Главная / Гуногун / Шаршараи Сари Хосор

Шаршараи Сари Хосор

Шаршараи Сари Хосор ки воқеъ дар ноҳияи Балҷувон аст, аз ҳама зеботарин шаршараи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин шаршара аз фавораҳои оби мусаффо дар баландии 2010 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои ҳамешасабзи кишвар табиати тоҷиконро зебову оро медиҳад. Баландии шаршара то 57 метрро ташкил менамояд. Масофа аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе то шаршараи Сари Хосор иборат 199 километрро ташкил медиҳад.

Ҳарорати ҳаво дар тобистон рӯзона то + 38 дараҷа ташкил карда шабона бошад +15 дараҷа селсия гарм мебошад. Зимистонаш – 15-25 дараҷа селсия хунук  мебошад. Шаршараи Сари Хосор дар Боғи табии Сари Хосор воқеъ буда ҳамчун макони саёҳии кишвар шинохта шудааст.

sari_xosor_vodopad
Расми Шаршараи «Сари Хосор»

Аз сабаи роҳи ин шаршара душворгузару ноҳамвор аст ва дар назди он ягон меҳмонхона ва ё осоишгоҳи замонавӣ вуҷуд надорад ба он ҷой шаҳрвандон чандон майли рафтанро надоранд. Вале мувофиқи нақшаҳои солҳои наздик рафъи ин камбудӣ дар нақша вуҷуд дорад.

Шахсоне, ки Шаршараи Сари Хосорро диданӣ карданӣ ҳастанд пас ба онҳо тавсия карда мешавад, ки моҳҳои июн ва июл дар ин ҷо ҳозир шаванд, чунки дар дигар моҳҳои роҳҳо пур аз обу сел ва ҳавоаш хунук-салқин аст.

Албата барои мардуми шикордуст табиати пур аз ҳайвону хазандаҳои ёвоӣ холӣ нест ва онҳоро метавонад бо рубоҳ, гург, хирс, ҷайра, хорпушт, бузҳои даштӣ, асп, харгуш, сангпушт, мор ва як қатор дигар …..

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

102668_soc_8

Реализми сотсиалистӣ

Ин ҷараён ба ҳаракати коргарӣ ва пайдоиши иделогияи сотсиалистӣ алоқаманд аст. Он асосан аз Коммунаи …