Главная / Гуногун / Шартнома оиди хизматрасони (намуна)

Шартнома оиди хизматрасони (намуна)

ш. Душанбе. ” ____” ______2019с.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон”, ки дар оянда “Иҷрокунанда” номида мешавад дар шахсияти Директор Камолов И.Л., ки дар асоси Низомнома фаъолият мекунад, аз як тараф ва _________________________________________________________________________
ки дар оянда “Фармоишгар” номида мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ “Тарафҳо” номида мешаванд, Шартномаи мазкурро дар ин бора ба имзо расониданд:

_obqquuufg01. Мавзӯъи қарордод

1.1. Тибқи қарордоди мазкур Иҷрокунанда ӯҳдадор мешавад бо дархости Фармоишгар оиди ҷудо кардани ҳуҷраҳои меҳмонхона, дар сурати вуҷуд доштани ҳуҷраҳои холӣ барои иқомати Меҳмон (Меҳмонон) дар ҳуҷраҳои меҳмонхонаи “Шумон” (ш. Душанбе, куч. Ф. Ниёзӣ 34) хизматрасони анҷом диҳад. Фармоишгар бошад уҳдадор мешавад ҳаққи ин хизматрасониҳоро пардохт намояд.
1.2. Мӯҳлати иқомати (будубошӣ) Меҳмон (Меҳмонон) дар меҳмонхона дар дархост мувофиқа мегардад.

2. Ӯҳдадориҳои тарафайн.

2.1. Иҷрокунанда ӯҳдадор мегардад:
2.1.1. Саривақтӣ барои Фармоишгар маълумоти зарурӣ ва қобили эътимодро оиди хизматрасониҳо, ки интихоби дурусти онҳоро таъмин кунад, пешкаш намояд.

2.1.2. Маҷмӯи хизматрасониҳоро, ки ба нархи ҳуҷра ворид мегарданд (ҷойҳо дар ҳуҷра) ба иттилоъи Фармоишгар бирасонад.
2.1.3.Тарифи хизматрасониҳои мехмонхонагиро тибќи Замимаи №1 ба «Фармоишгар» пешниҳод менамояд.
2.1.4. Иҷрокунанда ҳақ надорад бе ризояти Фармоишгар бар ивази маблағ, хизматрасониҳои иловагӣ расонад.
2.2. Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад:
2.2.1. Дар ҳолати набудани ҳуҷраҳои холӣ, ҳақ дорад дархости Фармоишгарро рад кунад.
2.3. Фармоишгар ӯҳдадор мегардад:
2.3.1. Тартиби иқомати муқараркардаи Иҷрокунанда ва қоидаҳои бехатарии зиддисӯхториро риоя кунад.
2.3.2. Хизматрасониҳои аз ҷониби Иҷрокунанда ироа додашударо пазирад ва ҳаққи онҳоро дар ҳаҷми пурра пардохт намояд.
2.3.3.Дар ҳолати ҷудо кардани ҳуҷра, “Фармоишгар” ӯҳдадор мешавад, ки маблағи истиқоматро ҳангоми ворид шудан пардохт намояд.
2.3.4. На камтар аз 72 соат пеш аз омадани меҳмон бояд хабаррасонад.
2.3.5. Дар ҳолати огаҳ накардани пешакӣ аз тарафи “Фармоишгар” оиди наомадани меҳмон дар мӯҳлати 72 соат ҷаримаи- арзиши ҳамаи утоқҳои пешакӣ ҷудо намуда, барои шабонарӯзпешбинӣ шудааст.
2.4. Фармоишгар ҳуқуқ дорад:
2.4.1. Қарордоди мазкурро, бо пардохти қисмати хизматрасониии расонидашуда ба Иҷрокунанда ва ҷуброни хароҷоти Иҷрокунанда, ки ӯ бо мақсади иҷрои
қарордод, то дарёфти огоҳинома оиди лағви қарордод анҷом додааст, агарчи ин хароҷот ба бахши муқарраргардидаи нарх ворид нест, дар ҳар замоне лағв кунад.
2.4.2. Ҳангоми маълум гардидани камбудиҳои хизматрасонӣ рафъи бемузди камбудиҳоро талаб намояд.

3. Нархи хизматрасониҳо ва тартиби ҳисобукитоб

3.1. Нархи хизматрасониҳо тибқи “Рӯйхати нархҳо барои иқомат” ва “Рӯйхати нархҳо барои хизматрасониҳои иловагӣ”, ки дар лаҳзаи қабули Дархост фаъол аст ҳисоб карда мешаванд.
3.2.Дар ҳолати бекор кардани бронкунии ҳуҷра аз ҷониби “Фармоишгар” на кам аз 72 соат маблағи брон бардонида намешавад.
3.3 Мукофотдиҳии супоришдиҳанда барои хизматрасонй 10% аз нархи хуҷраи меҳмонхонаро ташкил медиҳад, мувофиқи Замимаи №1
-и шартномаи мазкур

4. Тартиби расонидани хизматрасониҳо
4.1. Сифати хизматрасониҳои пешниҳодшуда, бояд ба шароити қарордоди мазкур ва талаботи ба ин навъ хизматрасониҳо пешбинишуда мувофиқат кунад.
4.2. Иҷрокунанда ӯҳдадор аст ба Фармоишгар бе пардохти иловагӣ, хизматрасониҳои зеринро ироа диҳад:
– даъвати ёрии таъҷилӣ;
– пешкаши оби ҷӯш, сӯзан, ришта, як маҷмӯъ зуруф, корд ва чангол.
4.3. Тартиби иқомат дар меҳмонхона аз ҷониби Иҷрокунанда муқаррар мегардад.
4.4. Иҷрокунанда барои амнияти амволи шахсии Фармоишгар, ғайр аз ашёи қимматбаҳо, пул ва ҳуҷҷатҳо ҷавобгӯст. Ашёи қимматбаҳо, пул ва ҳуҷҷатҳо бояд дар сандуқи оҳанини ҳуҷраи меҳмонхона нигаҳдорӣ шаванд. Барои ашёи қимматбаҳои дар ҳуҷра ё дигар утоқҳои меҳмонхона бе назорат гузошташуда, маъмурият ҷавобгар нест.
Дар ҳолати пайдо кардани ашёи фаромӯшшуда, Иҷрокунанда ӯҳдадор аст фавран соҳиби онҳоро огоҳ намояд.

5. Масъулияти Тарафайн
5.1. Тарафайн мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои расонидани ҷуброн ҳангоми иҷрои Қарордоди мазкур нисбати ҳам, масъулият доранд.

6. Муқаррароти ниҳоӣ
6.1. Қарордоди мазкур аз лаҳзаи басташудани он амал мекунад ва то иҷрои пурраи ӯҳдадроиҳои Тарафайн амал мекунад.
6.2. Қарордоди мазкур дар ду нусхаи аслӣ (муътабар), ҳар нусха барои яке аз Тарафҳотартиб дода шудааст.
6.3. Дар ҳар чизе, ки дар Қарордоди мазкур пешбини нашудааст, Тарафҳо мувофиқи қонунгузории амалкунанда рафтор мекунад.

7. Маълумоти ҳатмӣ (ревизит) ва имзоҳои Тарафайн.

Иҷрокунанда:Фармоишгар:
ҶДММ Сомон
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, к. А Навои 01
РМА 01 10054654544
ҳ.ҷ 202029724165475441565
Ҳ.кор. 204029726544984651654
ҶСК «Контбонк»
БИК 35056484894
Директор _________________
Камоли О.И

Фармоишгар

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …