Главная / Ҷамъият / ШАРОБ ВА ПАДАРАМ

ШАРОБ ВА ПАДАРАМ

Гарчанде ин воқеа аз ҷиҳати замонӣ хеле баъд рӯй додааст, дар ҳамин ҷой оварданаш ба назарам муносибтар намуд.

Дар замони Шӯравӣ дар мағозаҳо шишаи об фурӯхта наме- шуд. Дар шишаҳо асосан машрубот фурӯхта мешуд. Фақат як – ду намуд оби маъданиро дар шишаҳо мефурӯхтанд, ки хеле бадтаъм буданд ва касе онҳоро намехарид. Барои ошомидан дар деҳот оби рӯду ҷӯйбор, дар шаҳрҳо оби лӯлаи ошхона ис- тифода мешуд.

vodka-iz-sОдамон бо истеҳзо мегуфтанд, ки дар олами сармоя ҳама чиз фурӯхта мешавад, ҳатто об! Ва на ҳама ба ин бовар мекард. Мегуфтанд, охир, об дар табиат фаровон аст, кадом беақл онро мехарад? Сар меҷунбонданду ба хулоса меомаданд, ки ин най- ранги савдогарону ҳаннотон аст, аввал обро аз худ мекунанд ва баъд мефурӯшанд. Ба ҳоли мазлумони рӯи дунё, ки сармоядо- рон бо зулм ба онҳо ҳатто обро бепул намедиҳанд, дилсӯзӣ мекарданд. Дар натиҷаи баҳс ба хулоса меомаданд, ки беҳтарин кишвари дунё ҳамин кишвари худамон аст.

Рӯзе бо мошин падару модарамро ба осоишгоҳи Зумрад, ба шаҳри Исфара мебурдам. Падарам изҳори ташнагӣ карданд. Дар нимароҳи байни Хуҷанду Конибодом як бозори нав сохта буданд, ки хеле серодам буд. Мо аз мошин фуромада, бозорро чарх задем ва ҳини баргаштан ман чанд шиша об харидам. Вақте ба мошин нишастем, яке аз онҳоро ба падарам дароз кардам.

  • Чист? – пурсиданд он кас.
  • Об, – гуфтам ва мошинро гирон карда, ҳай кардам. Па- дарам шишаро кушода нӯшиданд ва «худоро шукр» гуфтанд. Дар Панҷрӯд баъди нӯшидани об шукр кардан ба худо ҳатмист. Шӯхиям боло гирифта:
  • Нӯшидед? – гуфта пурсидам.
  • Ҳа, раҳмат, – ҷавоб доданд падар.
  • Саратон чарх назад? – шӯхиро идома додам ман.
  • Барои чӣ? – пурсиданд бо шубҳа ба ман нигариста пада- рам.
  • Охир ин спирт дорад, – ба шишаи дасташон ишора кар- дам ман.
  • Наход?! – садои падарам боло омад. Ман базӯр хандаамро фурӯ бурда ба сӯи падарам нигоҳ кардам ва фаҳмидам, ки чӣ шӯхии аҳмақонае кардаам. Ранги рӯи падарам сап-сафед канда буд. Ҳар гоҳ ки ин воқеаро ба ёд меорам, дилам ба ёди падар гум мезанад ва ин байти Шайх Саъдӣ ба забон меояд:

Ман он наям, ки ҳалол аз ҳаром нашносам, Шароб бо ту ҳалол асту об бе ту ҳаром.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …