Главная / Без рубрики / Шеърҳои ошиқӣ барои ҷавонон – писару духтарон

Шеърҳои ошиқӣ барои ҷавонон – писару духтарон

РАНҶУР

Туро ранҷур мебинам,
Фиғон аз ранҷи дунёӣ!
Дилат аз ишқ менола.
Шаби торики танҳоӣ.

Зи бахти худ пушаймонӣ,
Пушаймонӣ надорад суд.
Ниҳон дар хеш месӯзӣ,
Алови дил надорад дуд.

Зи тақдир гурезонӣ,
Раҳоӣ нест аз қисмат.
Надорад зиндагонӣ парво,
На аз ҷисмат, на аз исмат.

Шикасти бахт душвор аст,
Азоби ишқиосон нест.
Вале аз сахтии баташ,
Бидон ошиқ ҳаросон нест.

Туро ранҷур мебинам,
Чаро аз ғам парешонӣ?
Гиреҳи бахти худ бикшо,
Ба мисли чини пешонӣ.

_____________*** ______________

ОШИҚАМ МАН

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи афсуни чашмони сиёҳат,
Ошиқи лоли нигоҳи бӯсаҳоят.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи масти навозишҳои нармат,
Ошиқи зори ҳамоғӯшии гармат.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқат, эй ҳамдилу ҳам қисмати ман,
Аз ту бодо ишқи поку исмати ман!

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Кош, умре сар ниҳам бар шонаи ту,
Аз муҳаббат бишнавам афсонаи ту.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Нозанинат мешавам бо ноз ширин,
Дар дил аз ишқи ту дорам рози дерин.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи ту, ошиқи ту, ошиқи ту,
То қиёмат содиқи ту, мушфиқи ту.

_____________*** ______________

ДАРЁФТ

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди ҷаҳон.
Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд,
Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи тақдир чун ангуштарин.
Ӯ магар афтода аз ангушти моҳ
Дар раҳи бахти ман аз чархи барин?
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Бебаҳо чу гавҳар аз дарёи дил.
Оҳ, ӯ ашки арӯсии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.

Ишқи худро оқибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Раҳнамоям сӯи рӯз аз шоми тор.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рӯшании офтоби зиндаги.

_____________*** ______________

БЕВАФО

Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Ғаме дорам, ки ғамхоре надорад,
Муҳаббат ҷони ман дар оташ афканд,
Ба оби дидаам коре надорад.

Дигар аз ишқ ошуфтан нахоҳам,
Ғами дилро ба кас гуфтан нахоҳад.
Дигар монанди гул дар навбаҳорон
Барои ёр бишкуфтан нахоҳад.

Барояш рози дерин кардам иншо,
Барояш рози ширин кардам ифшо.
Вале ӯ бевафоӣ кард охир,
Дареғи ишқи поки ман, дареғо!

_____________*** ______________

РОЗИ ДИЛ

Туром ман дуст медорам,
Туро хоҳам, туро ҷуям,
Ки то шоми маҳтобӣ
Бароят рози дил гуям

Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танҳоӣ,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишқу ҳавас оӣ.

Ту дар хобу хаёли ман
Саропо ғарқаи нурӣ,
Валекин аз висоли ман
Чаро дурӣ, чаро дурӣ?

Қуҷоӣ? Бе ту парвардам
Ба дил ишқи фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят

_____________*** ______________

ИШҚИ АВВАЛ

Қуҷоиву куҷоӣ, ишқи аввал?
Намеоӣ, намеоӣ чаро ту?
Дигар як лаҳза, дареғо,
Ба ёди худ намеорӣ маро ту.

Куҷоиву қуҷоӣ, ишқи аввал?
Ки аз ту қиссаҳо дорам паноҳи.
Дигар ман дар дили армонии худ
Ба ёдат ғуссаҳо дорам паноҳӣ

Куҷоиву қуҷоӣ, ишқи аввал?
Куҷоӣ ишқи поки навҷавонӣ,
Ки аз чашмони шаҳлои ман акнун
Сиришки ҳасратамро меравонӣ.

Қуҷоиву куҷоӣ, ишқи аввал?
Маро пазмони худ кардӣ, дареғо!
Дигар чун навбаҳори навҷавонӣ
Ба суям барнамегардӣ, дареғ!

_____________*** ______________

БИЁ ЁРАМ

Биё, ёрам,
Биёву гул бибӯй аз навбаҳорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри баҳорам.

Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишқу умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Баҳори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз ҷудоӣ ғусса дора,
Бароят дар лабонам бӯсса дорам.

Биё, ёрам,
Ки месӯзад ба ёди тобнокат.
Бидӯзам сӯзан бо ризтаи нур
Ба номи ишқи покат.

Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба рӯи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози қалби пораи ман.
Биё, ёрам,
Куҷоӣ ошиқи овораи ман?!

_____________*** ______________

ИШҚИ МАН

Ишқи ман ин турна не , к-ояд фақат рӯзи баҳор,
Нест ё чун кӯчаи сарбас дар шаҳри қадим.
Вай наметарсад зи фасли гаму сарди рӯзгор,
Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун роҳи азим

Дар замине сабз шуд ин ишқ , к-андар рӯи он
Медавидам дар ҷавонӣ сарбараҳна пойлуч.
Рӯзҳоро мефикандам пушти сар осон чунон,
Ҳар яки он буд гӯё халтаи бодоми пуч,

Ишқ омад. Гуфт шабҳои ту аз сӯзу гудоз
Аз ҳисоби рӯз мегардад дарозу тиратар.
Рӯсҳоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чеҳраи шоми сияҳрӯи саҳар.

_____________*** ______________

ИШҚ ВА МУҲАББАТ ЧИСТ

Хуршеди сипеҳри лоязоли, ишқ аст,
Мурғи чамани хучастафоли ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул ноли,
Ҳар гаҳ, ки бимириву наноли — ишқ аст.

_____________*** ______________

ШАББОДА

Дар гӯшаи моҳтобшаб
Овои дил дорам ба лаб.
Аз ёди дурам мевазад
Шаббодаи пуртобу таб.

Ҳайронтнигоҳи зори ман
Дар осмони беканор.
Аз он шаби ишқи нахуст
Маҳтоб монда ёдгор.

Афсӯс, ишқи содаам
Осемасар бигзаштааст.
Ёди ғариби ман дигар
Шаббодаи саргаштааст.

_____________*** ______________

БАҲРОН ГУЗАРОН

Навбаҳори навҷавонӣ бигзарад,
Гулафшони зиндагонӣ бигзарад.
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ бош,
Неку бад ҳам ногаҳонӣ бигзарад.

Меҳрварзии ҷавонӣ хуш бувад,
Чун хаёлт осмонӣ хуш бувад.
Ишқро дар ҳастии худ зинда дор,
Талху ширин комронӣ бигзарад.

Дар ҷавонӣ гул бичину гул бибӯй,
Ба ҳама дилҷӯии худ дил биҷӯй!
Нобӯ дар банди гесу зан, ки зуд,
Ноҳову дилситонӣ бигзарад.

Дар умеди худ бисазон боғи дил,
То намонад аз ҷавони доғи дил.
Орзӯи ишқи аввал чун насим
Аз раҳи дил ормонӣ бигзарад.

_____________*** ______________

ТУРКИ ДИЛРАБО

Дил ошиқи чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Чону дили мо ошиқу девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.

_____________*** ______________

ҲАМИН ИШҚ АСТ

Ҳамин ишқ аст, ки месузад сару пои вуҷуди ман
Сару пои вуҷуди ман, тамоми тору пуди ман,
На дилам дар канор ояд, На сабру ихтиёр ояд,
Намеои азизи ман, ки бо ту навбаҳор ояд.

Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Чи созам бо дили тангам, сукути шеру оҳангам.
Ту рафти бо ҳама олам, Мани шурида меҷангам,
Мани шурида меҷангам,

Ҳама шабҳо бо танҳоӣ,
Ҳама рӯзам ба раҳпоӣ,
Нафсҳо бо ӯҳда мепечам,

Ки шояд бе садо ойӣ, Ки шояд бе садо ойӣ
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,

Надорӣ боварам афсус, нагардӣ ёварам афсус,
Суроғам мекуни рӯзе, Ки дигар, дигарам афсус,
Ки дигар, дигарам афсус,

Бубухш, девонаи ишқам, ба косанои ишқам
Ба даври шаби ҳиҷронам,
Масуз парвонаи ишқам.
Масуз парвонаи ишқам.

Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст,
Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст, Ҳамин ишқ аст.

Инчунин кобед

namoz

Намози иди Рамазон

Хондани намози идонаи моҳи шарифи Рамазон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар …