Главная / Без рубрики / Намунаи Шартнома кафолати бонкӣ

Намунаи Шартнома кафолати бонкӣ

Шартнома оиди пешниҳоди кафолати бонкӣ (иштирок дар озмун)  №10

ш. Душанбе                                                                                         «11» май  2017 сол.         

Филиали ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  «Бонки Тоҷикистон», дар шахси  Сардори филиал дар н.Сино ш. Душанбе  Самиев Суннат, ки дар асоси Ваколатномаи №33/47 аз 14 май  соли 2017 амал менамояд, минбаъд «Кафил» аз як тараф, ва ҶДММ “Тоҷ Экспортон”  дар шахси сардор Азизов Сарахон., ки дар асоси Шаҳодатнома №025489  аз 17 Декабри 2009 сол  дар бораи ба қайдгирии давлатии таъсисёби, ки дар нозироти андози назди ҳукумати чумҳурии Точикистон ш.Душанбе, ба қайд гирифта шудааст, амал мекунад, минбаъд «Принсипал», аз тарафи дигар, минбаъд «ТАРАФҲО» номида мешавад, шартномаи мазкурро оиди зергуфтаҳо ба имзо расониданд:

  1. МАВЗУЪ ВА ШАРТҲОИ ШАРТНОМА

1.1 Шартномаи мазкур муносибати тарафҳоро оиди шартҳои барориш, гардиш ва боздоштани амали кафолати тендерии «Кафил» ба «Принсипал» пешниҳод намударо ба танзим медарорад. Кафолати тендерӣ №18 аз 15 май 2017с  то санаи 01 август соли 2017 эътибор дорад.

            1.2. Кафолатҳои тендерӣ, ки мавзуи Шартномаи мазкур мебошад, аз тарафи «Кафил» №10 аз 15 май 2017с. ба қайд гирифта, дар нусхаи ягона бароварда шуда, ба «Принсипал» барои минбаъд ба танзим даровардани муносибатҳои тарафайн бо «Кафил» дода мешавад.

1.3.Нусхаи кафолат, ки намояндаи ваколатдори «Принсипал» гирифтани онро бо имзояш тасдиқ намудааст, дар дасти «Кафил» нигоҳдори шуда, аз ҷониби Тарафҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи Шартномаи мазкур эътироф карда мешавад.

            1.4. «Принсипал» ба «Кафил» тарифи яквақтаро барои додани кафолати бонкӣ аз руи «Тарофаҳо барои хизматҳои бонкии ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» расонидашаванда ба маблағи 320 (сесаду бист) сомонӣ, ва 3% солона аз маблағи кафолат барои хизматрасонии кафолат пардохт менамояд.

            1.5. Кафолати бонкӣ бо зомонати сардор ва сармуҳосиби ташкилот дода мешавад.

            1.6. Аз рӯи шартҳои Кафолатҳои тендерӣ ҳангоми расидани шарт ва мӯҳлатҳо, «Кафил» ӯҳдадор мегардад, ки ба «Бенефисиар» барои аз тарафи «Принсипал» иҷро накардани аз рӯи шартномаи кафолати бонкӣ (иштирок дар озмун ) №10 маблағи  19000 (нуздаҳ ҳазор ) сомонӣ-ро пардохт намояд. Ҳангоми пайдо гардидани чунин шартҳо ва амалисозии хароҷотҳои иловагӣ аз тарафи «Кафил» барои қонеъгардонии талаботҳои «Бенефисиар», «Принсипал» вазифадор аст ба «Кафил» хароҷотҳои мазкурро, ки ҳуҷҷатӣ тасдиқ карда шудаанд, пардохт намояд.

            1.7. «Кафил», барои пушонидани хароҷотҳои дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳояш аз руи мактуби кафолатии дар боло номбурда ҳуқуқ дорад маблағҳои пулии дар суратҳисоби депозитии «Принсипал», ки дар «Кафил» ва ё дигар бонкҳо кушода шудааст, истифода намояд. Дар сурати норасоии маблағ «Принсипал» ба «Кафил» ҳуқуқ медиҳад, ки аз амволҳои ҳам манқул ва ҳам ғайриманқули доштаи «Принсипал» истифода намояд. Дар ин ҳолат шартномаи мазкур чунин ҳуқуқро бе муроҷиати судӣ ба «Кафил» медиҳад.

           1.8.Барои пушонидани ӯҳдадориҳои пайдошудаи «Принсипал» дар назди «Кафил», ба «Принсипал» 2 (ду) рузи корӣ баъди аз ҳисоби маблағҳои худии «Кафил» ба фоидаи «Бенефисиар» пардохт намудани маблағи муайян дода мешавад, ки бо гузаштани он муҳлат Тарафҳо ӯҳдадории мазкурро кредити додаи «Кафил» ба «Принсипал» бо шарти баргаштпазири дар мӯҳлати як моҳ, бо пардохти 38 (сиву ҳашт) фоизи солона ҳисоб менамоянд. Дар сурати сари вақт тибқи ҷадвал пардохт накардани кредит «Принсипал» ба «Бонк» фоизи ҷаримави дар ҳаҷми 2 % барои ҳар як рӯз аз маблағи асоси мепардозад.

           1.9.Фоизҳои ҳисобшудаи истифодаи кредити «Кафил», ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои «Принсипал» дар назди «Бенефисиар» истифода шудаанд, ҳар моҳа дар охирин рузи кории моҳ бояд пардохта шаванд.

  1. ӮҲДАДОРИИ ТАРАФҲО

2.1. «Кафил» ӯҳдадор мегардад:

-кафолати тендериро тибқи шартҳои бо «Принсипал» мувофиқашуда диҳад;

-ҳармоҳа тибқи банди 1.4.- и шартномаи мазкур фоизи муқарраршударо барои маблағи кафолати бонкӣ ҳисоб намояд.

 -ҳармоҳа дар доираи ҳаҷмҳои муқарарнамудаи шартномаи мазкур фоизҳоро барои бақияи кредити Принсипал, аз руи қоидаҳои истифодамешудаи Кафил ҳисоб намояд.

2.2. «Принсипал» ӯҳдадор аст:

-ба «Кафил» бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои дархостшударо, ки зарурати гирифтани кафолати бонкиро асоснок намуда, имкони баҳогузории хавфи ба муомилот баровардани онро медиҳанд, пешниҳод намояд. Инчунин, дигар маълумотҳоеро, ки барои аз тарафи «Кафил» қабул намудани қарори барориши кафолат аҳамияти ҷиддӣ доранд, пинҳон намекунад;

-ба «Кафил» ҳангоми гирифтани кафолати бонкӣ маблағи комиссионии яквақтаро тибқи тарофаҳо, инчунин минбаъд фоизҳои ҳисобнамудаи «Кафил»- ро, ки дар банди 1.4.- и шартномаи мазкур омадааст, то давраи амали кафолати бонкӣ пардохт намояд;

-ӯҳдадориҳояшро дар назди «Бенефисиар» софдилона иҷро намояд;

-бечуну чаро талаботҳои асосноки «Кафил» оиди пардохти хароҷотҳои ба фоидаи «Бенефисиар» кардаро, тибқи шартҳои кафолати бонкӣ қабул намояд;

-ба «Кафил» маълумотҳои талабнамудаашро, ки ба кафолати бонкӣ дахл доранд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳо, таснифот ба онҳоро, ки «Кафил» талаб намудааст, пешниҳод намояд;

-дар сурати барҳамхурӣ (тағирёбӣ) баргардонидани кафолати бонкии аслиро ба «Кафил» таъмин намуда, пардохти пурраи қарзҳои боқимондаро аз руи кредит бо назардошти фоизҳои ҳисобшуда амалӣ созад;

-ҳангоми зарурат, тибқи талаботи «Кафил», ҳармоҳа дар рузи охирини моҳ, воситаҳои пулии аз дигар талаботҳо озодро дар доираи барои пардохти фоизҳои ҳисобшуда басанда ба суратҳисоби депозитии худ равона созад.

3.ҲУҚУҚҲОИ ТАРАФҲО

3.1. «Кафил» ҳуқуқ дорад:

-ҳангоми муайян намудани ҳолати аз тарафи «Принсипал» ба «Кафил» пешниҳод гаштани маълумотҳои бардуруғ оиди вазъи хоҷагидорӣ ва ё молиявӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳисоби муҳосибавӣ ва пардохт накардани қарзи доштааш дар назди «Кафил», инчунин муайян намудани дигар ӯҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини шудааст, ба сохторҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намояд.

3.2. «Принсипал» ҳуқуқ дорад:

-ҳар вақт, дар давраи амали кафолати бонкӣ нусхаи аслии онро бе талаби баргардонидани тарофаи ҳангоми бақайдгири супорида, баргардонад.

4.ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ

4.1.Шартномаи мазкур ҳангоми аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расониданаш қувва пайдо намуда, то давраи аз ҷниби Тарафҳо пурра иҷро намудани ӯҳдадориҳои тибқи мактуби кафолатӣ доштаашон амал мекунад.

4.2.Тағирот ва иловаҳоро ба шартномаи мазкурро Тарафҳо бо розигии тарафайн дохил намуда, бо Созишномаи иловагӣ онро қонунӣ мекунанд.

            4.4.Баҳсҳо ва гуногунфикрие, ки дар рафти иҷрои шартномаи мазкур пайдо мегарданд, дар доираи тартиботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

            4.5.Дар сурати тағирёбии Тарафҳо ҳуқуқ  ва ӯҳдадориҳо аз руи шартномаи мазкур ба шахси вориси қонунӣ мегузаранд.

            4.6.Шартномаи мазкур дар ду нусхаи дорои қувваи ҳуқуқии баробар тартиб дода шудааст.

 5.СУРОҒАИ ҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО

КАФИЛ ПРИНСИПАЛ
Филиали

“Бонки Тоҷикистон”

дар н.Сино ш.Душанбе

ҶДММ “Тоҷ Экспортон”  
ш. Душанбе н.Сино

хиёбони С.Шерозӣ №08

Н.Рӯдаки ҷ/д Султонобод

Деҳ. Камол

 

___________  Самиев С.

       

 ___________Азизов С.

 

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

moddai-132-kodeksi-ob

Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аҳамияти стратегии давлатӣ доранд

Моддаи 132-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  …