Главная / Ҷамъият / Намози шом – ракаъат ва хондани он

Намози шом – ракаъат ва хондани он

Намози бегоҳӣ (Шом, Мағриб) 5 ракъат аст: 3 ракъат фарз, 2 ракъат суннат.

Фарзи намози бегоҳӣ: 3 ракъат аст. Бо ният «Ният кар-дам бигузорам 3 ракъат фарзи намози шом… холисан ли-л-Лоҳи Таъоло» оғоз намояд. Дар ибтидо монанди тартиби гузоридани 2 ракъат намози фарзи саҳарӣ аст. Пас аз он «ат-Таҳиййот» хонда мешавад. Баъд «Аллоҳу Акбар» гуфта ба ракъати сеюм бархезад. Дар ракъати сеюм «Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» ва сураи «ал-Фотиҳа» хонда мешавад. Дар анҷоми ракъати сеюм дуоҳои «ат-Таҳиййот», «Аллоҳумма салли», «Аллоҳумма борик» ва «Аллоҳумма-ғфир лӣ» бихонад ва баъд аз он салом бидиҳад».

shom

Суннати намози бегоҳӣ: 2 ракъат аст. Бо ният «Ният кардам бигузорам 2 ракъат суннати намози шом… холисан ли-л-Лоҳи Таъоло» оғоз намояд. Ин намоз монанди суннати намози саҳарӣ гузорида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …