Главная / Гуногун / Шоҳи маст – Ҳикоят

Шоҳи маст – Ҳикоят

Яке аз мулукро шунидам, ки шабе дар ишрат рўз карда буд ва дар поёнии мастӣ ҳаме гуфт:

Моро ба ҷаҳон хуштар аз ин як дам нест,
К-аз неку бад андешаву аз кас ғам нест:

Дарвеше гурусна ва бараҳна ба сармо буруни дар хуфта буд ва дар бадеҳа гуфт:

Эй, он кӣ ба иқболи ту дар олам нест,
Гирам, ки ғамат нест, ғамии мо ҳам нест?

shohi-mastМаликро хуш омад, суррае ҳазор динор аз равзан бурун дошт ва гуфт, ки доман бидор, эй дарвеш!
Гуфт:
– Доман аз куҷо орам, ки ҷома надорам?!
Маликро бар ҳоли заифи ў риққат зиёдат шуд ва хилъате бар он мазид кард ва пешаш фиристод.
Дарвеш мар он нақду чинсро ба андак замон бихўрду парешон гардид ва боз омад.

Қарор дар кафи озодагон нагирад мол,
На сабр дар дили ошиқ, на об дар ғирбол.

Дар ҳолате, ки маликро парвои ў набуд, ҳол бигуфтанд. Баҳам баромад ва рўй аз ў дарҳам кашид ва з-ин ҷо гуфтаанд:
«Асҳоби фитнат ва хибратро аз хиддату саврати подшоҳон барҳазар бояд будан, ки ғолиби ҳиммати эшон ба муаззамоти умури мамлакат бошад ва таҳамули издиҳоми авом накунад.

Ҳаромаш бувад неъмати подшоҳ,
Ки ҳангоми фурсат надорад нигоҳ.
Маҷоли сухан то набинӣ зи пеш,
Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш.

Гуфт:
– Ин гадои шўхи мубаззиро, ки чандон неъмат ба чандин муддат барандохт, биронед, ки хизона байтулмоли луқмаи масокин аст, на тўъмаи ихвонишшаётин!

Аблаҳе, к-ў рўзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб равған набошад дар чароғ.

Яке аз вузарои носеҳ гуфт:
– Эй худованд, маслиҳатон бинам, ки чунин касонро ваҷҳ қафоф ва тафоруқ маҷро доранд, то дар нафақа исроф накунад. Аммо он чи фармудӣ аз заҷру манъ, муносиби сирати арбоби ҳиммат нест: якеро ба лутф умедвор гардонидан ва боз ба навмедӣ ҳаста кардан.

Ба рўӣ худ дари таммаъ боз натвон кард,
Чу боз шуд, ба дурушти фароз натвон кард.

***
Кас набинад, ки ташнагони Хиҷоз
Ба сари оби шўр гирд оянд.
Ҳар куҷо чашмае бувад ширин,
Мардуму мурғу мўр гирд оянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …