Главная / Гуногун / Шералӣ Мўсо – Нависанда

Шералӣ Мўсо – Нависанда

Тарҷимаи ҳол (биография): Шералӣ Мўсо (Мўсоев) 25 марти соли 1951 дар деҳаи Ганҷинаи (собиқ Меҳнатобод) ноҳияи Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон) дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст.

Соли 1968 пас аз хатми мактаби миёнаи №1 ба номи Н. Крупскаяи ноҳия ба Институти Политехникии Тоҷикистон дохил гашта, онро соли 1973 бо ихтисоси муҳандиси мошинсоз хатм кардааст. Ҳунари пурфаъолияти заҳматиро ба ҳайси устои оддии калонтарин корхонаи мошинсозии Тоҷикистон – заводи “Тоҷикгидроагрегат” шурўъ мекунад. Сипас то соли 1976 устои калон, муҳандиси ҳамин корхона фаъолият намуда, соли 1976 котиби дуюми комитети комсомолии ноҳияи Октябри (ҳоло Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе, соли 1978 котиби якуми ҳамин комитет, соли 1980 котиби якуми комитети комсомолии шаҳри Душанбе интихоб мешавад.

Дар ҳамин давраи фаъолият лаёқати кордонию ташкилотчигии ў ошкор шуданд. Барои бо кадрҳо таъмин намудани ниругоҳи обии барқи Роғун, Корхонаҳои электрохимиявии Ёвон, Корхонаи арзизи тоҷик корҳои назаррасро ба анҷом додааст. Аз соли 1981 то соли 1986 котиби комитети партиявии заводи “Тоҷикгидроагрегат”, аз соли 1986 то соли 1987 директори заводи таҷрибавии олотҳои ғайристандарти ва маҳсулоти пластмасии НПО “Восход” шуда кор мекунад. Аз соли 1987 то соли 1992 ҷонишини сардори раёсати техникии Госснаби Ҷумҳурӣ ва аз соли 1992 то соли 2002 ҷонишини сардори раёсати хусусигардонӣ ва кор бо органҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор мекунад. Бо заҳмату ташабускориҳои ў як силсила асноду ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳавӣ тасниф гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешкаш гардидаанд.

Аз соли 2002 Раиси комиссияи тафтишотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ўҳда дорад.

Шералӣ Мўсо дар тўли тамоми ин солҳо аз адабиёт ҷудо набуд. Ишқи сухан, муҳаббат ба адабиёт дар дили ў ҷуш мезад. Вай ба адабиёт бо роҳи хос – аз истеҳсолот ворид гардид. Байни журналистикаву адабиёт ағбае ҳаст, ки на ҳама қаламкашон ба гузаштан аз он қудрат доранд. Шералӣ Мўсо ин ағбаро гузашт ва ба майдони нависандагӣ омад. Ғояи асосии асарҳояш арзишҳои маънавии инсон – инсоф, виҷдон, ҳақиқат, адолат буда, бо тасвири образҳои рангин сарнавишту талоши ҳамзамонони мо, дарду доғҳои зиндагии пур аз печу тобро мавриди тасвир қарор медиҳад.

Шералӣ Мўсо муаллифи китобҳои “Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ” (1983), “Линия жизни” (1985), “Боғи падар” (1986), «Интихоб» (1987), “Трудовой потенциал бригады” (1987), “Рабочие ступени” (1989), “Қадр ва ҷазо” (1990), “Нек ва бад” (1995), “Дурбин” (1998), “С ў г” (2000), “Осоиш” (2003), “Тулўъ дар ғуруб” (2008), «Ошёни уқобон» (2010) мебошад.

Бештари асарҳои китобҳои “Интихоб” (1987), ки ба сохтмони ГЭС-и Роғун, “Девонагии ихтиёрӣ” (1989), ки ба проблемаҳои бадмастию майзадагӣ бахшида шудаанд, навиштаҳои Шералӣ Мўсоро ташкил медиҳанд. Дар маҷаллаи “Помир” силсилаи очеркҳояш дар бораи заводи алюминии Тоҷикистон ба табъ расид. Очерку ҳикояҳояш дар 23 китобҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

Очеркҳои “Кўҳнавард”, “Нону намак” лауреати рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва очерки “Духтари корхона” лауреати рўзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) гаштаанд.

Аз соли 1992 дар баробари дигар жанрҳо ҳикояҳои ҳаҷвӣ менависад. То ин рўз зиёда аз 250 ҳикояҳои ҳаҷвиаш дар матбуот ба табъ расидаанд. Як қатори онҳо ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Аъзои бюрои горкомпартияи шаҳри Душанбе, райкомпартияи ноҳияи Октябр, КМ ЛКСМ Тоҷикистон, вакили анҷумани Х1Х Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд. Борҳо депутати совети депутатҳои халқии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Октябр интихоб шудааст. Иштирокчии маҷлиси умумииттифоқии журналистон дар шаҳри Ростови лаби Дон (1984) мебошад.

Шералӣ Мўсо аз зиёрати хонаи Каъба баҳравар гашта, ба мамолики Полша, Руссия (ва аксари ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ), Ирон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Штатҳои Мутаҳидаи Амрико сафарҳои хидматӣ кардааст.

Барои хизматҳои шоёнаш бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, ордени “Нишони фахрӣ”, нишони КМ ВЛКСМ “Барои кори фаъолона дар комсомол” ва ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Аз соли 2007 то соли 2010 раиси Шўрои очерк ва публисистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ўҳда дошт.

Аз соли 2008 аъзои ташкилоти ҷамъияти байналмилалии Фонди «Диалоги Авруосиё» мебошад. Соли 2009 ба «Феҳрасти нависандагон ва тарҷумонҳои кишварҳои ИДМ ва соҳили Балтика» дохил шуд.

Аз моҳи октябри соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви бунёди адабии байналхалқӣ, аз моҳи январи соли 2007 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналхалқии журналистон мебошад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …