Главная / Ҷамъият / ШАРОБХОРӢ

ШАРОБХОРӢ

Дар Панҷрӯди замони бобоҳои мо шаробхурӣ вуҷуд надоштааст. Падарони замони бобоям шаробхориро аслан қабул надоштаанд ва шаробхории писаронашонро ҳеч гоҳ таҳаммул намекардаанд. Аксари падарҳои замони падарам худашон шароб нахӯранд ҳам, ба шаробхории писаронашон аз паси панҷа менигаристанд. Ағлаб падарони замони ман бо писаронашон ҳамқадаҳ ҳастанд.

OLYMPUS DIGITAL CAMERA
OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Рӯзе яке аз амакҳоям маро, ки ҳамроҳашон будам, ба мо- шини тағоям савор карда, ба мавзеи хушобуҳавои истироҳатии Куррабанд, ки 5-6 километр ҷанубтар аз деҳа, дар роҳи Кӯли Калон воқеъ аст, бурданд. Ман дар сари зонуи амакам менишас- там, тағоям мошин меронданд. Шояд он замон ман 4-5 сола буда бошам. Дар ин мавзеъ дӯстони амаку тағоям пеш аз мо расида ба пухтупаз ва истироҳат машғул буданд. Амаку тағоям низ ба онҳо пайваста, дастархон густурданд ва ба зиёфатхӯрӣ нишастанд. Ман ба бозӣ машғул шудам, онҳо ҳар замон маро даъват карда, чизе барои хӯрдан медоданд. Тарафи бегоҳ мо боз ба мошин нишаста, ба деҳ сарозер шудем. Онҳо байни худа- шон суҳбат мекарданд ва баланд-баланд механдиданд. Гоҳ-гоҳ бо ҳам русӣ суҳбат мекарданд. Ман маънои калимаҳои русиро намефаҳмидам, вале онҳо аҷиб садо медоданд. Дар зеҳнам ка- лимаҳои ҷолибашро такрор мекардам.

Вақте ба деҳа расидем, тағоям ману амакамро фуроварда, худашон бо мошин ба хонаашон рафтанд. Амакам ба хона равон шуданд ва ман аз пасашон давида мерафтам. Роҳи хонаи авло- дии мо, ки амакам ҳам он ҷо мезистанд, аз кӯтали Усто Сангин боло мерафт. Ман каме ақиб мондам. Вақте расида, аз дарвоза даромадам, Бобоҷонро дидам, ки бо асабоният рӯи ҳавлӣ қадам зада, бо садои баланд касеро дашномборон мекарданд:

– Дафъ шавад, ман аз ҳафт пушти ин хел фарзанд безорам! Ҳаромхӯр, хонаву дарамро ҳаром кард! Ман чӣ хел ба чашми мардум нигоҳ мекунам?! Ҳама мегӯяд, ки писари Абдухолиқ вудка хӯрдааст! Ман аз ин хел писар безорам! Ҳе, вудка сарата хурад! Дар чархи мошинат хок! – Бобоҷон аз хашм якбора асои дасташонро ба тирезаи хона заданд, ки шишаҳои он шикаста, ҷарангос зада рехт. Ман, ки фарзанди эркаи хонадон ва ҳамеша мавриди навозиши бобоям будам, ӯро ҳеч гоҳ асабонӣ надида будам, фақат ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҳамон калимаи русии вудкаи дар мошин чанд бор такрор кардаи тағову амакам са- баби хашми Бобоҷон шудааст. Аммо ба гуфти шоир Парвини Эътисомӣ:

Маро дар кӯдакӣ шавқи дигар буд, Хаёлам з-ин ҳаводис бехабар буд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …