Главная / Маданият ва санъат / ШАВКАТИ БУХОРОӢ

ШАВКАТИ БУХОРОӢ

Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат,

Ба ширинӣ Даҳони морро тунги шакар карДам.

Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба дунё омадааст. Аз ин рӯ, Шавкат ҳамаи илмҳои ҷории замонро комилан аз худ менамояд. Инчунин, нозукиҳои касби падарро ҳам хеле хуб меомӯзад. Дере нагузашта Шавкат ҳамчун яке аз шахсиятҳои илмию адабии замони худ шинохта мешавад. Ӯ махсусан ба шеъру адаб таваҷҷӯҳи бештару хубтар доштааст.

Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ баъзе ишораҳо дорад, ки гӯё аз ҷониби ғоратгарон зарари басо сахти моддӣ низ дидааст ва яке аз сабабҳои тарки диёр намудани шоир гӯё ҳамин амали ноҷавонмардонаи баъзе аз муосирони ӯ будаанд. Шавкат дар як қасидаи худ мегӯяд :

Чудо зи силсилаи дӯстони худ шудаам,

Ҳаво шавад, чу ҷудо гашт нола аз занҷир.

Матои хонаам азбас тамом ғорат ёфт,

Кашам ба сафҳаи девори хона нақши ҳасир.

Аввалин шаҳре, ки Шавкат дар он рахти иқомат меафканад, Ҳироти бостонӣ будааст, зеро дар ин бора чунин ишора менамояд:

Ранг аз гули замини Ҳирот аст фикрро,

Худро наметавон ба замини дигар кашид.

Шоир дар ин шаҳр аз ҷониби ҳокими он Сафиқулихони Шомлу қадршиносиҳо дида, ба ин лаҳзаи рӯзгораш низ баъзе ишораҳои ҷолиб мекунад:

Тарки Ватан намудаму қадрам азим шуд,

Гавҳар зи фавти сӯҳбати дарё ятим шуд.

Баъд аз чанде Шавкат ба Машҳад рӯи ниёз оварда, аз тарафи вазири Хуросон-Мирзо Саъдуддин Муҳаммад илтифоти фаровон мебинад.

Чунончи:

…Худ маро кардӣ зи барқи лутфи худ гарми сухан,

Арзи ҳоли хешро кардам ба густохӣ адо.

Чуғзи бепар будам ин дайри харобободро,

Аз ду дасти тарбият додӣ маро боли ҳумо.

Андалебӣ доштам, аммо забонам ғунча буд,

Сохтӣ аз хушнасимиҳо маро достонсаро.

Вале баъдҳо Шавкати Бухороӣ аз Машҳад ба Исфаҳон меояд, ки он ба соли 1678 иттифоқ афтодааст. Ҳамчунон аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки ӯ азми Ҳиндустон низ кардааст, вале ин қисмати масъала чандон равшан нест, зеро дар ашъори Шавкат оҳангҳои пушаймонӣ аз ин сафар низ ба назар мерасанд, чунончи ӯ мегӯяд:

Насибам аз сафари Ҳинд ғайри меҳнат нест,

Касе зи мори сиёҳи раҳаш саломат нест.

Ба бӯриёи ватан мекунам шакархобӣ,

Ба махмали сиёҳи Ҳинд хоби роҳат нест.

Ё худ дар ҷои дигар:

Зи бас бувад сафари Ҳинд сурмаи овоз,

Садо ба рафтани ранги ҳино намебошад.

Ба ҳамин тариқ, поёни рӯзгори шоир низ дар Исфаҳон гузашта, Шавкат тақрибан миёни солҳои 1107-1111 (солҳои 1695-1699) дар ҳамон ҷо аз ин олам гузаштааст. Мазораш дар атрофи шаҳри Исфаҳон воқеъ мебошад.

Эҷодиёти Шавкати Бухороӣ

Аз зикри мухтасари зиндагиномаи Шавкат бармеояд, ки ӯ аз Бухоро баромада дигар ба ватанаш наомадааст. Шоир тамоми умр дар ғарибӣ зиста дур аз диёр олами фониро тарк кардааст.

Бо вуҷуди азобҳои ғарибӣ, Шавкати Бухороӣ тавонистааст аз худ мероси бое боқӣ гузорад. Ӯ дар эҷоди бадеъ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Шавкат» шеър гуфтааст. Шояд дар оғоз «Нозук» тахаллус карда, баъдтар «Шавкат»-ро тахаллуси хеш қарор дода бошад.

Мероси адабии Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ, ки ба сифати девони ашъор то ба имрӯз маҳфуз мондааст, аз газалиёт, қасоид, рубоиҳо, муфрадот, ашъори пароканда ва муқаттаот иборат мебошад. Дар девони шоир ғазал пеш аз ҳама мавқеи аввалиндараҷа дорад, ки то 744 ғазалро ба ӯ мансуб медонанд.

Мавзӯъ, мазмуну мундариҷаи ғазалиёти шоир асосан ҷанбаҳои иҷтимоии зиндагӣ, ҳаёт, ноадолатиҳои рӯзгор, шебу фарозҳои олам, печидаҳои дунёи моддӣ, нооромию бедодгариҳои муҳити иҷтимоӣ, ғарибию ранҷҳои мусофират, нодорию тангии маъишӣ, бевафоии умр, дунё, мунофиқии зимомдорони вақт, макру ҳиллаҳои зоҳирбинон, тангназариву ғаммозии одамони ноақл ва ғайра мебошад. Муҳим он аст, ки дар ҳамин замина мавзӯъҳои ишқӣ ва ошӯбҳои қалбии инсон, шӯру валвалаҳои ботинӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва ғайра баён шудааст. Яъне мавзӯъҳои ишқӣ ҷилои аввалиндараҷа надоранд ва бештар оҳангҳои шиквоию ҳасбиҳолӣ ба ҷои аввал омадаанд.

Бояд гуфт, ки мавзӯъҳои иҷтимоӣ аслан барои ғазал гарониҳо пеш меоранд, вале шоир тавонистааст, ки дар баёни чунин мавзӯъҳо ҳунари худро нишон бидиҳад:

Куҷо аз модари айём осоиш ҳавас бошад?

Париданҳои рангам ҷунбиши ғавҳора бас бошад.

Гули ҷамъияти равшандилон аз риштаи оҳ аст,

Баёзи субҳро шероза аз тори нафас бошад.

Ба зоҳирбинӣ азбас кор уфтодаст мардумро,

Агар қадди касе кӯтоҳ бошад, нимкас бошад.

Ҳадаф дар ғазали мазкур ғанимат шуморидани умр, эҳтиёткорӣ, мазаммати зоҳирбиниву кӯтоҳназарӣ аст. Дар ин шеър таъбири халқии «одаму дам» ба кор гирифта шудааст.

Ё худ дар ғазали дигар мегӯяд:

Субҳи пириҳо расиду аҳди хурсандӣ намонд,

Хандаи дандоннаморо устухонбандӣ намонд.

Меваҳо чун нахли тасвираш ба шохи ҳайрат аст,

Нахли мижгонро баҳоре аз барумандӣ намонд.

Ай, ки дорӣ мушти хокамро ба каф, посаш бидор,

Бод пуртунд аст, то аз даст афгандӣ, намонд.

Юсуфи моро зи бас гаштанд ихвон роҳзан,

Зодгоҳи Мисри мо ҷуз номи фарзандӣ намонд.

Бар сари болини ин мушти гиёҳ, ай барқи ноз,

Омадӣ рӯзе, ки моро бо ту хурсандӣ намонд.

Чун тазарви барқ аз гарминафасҳо сӯхтем,

Мурғи мо, Шавкат, ба доми орзумандӣ намонд.

Дар ғазали боло асосан ҳасби ҳол ба тасвир омадааст. Он то андозае якҷоя бо фалсафаи зиндагӣ хеле созгор ва басо ҷолиб баён шудааст. Зеро овони пирӣ бо гусели ҳамешагии аҳди барноӣ пеш омада, ба он монанд аст, ки агар кафи хок мавриди вазидани бод афканда шавад, шояд ба замин ҳеҷ нарасад. Аз тарафи дигар, то дараҷае авзои таърихии замон низ мувофиқи муроди дили инсонҳо нест, зеро ҳолат ба он овардааст, ки бародарон роҳзану хасманд ва талмеҳан ишора ба бародарони Юсуф (а.) низ шудааст.

Инчунин, дар маркази ҳадафи эҷодкор, агар хеле ҷиддӣ зеҳн монда шавад, пай бурдан осон аст, ки оҳанги яъсу ноумедӣ дар симои ошиқ- қаҳрамони лирикӣ басо қавӣ садо медиҳад. Аз ин рӯ, баробари гузаштани аҳди барноӣ, хурсандӣ, барӯмандӣ, шодию нишот баҳори умр низ аз даст раҳо мешавад.

Мӯҳтавои ҳадафи шоир паҳлӯи хеле нозуки дигар ҳам дорад. Яъне шоир ба ин восита инсонҳоро ҳушдор медиҳад, огоҳ менамояд, ки дар гузашти умр, сипарӣ гардидани айём дар ғафлат намонанд. Пас қазоватҳои адиб моҳияти ахлоқию тарбиявӣ низ доранд.

Бо назардошти хусусиятҳои шаклӣ ғазали зикршуда мураддаф (калимаи намонд радифи сода), муқаффо: хурсандӣ, устухонбандӣ, барӯмандӣ, афгандӣ, фарзандӣ, орзумандӣ буда, қофияҳои мазкур мутлақ мебошад, зеро пас аз ҳарфи равӣ-«д», ҳарфи васл-«ӣ» омадааст. Дар калимаҳои қофия ҷузви «-андӣ» решаи қофия буда, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи «ӣ» васл, ҳарфи «н» қайд мебошад. Азбаски ҳарфи равӣ – «д» бо ҳарфи дигар («ӣ»-васл) часпидааст, чунин қофияро қофияи мутлақ меноманд. Аз нигоҳи вазн бошад, ғазал дар баҳри Рамали мусаммани мақсур эҷод гардидааст, ки афоъили он чунин аст:

Яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилон мебошад.

Дар ғазалиёти Шавкат ишқи ҳақиқӣ-ирфонӣ, илоҳӣ низ мақоми махсус дорад. Дар чунин ғазалҳо ишқ нерӯи пуртавонтарин ва ҷовидонаву муқаддас аст:

Шер рам мекунад аз шӯриши девонаи ишқ,

Дидаи дев бувад шамъи парихонаи ишқ.

Куфру ислом дар ин роҳ ду нақши қадам аст,

Қаъба сангест зи девори санамхонаи ишқ.

Ё худ дар ғазали дигар:

Дар он саҳро, ки ваҳшат раҳравонро роҳбар бошад,

Саводи манзил аз чашми ғизолон шӯхтар бошад.

Талабгори Худо аз хештан ғофил намебошад,

Ки тори ҷода соликро ба раҳ мадди назар бошад.

Роҳи муқаддасот – тариқати солик сӯи маърифати сулук роҳ ба сӯи ҷовидон аст, ки дар ғазалиёти ишқии Шавкати Бухороӣ тасвир шудааст.

Дар ғазалиёти шоир хислатҳои ҳамидаи инсон: вафодорӣ, ростқавлӣ, ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ, илмдӯстӣ, адолатхоҳӣ, ҷуду сахо, олиҳиматӣ, дурандешӣ, дилҷӯӣ, ҳалолкорӣ, покӣ, садоқат, лутфу эҳсон, ҳалимию меҳрубонӣ, меҳнатдӯстиву хоксорӣ ва ғайра сидқан васф мешавад. Баръакс, хислатҳои разила мисли: макру дурӯғ, қатлу ғорат, кӯтоҳназариву инсонбадбинӣ, кибру такаббур, худхоҳиву ҳавобаландӣ, фиребгариву ҳаромхӯрӣ, мансабпарастиву ришваситонӣ, бевафоиву беномӯсӣ, кӯтоҳандешиву суханчинӣ, нопокиву беадолатӣ ва ғайра бо тамоми ҷузъиёт маҳкум карда мешавад. Чунончи:

Хирад осуда аз базми муҳаббат барнамегардад,

Касе аз бешаи шерон саломат барнамегардад,

Дами теғи аҷалро шоҳроҳи офият донад,

Дили девонаи мо аз шаҳодат барнамегардад.

Ҳадаф аз бешаи шерон парвариши нафси ҳайфонист, ки касе бо он рӯ биёварад, ҳатман пушаймон хоҳад шуд. Ҳамчуноне ки ақлу хиради инсон дар назди ишқ нотавон аст ва ғайра.

Ё худ аз ғазали зерин, ки адиб қиёси соддалавҳонаеро танқид карда, нигоҳи пурғаразро пешрави мардум набояд кард мегӯяд, зеро дар хонаи оина чӣ қадар одамон қадам зананд ҳам, бесадо мебошад. Ба ҳамин монанд дар ин ғазал намунаҳои сершуморе паёпай оварда мешавад, ки андешаи муҳокимашавандаро, яъне фикри асосии шоирро тақвият мебахшанд:

Надорам имтиёз аз содагӣ аз дӯст душманро,

Чароғи корвон кардам тасаввур чашми роҳзанро

Касе огаҳ зи рафтори сабукрӯҳон намегардад,

Садои по набошад хонаи оина рафтанро,

Як нуктаи муҳимро метавон таъкид намуд, ки ин ҳама танҳо ба воситаи ақидаҳои пандуахлоқии адиб мавриди арзёбӣ қарор гирифтаанд:

Бахти бад хоҳад зи душман хуни мо,

Теғи мо бас толеи вожгуни мо.

Офтоби хоксорӣ гаштаем,

Нақши по кавкаб, замин гардуни мо.

Аксаран чунин андешаҳо бо мавзӯъҳои ишқӣ ҳамроҳ меоянд ва ба ин восита шоир ба ошиқон низ панд медиҳад. Ба ин маънӣ дар ин ғазали ишқӣ омадааст:

Кард ҳусни гулрухон комил дили девонаро,

Партави шамъ оташи манзил бувад парввонаро.

Нест соҳибхонаи мо ғофил аз меҳмони худ,

Аз нигоҳи мизбон бошад ҳаво ин хонаро.

Сахтии айём шуд роҳи наҷотам з-ин муҳит,

Осиё бошад пуле аз худ гузаштан донаро.

Баски белаълаш шаробам оташи ҳалкардааст,

Шӯълаи ҷаввола донам гардиши паймонаро,

Қомати хам нафси пиронро зи ҳастӣ монеъ аст,

Ҳалқаи дум гашта занҷир ин саги девонаро.

Хонаи танро қиёми бандагӣ дорад ба по,

Як қади одам бувад девор ин кошонаро.

Нарм кун дилро, фиреби неъмати алвон махӯр,

Орд кун дар осиёе нони пухт ин донаро.

Аслан ғазали мазкур ишқӣ бошад ҳам, ҳадаф дар як байт баён шудааст ва абёти дигар (баҷуз матлаъ) комилан масоили иҷтимоист, ки дар назари хонанда олами маънавии шоирро бо ҷавлони андешаҳои ӯ муаррафӣ месозад.

Ғазал мураддаф нест, муқаффост ва хеле оммафаҳму сода аст. Аз нигоҳи вазн дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф (мақсур) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин аст:

Яъне зебоӣ фараҳи дил ва шамъ боиси нурбахшии кошонаи парвона аст. Ноҳамвориҳои ҳаёт боиси ҳушёршавиҳост ва ин ба он монанд аст, ки донаи гандум он вақт ба мақсад мерасад, ки аз осиё гузарад ва ғайра.

Шавкат низ ҷаҳонро бо дидаи ботин мебинад ва дар айни замон дидаи зоҳирро воситае меҳисобад, ки тавассути он ба олами воқеӣ, ҳаводису рӯйдодҳо сару кор гирад. Ҳақу ботил, хубу бад, росту дурӯғ, фоиданоку бефоида, зиёновару безиён, раво ё нораво будани онро бояд дидаи ботин қазоват бикунад:

Ба нури дил фурӯғи моҳу хуршед андаке бошад,

Барои чашми ботин чашми зоҳир айнаке бошад.

Бувад соҳибдилонро баҳра аз огоҳии ғафлат,

Ба болидан баданро хобу бедорӣ яке бошад.

Шавкати Бухороӣ, ки худ бисёр сафарҳо кардаву азоби ғурбатро умре чашидааст, ҷонибдори ғарибӣ нест ва дар Ватан будану дӯстдори Ватан шуданро насиҳат мекунад:

Ҳар кас, ки рафт аз ватан, аз умр бар нахӯрд,

Фирӯза чун ҷудо зи Нишопур гашт, мурд.

Ба назари шоир, навмедӣ боиси рӯҳафтодагию шикастагист ва шахс набояд ба яъсу ноумедӣ рӯ биёрад. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:

Дар шоми ғами хеш маро субҳи умед аст,

Гар нақши нигин тира бувад, ном сафед аст.

Шавкати Бухороӣ панд медиҳад, ки сирри дилро набояд ба ҳар кас қоил шуд. Зеро асрор аз як даҳон, ки берун шуд, паҳн мешавад ва аз ин рӯ, он набояд ба касе гуфта шавад. Аз тарафи дигар, инсон бояд худро аз тамаъ ва тамаъкорӣ нигоҳ дорад. Инчунин, мисраъҳо агар ҷуфт шаванд, байтро ташкил медиҳанд ва шоир мисраъҳоро дар алоҳидагӣ ба лаб монанд мекунад. Яъне ҳамин ки ду мисраъ ба ҳам часпад, байт ҳосил мешавад. Мақсади шоир аз баҳамоии мисраъҳо ва ба ҳам омадани лабҳо пӯшида нигоҳ доштани даҳон аст:

Ба ҳар кас во макун, банд аз забони арзи матлабҳо,

Ба дандони тамаъ зинҳор макшо уқдаи лабҳо.

Сияҳбахтӣ чароғи аҳли дилро мекунад равшан,

Зи мушки судаи шаб тоза гардад доғи кавкабҳо.

Кунад файзи хамӯшӣ соҳиби девон суханварро,

Ба ҳам ояд ду мисраъ, чун ба ҳам меоварад лабҳо.

Шавкати Бухороӣ дар ғазалиёти хеш олиҳимматӣ, назарбаландӣ, бетамаъӣ, худшиносӣ барин сифатҳоро тарғиб намуда, ҷидду ҷаҳд ва саъйу талошро сабабҳои расидан ба ин ва ё он мақсад меҳисобад:

Мӯраму то накунад миннати чархам помол,

Пар баровардаму аз дасти Сулаймон рафтам.

Чун манеро нагузоранд зи каф аҳли карам,

Нақди ҳиммат шудам аз дасти каримон рафтам.

Бод хокам ба сар, оташ ба дилу об ба чашм,

Ки зи тавфи дари султони Хуросон рафтам.

Шоири тавоно Шавкати Бухороӣ ҳатто аз баъзе сифатҳои қалам шиква мекунад, ки қалам ба ҳарфи ҳар кас гӯш медиҳад ва ба амру фармони ҳар кас сар мениҳад.

Ё худ барои шоир сарфи беҳуда дар муқоиса бо даромади бемасриф, яъне даромаде, ки ба хотири ғункунӣ гирдоварӣ карда мешавад, баробар мебошад.

Ӯ мегӯяд:

Чун қалам ангушт нагзорам ба ҳарфи ҳеҷ кас,

Нестӣ кам аз харҷи беҷо пеши ман дахли баҷо.

Шоир барои ба даст овардани ризқу рӯзӣ, комёб шудан аз ҳаёт, хуш гузаронидани умр саъйу кӯшиш ва сафар кардану ҷаҳон диданро тавсия менамояд:

Ба гетӣ то ба кай маҳбус бошӣ, сайри олам кун,

Бувад як ҷо нишастан, то камар зери замин будан.

Яъне ба ақидаи Шавкати Бухороӣ, шахсе, ки ба ҷое сафар намекунад, мисли маҳбус аст, ки ба ҷуз ҷои зисташ ҷоеро намебинад. Дар ин муносибат инсонро ба хуршед нисбат медиҳад, ки касе аз инсонҳо ба офтоб гуфта наметавонад бигӯяд, ки имрӯз бирав ва ё фардо рав. Хуршед аз сабаби пайваста дар сафар буданаш саховатманду нафърасони ҳама кас ва ҳар чиз аст. Аз ин рӯ, шоир сафарро тарғибу ташвиқ менамояд.

Ҳунари шоирии Шавкати Бухороӣ махсусан дар эҷоди ғазал ба назар мерасад. Хатто худи шоир ҳунарманд ва устод будани хешро ҳанӯз дар рӯзгораш ҳис карда будааст. Зеро дар як қатор шеърҳои худ ба ин масъала ишораҳои сершумор дорад. Шавкати Бухороӣ то андозае худро хотиматушшуаро ном мебарад ва дар ишора ба ин масъала мегӯяд:

Мешавад маҳбус чун гул маънии рангин зи ман,

Ҳамчу ман, Шавкат, куҷо ҳарфофарин пайдо шавад?!

Шавкати Бухороӣ шоирест, ки комилан дар сабки ҳиндӣ ғазал сурудааст ва умуман дар ин сабк эҷод кардааст. Маълум аст, ки яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ бо назардошти инкишофи навъҳои шеърӣ он аст, ки газал нисбат ба дигар анвои адабӣ рушди бештар доштааст. Зеро таркиби асосии девонҳои шоирони дар ин сабки адабӣ эҷоднашударо агар варақгардон намоем, мебинем, ки асосан ҳамаи онҳо ба ғазал рӯ овардаанд. Аз ин рӯ, Шавкат низ асосан ғазал эҷод намудаю маҳз дар ин жанр қувваозмоӣ кардааст. Хатто ифтихороти шоирии ӯро худаш дар эҷоди ғазал медонад.

Шавкати Бухороӣ бо ишора ба ин маънӣ ҷое мегӯяд:

Лаззат зи ворасидани шеърам барад адӯ,

Ангушт чун ниҳад ба ҳадисам, асал хурад.

Шавкат ҳатто шоирони нисбатан машҳуру шинохтаи сабки ҳиндӣ:

Нозиму Носиралӣ ва Соибро дар сатҳи хуб қабул намекунад ва эҷодиёти онҳоро аз ашъори худ поинтар меҳисобад. Албатта, ин қазоват муболиғавӣ бошад ҳам, як андоза беҳуда нест. Чунончи мегӯяд:

Бо парешонихтилотон ошноӣ мушкил аст,

Шона ҷаври арраро аз баҳри гесӯ мекашад.

Нозиму Носиралӣ, Соиб надоранд ин намак,

Шавкати нозуксухан мӯ аз дили мӯ мекашад.

Шоир ин ҷо ҳунари нозуксуханию адои ширини эҷодии худро мавриди баён қарор додааст. Аз тарафи дигар, албатта ҳунари ӯ дар эҷоди бадеъ баробари Соиб набошад ҳам, дар ҳар сурат ғазали боҳунарона мегӯяд. Ба назари Шавкати Бухороӣ, шеъри ӯ сухани муқаррариву оддӣ, ки дорои вазну қофия ва радиф бошад, нест, балки он порае аз дили эҷодкор аст. Чун дар урфият фарзандро ҷони ширин мегӯянд, пас ба назари ин шоир низ шеър фарзанди эҷодкор аст. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:

Зи баски маънии ӯ лахти дил бувад, Шавкат,

Чу шеърҳои ту бишкофтанд, хун омад.

Ҳолати эҷод аз нигоҳи Шавкат мӯҳлати тӯлонии умри эҷодкор аст. Яъне шеъри хуб созгор омадани он бо рӯзгори воқеист. Ӯ агар шеъри асил эҷод кунад, аввал намунаи насрии онро эҷод карда, пас онро ба риштаи назм мекашад:

Кори осон набувад маънии равшан бастан,

Наср то назм шавад, об гуҳар мегардад.

Дуруст аст, ки ӯ дар эҷоди ғазал асосан ба Толиби Омулӣ пайравӣ кардааст ва дар иртибот ба ин фармуда ишораҳо низ дорад. Чунончи:

Хост то равшан кунад Шавкат чароғи табъро,

Равғани маънӣ зи хоки Толиби Омул кашид.

Ба назари Шавкати Бухороӣ, эҷоди шеър рӯ овардани эҷодкор ба олами зебоӣ, ба дунёи сернакҳату рангини ҳаёт, ҷаҳони гуворову рӯзгори ширин низ ҳаст. Мақсади адиб дар ин ҳолат бори эстетикӣ кашидани суханварӣ, моҳияти зебоиофарии каломи бадеӣ мебошад. Чунончи, дар ин байт гуфтааст:

Пеши мо фикри сухан сайри гулистон кардан аст,

Лафзро аз ранги маънӣ гул ба домон кардан аст.

Дар ҳар сурат шеъри Шавкати Бухороӣ асосан шеъри ҳикмат, сухани андарзогин, каломи пандунасиҳатист:

Нашъаи фикрам дигар, Шавкат, ба мавҷи ҳикмат аст,

Хишти хум бояд ба мағзи фикри Афлотун задан.

Калимаҳо, вожаҳо, таъбиру ибораҳое, ки Шавкат ба кор мебарад, дар алоҳидагӣ қариб ки мушкилӣ надоранд ва оммафаҳму оддианд. Онҳо танҳо дар матн моҳиятан мураккабу мушкмилфаҳмтар мешаванд:

Карда наззораи рӯи ту зи бас ҳайронам,

Оби оина ба доман чакад аз мижгонам.

Дар ин байт калима, ибораи душворфаҳме нест. Яъне ҳамаи калимаҳо аз нигоҳи маънии луғавӣ ҳеҷ мушкилие надоранд. Аммо мазмуни байт то андозае дастнорас аст, зеро калимаҳо дар матн ҷилваҳои гуногуни маъноӣ гирифтаанд. Мақсад ҳиҷрон аст. Наззораи рӯ, ҳайрон будан киноя аз ба ёд овардани чеҳраи маҳбуба буда, оби оина, чакидан ба домон, аз мижгон нола аз фироқу ҳиҷрон аст. Оби оина – сӯзиши дил, ба мижгон омадани ашк – ҳузну ғусса ва нола буда, ба домон афтодани он – бенатиҷа, бесамар сомон ёфтани кори ошиқ аст ва ғайра.

Умуман Шавкати Бухороӣ шоири хуб аст ва махсусан дар эҷоди ғазал табъи нисбатан саршортар дорад. Омӯзиши эҷодиёти Шавкати Бухороӣ таҳқиқу фарогирии ҷузъе аз тафаккури бадеии халқи тоҷик дар асри XVII, худшиносӣ ва таърихи ниёгон дар он рӯзгорон аст. Аз тарафи дигар, ғановати таркиби лексикии забони тоҷикӣ ба ҳунари сухансанҷии ҳаммиллатон дар ин аср ба шумор меравад.

Савол ва супоришҳо:

  1. Овони тифлӣ ва ҷавонии Шавкати Бухороӣ чӣ гуна гузаштааст?
  2. Сабаби ҷалои диёр намудани Шавкат дар чист?
  3. Мероси адабии Шавкати Бухороӣ аз чиҳо иборат аст?
  4. Мавзӯъ, мазмун ва мундариҷави ғоявии ғазалиёти Шавкатро баён кунед.
  5. Ғазали «Субҳи пириҳо расиду аҳди хурсандӣ намонд» ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст?
  6. Мазмун ва мундариҷаи ғазали «Дар он саҳро, ки ваҳшат раҳравонро роҳбар бошад»-ро баён кунед.
  7. Шавкат дар эҷоди ғазал ба кадом шоирони гузашта таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст?
  8. Мақом ва пояи шоирии Шавкат дар таърихи адабиёт аз чӣ иборат аст?

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …