Главная / Маданият ва санъат / Шеъри шухомез (приколный) оиди замонаи ҳозира

Шеъри шухомез (приколный) оиди замонаи ҳозира

МЕБИНУМУ ЗИҚ МЕШАМ.

Гардиши ин замона,
Нарху навои нона.
Дар кучаҳо шайтона,
Мебинаму зиқ мешам!

Беқадрии юриста,
Аҳволи журналиста.
Таксисти афириста,
Мебинаму зиқ мешам!

maymun

Донишгохи олира,
Воситаи молира.
Қаллаҳои холира,
Мебинаму зиқ мешам!

Кисаҳои бепула,
Занҳои сари рула.
Мардҳои чул ба чула,
Мебинаму зиқ мешам!

Қиматии либоса,
Пачкаи папироса.
Кучаҳои ифлоса,
Мебинаму зиқ мешам!

Дар сари роҳ нозира,
Маънкунии шофира.
Мушу гурба бозира,
Мебинаму зиқ мешам!

Ранҷҳои муҷоҷира,
Дардҳои мусофира.
Чашми чори кампира,
Мебинаму зиқ мешам!

Ҷавонҳои бекора,
Занҳои говчарона.
Ҳам хешу ҳам табора,
Мебинаму зиқ мешам!

Духтарҳои дилсофа,
Курта то ними нофа.
Бонувони беинсофа,
Мебинаму зиқ мешам!

Кудаки дилфигора,
Аробаву ҳам бора.
Яьне номусу ора,
Мебинаму зиқ мешам!

Раиси ҷипсавора,
Мардуми харсавора.
Баъзе нобакорора,
Мебинаму зиқ мешам!

Сари қадам мағоза,
Савдогари пурноза.
Бақадрии ролтона,
Мебинаму зиқ мешам!

Оқилони худхоҳа,
Ошиқи нимароҳа.
Ваъдаҳои пагоҳа,
Мебинаму зиқ мешам!

Гурури бедониша,
Супоришу хоҳиша.
Инқадар ситоиша,
Мебинаму зиқ мешам!

Дар хуҷраҳо бемора,
Духтурҳои беора.
Мардумони қарздора,
Мебинаму зиқ мешам!

Дар сайтҳо ошиқира,
Ғайбатҳои беохира.
Ошиқони ҳавоира,
Мебинаму зиқ мешам!

Мебагайти Тиссела,
Сустии саръатша,
Сифршавии баланса
Мебинаму зиқ мешам!

Болоравии доллара,
Нархҳои сузишворира,
Қимматии бензина,
Мебинаму зиқ мешам!

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …