Главная / Без рубрики / ШЕВАҲОИ ИДРОК: МУШОҲИДА ВА ТАҶРИБА

ШЕВАҲОИ ИДРОК: МУШОҲИДА ВА ТАҶРИБА

Барои он ки асрори ниҳони табиатро бидонед, қабл аз ҳама, мустақилона мушоҳида карданро ёд бигиред.

Баъзе аз Шумо шояд фикр бикунанд: «Мушоҳида кардем, дидем ва тамом. За- рурате барои инро ёд гирифтан нест». На. Ин тавр не!

Мушоҳидакори ҳақиқӣ бояд пурсабру матину устувор бошад. Бояд донист, ки чиро, кай ва чй тавр мушоҳида бояд кард

Таври мисол, метавон мушоҳида кард: аз болои дигаргуниҳои ҷойгир шудани ситораҳо дар осмон;

  • аз болои ҳаракати Офтоб ва Моҳ дар осмон;
  • аз болои ҳарорати ҳаво;
  • аз болои самти шамол ва ғайра

Метавон ҳамарӯза, тайи муддати дароз ва баъзан дар давоми тамоми сол мушоҳида кард.

Барои ёддошту қайду сабти мушоҳидаи худ дафтари махсусе зарур аст.

Агар таври доимӣ мушоҳида намой, теъдоди зиёди ёддоштҳо ва қайду сабтҳо ҷамъ мешаванд.

Барои мушоҳидаи одӣ чунин асбобҳое, аз қабили гномон (устурлоби офтобй) , ҳароратсанҷ, тақвимҳо, ҷадвали солшуморй, ки дар он вақти тулуъ ва ғуруби Офтобу Моҳ нишон дода шудааст, зарур мебошанд.

ГНОМОН (УСТУРЛОБИ ОФТОБӢ)

Тавассути мушоҳида мо пайдо кардани хати нимарӯзиро ёд бигирем.

Нуқтаи аз ҳама баланди ҷойгир шудани Офтоб аз болои уфуқ тайи як шабонарӯз, қиём номида мешавад.

А Дар синфҳои ибтидой Шумо пайдо кардани ҷануб, шимол, шарқ ва ғарби уфуқро ёд гирифтаед.

Устурлоб ваташхиси нуқга ба самти ҷануб.Хати мустақиме, ки аз шимол ба ҷануб меояд, хати нисфирӯзӣ номида мешавад. Дар нисфирӯз сояи ҳама гуна ашё дар пахдӯи ин хат равон шудаанд. Бисёр хатҳои нимарӯзй мавҷуд мебошанд. Барои ҳар як нуқтаи сатҳи Замин метавон хати нисфирӯзӣ кашид.

Барой муайян кардани хати нисфирӯзӣ аз асбоби аз ҳама сода, ки устурлоби офтобй номи- да мешавад, истифода мебурданд.

Гномон, яьне устурлоби офтобй вожаи юнонй буда, маънояш нишона, «аломаги нишондиҳанда» мебошад. Барой баргузории таҷриба ходаи ро- стро ба замин мезананд ва сояи он дар нисфи рӯз хати нисфирӯзй номида мешавад.

Хати нисфирӯзиро тавассути санггузорй дар паҳлӯи он дар Замин ва ё тавассути бӯр дар фарши синфхона нишону аломатгузорй кунед.

Оё нисфирӯзии ҳақиқй ба нисфирӯзие, ки соатҳои Шумо нишон медиҳад, баробар аст?

Барой пайдо кардани ҷавоби дуруст зарур аст, то дар фаслҳои гуногуни сол, ба тағйирёбии дарозии соя чанд рӯз мушоҳида бояд кард.

Барой осонии кор метавонед, «устурлоби хурдакаки хонагй» омода бояд кард. Барой ин, мехеро ба рӯйи тахтаи ҳамвор бизанед. Уфуқии сатҳи тахтачаи мехза- дашударо тавассути чунин асбобҳои ёрирасон, чун «обтарозу» ва «дараҷаи кунҷӣ» бояд санҷид. Барой мушоҳида чунин устурлоби офтобиро дар як ҷойи рӯшноияш хуб, таври мисол, дар назди тиреза мегузоранд.

Барой дақиқ гузаронидани тачриба метавон ба тахтачае варақи сафедро бича- спонд. (расми 13). Кунҷҳои сояро нишонагузорй карда, онро тавассути паргор бо ҳам пайваст созед. Азбаски устурлобҳо аз даврони қадим маълум мебошанд, бино- бар ин таври васеъ паҳн шудаанд.Ҳар қадар устурлоб баланд аст, ба ҳамон андоза тағйирёбии соя ва баландии дақиқ будани он беҳтар мешавад.

Дар Рими қадим, дар даврони салтанати Август устурлоби баландияш 40 м бу- нёд шуда буд.

Вале соли 1430 ситорашиноси машхури Осиёи Марказй Улугбек дар Самарқанд устурлоби баландияш 55-метраро насб карда буд.

Таваҷҷуҳи мардуми кӯчии Осиёи Марказй ба осмони ситорадор ба тарзи ҳаёти онқо сахт алоқаманд буд. Ҳар як оила соҳиби юртаи худ буд.

Шабонгоҳон аз мӯрии он ситораҳо ва Моҳ хуб дида мешуданд. Бад-ин тартиб, ҳар як юрта нақши «расадхона»-ро иҷро мекард. Дар натиҷа, таҷрибаи мушоҳидакунии онҳо рушд карда, он аз як наел ба наели дигар интиқол меёфт.

ФЛЮГЕР

Флюгер барои муайян кардани самти шамол хидмат мекунад. Ақрабаки флюгер метавонад дар меҳвар ба осонй давр бизанад, ки ба он пайваст шудааст (расми 14). Тарафи тези он ба самти зид-
ди шамол нигаронида шудааст. Ақрабак самти шамолро нишон медиҳад. .Агар шамол аз тимол вазад, пас он шамоли шимолй, агар аз тимолу шарқ вазад, онро шамоли шимолию шарқй ва ғайра меноманд. Флюгерро дар боми хона ва ё дар баландии 10 метр аз замин шинонидан мумкин аст.

Ҳангоми сохтани чунин асбоб барои ёрй волидон ва ё омӯзгори фанни меҳнатро даъват бикунед.

ҲАРОРАТСАНҶ

Вақте ба ин ё он ашё даст мерасонем, ҳис мекунем, ки ин ашё гарм ё хунук мебошад. Барои он ки бифаҳмем ашё гарм аст ё хунук ҳарорати онро бояд муайян бикунем. Маълумоти дақиқро дар бораи ҳарорати ин ва ё он ашё аъзои ҳисси мо дода метавонанд.

Вале одамоне, ки дар як замон дар об оббозй мекунанд, ҳарорати об барояшон гуногун туда метавонад. Барои як нафар вай гарм, ба­рои дигарй хунук буда метавонад.

Аз ин рӯ, барои муайян кардани ҳарорати ҳаво, об, хок, бадани одам ва ҷисмҳои дигар ҳароратсанҷ истифода мешавад.

Принсипи кори он бахосияти васеъ кардани моеъ, газ ва маводҳои сахт ҳангоми гарм кардан асос ёфтааст. Ҳароратсанҷ аз найчаи ши- шагине, ки қисмати болоии он кафшер шуда, қисмати поёнии он дар шакли кура сохта шудааст (расми 15), иборат аст.

Аз найча ҳаво кашида шуда ба он спирт ва симоб рехта мешавад. Найча ба сатҳи баробар, ки дар он шкала мавҷуд мебошад, пайваст мешавад.

Шкалаи ҳароратӣ бори нахуст соли 1742 аз ҷониби олими ситорашинос ва физи­ки шведй Андерс Селтсий (1701-1744) ихтироъ гардид. Барои ин А.Селтсий нӯги найчаро ба яхи обшаванда ҷой кард. Вай бо рақами 0 он ҷои найчаро, ки спирт ва ё симоб таваққуф кард, ишора кард. Сипае, ҳангоми дохил кардани нӯги найча ба оби ҷӯшидаистода, ин моеъ тавассути найча боло гардида, дар як ҷойи муайян таваққуф кард. Ин нуқта бо рақами 100 ишора шуда, фосилаи байни 0 то ба 100 ба сад адад рахҳои баробар тақсим гардида буд. Ҳар як рахро вай градус (дараҷа) номид. Градус калимаи лотинй буда, маънояш «қадам» мебошад. Барои дуруст истифода бурдани ҳароратсанҷ бояд қоидаҳои зеринро дар хотир дошт: Рахҳои боло аз 0 баёнгари гармй мебошанд. Таври мисол, дар ҳароратсанҷ, ки дар расми 15 нишон дода шудааст, сатҳи симоб дар рахи 22 қарор дорад. Дар ин маврид, пеш аз рақами 22 аломати + монда мехонем: + 22 градус (дараҷа) Селтсия» ва ё «22 градус боло аз сифр». Инро шартан чунин навиштанд: «+22°С». Агар сатҳи симоб аз 0 поён аз рахи 15 бошад, вай чунин хонда мешавад: -15 градус Селтсия»ва чунин навшта мешавад: «-15°С».

Чунончи дар боло зикр гардид, дар ҳароратсанҷҳо спирт ва ё симоб истифода мешаванд. Симоб ҳангоми -39°С сахт мешавад. Аз ин рӯ, ҳароратсанҷи симобиро набояд барои чен кардани ҳарорати аз ҳад паст истифода бурд. Дар чунин мавридҳо ҳароратсанҷҳои спиртй истифода мешаванд. Зеро ки спирт дар ҳарорати -114°С сахт мешавад. Вале агар спирт ҳангоми+80°С ҷӯшад, пас симоб дар ҳарорати 375°С мечӯшад. Аз ин рӯ, ҳангоми чен кардани ҳарорати баланд ҳароратсанҷи симобй ис­тифода мешавад.

ҚОИДАИ ИСТИФОДАИ ҲАРОРАТСАНҶ

  1. Ҳароратсанҷ ҳарорати он қисмеро нишон медиҳад, ки вай дар он қарор дорад. Агар ҳарорати обро санҷидан лозим бошад, онро то ба лаҳзаи сабти нишондиҳандаи ҳароратсанҷ, берун набояд кард.
  2. Ҳангоми чен кардани ҳарорати ҳавои утоқ, ҳароратсанҷро дар наздикии ради­аторы гармкунанд ва ё бухорӣ набояд гузошт.
  3. Барой чен кардани ҳарорати берун, бояд ҳароратсанҷ дар соя гузонгга шавад, на дар зери офтоб.

Тақвими хуб омодакардашуда аз рӯйи ҳодисаҳои табиат барои ичроиши босама- ри корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳое, ки ба Табиат марбут мебошанд, суду фоидаи бисёр меоварад.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ

Мушоҳида ва таҷриба- сарчашмаи дониш дар бораи табиат.

Пурсишҳо

  1. Чаро мо аз болои ҳодисаҳо и табиат мушоҳида мекунем?
  2. Устурлоб чй навъ асбоб аст? Бо истифода аз он чиро муайян кардан мумкин аст?
  3. Барон муайян кардани самти шамол кадом асбобро истифода мебаранд? Вай аз кадом қисмҳо иборат аст?
  1. Ҳарорати ашё тавассути чй чен карда мешавад?
  2. «+30°С» ва ё «-30°С» чиро нишон медиҳад?

Барои чен кардани ҳарорати баланд чаро симобро истифода мебаранду барои ҳарорати паст спиртро?

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …