Главная / Биология / Қатори ширхӯрҳон тоқсум

Қатори ширхӯрҳон тоқсум

Ангуштони пойи токсумҳо ҳам мисли ҷуфтсумҳо бо кафшак пӯшида шудааст. Адади аигуштонашон дар ҳаряк пой I, 3. 5, 7-той мешаванд, яъне тоқ мебошад. Ба ҳайвонҳои тоқсум зотҳои каркадан, зебра, хачир, асп, хар, тапир дохил мешаванд. Дар тоқсумхо танҳо панҷаи сеюм нағз инкишоф ёфта, панҷаҳои пҳлӯӣ рудиментатсия шудааст.

Аз ҷумла тапир, каркалан ва асп аз зотхои кадимаи токсумҳо мсбошанд. Тапир 4 панчаи псш ва 3 панҷаи ақиб дошта, биниаш хартумчашаклу фукаш дарози борик аст. Баданаш бо мӯйхои кӯтоҳ пӯшида шуда, думи кӯтох дорад. Холо 5 намуди тапир маълум аст, ки аз он 4 намудаш дар Америкаи Ҷанубй ва як намудаш дар ҷанубу шаркии Осис зиндагӣ мекунад. Тапир дар ҷангалзорҳои ботлоқӣ зиндагӣ карда, растанихӯр мебошад.

Гавазн

Каркаданхо дар айни замон намудҳои кам доранд. Пойи каркадан 3 панҷа дорад, баданаш луч аст. Дар пешона (дар болои устухони бинй) як ё ду барҷастагии шохмонанд дорад. Холо каркаданхо дар ҷангалзорҳои Ҳиндустону Африка зиндагӣ мекунанд.

Асп дар нӯги ҳаряк пояш факат як ангушти миснаи нағз инкишофёфта дорад ва кафшаки сум аз моддан шохин иборат аст. Ба гайр аз аспхои хонагӣ. дар даштҳои Осиёи Марказй аспи сбоим Пржсвалский зиндагӣ мекунад. Вай номи кашфиётчии худ сайёхи машҳури рус Н.М. ГТржевалскийро гирифтааст. To нимаи асри XIX дар ҷанубиҳои Россмя ҳам аспхои ёбой буданд, ки онро гарпан меномиданд, ки охирин намунаашро соли 1917 дар ҷанубии Днепр дар шакли мурда ёфтанд.

Рӯйи бадани аспхо бо пашми нисбатан кӯтох пӯшида шудааст. Дар қисми сарашон кокул, дар гарданашон ёл ва дар думашон мӯйхои дарози қилшакл доранд. Аҷдоди ваҳшии аспҳо дар ҳам- водиҳои кушод зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар аввал 5 ва пас 3, ҳоло бошад, як панҷа доранд. Имконияти аз душман худро пинҳон кардан надоштанд, бинобар пн роҳи ягонаи халосиашон — тездавӣ (гурехтан) буд. Дар чунин шароит зиндагӣ кардан ба сохти пойҳои аспҳо таъсир кардааст. Пас, дар тез давидан танҳо ангушти миёна ба замин мерасиду халос, аммо ду панҷаи дигар бевазифа монда, ҳоло он ангуштони тахфифшуда дар устухонбандии пой боқӣ мондааст.

Дар аспҳо қувваҳои сомеа ва босира нағз инкишоф ёфтааст. Меъдаи асп калон буда, мисли меъдаи ҳайвонҳои кавшазананда ба қисмҳо тақсим нашудааст. Аспи мода дар як сол як маротиба насл медиҳад. Тойча пас аз чанд дақиқаи таваллуд шуданаш аз паси модараш равон мешавад. Аспҳо гала-гала шуда, зиндагӣ мекунанд.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …