Главная / Маданият ва санъат / Шикастанафси ва бе кибр будан

Шикастанафси ва бе кибр будан

Шикастанафси ва бе кибр будан

Пайғамбар (с) фармуданд: – Дар дили ҳар касе заррае аз кибр бошад, дар биҳишт дохил намешавад.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки нишонаи бандаи мутавозеъ ин аст: – Пасмондаи бародари мӯъминро хурдан, дар болои хок саҷда кардан ва ба мӯзаву ҷома поргӣ андохтан ва либосро шуста пӯшидан, бо камбағалон нишастан ва бо аҳлу аёли худ’ таъом хӯрдан ва бо бародари мӯъмин ибтидо ба салом кардан, дар ҷамъомадҳо дар ҳар маконе, ки ҷо ёбад, нишастан ва  монанди инҳо шикастанафсӣ аст, дур аз кибр. Аллоҳ таъоло ба ин гуна банда ҳафтод савоб ато карда, ҳафтод гуноҳ аз номаи аъмоли ӯ нобуд гардонад ва дараҷаи ӯро баланд гардонад.

Овардаанд, ки амирулмӯъминин Умар бинни Хатоб  разияллоҳу анху дар вақти подшоҳ буданаш ба сӯи вилояти Шом сафар кард. Дар байни ғулом ва он бузургвор як уштур буд, ки ҳар кадом ба навбат савор мешуданд ва они дигар  лаҷоми уштурро мекашид.

Гӯянд, ки дар вақти даромадани вилояти Шом навбати савории ғулом буд, ки Амирулмӯъминин лаҷоми уштурро гирифта назди дарвозаи шаҳр расид. Абу Абидаи Ҷароҳ (р) дар он замон ҳокими Вилояти Шом буд, ба пешвози ӯ баромада  дид, ки Умар разияллоҳу анҳу пиёда, лаҷоми уштурро ба даст гирифта меояд.

Пештар омада гуфт: – Ё Амирулмӯьминин, ҳамаи калонони Вилояти Шом ба пешвози шумо омада истодаанд. Бо ин ҳол шуморо бинанд хуб нест, бояд, ки шумо ба уштур савор шаведу ғулом лаҷоми уштурро кашад.

Амирулмӯъминин Умар гуфт: – Ё Або Убайда, Аллоҳ таъоло маро иззат додааст дар ислом ва аз иззат доштан ва  надоштани мардум боке надорам.

Пас бо ҳамон ҳол дохили Вилояти Шом шуданд.

Илоҳо, ба фазлу карами худ ҳамаи бандагони мӯъмин ва мӯъминотро мутавозеъ гардонида, аз кибру ҳаво, ки хислати шайтон аст, нигоҳ дорӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …