Главная / Гуногун / Шеъри ошиқи

Шеъри ошиқи

Зи ошиқ буданам бар ту ту шарм дорӣ чаро охир
Зи интизориҳо мурдам ба назди ман биё охир
Барои сухани мардум ту пеши по задӣ ишқам
Ба гапи халқ надеҳ асл гӯш ба гапи ман даро охир
Бигуфтӣ духтари шоҳам ту бошӣ камбағал марде

oshiqi
Ба дарвешӣ гуноҳам чист чунин карда Худо охир
Бигӯянд халқи ғайбатчӣ ки “Шоҳ шуд ошиқи дарвеш!?”
Бале, сарҳад надорад ишқ бихон “Шоҳу гадо” охир
Ба ёд орам ишқи ту сурудҳои ширинатро
Бишав бори дигар ишқам чу булбул дар наво охир
Мерафтам суйи дарвоза садо мекарди ки тез ой
Манам дар пушти дарвоза бикун манро садо охир
Чу он шахсони рӯзадор ки интизори моҳ гарданд
Ҳабиб ҳар шаб равад куят маҳи тобон баро охир

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …