Главная / Маданият ва санъат / Парасту – Шеър дар бораи ин паранда

Парасту – Шеър дар бораи ин паранда

Мужда овард мусича зи сари дӯлона:
“ – Навбаҳор омадаву зуд баро аз хона!”
Ман зи ҷо хоста тозон рӯи айвон рафтам,
Хоҳарам об зада, рӯфта буд айвона.
“ – Садқаи муждаи наврӯзият, эй мусича,
хуш фуруд ой,  ки арзан диҳамат шодона!”
Саҳни ҳавлӣ ба нишоту ба фараҳ меосуд.
Хилватандӯҳи мани ғамзада буд кошона.
Олу арғушт равад соғари симоб ба каф,
маст в-ин навда ба он навда занад
паймона.

Парасту
Себи хубонии мо карда фурӯзон
гули шамъ
рӯзи мавлуди туро ид кунад мастона:
“ – Зодрӯзи ту муборак шавад, эй духти
баҳор!”
Навгули мӯрд дар ин мужда шавад
афсона.
“ – Модаро, боз ҳамон ҷуфти парасту омад.
Ғусса оварда аз он мамлакати бегона,
ки малолатзада, бар сим нишаста, бо нӯл
бизанад болу пари хеш ҳамоно шона.
Ваҳ, ки ин манзара хуш лаззату таъме
дорад,
ки фароғам диҳад аз ширбати субҳона.”
Сӯйи даҳлез парасту-т ба парвоз омад,
ки шунид аз лаби ту ин сухани шукрона:
“ – Эй парастуи ман ин хонаи поринаи туст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …