.

Ҳангоми кушта шудани шутур шушашро гармогарм бимоланд, доғи кунҷидакро нест мекунад. Ҷигарашро ба чашм бикашанд, зардоби ба гавҳарак фуромадаро, ки чашмро нобино мегардонад, дафъ месозад ва чашмро қавӣ мегардонад. Равғанашро бимоланд, барои бавосир фоида мекунад. Агар инро дар ҳар ҷое, ки нигоҳ доранд, мор аз он ҷо мегурезад.

Агар шушашро бардавом бихӯранд, кӯр мекунад. Мағзи устухони соқашро ба пашм олонда, баъди пок шудан аз ҳайз занҳо се рӯз пай дар ҳам аз таг бардоранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад. Саргини хушкашро дар об тар карда, он обро дар бинӣ резанд ё он саргини таршударо дар бинӣ пур кунанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар он саргинро бо давоҳои муносиб якҷо карда бихӯранд, ба иллати саръ (припадка) шифо мебахшад. Агар саргини нави онро гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан) ва обилаву донаҳои бар бадан даманда дору мешавад. Ва агар инро бимоланд, озахҳоро хушк карда мерезонад.

Кӯҳонашро бихӯранд, бачадонро аз чизҳои зарарнок пок месозад, хуни бавосирро қатъ мекунад ва ҷоҳои кафидаи пӯстро ба ҳам меоварад. Ширдони бачаашро, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бошад, бихӯранд, боҳро бағоят қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад, агар ахлоти манӣ шах шуда бошад, мегудозад ва агар рақиқ (суюқ) бошад, ғафс мегардонад; баданро фарбеҳ мекунад.

Кафки даҳани онро ҳангоми мастии он бошад, биёшоманд, девона мекунад. Оби пудинаро дар бинии шутур бичаконанд, мастиаш барҳам меравад. Шири шутурро бинӯшанд, барои истисқо дору мебошад, хусусан бо пешоби он якҷо карда бинӯшанд, таъсираш қавитар мегардад. Агар пешобашро ба танҳоӣ биёшоманд, низ ин иллатро ба ибро меоварад, пешобро башиддат меронад, зардобро аз бадан дафъ мекунад; барои сурфа, зуком, варами ҷигар, истисқо, зардпарвин, кушодани гиреҳҳои ҷигар даво мешавад; боҳро қувват мебахшад ва мастиро ба зудӣ дафъ мекунад. Агар онро бибӯянд, бастагии сӯрохи биниро мекушояд, хашмро дур месозад. Агар ин пешобро гарм карда, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва гаронии гӯшро дафъ мекунад.

Пешоби шутурро бо ҳазориспанд якҷо ҷӯшонида, кам-кам ва бардавом бирезанд, ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-ро шифо мебахшад, узви карахтро ба ҳис меоварад ва варамҳоро таҳлил медиҳад. Пашми маҳини шутурро ос карда бипошанд, захмҳоро пок намуда ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро сӯхта бипошанд, хуни ҷароҳатро манъ месозад; агар ин сӯхтаро дар бинӣ бирезанд, хуни биниро мебандад. Мӯйи шутурро ба рони чап бибанданд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ мекунад.

Канаи шутурро ба остини каси ошиқ бибанданд, ишқаш барҳам мехӯрад. Чун гандумро ба арақи шутур тар карда, ба ҳар як парранда ва мурғ бихӯронанд, беҳуш мегардад ва агар ба кафки даҳанаш тар карда бидиҳанд ҳам, ҳамин гуна асар дорад. Гӯшташ душворҳазм, инчунин дар ҷигар ҳам носара ҳазм меёбад, вазнин ва аз хӯрдани он хуни савдовӣ ҳосил мегардад. Дар ин маврид агар онро бо намак ва шибит муҳарро пухта, бо равғани зайтун ҷӯшонида, мурч ва зираи сиёҳ дохил карда, бо каме ҳардал (горчица) бихӯранд, хислатҳои бадаш ислоҳ меёбанд. Ва баъд аз хӯрдани гӯшти он сиркои холис, обкома ва сиркои кавар бихӯранд, барои одамони тарммизоҷ сазовор аст. Ва одамони мизоҷи сарддошта, агар буғумҳояшон дардманд набошанд, бо мураббои занҷабил бихӯранд, безарар мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …