Главная / Гуногун / Шеърҳои Солинавӣ

Шеърҳои Солинавӣ

Соли нав (2019)

Марҳабо эй соли на хуш омадӣ!
Як ҷавони навча дар ҷӯш омадӣ,
Омадӣ, хуш омадӣ меҳмони нав,
Як даме бинмо тановул ҷони ман.

Соли нав табрикот

Дар гирди Арча

Дар гирди арча
Ман шеър хондам.
Дар рақсу бозӣ
Ақиб намондам.

Кӯлворӣ худро
Даррав кушод ӯ.
Хирсаки аҷиб
Тӯҳфа бидод ӯ.

 

БОДО МУБОРАК

Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, икболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шури нав бо боли нав.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Бар дар омад «Барфак»-и чомасапед,
Хамрахи «Бобои барфи» бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Вах, чи хусни дилрабову дилфиреб.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Арчахои сабз кад афрохта,
Базми соли нав басе афрошта.
Нагмаю тору рубоб бинвохта,
Кудакон аз барф Бобо сохта.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

Соли нав бодо муборак, дустон,
Хамдиёрони азизу мехрубон.
Марду зан, хам кудаку пиру чавон,
Ин сухан Гулгунча мегуяд зи чон.

Лек соле аз чавони рафт, рафт,
Хам шубоби зиндагони рафт, рафт.

soli-nav

СОЛИ НАВ МУБОРАК

Хуш омад Соли Нав бар хонаи мо,
Умеди тозаи ҳар пиру барно.
Ҷаҳон аз мақдамаш ҳусни дигар ёфт,
Шукуфон шуд ба дил боғи таманно.
Муборак давлату иқболи некӯ,
Пайи парвози нав шаҳболи некӯ.
Муборак соли нав,ай миллати манн,
Муборак бар  Шумо сарфоли некӯ.
Чу барф армонатон испед бодо!
Мунаввар аз гули хуршед бодо!
Хушо ин солу садҳо соли дигар,
Сафои зиндагӣ ҷовид бодо!

СОЛИ НАВ ТАБРИК

Гӯши дил бодо Шуморо бар садои зиндагӣ,
Чашми дил равшан бимонад аз зиёи зиндагӣ.
То хирад бошад Шуморо раҳнамоӣ зиндагӣ,
Бар Шум обо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин солее ба ҳар тоҷик бод!
Тифлаку гаҳвора бошад хонаорои Шумо,
То суруди алла бошад шаҳди овои Шумо,
Хам зи бори ғам нагардад сарви болои Шумо!
Дар муҳаббатхонаи дилҳо бувад ҷои Шумо,
Дар паноҳи сулҳ бошад  бахти волои Шумо!
Бар Шумо бо ин таманно соли нав табрик бод!
Соли нав некӯтарин соле ба ҳар тоҷик бод!

ШЕЪР ДАР БОРАИ СОЛИ НАВ

Эй зимистон тез-тез
Барфаки худ рез-рез
Бодаки сардак вазон
Дарё ях кунад аз он

Конки гирам ба поям
Ба руи ях бароям
Яхмолакбози кунам
Хуб даву този кунам

Зимистони кахратун
Ту бо ман шухи накун
Ман аз ту наметарсам
Аз хунук намеларзам

Конкии ман зебоӣ
Конкии ман тезпой
Аз баланди мепарӣ
ҳар ҷо хоҳам мебарӣ

Ба кӯҳ ҳам мебароӣ
Аз ҷари мефароӣ
Наметарасам аз ҳеҷ чиз
Мепарам чун боди тез

Намекобам ҷои гарм
Напӯшам палтои гарм
Охир ман варзишгарам
Рӯ рӯи ях мепарам

СОЛИ НАВ – ШЕЪР БАРОИ КУДАКОН

Соли куҳан даргузашт!
Соли нав омад,дили худ шод кун,
Хирмани дарду аламат бод кун.
Чеҳра намо, то ки фидоят шавам,
Куштаи сад нозу адоят шавам.
Соли куҳан даргузашт,
Зиндаги аз сар гузашт.
Ишваи дилбар гузашт
Соли нав муборак!
Соғари хурсанди бигир нуш кун,
Пас ба садои дили манн гуш кун.
Дар  асари соли куҳан чони ман
Он чи гузаштааст фаромуш кун
Соли куҳан дар гузашт
Зиндаги аз сар гузашт.
Ишваи дилбар гузашт
Соли нав муборак!
Арчаи сарсабз ба ноз омада,
Ҳамчу арўсе ки ба роз омада.
Ин дили ман бо қадами соли нав
Пеши рухат баҳри ниёз омада
Соли куҳан даргузашт,
Зиндаги аз сар гузашт
Ишваи дилбар гузашт
Сози нав муборак!

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …