Главная / Гуногун / ШОҲИДИ КАСБӢ -Ҳикоя

ШОҲИДИ КАСБӢ -Ҳикоя

Рўз рўзи хуб – эҳа, хуб чӣ! – олиҷаноб буд – на тасфону на сард, балки атрогини нарму форам. Вале табъи муфаттиши ҷавон хира. Дар андомаш ифодаи ранҷиш нақш баста буд. Гўё касе ўро сахт ҳақорат карда бошад. Наметавонист лаҳзаякеро бе фикру хаёл гузаронад. Чеҳраи ҷабрдида аз пеши назараш дур намерафт, аз ҳар тараф ба гўшаш овози илтиҷодори қаҳромези вай мерасид:

– Ёбед, ёбед лаънатиро!

Вай ба парвардаи ҷиноии рўи миз бо нафрат нигарист. Сипас онро гирифта, ба ғаладони миз ҳаво дод. Ҳамин парванда ўро ба кўчаи сарбаста андохт, ки ду ҳафта боз аз он баромада наметавонад.

Ҳамин дам дари кабинет гўшхарош садо баровард. Ба кабинет зане сар халонд, ки сурати модиёнааш кам монда буд.

– Мумкин дароям?

Муфаттиш як лаҳза истоду чандон хафаву дилтангиашро пинҳон надошта гуфт:

– Дароед.

– Ассалому алайкум, – зан ягон чилсола менамуд, баҷуръат, нағмаҳои бетакаллуфонаи ба фурўшандаҳои мағоза хос дошт. – Шумо муфаттиш?

Муфаттиш ҳам ба салом, ҳам ба савол ибораи “писанд накард!”-ро аз дил гузаронду бо як каллаҷунбонӣ ҷавоб дод.

Ин ба зан хуш наомад ва бедимоғ бо овози баланд пурсид:

– Ҷоғ зада будед?

– А?! – як қад парид муфаттиш. – Чӣ?! Ҷоғ…

– Э, бубахшед, ин қонуни забон қабул шуду ҳамаро гаранг карда монд. Акнун на тоҷикиро нағз медонему на русиро. Ман гуфтанӣ будам, ки ҷеғ зада будед?

Муфаттиш лаҳзае ба афту андоми зан нигариста, баъд гуфт:

– Не, ман шуморо ҷеғ назадаам.

– Чӣ хел ҷоғ… э, мебахшед, ҷеғ назадед? – бо тундӣ гуфт зан ва ба рўи миз назди ў рўзномаеро монд.

– Ин чист?

– Рўзнома.

– Кур наям, – қадаре оташин шуда, гуфт муфаттиш, – чӣ лозим он ба ман?

– О, дар ин ҷо эълон додаед, ки касе шоҳиди воқеаи кўчаи Шайтонраҳа бошад, ба фалон ҷо биёяд. Пурсида-пурсида, базўр ёфтаму ў мегўяд, ки ҷоғ… э, мебахшед, ҷеғ назадаам.

Чеҳраи муфаттиш кушода шуд. Чашмонаш дурахшиданд. Табъаш равшан гашт.

– Ҳаминро пештар гўед, намешуд, – аз хурсандӣ дар куртааш наҷунҷида меҳрубонона гуфт ў. – Ман шоҳид гўед. Ку, ана, ба он курсӣ нишинед.

Шоҳид «уф-ф» – гўён, нишасту утоқро як аз назар гузаронд ва баъд писхандомез баланд гуфт:

– Ҳа, бад не!

Пасон тааҷҷуби муфаттишро дида, табассумкунон илова намуд:

– Қаҳрат наояд, шумо муфаттишҳо дар кабинетҳои озода нишаста, чашм ба роҳи шоҳидон, ба кори осон одат кардаед. Рост-дия, қаҳратон наояд. Лекин ҳоло ҳеҷ кас шоҳид шудан намехоҳад. Одамон муғамбир шудагӣ, кор надоранд, ки об аз боло меояд ё аз поён. Лекин онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин. Охир, ба ин кор ҳам ҳунар даркор. Гузашта аз ин, имрўз шоҳид шудан хатарнок аст. Ҳа, қиммати ҷонро дорад. Рост-дия, қаҳратон наояд.

– Рост, – беихтиёр хандид муфаттиш: ҷавони газгўшти рўяш ялаққосии абрўсиёҳи хушбурут, ки дар тан костюми сафед дошт.

Зан суоломез ба рўи ў дида дўхт.

– Рост, – боз як бори дигар гуфт муфаттиш ва зуд парвандаро аз ғаладони миз берун кашид. Ва онро ба рўи миз гузошта, хушҳолона:

– Ху-у-уш! – гўён, онро кушод.

– Оҳо, парвандаи бехосият будааст-ку?! – гарданашро ғоз барин дароз карду гуфт шоҳид.

Муфаттиш аз коғаз чашм канда, ба ў нигарист ва бо мароқу ҳайрат пурсид:

– Чӣ хел бехосият?

– О, рақами сенздаҳ, – ба парвандаи ҷиноии рўи миз ишора карда, ҷавоб дод шоҳид.

– Оҳо, чашмонатон тез-ку-а…

– Ҳа, ман уқобчашм, – гуфт шоҳид аз шавқ шукуфта. – Дар кўҳи Қоф мурчая мебинам. Чӣ, бовар намекунед? Не, намекунед?!

– Боварам меояд, – ночор ризо шуд муфаттиш ва илова намуд: – Лекин рақами сенздаҳ, ин дар русҳо…

– Э, ҳоло ҳама як шудагӣ, – даст афшонд шоҳид. – Ҳатто фарқи дўсту душман намондааст. Хайр, бало ба пасашон. Иншоолло бо ёрии ман ин парвандаро кушода, соҳиби боз як ситора мешавед.

– Боз чӣ хел ситора?

– Ситораи сари китф.

Муфаттиш ба ў як нигоҳи тунд афканда, пурсид:

– Медонед-а? – ва ҷавоби ўро интизор нашуда, афзуд: – Ҳақиқат, ҳақиқат ва танҳо ҳақиқатро бояд гўед.

– Медонам, чаро надонам, – бо як такаббурӣ посух дод шоҳид. – Сад дар сад медонам. Медонам, ки бад-ин поя расидам-да.

– Ба кадом поя? – бо ҳайрат пурсид муфаттиш.

– Пояи шоҳиди касбӣ, – бо ифтихор посух дод шоҳид. – Ҳа, ман шоҳиди атак-патак не, – ба сақф ишора намуда, баланд илова намуд: – Шоҳиди касбӣ!

Саволи «шоҳиди касбӣ чӣ бошад?» – мисли гурги гуруснае ба торҳои асаби муфаттиш дандон мезаданд. «Пурсам, напурсам?» – гўён меандешид, ки шоҳид даҳони халтаи гапро кушод.

– Апаат як бор ду бор шоҳид шудагӣ не, ки надонад. Панҷ панҷа барин медонам. Чун рўзи равшан медонам. Ҳа, эҳа, апаат бо чунин пурсандаҳо рў ба рў нишаста, сўҳбат кардааст, ки шумо ба онҳо дастобрез намешавед.

Ин сухани шоҳид ба иззати нафси муфаттиш сахт расид, дар ҷояш як ҷунбид. Дар дил «э, апа нашуда, мур» – гуён, ба ў рўй оварда, танбеҳомез гуфт:

– Аз мавзўъ дур наравед!

– Дур наравам? – аз ҷои нишасташ бархост шоҳид. – О, ман дар наздатон-ку. Ё наздиктар шинам-мӣ? Хайр, майлаш.

– Э, не, не, – бо ҳаррос гуфт муфаттиш. – Ҷоятон ҷудо соз. Ҳа, соз.

– Соз, ки бошад, пурсед, – гашта ба ҷояш нишаст шоҳид ва афзуд: – Ҳақиқат, ҳақиқат ва боз ҳақиқат…

Муфаттиш аз сергапии ў асабӣ шуда, бо тундӣ нидо зад:

– Шуд!

– Шуд?! Чӣ хел шуд? – даступо хўрд шоҳид. – Равам-мӣ?

– Не! Шинед!

– Не? Валлоҳ шуморо фаҳмидан душвор. Яке шуд мегўед, яке не мегўед? Чӣ кор кунам?

– Ба саволҳо кўтоҳ ва аниқ ҷавоб диҳед!

– Шуд! Кўтоҳ ва конкрет…

– Воқеаро дидед?

– Дидам, чӣ хел набинам. Ҳоло чӣ хеле ки шуморо мебинам, ана ҳамин хел дидам. Дидам, ки чӣ тавр одам ба одам ситамро раво дид. Бар ҷони ҷавонаш ҷавр кард. Эҳ, кош намедидам! Намедидаму намесўхтам! Эҳ, кош хобе мебуд! Дареғо, хобе набуд, ҳақиқат буд! Э, бар падарашон лаънат!

– Бар падари кӣ? – бо ҳайрату ғазаб пурсид муфаттиш.

– Ронандаҳо-дия! Аз паси ин ронандаҳои бедарду холабеғам одамони бегуноҳ қурбон, муфаттишҳо сактаи дил…

– Э, нафаси хунук набароред. Ба тарафи рост… не чап туф кунед-е!

Шоҳид се бор ба тарафи дасти чапаш туф карда, боз ба сухан оғозид:

– Ҳамон рўз, ана ҳамин рўз барин рўзи хуб буд. Лекин ман ғамгин, сари хам қадам мезадам. Майнаам орухона. Бар гарданам як бори гарон бор будагӣ барин вазн медод. Ба куҷо мерафтам, намедонистам. Аз худ бехуд будам. Чува гўед? Бо акотон гапам гурехт. Ҳа, хеле ҳафту ҳашт кардем. Чува гўед? Саланг – саланг бекор мегардад. Боз болои сўхта намакоб шабҳо ба хона намеояд. О, ақалан ба ман аҳамият медод… Боз болои сўхта намакоб гўед, ба фитнаи ҳамсоя, ки зери бағалаш санге сўи ман дошт, гўш додааст. Ана, баъд гўед, шубҳа мебарад. Шубҳааш ба алам мекашад. Аламаш бар ситам бадал гашт. Дар кўча рафта истода, аз Худои бахшояндаю меҳрубон пўзиш мехостам, ки ҷонаки ўро бигирад…

– Аз мавзўъ дур наравед, – ҷигот андохт муфаттиш. – Гуфтам-ку: кўтоҳ ва аниқ!

– Ҳа, хуб муфаттишҷон. Ҳа, зиқ мерафтам, ки як тараққос шуд. Хаёл кардам, ки ягон ҷоя кафонданд. О, ҳоло таркондан мода шудагӣ-ку. Як қад паридам, ҳушёр шудам. Ба ростӣ, тарсидам. Бинам зад…

– Чӣ зад?

– Шумо ба миёни сухан лағад назанед-дия, – норозиёна гуфт шоҳид. – О, гапама гум мекунам.

– Хуб, – гуфт муфаттиш, – давом диҳед.

– Ҳа, ба куҷо омада будам?.. Ҳа, зад. Мошин зад. Сахт зад. Э, не, дурўғ гуфтам. Э, забонам дар гўр. Мебахшед-дия. Бахшидед?.. Не, бахшидед?!

– Ҳа, бахшидам, бахшидам, – аз ҷояш хеста, назди тиреза рафт муфаттиш. – Давом диҳед.

– Ҳа, хуб, – гуфт шоҳид. – Не, не, бачая назад. Велосипеда зад. Ҳа, велосипеда зад.

– Набошад, бачая, кӣ зад? – ҳайрон шуд муфаттиш.

– Мошин зад.

– О, ҳоло гуфтед, ки мошин бачая не, велосипеда зад.

– Ҳа, рост. Сад фоиз рост. О, бача дар тори велосипед буд-да. Ҳа, мошин велосипеда зад, бача парид. Ҳа, ягон даҳ… не, не бист… не, бисти чӣ, биступанҷ метр парид. Ва пайкари бачаи бечора чун халтаи холӣ рўи роҳ афтид. На биғ гуфту на миғ. Лаҳзае зеҳнам кунд шуду сарам гиҷ. Намедонистам чӣ кор кунам. Як дил кардам, ки гурехта равам. Рост-дия, ба ман чӣ? Лекин виҷдонам нагузошт. Тозон ба сараш рафтам. Сари мўе намеҷунбид. Ҳамин лаҳза аз осмон афтид ё аз замин рўид, мўйсафеде пайдо шуд. «Оллоҳу акбар» – гўён, ба сурахонӣ даромад. Бача ҷунбид. «Э, ҳоло намурдааст, ҷон дорад» – гуфтам. Боз аз куҷое як ҷавон пайдо гашт. Як мошин дошта, хостем ўро зудтар ба табобатхона барем. Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!…

– Чаро механдед?

– Охир, ҳамин дам аҷоиб коре шуд. Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ! Ҷавон, ки қариб ҷонаш мебаромад, чашм кушоду «Сникерс», «Марс» гуфт. «Чӣ?» – нафаҳмида, пурсидам ман. «Қандома ғун доред» – илтиҷоомез гуфт ў. Бинем: рўи роҳ пури «Сникерс»-у «Марс». Ҷавон аз афташ бизнесмени хурд будааст. Дар қафои велисопедаш як қуттӣ қанд доштааст, ки вақти мошин задан рўи роҳ пош хўрдаанд ширинвориҳо. «Э, ту қанда мон, ғами ҷоната хўр» – гуфтам ба ў. «Не, бе қандом мара балниса набарен» – нолид ў. «Э, ин то қандоша дар оғўш нагирад, ҷонаш намебарояд, аз афташ» – гуфт ҷавони ба ёрӣ омада ва ба чидани қандҳо оғозид…

«Э, ҷоғат хушк шавад» – дар дил гуфт муфаттиш ва пурсид:

– Яъне ки шумо воқеаро пурра дидед?

– Ҳо, ҳо, бо ана ҳамин ду чашми сарам дидам.

– Аҷиб! – гуфт муфаттиш.

– Чӣ аҷиб?

– Он ки чаро то имрўз хапу дам шиштед?

– Чаро хапу дам шиштам?

Шоҳид даранге кард ва чашмонаш аз ғояти ранҷиш танг гардид ва ба рўи муфаттиш чашм андохту бо садои баланд пурсид:

– Намедонед?

Муфаттиш бо ғояти дилтангӣ садо зад:

– Донистан мехоҳам.

Шоҳид лаҳзае сукут варзид ва сипас дар ҳоле ки дастонаш меларзиданд, лаб ба сухан боз кард:

 – Барои он, ки аз ҷонам сер нашудаам. Ҳа, ҳоло зиндагӣ кардан мехоҳам. Охир, ҳоло ман ҷавон, аз сад гулам яктояш нашкуфтааст. Мефаҳмед? Вақте ки ҷабрдидаро ба мошин андохтему мошин рафт, нафаси осуда кашида ба роҳ даромадам. Ногоҳ сари роҳамро як бурдангал гирифт.

– Бурдангал? Ин кист?

– Бурдангала намедонед? Яъне одами филмонанд.

– Фаҳмидам. Давом диҳед.

Бурдангал мушташро нишон дода:

– Дидӣ?! – гуфт.

Тез мақсади ўро фаҳмидаму гуфтам:

– Не, не, на уштури сафедро дидам, на сиёҳашро.

– Гуфтӣ, мурдӣ! – таҳдид кард ў ва ғайб зад. – Фаҳмидед?

– Тарсидед? – пурсид муфаттиш.

– Э, вой-е, – нолид шоҳид. – Чӣ хел наметарсӣ?!

– О, вай гург набуд, ки шуморо хўрад. Ё дев набуд, ки шуморо ба пушти кўҳи Қоф барад.

– Астағфирулло! Ман чӣ мегўям, шумо чӣ мегўед! Э, вай тану туш, сикаву сурата медидед, шояд тар мекардед…

– Чӣ-ӣ-ӣ?!

– Э… бубахшед… Чӣ хел ба шумо бузургии ўро тасвир кунам… Ҳа, шумо дар пеши вай чумчуқ!

Ин сухани шоҳид ба иззати нафси муфаттиш сахт расиду нидо дод:

– Шуд!

– Боз шуд?!

– Не! Идома бидиҳед.

– Савол бидиҳед.

– Чӣ хел мошин буд?

– Майда.

– Майда? Чӣ хел майда?

– Мошини сабукрав.

– Рангаш?

– Рангаш сип-сиёҳ буд. Бераҳмии ронандаи ҳайвонро дида, дилам чун мошинаш барин сип-сиёҳ шуда, чашмонам сиёҳӣ зад.

– Тамғааш?

– Чияш?

– Ана вай… намудаш?

– О, маркааш гўед-да. ГАЗ-24-10. Ҳа, ГАЗ-24-10. Ман ҳамаи мошинҳоя медонам. Кадомаша нишон диҳед, ғиррӣ карда, тамғаша мегўям. Шиносҳоям ҳайрон мешаванд, ки чӣ хел ҳамаи ина медонам. Маро «мошиншинос» мегўянд.

Муфаттиш сигарет даргиронд.

– Нағз не, ҳа, нағз не, – бинӣ инҷ кард шоҳид.

– Чӣ нағз не?

– Дар ҳузури зан напурсида, сигарет дуд додан.

Муфаттиш, албатта, дами шоҳидро нахўрд. Раги муфаттишиаш таранг шуду гуфт:

– Ин ҷо коргоҳи ман аст. Чӣ коре, ки кунам, аз шумо намепурсам.

– Хуб, гап нест.

– Рақамашро надидед? – сигаретро бо нўги забон хеле моҳирона аз ин кунҷ ба он кунҷи лаб бурда, пурсид муфаттиш.

– Рақами чиро?

– Рақами мошинро.

– Дидам, чӣ хел набинам. Бинам, ки заду гурехт, номард. Ман ҳам аноӣ не. Ҳа, ғиррӣ ба кунаш нигоҳ кардам. Дур рафта бошад ҳам, дидам. Чашмам тез-да. Ҳа, гуфтам-ку, мўрчая дар кўҳи Қоф мебинам…

Тоқати муфаттиш тоқ шуд ва сахту баланд гуфт:

– О, чашмам сиёҳӣ зад, гуфтед-ку!

– Рост, сиёҳӣ зад, – розӣ шуд шоҳид. – Аввал сиёҳӣ заду баъд тез равшан шуд.

«Кош намешуд» – гуфт дар дил муфаттиш ва ба «ту» гузашта, дўғ зад:

– Сафсата нагў, ба саволҳо фаҳмо ҷавоб деҳ. Фаҳмо?!

– Фаҳмо, – гуфт шоҳид, – гап нест.

– Рақами мошинро дидӣ?

– Ҳа, дидам, – бо боварӣ гуфт шоҳид. – Чунон ки ҳоло шуморо мебинам.

– Чанд?!

– Чӣ «чанд»?

– Рақамаш?! – гарданбандашро суст кард муфаттиш.

– Ҳа, рақамаш, – лаб инҷ кард шоҳид ва баъд бо ҷиддият гуфт: – Бисту яку даҳ!

Муфаттиш оҳи бадард кашид, дар пешонаи ҳамвораш чинҳо пайдо шуда, ба ҳамдигар печиданд. Дуди сигарет дар болои сараш «лангар» партофта буд.

– Рақамаш?!

– Бисту яку даҳ!

Ин дам муфаттишро хун ҷўшиду:

– Ўй! – гўён, қаламро партофта, аз ҷояш бархост. Ин сў-он сў чанд қадам заду боз ба ҷояш нишаст.

– Ўй! Тоҷикия мефаҳмӣ ё не?!

– Мефаҳмам.

– Ман тамғаашро не, рақамашро мепурсам. Фаҳмидӣ? Ра-қа-маш?!

– О, гуфтам-ку?! Бисту яку даҳ!

– Уф-ф… – гарданбандашро сусттар кард муфаттиш. Баъд бо қаҳр даст афшонда, пасмондаи сигаретро ба хокистардон зер карду барои сигарети дигар гирифтан даст ба киса бурд. Қуттии сигаретро бароварда, рўи миз ҳаво дод.

– Ман тамға не, рақамашро мепурсам. Ҳо-о, дар пешу ақибаш чоркунҷа ҳаст-ку!

– О, ман ҳам рақамашро мегўям: бисту яку даҳ. Ҳа, боз аз пешу ақиб ҳарфҳо ҳам дошт… Ҳа, “П” ва “ДБ”. Ҳа, мегўянд, ки рақами «П» – яъне шофёр пиёниска. Ҳамин гап рост-мӣ?

Муфаттиш хастаҳолона оҳ кашид. Воқиан ҳам ў хаста шуда буд. Вай ба миз дида дўхта, оҳиста гуфт:

– Ба ту ҷавоб.

– Чӣ?

– Бирав.

– Куҷо?

Муфаттиш бо чеҳраи гирифта ба ў нигарист.

– Ҳар ҷо ки хоҳӣ бирав. Ту озод.

Шоҳид рост ба чашми ў нигарист.

– Яъне, ки пурсиш тамом?

Муфаттиш ба миз нигарист.

– Ҳа, тамом.

Шоҳид хурсандона «аҳа» гуфту аз ҷояш хест. Лекин нарафт. Чашм ба муфаттиш рост меистод. Муфаттиш ба ў эътибор намедод. Ба андеша ғарқ буд. Шоҳид як сулфаи сохта кард. Муфаттиш сар бардошт. Ҳайрон ба рўи шоҳид нигарист. Чашмони шоҳид ким-чиро интизор буданд. Муфаттиш нафаҳмид, ки чиро. Вале напурсид.

– Гуфтам-ку: ту озод, – гуфт ба ў. – Бирав.

Шоҳид бо дили нохоҳам оҳиста тоб хўрд. Тарафи дар рафт. Рафтанаш он қадар дилпурона набуд, чӣ хеле ки омаданаш буд. Назди остона истод. Ба қафо гашт. Муфаттиш сар бардошт. Ва бо диққат ба шоҳид нигоҳ кард. Шоҳид саволомез ба муфаттиш нигарист. Лаҳзае чашмаки ман – чашмаки ту карданд. Сипас шоҳид хушомадомез бо табассуми малеҳ дида ба рўи мизи ў дўхт. Муфаттиш базўр табассум намуда:

– Ҷавоб, ҷавоб, рав, – гуфт.

– Намедиҳед? – бо ҳамон чеҳраи табассумомез пурсид шоҳид.

– Чӣ?

– Пул.

– Пул? – назари ҳайратомез ба шоҳид дўхт ў. – Чӣ хел пул?

– О…

– Чӣ “о”?

– О, ҳар бор пас аз саволу ҷавоб ба ман пул медоданд.

– Аъ?! Наход?.. – ба мисли кўдаке, ки дар болои гуноҳ ба даст афтидааст, лолу ҳайрон пушти сар хорид муфаттиш.

Ва ногоҳ майнааш рўшан шуда, маънои «шоҳиди касбӣ»-ро фаҳмид.

– Рост?! – тааҷҷубомез овард муфаттиш. Ва аз ҷояш хесту садо кард:

– Сержант! Ҳо, сержант!

– Лаббай, рафиқ лейтенант!

– Меҳмон… шоҳидро гуселонед! Чаққон!

Шоҳид бесариштаву бесаранҷом гашт.

– Лозим не, ман худам роҳа медонам, – гуфт ва саросема аз коргоҳ баромад. Дар роҳрав таги дилаш як дашном дод.

– Лаънатӣ ду соат вақтама хўрд?! – бо овози баланду хашмгинона гуфт ў ва дарҳол аз ғояти оташинӣ худ ба худ гап заданашро пай бурда, саросема ба атроф нигарист. Не, касе наменамуд.

Муфаттиши ҷавон худро боз дар ҳамон кўчаи сарбаста дид!

 27 марти соли 1998

 13 феврали соли 1999

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …