Главная / Гуногун / Шеърҳои Тоҷикӣ

Шеърҳои Тоҷикӣ

Шеърҳои тоҷикие, ки аз ҳама беҳтарину маъруфтарин ба забонӣ тоҷикӣ мавҷуданд дар ин саҳифа оварда шудаанд.

  1. Шеърҳои Ошиқӣ ва ҷудоӣ
  2. Шеърҳо аз Умари Хаём
  3. Шеърҳо дар васфи Модар ва 8 март
  4. Шеърҳои Лоиқ Шералӣ
  5. Шеърҳои Шоирони бузурги Тоҷик
  6. Шеърҳои Рӯдакӣ
  7. Шеърҳои Мирзо Турсунзода
  8. Шеърҳои Наврӯзӣ
  9. Шеърҳои Исломӣ
  10. Шеърҳои Баҳорӣ
  11. Шеър барои Падар
  12. Шеърҳои Кӯдакона
  13. Шеър дар бораи Ватан
  14. Шеър дар бораи мактаб

Кудакон

Шеърҳои Ошиқӣ ва ҷудоӣ

Бе суҳбати ту ҷаҳон нахоҳам,
Яъне, ки дигар ҷон нахоҳам.
Гар ҳастии ман ту мебихоҳӣ,
Бе номи ту ман амон нахоҳам.

Ҷонро бидиҳам ба як нигоҳат,
Лекин зи ту ройгон нахоҳам.
Ман боғу биҳишти ин ҷаҳонро
Бе номи ту ҷовидони нахоҳам.

polosa-ornamen

 

 

ЯК НИГОҲ

Бо шумо бахшем ҷонро, баҳри мо бас як нигоҳ,
Бо яке наззора бинмоед моро истилоҳ.

Бар даме з –ин марҳамат маҳрум мехоҳед кард,
Не аҷаб созед дунёро ба чашми мо сиёҳ.

Чашм не чашми шумо, бал чашмаи оби ҳаёт,
Бо чӣ санъат кимиё ангехт дар ин чашм илоҳ.

Мо фақат дорем ҷону меҳр аз моли ҷаҳон,
Садқаи ҷони шумо дорем он беиштибоҳ.

polosa-ornamen

 

 

Нозукниҳоли моӣ,
Эй ҷони мо, куҷоӣ?
Мо дӯстдорад астем
Гулгунқакбо, куҷоӣ?

Зулфи батоб дорӣ,
Чашми бахоб дорӣ.
Раҳме ба мо надорӣ,
Гулгунақабо, куҷоӣ?

Чун ошиқи ту ҳастам,
Нози туро парастам.
Ман масту масту мастам,
Гулгунқабо куҷоӣ?

polosa-ornamen

 

 

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро.
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳи ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист.
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо!
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам,

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳо аз Умари Хаём

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳорки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузарони гузарад.

polosa-ornamen

 

 

Онон ки куҳан буданду онон ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд,
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд. 

polosa-ornamen

 

 

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?!
Пашму қасабам ту риштаи ман чикунам?!
Ҳар неку бадеки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман набиштаи ман чи кунам. 

polosa-ornamen

 

 

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.

polosa-ornamen

 

 

Он кас, хубон лаби хандон додаст.
Хуни ҷигаре ба дармандон додаст.
Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳо дар васфи Модар ва 8 март

Гуянд маро чу зод модар.
Пистон баз даҳон гирифтан омӯхт.
Шабхо бари гаҳвораи ман.
Бедор нишасту хуфтан омухт.
Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омухт.
Лабханд ниҳоду гуфтан омухт.
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст.
То ҳастаму ҳаст дорамаш дӯст!

polosa-ornamen

 

 

Модарам мегуфт доим вақти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!
Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,
Пӯш аввал остини ростро,
Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».

Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:
Фарқ байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.

Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.

polosa-ornamen

 

 

Азизу меҳрубонам кист? Модар
Фуруғи дидагонам кист? Модар
Забони модарӣ омӯхт бар ман
Ҳамеша дар забонам кист? Модар

Сафои рӯи одам офтоб аст
Сафои хонадонам кист? Модар
Маро беҳтар зи ҷон донист модар
Гиромитар зи ҷонам кист? Модар

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Лоиқ Шералӣ

Гаҳ дар ғами ҷон, гаҳ дар ғами нон,
Доғ аз паи доғ, зарб аз паи зарб.
Гоҳ аз паи ин, гоҳ аз паи он –
Яъне ҳамеша ҳарб аз паи ҳарб…
Ба дӯстони хасакӣ
Донам ҳамаро: намакҳаромеду дурушт,
Дар бӯтаятон на рушд дореду на мушт
Санги бағали кӯҳ маро шоир кард,
Санги бағали шумо маро хоҳад кушт…

polosa-ornamen

 

 

Он қадар ҷон мафишон, то тани беҷон нашавӣ,
Он қадар сар мафикан, то сари сарсон нашавӣ.
Эй азизон, туҳмати ноҳақ навиштан хуб нест,
Одами дарёдилеро ташна куштан хуб нест.
То ба ёдат будаам, дар ёди олам будаам,
То зи ёдат рафтаам, аз ёди олам рафтаам.
Баҳору ишқу ҷавонӣ барои ҳар кас нест,
Ба рӯи сабза нишастан насиби ҳар хас нест.
То туӣ дар барам, эй маҳбубам,
Мушт бар фарқи аҷал мекӯбам!
Як замон то будӣ поку софтар,

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Рӯдакӣ

Қасоиду газалиёт ва қитъаот
«Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр…»
«Пӯпак дидам ба ҳаволӣ(и) Сарахс…»
«Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон…»
«Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро…»
«Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро…»
«Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро…»
«Кас фиристод ба сир-андар айёр маро…»
«Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам…»
«Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро…»
«Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин, …»

polosa-ornamen

 

 

Рубоиёт
«Ҳар рӯз бар осмон-т бодо мурво! …»
«Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост…»
«Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрат хун аст…»
«Ҷое, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст…»
«Дил хаставу бастаи мусалсал мӯест…»
«Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт…»
«Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт…»
«Бунлоди ту шуд тарбияти хоҷа, валек …»
«Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод…»
«Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад…»

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Мирзо Турсунзода

Чи буи форам, эй дӯст, мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврӯзи, дар ҳар каломи мо.

Ҳама андар Ватан, доранд ҷашни иди наврӯзӣ,
Вале афсус, дар ғурбад, бувад имрӯз мақоми мо.

Дар “интарнет” ки мо бо ҳамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Ғариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инҳо, ба ному эҳтироми мо.

Агар чанде, ки “Гастарбайтр”-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд қадру эҳтироми мо.

Ту, ки “Гастарбайтр”-он мегуиву “Ҷамшуду-Равшан” ҳам,
Аз он, ки зиндагӣ талх гаштааст, имрӯз ба коми мо.?!

Ту, эй аблаҳ намедонӣ, ки Тоҷик кисту, қадраш чист?!
Ҷахон бин, фахр дорад бо Синову бо Хайёми мо.

polosa-ornamen

 

 

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гўшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тўфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рўдҳои ту.
Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,
Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.
Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,
Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.
Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Наврӯзӣ

Омад баҳору бар кафи соқӣ пиёла ку?
Бар саҳни бӯстон гулу бар дашт лола ку?
Гул кард ғунчаи қафас аз ҷӯши навбаҳор,
Эй мурғи болбаста, туро оҳу нола ку?
Гардидаанд ром ба сайёд оҳувон,
Он ваҳшие, ки буд ба чашми ғазола, ку?
Кардӣ чу сафҳа номаи аъмоли худ сиёҳ,
Эй булфузул мард, китобу рисола ку?
Баҳри ҳавои нафс зи хилват бурун шудӣ,
Эй шайхи шаҳр, тоати ҳафтодсола ку?
Хат омаду гирифт зи ёр интиқомро,
Эй он, ки буд соҳиби чандин ҳавола, ку?
Эй Сайидо, зи ишқ нишоне ба даҳр нест,
Доғе, ки буд дар ҷигари мову лола, ку?

polosa-ornamen

 

 

Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайғоми навбаҳорон
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
Аз рӯзгори дерин
Зеботарин нишон аст.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Исломӣ / тоҷикӣ

Ҳамди беҳад маар худои покро,
Он ки ҷон бахшид мушти хокро.
Он ки дар одам дамид ӯ рӯҳро,
Дод аз тӯфон наҷот ӯ Нӯҳро.
Он ки фармон кард қаҳраш бодро,
То сазое дод қавми Одро.
Он ки лутфи хешро изҳор кард,
Бар халилаш норро гулзор кард.
Он худованде ки ҳангоми саҳар,
Кард қами Лутро зерузабар.
Сӯи ӯ хамсе, ки тир андохтӣ,
Пашшае кораш кифоят сохтӣ.
Он ки аъдоро ба дарё даркашид,
Ноқаро аз санги хоро баркашид.
Чун иноят қодири қайюм кард,
Бар кафи Довуд оҳан мум кард.
Бо сулаймон дод мулку сарварӣ,
Шуд мутеи хотамаш деву парӣ.
Он яке пӯшида санҷобу самур,
В-он дигар хуфта бараҳна дар танур.
Он яке бар бистаре кимхобу нах,
Дигаре ба хоку хоре баста ях.
Турфатулайне ҷаҳон барҳам занад,
Касс наметонад, ки он ҷо дам занад.
Он ки бо мурғи ҳаво моҳӣ диҳад,
Бандагонро давлати шоҳи диҳад.
Бе падар фарзанд пайдо ӯ кунад,
Тифлро дар маҳд гӯё ӯ кунад.
Мурдаи садсоларо ҳай мекунад,
Ин ба ҷуз ҳақ дигаре кай мекунад.
Сонее к-аз тийн салотин мекунад,
Наҷмро ра ҷми шаётин мекунад.
Аз замин хушк рӯёнад гиёҳ,
Осмонро бесутун дорад нигоҳ.
Ҳеҷ кас дар мулки ӯ анбоз не,
Қавли ӯро лаҳн не, овоз не.

polosa-ornamen

 

 

Шеърҳои Баҳорӣ

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,
Омад нидойи осмон, то мурғи паррон шавад.
Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун кавсар шавад,
Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.
Гар чашму ҷони ошиқон чун абри тӯфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад.
Донӣ, чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон,
Зеро ки он маҳ бештардар арбҳо пинҳон шавад.
Эй шоду хандон соате, к-он арбҳо гирянда шуд,
Ё раб, хуҷиста ҳолате, к-он барқҳо хандон шавад.
З-он садҳазорон қаторҳо як қатра н-ояд бар замин
В-ар з-он, ки ояд бар замин, ҷумла ҷаҳон вайрон шавад
Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад вв-аз ишқи ҳар вайронае,
Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шават, пас маҳрамитӯфон шавад.
Тӯфон агар сокин будӣ, гардон набудӣ осмон,
З-он мавҷи беруназ ҷиҳат ан шаш ҷиҳат ҷунбон шавад.
Эй монда зери шашҷиҳат, ҳам ғам бихӯр, ҳам ғам махӯр,
К-он донаҳо зери замин як рӯз нахлистон шавад.
Аз хок рӯзе сар кунад, он беҳ шохи тар кунад,

polosa-ornamen

 

 

Шеър барои Падар

То падар буд шодӣ доштам ҳам нишот,
Ғам ба ҷои шодӣ омад чашм пӯшид аз ҳаёт.
***
Бар сари болини ӯ чандин табибон омаданд,
Лек сад афсӯс, нашуд имкон диҳанд аз марг наҷот.
***
Мушкилот дар зиндагӣ дар кори ман пайдо шавад,
Маслиҳат ман аз кӣ ҷӯям аз барои мушкилот?
***
Баъди фавти ӯ нагӯянд нохалаф фарзанди ӯст,
Роҳи ростро меравам бо эҳтиёт, бо эҳтиёт.
***
“Бо падар хурсанд будам бевафой кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам ёфт модар ҳам вафот”.

Диргар шеърхои точики дар сахифаи : http://sherho.ortgk.ru/ 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Занони аробакаши Точик

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон занони тоҷик ба аробакашӣ машғул шуда то …