Главная / Ҷамъият / Шеърҳои Наврӯзӣ бо забони тоҷикӣ

Шеърҳои Наврӯзӣ бо забони тоҷикӣ

Наврӯз омад

Зимистон рафтаву Навруз ояд
Башорат ҳаркуҷо: Хушруз ояд!
Нидо омад зи пушти куҳи фарёд
Ки имшаб назди мо Фируз ояд
Биё гулҳои ишқу меҳрубонӣ
Барои дустони ҷонӣ чинем
Дар ин айёми Наврузи хуҷаста
Ғаму шодии ҳамдигар набинем
Биё бо ҳам суруди ишқ хонем
Ва аз ҷоми муҳаббат комронем
Кунун гар мавсими бусу канор аст
Ба ҳам то иди дигар шод монем
Тамоми дашт дорад буи Навруз
Чи зебо ҳасту барно руи Навруз
Гулу булбул газалхону , табиат
Ҳаменушад фарах аз чуи Навруз
Биё гарду губори сина гирем
Баҳор омад, биё то кина гирем
Дар ин фасли шукуфонии дилҳо
Биё мо ҳам ғами дерина гирем
Биё Навруз омад, шод бошем
Раҳо аз ғуссаву фарёд бошем
Дар ин дунёи танги бемуруват
Барои ҳамдигар озод бошем
Зиндагӣ дар ҷараён аст ҳануз
Олами пир ҷавон аст ҳануз
Пас биё мову ту бо ҳам бошем
Чун ба ҳар ҳол замон аст, ҳануз
Бубин ишқи ману ту кур гашта
Ба сони орзуҳо дур гашта
Дигар ҳарфе барои гуфтанам нест
Тамоми орзуҳо гур гашта

Шеър дар васфи иди Наврӯз

Наврӯз бар дар омада, ёрон, ба ҳам расед,
Ба хандаҳои беғаши орӣ зи ғам расед.
Наврӯзро рисолати ишқ офаридан аст,
Эй ошиқон, ба қиммати ишқи санам расед.

Гар шоире чу хандаи гул шеъри  сабз гуфт,
Бар пешвози шоиру шеъри Аҷам расед.
Ку, он таронае, ки чу ман оҳи шаб кашид,
Баҳри саломи шабнами гул субҳдам расед.

Эй шоирон ба нағмаи шево чу Мавлавӣ,
Бар обшори кӯҳи ғазал дам ба дам расед.
Аз чашми сурмасои шаб ашки саҳар чакад,

Дар анҷуман ба сурмаи чашми қалам расед.
Чун рӯи гул шукуфта ҳама чеҳраҳо кунун,
Бар базми ошиқонаи Наврӯзи Ҷам расед!

ШЕЪРХОИ НАВРУЗИ

Навруз расид ёри дирузии ман
Як руз биё барои дилсузии ман
Ғамхои ту куҳнаанд, аммо имруз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман

Дар гирди хони Навруз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рўи хони Навруз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рўи хони Навруз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рўи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

Дар базми иди Навруз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менушамаш ба шоди бо кулли мардуми даҳр
Рўи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!

Бародар иди Наврузат муборак
Баробар шуд шабуруз, муборак
Муборак бодат имсолу ҳама сол
Ҳумоюн бодат имрузу ҳама рузат !!!

СИМАЛАК

Суманаки нав,
ҳаловати ҷон,
Меояд аз ту,
Буи баҳорон,
Шабҳо нишаста,
Хурсанду хушвол,
Модарам туро,
Мепазад ҳарсол,

НАВРӮЗӢ

Наврӯз лола орад,
Май дар пиёла орад,
Пайғоми навбаҳорон
Бар кӯҳу ёла орад.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.
Наврӯз навҷавон аст,
Наврӯз ҷовидон аст.
Аз рӯзгори дерин
Зеботарин нишон аст.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.

Дигар назмхои навврузи дар сахифаи http://sherho.ortgk.ru/category/idona/navruz/

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …