Главная / Ҷамъият / ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ  

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳоҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

                                                    БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Қонуни мазкур ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии соҳаҳои инфрасохтор ва хизматрасонии ичтимоӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мувофиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд, татбиқ мегардад.
  2. Объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоиро, ки нисбат ба онҳо қонуни мазкур татбиқ карда намешавад,ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  3. Қонуни мазкур ба амалҳои зерин татбиқ карда намешавад: хариди мол, кор ва – хизматрасонй мутобики Қонуни

Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»;

хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ ва корхонаҳои давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

додани ҳама гуна ҳуқуқҳо барои истифодаи сарватҳои зернзаминӣ мутобиқи конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи консессияҳо»;

татбиқи лоиҳаҳои қарзии (маблағҳои грантии) ҷудокардаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки мувофиқи қоидаҳои ин ташкилотҳо ба танзим дароварда шуда, иҷрои қоидаҳои мазкур дар доираи ӯҳдадориҳои ба., зиммагирифтаи Тоҷикистон ва мутобиқи онҳо ҳатмӣ аст.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

–  шарикии давлат ва бахши хусусӣ – ҳамкории шарикони давлатӣ ва хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

–    шарики давлатӣ – мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

–    бахши хусусй – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие, ки муассиси он шахси вокеӣ ва ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ мебошад;

–    шарики хусусӣ – сохибкори инфиродӣ ва ё шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасониро дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд;

–   инфрасохтор – маҷмуи иншооту биноҳо, системаҳо ва соҳторе, ки барои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, муҳаӣё кардан ва беҳтар сохтани шароити зисти ҷамъият зарур мебошанд, аз ҷумла низоми нақлиёт, таъминоти об ва барқ роҳҳо, пулҳо ва системаи коммуникатсионӣ;

–   лоиҳаи инфрасохтор – лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объекта нави инфрасохтор ва ё таҷдид, навсозӣ, васеъкунӣ ва истифодаи ҳар як объекта инфрасохтор;

–  лоиҳаи хизматрасонӣ дар сохаи иҷтимой – лоиҳакашӣ, таҳия ва фаъолияти сохторҳое, ки бевосита ё бавосита ба ҷамъият дар тули на камтар аз се сол хизмати иҷтимоӣ (маишӣ, тиббӣ, равонию педагоги ва ғайра) мерасонанд, ки онҳо то оғози лоиҳа тобеи ташкилоти фармоишгар буданд;

–   лоиҳаи шарики – лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, ки байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ мутобики Қонуни мазкур анҷом дода мешавад;

–    ташкилоти фармоишгар – мақомоти марказӣ ва ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ дар доираи Қонуни мазкур ваколат доранд;

–    созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – (минбаъд – Созишнома) – санади ҳуқуқие, ки уҳдадории баӣни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ ва шартҳои татбиқи лоиҳаро мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар менамояд;

–   пардохти ҳаққи хизматрасонӣ – ҳуқуқ ё ваколате, ки ба шарики хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар барои пушонидани хароҷоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида бо роҳи ситонидани хироҷ аз истифодабарандагони лоиҳаи шарикӣ дода шуда, хироҷ, тариф ва дигар пардохтҳоро дар бар мегирад;

механизми оцилона – механизмест, ки дар доираи он ташкилоти фармоишгар метавонад ҳамаи уҳдадориҳои молиявиеро, ки эҳтимол дорад иҷро кунад дар доираи Созишнома аз ҳисоби маблағи мавҷуда ё ояндаи буҷетии худ иҷро намояд;

– дороиҳо (активҳо) – захираҳое, ки дар натиҷаи амалиётикаблӣ  ба даст овардашуда, ба ташкилоти фармоишгар таалуқ дорад ё захираҳои наве, ки бо мақсади ҳамроҳ шудан ба Созишнома ва гирифтани фоидаи иктисодӣ ба даст оварда мешаванд;

–   иштироки консорсиум – пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ пешниҳод шудааст;

–    пешниҳоди дархостнашаванда – ҳар гуна пешниҳоде, ки на ҳамчун ҷавоб ба дархости ташкилоти фармоишгар берун аз расмиёти интихоб тибқи Қонуни мазкур манзур карда мешавад;

–   иҷро накардани уҳдадориҳои моддӣ – ҳама гуна ҳолати қодир набудани шарики хусусӣ барои иҷро кардани ягон уададорӣ дар доираи Созишнома, ки ба хизматрасонӣ ба ҷамъият таъсир мерасонад ё таъсир хоҳад расонд ва баъди давраи тулонӣ ва баъди он ки шарики хусусӣ дар бораи иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ташкилоти фармоишгар огоҳинома гирифтааст, иҷро нашуда боқи мемонад;

–    довталаби афзалиитдошта – иштирокчии тендер, аз ҷумла консорсиум, ки ҳамчун иштирокчии муваффаки тендер интихоб гардидааст;

–   мақоми танзимкунанда – мақоми ваколатдори давлатие, ки ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рушди инфрасохтор ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ дар бахши иҷтимоӣ дода шудааст;

–    мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ – (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ва ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шудааст;

–    Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ – мақоми мушовара, ки аз ҷумлаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳури и Тоҷикистон таъсис дода мешавад;

–   таносуби нарх ва сифат – иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё истифодаи моликияти давлатӣ аз ҷониби шарики хусусӣ мувофиқи Созишномае, ки барои ташкилоти фармоишгар ё истеъмолкунанда фоидаи холис медиҳад ва он аз нигоҳи хароҳот, нарх, сифат, миқдор, таҳвили хавф ё маҷмуи онҳо муайян карда мешавад;

–     марҳилаи татбиқ – марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъд аз расидан ба марҳилаи баанҷомрасии маблағгузории лоиҳаи шарикӣ фаро мерасад;

–     тендер (озмун) – чорабиние, ки тибқи Қонуни мазкур бо мақсади интихоби одилонаи шарики хусусӣ (консорсиум) аз байни довталабон барои иҷрои самараноки лоиҳаи шарикӣ гузаронида мешавад;

хуччатҳои тендерӣ – маҷмуи ҳуҷҷатҳои дороӣ шартҳо ва тартиби гузаронидани тендер, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба шарики хусусӣ барои таҳияи дархости тендерӣ пешниҳод карда мешавад;

–   асосноккунии техникию иктисодӣ – арзёбии техники, молиявӣ, иктисодӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии ҳавфҳои асосӣ ва самаранокии лоиҳа;

–      ишгирокчии тендер – шарики хусусие, ки дар ҷараёни интихобкунӣ оид ба иҷрои самараноки лоиҳаи шарики мутобиқи Қонуни мазкур иштирок мекунад;

–   марҳилаи тендер – марҳилаи лоиҳаи шарики, ки аз лаҳзаи ба гузаронидани тендер розигӣ додани Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ оғоз гардида, баъд аз маъқул донистани лоиҳаи Созишнома аз ҷониби ҳамин Шуро ба анҷом мерасад;

–  марҳилаи баанҷомрасии Созишнома – марҳилаи лоиҳаи шарики, ки баъди аз ҷониби Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок эътироф гардидани лоиҳаи Созишнома оғоз гардида, пеш аз марҳилаи татбиқ, ва ё баанҷомрасии тиҷоратӣ ба охир мерасад (агар баанҷомрасии молиявии Созишнома зарур бошад).

Моддаи 3. Қонунугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
  2. Дар ҳолати мухолифати муқаррароти қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзим ва татбиқи муносибатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ муқаррароти Қонуни мазкур истифода бурда мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар бар мегиранд, бояд ба муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқат намоянд.

БОБИ 2. МЕХАНИЗМАМ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумхурим Тоҷикистон

Ба салохияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳхои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мансубанд:

– таъсиси Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он;

– муайян кардани номгуи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда намешавад;

–  муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ.

Моддаи 5. Вазифаҳои асосии Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

  1. Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд – Шӯро) дорои вазифаҳои зерин мебошад:

ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгуи объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ, ки нисбат ба онҳо Қонуни мазкур татбиқ, карда намешавад;

баррасии масъалаҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;

баррасии пешниходҳои пешакии лоиҳавӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти натиҷаҳои асосноккунии техникию иқтисодии зарурӣ ва тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;

баррасии пешниходҳои лоиҳавии манзурнамудаи ташкилоти фармоишгар бо назардошти тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;

баррасии лоиҳаи созишномаҳое, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар тибқи тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст;

додани тавсияҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми танзимкунанда ва ташкилоти фармоишгари манфиатдор ба лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла дар ҳолати зарурӣ додани тавсияҳо оид ба идораи чунин лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, имзои Созишнома ё марҳилаи татбиқ;

ҳалли фаврии масъалаҳои марбут  ба идораи лоиҳаҳои шарикӣ дар марҳилаи гузаронидани тендер, ба имзо расонидани Созишнома ё татбиқи лоиҳа, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё узви Шӯро бо ташаббуси худи онҳо пешниҳод карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ додани тавсия ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгар;

ба ташкилоти фармоишгари дахлдор барои санҷиш ва арзёбӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дархостнашаванда ё пешниҳодҳои бо ташаббуси худ пешниҳодгардидае, ки Шӯро қабул намудааст;

муқаррар намудани муҳлати додани розигӣ ба пешниҳоди пешакӣ оид ба лоиҳаҳои шарикӣ, дархостҳо барои манзур кардани пешниҳодҳо ва бастани созишномаҳо, инчунин давра ба давра таҷдиди назар намудани онҳо.

  1. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар ҳолати мавҷуд будани асосноккунии ташкилоти фармоишгари дахлдор ба инобат мегирад ва нисбат ба масъалаҳои барои баррасӣ пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархостҳо, пешниҳодҳо ва созишномаҳо оид ба маъқул донистан, тағйир додан ё рад кардан қарор қабул мекунад
  2. Шӯро ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ метавонад:

        – пеш аз қабули қарор оид ба ҳар Созишнома ба ташкилоти фармоишгар ё мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё мақоми танзимкунанда гузаронидани таҳкиқоти  заруриро вогузор намояд;

        – аз ташкилоти фармоишгар, мақоми танзимкунанда, шарики хусусӣ, мақоми давлатӣ ва ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод намудани иттилоот, ҳуҷҷатҳо, тафсилот ва дигар маълумоти вобаста ба лоиҳаи шарикиро талаб намояд;

– ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани ёрии иловагии тахассусӣ ё техникӣ дар асоси супориши техникии маъкулдонистаи Шӯро супориш диҳад;

– ҳангоми гузаронидани санҷиш, таҳдил ва мониторинга лоиҳаи шарикӣ иштирок намояд.

  1. Шӯро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилоти фармоишгар нисбат ба ҳар лоиҳаи шарикӣ супориш дода метавонад.
  2. Шуро мониторинг гузаронида, назорати фаъолияти мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъмин менамояд.
  3. Фаъолияти Шӯро дар Низомномаи Шӯро муайян карда мешавад.

Моддаи 6. Ваколатҳо ва фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ

  1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дохил мешаванд:

        1)    Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ.

        2) Амалӣ намудани фаъолият ба сифати котиботи Шӯро, пешбурди коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии ҷаласаҳои Шӯро.

        3) Муайянсозии масъалаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баррасии Шӯро пешниҳод намудани онҳо.

       4)  Таҳияи дастурҳои техникӣ-методологӣ барои лоиҳаи шарикӣ.

       5)   Ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кумак ба ташкилотҳои фармоишгар оид ба лоиҳаҳои шарикӣ.

      6)  Таъмин намудани омузиши ташкилотҳои фармоишгар нисбат ба ташаббусҳои шарикӣ.

      7) Баррасии асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешниҳод шудааст.

       8) Тибқи дархости ташкилоти фармоишгар расонидани кумак ҳангоми таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикии пешниҳодшуда.

       9)  Баррасӣ намудани лоиҳаи пешакии шарикӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии замимагардида, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидааст ва додани тавсия ба ташкилоти фармоишгари дахлдор дар мавриди он ки лоиҳаи пешниҳодшуда барои ташкилоти фармоишгар тибқи механизми оқилона мебошад ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:

      а)      риояи таносуби нарх ва сифат;

      б)       имконпазирии татбиқи он.

     10)  Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба пешниҳодҳои пешакии манзуршуда ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шарикӣ.

     11)    Баррасии дархостҳои расмии ташкилоти фармоишгар барои изҳор намудани манфиатдорӣ ба ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ.

     12)     Баррасии ҳисоботҳои интихоби пешакии пешниҳоднамудаи ташкилоти фармоишгар.

       13)  Ба Шӯро додани тавсияҳо оид ба дархости ташкилоти фармоишгар дар асоси таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаи пешниҳодгардида, аз ҷумла таҳлили сабукиҳо ё имтиёзҳое, ки аз тараф ё аз номи ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ дода шудаанд.

      14)  Таҳияи тавсияҳо нисбат ба созишномаҳое, ки мутобиқи моддаи 21 Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба Шӯро пешниҳод шудаанд.

      15)  Гузаронидани мониторинги лоиҳаҳои татбиқшавандаи шарики, ки ташкилотҳои фармоишгар идора мекунанд.

      16)    Бе таъхир пешниҳод намудани ҳисобот аз рӯи дархости Шӯро нисбат ба фаъолияти ташкилоти фармоишгар оид ба идораи лоиҳаҳои шарики ҳангоми ба миён омадани мушкилот дар гузаронидани тендер, бастани Созишнома ё татбиқи хар лоиҳаи шарикӣ.

     17)      Дар мавриди зарурӣ таҳия намудани:

       а)супоришҳои стандартии техникӣ барои мушовирони аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ҷалбшуда;

       б)ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ;

       в)муқаррароти стандартии Созишнома.

    18)       Иҷро намудани дигар вазифаҳо, дастуру супоришҳои Шӯро дар доираи Қонуни мазкур.

  1. Фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва сабтҳои заруриро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус нигоҳ медорад.

Моддаи 7. Тартиби аз ҷониби Шӯро тасдиқ гардидаии асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои шарикӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар асосноккунии техникию иқтисодии ибтидоии ҳар як лоиҳаи пешниҳодгардидаи шарикиро бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад ё фармоиш медиҳад ва онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар баъди ба анҷом расидани. асосноккунии техникию иктисодӣ ва гузаронидани машваратҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа ба Шӯро пешниҳоди лоиҳавиро, ки асосноккунии техникию иқтисодии баанҷомрасидаро дар бар мегирад, барои баррасӣ ва тасдиқ манзур менамояд.
  3. Ташкилоти фармоишгар марҳилаи гузаронидани тендерро оид ба лоиҳаҳои шарикии пешниҳодшуда баъд аз гирифтани розигии Шӯро оғоз менамояд.
  4. Дар сурати лоиҳаи шарикиро оид ба оғоз намудани марҳилаи гузаронидани тендер маъқул донистани Шӯро ҳар пешниҳоди ҷолиби асосноккунии техникию иқтисодии баррасишуда, аз ҷумла пешниҳод оид ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат, таҳвили назарраси хавфҳои техники, амалиётӣ ва молиявӣ ташкилоти фармоишгар фавран:

     – ба .мақоми ваколатдори давлатӣ тафсилоти тағйироти пешниҳодшаванда, аз ҷумла дархост оид ба мақсадҳо ва таъсири тағйироти пешниҳодшаванда ба даромаднокӣ, таносуби нарх ва сифат ва арзёбии таҳвили хавфҳои дар асосноккунии техникию иктисодӣ мавҷудбударо пешниҳод менамояд;

    – ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ирсол намудан ба Шӯро лоиҳаи тағйирдодашудаи асосноккунии техникию иқтисодиро пешниҳод намояд.

Моддаи 8. Уҳдадориҳои асосии ташкилоти фармоишгар

Ташкилоти фармоишгар:

–     уҳдадориҳои асосӣ оид ба идораи марҳилаи муайянкунии лоиҳаи шарикӣ, гузаронидани тендер, бастани Созишнома ва татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикиро дар доираи ваколатҳои худ иҷро мекунад;

–    дастурҳои Шӯроро нисбат ба идораи ҳар марҳилаи лоиҳаи шарикӣ риоя карда, барои иҷрои он мусоидат менамояд. Чунин дастурҳо танҳо баъди машварат бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгари дахлдор дода мешаванд;

–  мутобиқи қисми 2 моддаи 18 Қонуни мазкур дафтари расмиёти интихоб дорад ва онро мутобиқи моддаи 26 Қонуни мазкур нигоҳ медорад;

–   стратегияи баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолиро оид ба вазифаҳо, сохтор ва ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаи шарикӣ таҳия ва татбиқ менамояд;

–     ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯро оид ба идораи лоиҳаҳои шарикии татбиқшаванда, марҳилаи гузаронидани тендер, марҳилаи бастани Созишнома ва марҳилаи татбиқи ҳар як лоиҳаи шарикӣ ҳисоботи семоҳа ва солона пешниҳод менамояд;

–  барои арзёбӣ намудани пешниҳодҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳ

                                                  БОБИ 3. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ ТЕНДЕРӢ

Моддаи 9. Принсипҳои гузаронидани тендер

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тендер дар асоси принсипҳои зерин гузаронида мешавад:

          – адолатнокӣ – ҳуқуқҳои баробари ҳамаи иштирокчиёни тендер, вокеъбинӣ ва беғаразӣ ҳангоми интихоби шарики хусусӣ, шарикии мутақобилан фоиданоки давлат ва бахши хусусӣ, тақсимоти мувофиқашудаи ваколатҳо, ҷавобгарӣ ва хатарҳо;

– баробарӣ – ҷавобгарии баробари давлат ва шарики хусусӣ дар назди қонун;

          – беғаразӣ – холисона гузаронидани тендер ва интихоби ғолиби тендер;

шаффофият – дастрасии баробар ба маълумот барои бахши хусусӣ ва ҷамъият дар ҳамаи марҳилаҳои тендер бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

рақобати солим – мавҷуд набудани маҳдудият ва поймолкунии ҳукукӣ иштирок дар тендер;

волоияти Қонун – иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии Ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, бахши хусусӣ ва дигар шахсони манфиатдор ҳангоми баргузории тендер.

  1. Расмиёти аз рӯи лоиҳаҳои шарикӣ гузаронидани тендер бо меъёрҳои Қонуни мазкур танзим карда мешаванд.

Моддаи 10. Дархост барои изҳор намудани манфиатдорӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии Шӯро мутобиқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ омода менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар дархости изҳори манфиатдориро бо замимаи ҳуҷҷатҳои дахлдори тендерии интихоби пешакӣ, барои гирифтани розигии хаттӣ ҷихати эълон намудан, даъват кардан, ба имзо расонидан ё дархости пешниҳоди тендерӣ оид ба тендер, оғоз кардани расмиёти интихоби пешакӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  3. Дархости изҳори манфиатдорӣ дороӣ маълумоти зерин мебошад:

тавсифи лоиҳаи шарикӣ; зикри унсурҳои ҳатмии лоиҳаи шарикӣ; хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;

чорабиниҳои молиявие, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешбинӣ мешаванд;

тавсифи мухтасари шартҳои асосии ҳатмии Созишнома; усул ва ҷойи пешниҳоди дархост барои интихоби пешакӣ ва муҳлати пешниҳод, сана ва вақте, ки ба иштирокчиёни тендер барои омодасозӣ ва пешниҳод намудани дархости изҳори манфиатдорӣ муҳлат медихад;

усул ва ҷойи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби

пешакӣ;

дархости дахлдор дар хусуси он ки ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад пешниҳодро баъди ба анҷом расидани расмиёти интихоби пешакӣ танҳо аз миқдори маҳдуди иштирокчиёни тендер, ки ба меъёрҳои интихоби пешакӣ бештар ҷавобгӯ мебошанд, талаб намояд.

  1. Дархости изҳори манфиатдорӣ мувофиқи низом ва меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур интишор карда мешавад.
  2. Ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ маълумоти зеринро дар бар мегиранд:

меъёрҳои интихоби пешакӣ; имконпазирии иштироки консорсиумҳо; маҳдудиятҳо, агар онҳо нисбат ба шумораи иштирокчиёни пешакӣ интихобгардидаи тендер барои супоридани пешниҳодҳо баъди баанҷомрасии расмиёти интихоби пешакӣ мавҷуд бошанд ва ҳангоми зарурат усуле, ки мутобиқи он интихоби мазкур сурат мегирад;

имконпазирии таъсиси шахси ҳуқуқии мустакили довталаби афзалиятдошта бо дархости ташкилоти фармоишгар мутобиқи моддаи 27 Қонуни мазкур.

Моддаи 11. Меъёрҳои интихоби пешакӣ

Меъёрҳои мутобикати иштирокчӣ (довталаб) барои гузаштан аз расмиёти интихоби пешакӣ, ки дар ҳуҷҷатхои тендерй зикр шудаанд:

доштани тахассуси дахлдори касбию техники ва захираҳои инсонию моддие, ки барои иҷрои ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ зарур аст;

доштани қобилияти дахлдори идоракунӣ, ташкилотчигӣ, эътимоднокӣ ва таҷрибаю малака, аз ҷумла таҷрибаи корӣ дар соҳаи татбики лоиҳаҳои шарикӣ;

доштани қудрати дахлдори молиявӣ барои маблағгузорӣ ва ё таҷриба дар ташкили маблағгузорӣ ва сармоягузориҳои зарурӣ барои лоиҳаи шарикӣ;

иштирок накардан дар баҳсҳои судӣ аз лаҳзаи супоридани пешниҳоди лоихавӣ, ки метавонад ба қобилияти иштирокчӣ (довталаб) чиҳати татбиқи лоиҳаи шарикӣ таъсири манфӣ расонад.

Моддаи 12. Иштирок дар консорсиумҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар ҳангоми пешниҳод кардани дархости изҳори манфиатдорӣ метавонад ба иштирокчиёни (довталабони) тендер, ки консорсиум таъсис додаанд, чиҳати иштирок дар тендер мутобиқи қоидаю талаботи муқаррарнамудаи худ иҷозат диҳад. Дар ин ҳолат мутобиқати консорсиум ба талаботи меъёрҳои интихоби пешакӣ, ки моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешавад, —
  2. Агар ташкилоти фармоишгар дар ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳар як узви консорсиум бавосита ё бевосита дар як вақт ҳуқуқи танҳо дар як консорсиум иштирок карданро дорад.
  3. Ҳангоми баррасии тахассуси консорсиуми дар тендер иштироккунанда, ташкилоти фармоишгар қобилияти ҳар як аъзои консорсиумро баррасӣ карда, баҳо медиҳад, ки оё тахассусҳои якҷояи узви консорсиум барои конеъ кардани талаботи ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ мутобиқат мекунанд.
  4. Ҳангоми таъсис додани консорсиум барои иштирок дар тендер яке аз аъзоҳи консорсиум пешбар таъин карда мешавад ва барои консорсиум уҳдадор мебошад.
  5. Дар сурати аз ҳайати консорсиум баромадани яке аз узви он, консорсиум барои тамоми уҳдадориҳо масъул мебошад.

Моддаи 13. Арзёбии тахассусҳо ва маъкул донистани натиҷаҳои интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар тахассусҳои ҳар як иштирокчии тендерро, ки дар интихоби пешакӣ изҳори манфиатдорӣ намудааст, бо истифодаи меъёрҳое, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ва Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, арзёбӣ карда, онро ба баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар ҳамаи иштирокчиёни (довталабони) пешакӣ интихобгардидаи тендерро баъд аз маъқул донистани мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур барои супоридани пешниҳодҳои тендерӣ даъват менамояд.
  3. Ташкилоти фармоишгар баъд аз арзёбии пешниҳодҳои тендерии интихоби пешакӣ ҳисоботи интихоби пешакиро бо зикри мутобиқат ба меъёрҳои интихоби пешакӣ таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
  4. Ҳисоботи интихоби пешакӣ дороӣ маълумоти зерин мебошад:

–    пешниҳодҳои тендерии муайянкунандаи имконияти шарики хусусӣ оид ба татбиқи самаранок, идора, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ нисбат ба лоиҳаи шарикии манзуршуда;

–   дар мавриди зарурат иттилоот оид ба таҳлили қаноатбахши анҷомдодаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо машварати ташкилоти фармоишгари манфиатдор нисбат ба иқтидор ва тахассусҳои шарикони хусусии интихобгардида барои баанҷомрасонии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида;

–     таҳия ва татбиқи стратегияи иттилоотонии ҷомеа оид ба шиносоии аҳли ҷомеа бо вазифа, сохтор ва рафти иҷрои лоиҳаи шарикие, ки ташкилоти фармоишгар пешниҳод намудааст.

Моддаи 14. Аз ҷониби Шӯро маъқул донистани дархост барои супоридани пешниҳодҳо

  1. Баъд аз маъқул донистани ҳисоботи интихоби пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҳия намуда, онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дархост барои супоридани пешниҳодҳоро таҷдиди назар карда, ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Баъд аз гирифтани розигии  Шӯро оид ба додани дархост барои супоридани пешниҳодҳо ташкилоти фармоишгар дархости мазкурро ба ҳар як иштироккунандаи пешакӣ интихобгардидаи тендер, ки арзиши онро мепардозад, пешниҳод менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар ба мақоми ваколатдори давлатӣ таҳлили пурраи ҳуқуқӣ ва молиявии ҳар як Созишномаро, ки ба дархости ниҳоӣ барои манзур кардани пешниҳодҳо замима карда мешавад, пешниҳод менамояд. Таҳлили ҳуқуқӣ ва молиявии мазкур ҳамаи омилҳои (асосҳои, сабабҳои) сармоягузориро, ки ба бахши хусусӣ аз номи ташкилоти фармоишгар пешниҳод карда мешавад, дар бар мегирад.

Моддаи 15. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо

  1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо, бо замимаи пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ дар шакли ҳуҷҷати алоҳида пешниҳод карда мешавад.
  2. Мундаридаи дархост барои супоридани пешниҳодҳо номгуи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва лоиҳаи Созишномаи пешниходгардида оид ба лоиҳаи шарикии дахлдорро дар бар мегирад.
  3. Дар пешниҳоди техникӣ ба тарҳи умумии лоиҳаи шарикӣ, инчунин ба сифати муносиб ва шартҳои иҷро, аз ҷумла талаботи ташкилоти фармоишгар нисбат ба стандартҳои беҳатарӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ карда мешавад. Пешниҳоди молиявӣ арзиши миёнаи лоиҳаи шарикии пешниҳодшавандаро дар тамоми давраи лоиҳа дар бар гирад.

Моддаи 16. Мазмуни дархост барои супоридани пешниҳодҳо

Дархост барои супоридани пешниҳодҳо маълумоти зеринро дар бар мегирад:

маълумоти умумие, ки мумкин аст аз ҷониби иштирокчии (довталаби) тендер барои омодасозӣ ва супоридани пешниҳоди онҳо талаб карда шавад;

меъёрҳо барои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ ва пешниҳодҳои техникии ҳадди ниҳоӣ, ба шарте, ки онро ташкилоти фармоишгар барои муайян кардани пешниҳодҳои номатлуб муқаррар карда бошад, ҳаҷми қиёсӣ, ки барои ҳар меъёр ва усули арзёбии меъёрҳо ва ҳадҳо ҳангоми арзёбӣ ва рад намудани пешниҳодҳо истифода мешаванд;

санаи пешниҳодҳоро супоридани иштирокчиёни тендер, ки барои омода намудан ва супоридани онҳо мутобиқи таҳрири ниҳоии дархост барои супоридани пешниҳодҳо муҳлати кофӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 17. Таъминоти тендерӣ

  1. Дархост барои супоридани пешниҳодҳо талабот нисбат ба додан, шакл ва воситаҳои пешниҳод, ҳамчунин маблағ ва дигар шартҳои муҳими таъминоти тендериро муқаррар мекунад.
  2. Иштирокчии тендер ҳуқуқӣ таъминоти тендериеро, ки аз у талаб карда мешавад, набояд аз даст диҳад, ба истиснои ҳолатҳои зерин:

бозхондан ё тағйир додани пешниҳод баъди гузаштани муҳлати муайян;

қодир набудан ба имзо кардани Созишнома. агар ин аз ҷониби ташкилоти фармоишгар баъди он ки пешниҳод қабул гардидааст, талаб карда шавад;

қодир набудан ба пешниҳод кардани таъминоти зарури барои иҷрои Созишнома баъди он ки пешниҳод қабул карда шудааст ё ба конеъ гардонидани дигар шартҳо қабл аз баимзорасонии Созишнома, тавре ки дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зикр гардидааст.

Моддаи 18. Тартиби тавзеҳ ва тағйир додани дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад бо ташаббуси худ ё дар натиҷаи дархост барои тавзеҳ аз ҷониби иштирокчии тендер ҳама гуна ҷанбаи дархостро баррасӣ намуда, тавзеҳ ё тағйир диҳад.

Ташкилоти фармоишгар дар дафтари расмиёти интихоб моҳият ва асоснокии ҳар тавзеҳот ё тағйироти дархостро барои супоридани пешниҳодҳо қайд карда, ба ҳама иштирокчиёни тендер, бо ҳамон усуле, ки дархост барои супоридани пешниҳодҳо дастрас карда мешавад, дар муҳлати қобили қабул, вале на дертар аз 7 рузи тақвимӣ то муҳлати ниҳоии супоридани пешниҳодҳо дастрас менамояд.

Моддаи 19. Арзёбии пешниҳодҳо

  1. Ташкилоти фармоишгар барои арзёбии пешниҳодҳо комиссияи арзёбӣ таъсис медиҳад. Дар комиссиям арзёбӣ бояд намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ аъзо бошад.
  2. Арзёбии пешниҳодҳо мутобиқи меъёрҳои арзёбӣ, вазни қиёсии ба чунин меъёр пешбинишуда, раванди арзёбии пешниҳодҳо дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо дарҷ ва амалӣ мегардад.
  3. Барои татбиқи мақсаду вазифаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ташкилоти фармоишгар метавонад нисбат ба пешниҳодҳои техникию молиявӣ хадди ақалли қобили қабул муқаррар намояд.

Моддаи 20. Меъёрҳои арзёбӣ, тасдиқи тахассус ва тасдиқи ҳисобот оид ба арзёбӣ

Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳои техникӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:

асосноккунии техникӣ;

мутобиқат ба меъёрҳои экологие, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд; амалан иҷрошаванда;

сифати хизматрасониҳо ва чорабиниҳо барои таъмини муттасилии онҳо;

нақша ва ҷадвали татбиқи лоиҳаи шарикӣ.

  1. Меъёрҳои арзёбии пешниходҳои молиявӣ дорои маълумоти зерин мебошанд:

аҳамияти чории пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, арзиши як воҳид ва дигар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ дар муддати тамоми амали Созишнома;

асосноккунии пардохтҳои бевоситаи пешниҳодкардаи ташкилоти фармоишгар;

ахамияти воқеии хароҷоти фаъолият оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмон ва хароҷоти амалиётии солона, инчунин пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;

ҳаҷми маблағгузорие, ки аз ҷониби мақоми танзимкунанда ба нақша гирифта шудааст ё ворид мегардад;

асоснокии амалиёти молиявии пешниҳодшуда; иқтидори рушди иҷтимоию иқтисодие, ки дар пешниҳодҳои тендерӣ зикр шудааст.

  1. Иштирокчии тендер, ки пешакӣ интихоб гардида буд, мутобиқати тахассуси худро ба меъёрҳои ҳангоми интихоби пешакӣ муқарраргардида тасдиқ менамояд. Дар акси ҳол ташкилоти фармоишгар ҳар иштирокчии тендерро, ки наметавонад тахассуси худро тасдиқ намояд, хориҷ мекунад.
  2. Ташкилоти фармоишгар рейтинги пешниҳодҳоро дар асоси арзёбии мутобиқати меъёр тартиб медиҳад ва ҳисоботи дахлдори арзёбиро зимни муайян кардани иштирокчии афзалиятноки тендер таҳия менамояд.
  3. Ташкилоти фармоишгар баъд аз гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи арзёбии худро барои тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд.

Моддаи 21. Маъқул дониста шудани Созишнома аз ҷониби Шӯро то омодасозии таҳрири ниҳоии қарордод

  1. Ташкилоти фармоишгар баъди аз ҷониби Шӯро маъқул донистани ҳисоботи арзёбие, ки мутобиқи моддаи 20 Конуни мазкур пешниход шудааст, пас аз гирифтани розигии макоми ваколатдори давлатй созишномаҳои пешниҳодгардидаро тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба баррасии Шӯро пешниҳод менамояд. Шуро лоиҳаҳои созишномаҳои пешниҳодшударо маъқул медонад ё барои такмил додан бармегардонад. Ташкилоти фармоишгар бе розигии пешакии Шӯро ба мувофиқасозии тиҷоратӣ ягон лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида оғоз намекунад.
  2. Агар лоиҳаи шарикӣ ба бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои молиявӣ илова ба бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ дахл кунад, ташкилоти фармоишгар бо пайравӣ аз бастани замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои тичоратӣ ва баъди гирифтани розигии мақоми ваколатдори давлатӣ тағйироти созишномаҳои пешниҳодшударо, ки бахши хусусӣ дар натиҷаи муҳокимаҳо байни бахши хусусӣ ва ташкилотҳои маблағгузорикунандаи он пешниҳод кардааст, барои арзёбӣ ва тасдиқ ба Шӯро пешниҳод менамояд. Ташкилоти фармоишгар ба татбиқи замимаи Созишнома оид ба масъалаҳои молиявии лоиҳаи шарикии пешниҳодгардида бидуни гирифтани розигии пешакии Шӯро оғоз намекунад.

Моддаи 22. Ҳолатҳое, ки эълон кардани ғолибро бе гузаронидани тендер иҷозат медиҳанд

Ташкилоти фармоишгар бо назардошти розигии Шӯро ва баъди гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад дойр ба Созишнома бе истифодаи расмиёте, ки моддаҳои 9-21 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, дар ҳолатҳои зерин ба музокирот оғоз намояд:

ҳангоми зарурати хизматрасонии муттасили фаврӣ, инчунин дар ҳолатҳое ки иҷрои меъёрҳои муқаррарнамудаи боби мазкур мувофиқи мақсад намебошад, ба шарте ки чунин ҳолатҳои ба миён овардани зарурати фавриро ташкилоти фармоишгар наметавонист пешбинӣ намояд ва ин ҳолат натиҷаи кашолкории ташкилоти фармоишгар намебошад;

дар сурати чандон тӯлонӣ набудани мӯҳлати лоиҳаи шарикӣ ва ҳангоме, ки маблағи пешакии сармоягузориҳои чашмдошт аз маблағи зикрнамудаи Шӯро зиёд намебошад;

вақте ки лоиҳаи шарикӣ ба масъалаҳои мудофиаи миллӣ ё амнияти ҷамъият дахл мекунад;

дар сурати вуҷуд доштани танҳо як манбае, ки ба пешниҳод кардани хизматрасонии зарурӣ қодир аст, аз ҷумла ба хизматрасониҳои истифодаи моликияти зеҳнӣ, сирри тиҷоратӣ ё дигар ҳуқуқҳои истисноие, ки дар ихтиёр ё таҳти назорати шахси (шахсони) муайян қарор доранд;

вақте ки ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо манзур шуда бошанд, вале ҷавоби онҳо гирифта нашуда бошад ё вақте ки ҳамаи пешниҳодҳо меъёрҳои арзёбии дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо зиркгардидаро қонеъ карда натавониста бошанд ва агар, ба ақидаи ташкилоти фармоишгар, додани ҳуҷҷатҳои нави тендерии интихоби пешакӣ ва дархости нав барои супоридани пешниҳодҳо ба супоридани қарордод дар муҳлати тақозошаванда имкон надиҳад;

дар дигар ҳолатҳое, ки Шӯро чунин истисноро бинобар сабабҳои асосноки манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ тасдиқ. мекунад ё дар ҳолатҳое, ки ба манфиати мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад.

Моддаи 23. Музокирот доир ба созишномаҳое, ки бе гузаронидани тендер доир карда мешаванд

Агар музокирот оид ба созишномаҳо бе гузаронидаи тендер доир карда шавад, ташкилотифармоишгар:

асосноккунии техникию иқтисодии пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодиро тибқи дастури Шӯро, ки бо риояи талаботи сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур дода шудааст, анҷом медиҳад;

ғайр аз созишномаҳое, ки музокирот доир ба онҳо мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 гузаронида мешаванд, дар хусуси қарори оғоз намудани музокирот нисбат ба Созишнома огоҳинома ирсол менамояд, ки он бо усули пешакӣ мувофиқашуда интишор карда мешавад;

аз рӯи имкон бо шахсоне, ки онҳоро ба татбиқ намудани лоиҳаи шарикӣ қодир меҳисобад, бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ музокирот дойр менамояд;

меъёрҳои арзёбиеро муқаррар менамояд, ки мутобиқи онҳо пешниҳодҳо арзёбӣ ва дараҷабандӣ карда мешаванд.

Моддаи 24. Махфият

  1. Ташкилоти фармоишгар, Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ набояд ба иштирокчиёни тендер мундариҷаи пешниҳодҳоро ошкор кунанд. Ҳамаи муҳокимаҳо, мукотиба ё гуфтушунидҳо байни ташкилоти фармоишгар ва иштирокчиёни тендер ба ғайр аз мукотиботи вобаста ба шарҳу эзоҳи дархост барои пешниҳод намудани изҳори манфиатдорӣ, ҳуҷҷатҳои тендерии интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо махфӣ мебошанд.
  2. Агар қонун ё қарори суд тартиби дигарро муқаррар накарда бошад ё дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо муайян шуда бошад, тарафи музокирот набояд ба дигар шахе ягон масъалаи техникӣ, молиявӣ, дигар иттилооти марбут ба муҳокимаҳо, мукотибот ва гуфтушунидҳоеро, ки тибқи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, гирифта шудаанд ё иҷро гардидаанд, бе розигии тарафи дигар ошкор намояд.

Моддаи 25. Огоҳинома оид ба супоридани қарордод

  1. Ташкилоти фармоишгар дар хусусӣ супоридани қарордод огоҳинома ирсол менамояд, ки он ба тарзи зарурӣ интишор карда мешавад, ба истиснои Созишномае, ки мутобиқи сархати сеюми моддаи 22 Қонуни мазкур супорида шудааст.
  2. Огоҳиномае, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ирсол карда шудааст, бояд шарики хусусиро муайян кунад ва тавсифи мухтасари шартҳои муҳими Созишномаро дар бар гирад.

Моддаи 26. Маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо

Ташкилоти фармоишгар ҳуҷҷатхои дахлдореро, ки ба расмиёти интихоб ва супоридани қарордод дахл доранд, дар муддати на камтар аз муҳлати амали Созишнома нигоҳ медорад.

Моддаи 27. Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад аз довталаби афзалиятдоштаи тендер таъсис додани шахси ҳуқуқиеро талаб намояд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатй гирифта мешавад.
  2. Агар довталаби афзалиятдоштаи тендер шахси ҳуқуқиро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсис диҳад, дар ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои интихоби пешакӣ пешниҳод карда мешаванд ё дар пешниҳоди техникии худ ин ҳолатро зикр мекунад.
  3. Ҳама гуна талабот нисбат ба сармояи ҳадди ақалли оинномавии шахси ҳуқуқии мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсисдодашуда ва расмиёти гирифтани розигии ташкилоти фармоишгар барои оинномаи шахси ҳуқукӣ ё тағйироти муҳим дар оиннома, дар Созишнома тавре зикр карда мешаванд, ки онҳо ба шартҳои дархостҳо барои супоридани пешниҳодҳо чавобгӯ бошанд ва ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони Ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқат кунанд.

Моддаи 28. Пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоде, ки бо ташаббуси шахсӣ манзур карда шудааст

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад пешниҳоди дархостнашаванда ё пешниҳоди бо ташаббуси шахсӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ манзуршавандаро гирад, баррасиву арзёбӣ ва қабул кунад, агар ин пешниҳод:

бевосита аз ҷониби тарафи манфиатдор барои иштирок дар лоиҳаи шарикӣ таҳия ва пешниҳод гардида бошад;

барои аҳли ҷомеа манфиатнок бошад;

бидуни иштироки мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти фармоишгар таҳия гардида бошад;

барои ташкилоти фармоишгар ҷиҳати аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия гардидани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ ба қадри кофӣ тафсилот ва иттилоот дошта бошад.

  1. Ташкилоти фармоишгар пас аз таҳия намудани ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодӣ оид ба пешниҳоди дархостнашаванда ва гирифтани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, пешниҳоди дархостнашаванда ва ҳуҷҷати асосноккунии техникию иқтисодиро якҷоя бо тавсияҳо оид ба он ки тендер ба талаботи моддаҳои 9-21 ё ба талаботи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни мазкур чавобгӯй мебошанд, ба Шӯро пешниҳод мекунад.

                          БОБИ 4. СОЗИШНОМА ОИД БА ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ

Моддаи 29. Шакл, мазмун ва татбиқи Созишнома

Дар Созишнома ҳама масъалаҳое, ки тарафҳо зарур меҳисобанд, аз ҷумла масъалаҳои зерин ҳатман пешбинӣ карда мешаванд:

1)           Хусусият ва ҳаҷми кору хизматрасониҳое, ки шарики хусусӣ пешниҳод мекунад.

2)           Шартхои пешниҳод намудани хизматрасонӣ ва дараҷаи истисноии онҳо, ҳуқуқҳои шарики хусусӣ дар Созишнома.

3)  Кумаке, ки ташкилоти фармоишгар метавонад дар гирифтани иҷозатномаҳо ва иҷозатҳо ба дараҷае, ки он барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур аст, пешниҳод намояд.

4)           Баргардонидани дороиҳо ба ташкилоти фармоишгар баъд аз қатъ гардидан ё ба охир расидани муҳлати амали Созишнома бо тартиби муайянкардаи Созишнома.

5)           Тартиби баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳо ва тафсилоти сохтмон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва расмиёти озмоиш ва санҷиши хотимавӣ, тасдиқ ва қабули лоиҳаи шарикӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои шарикии бахши инфрасохторӣ.

6)           Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда:

а)гузаронидани мониторинги иҷрои корҳо, хизматрасониҳое, ки аз ҷониби шарики хусусӣ пешниҳод карда мешаванд;

б)шартҳо ва дараҷае, ки ташкилоти фармоишгар ё мақоми танзимкунанда метавонад ба он ворид намудани тағйиротро оид ба корҳо ва шартҳои хизматрасонӣ талаб намояд;

в)андешидани дигар тадбирҳои бомулоҳиза, ки ба ақидаи онҳо, барои дуруст фаъолият намудани лоиҳаи шарикӣ қобили қабул мебошанд;

г)андешидани чораҳо мутобиқи талаботи ҳуқуқӣ ва шартномавӣ.

7)           Сатхе, ки оид ба он шарики хусусӣ уҳдадор аст ба ташкилоти фармоишгар ё мақомоти танзимкунанда ҳисобот ва дигар иттилоотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод кунад.

8)    Механизмҳо барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба хароҷоти иловагӣ ва дигар оқибатҳое, ки метавонанд дар натиҷаи ягон дастур аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ ба вуҷуд оянд, аз ҷумла ҳар гуна ҷубронҳое, ки шарики хусусӣ ҳуқуқи ба онҳо даъво карданро дорад.

9)     Ҳуқуқи ташкилоти фармоишгар ба баррасӣ ва тасдиқ намудани карордодҳои асосие, ки шарики хусусӣ ба имзо мерасонад, аз ҷумла бо иштироки шарики хусусӣ ё дигар шахсони вобаста.

10)   Кафолати иҷрои лоиҳаи шарикӣ, ки бояд пешниҳод карда шавад ва полисҳои суғуртавие, ки бояд шарики хусусӣ барои татбик намудани лоиҳаи шарикӣ дошта бошад.

Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар сурати аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо.

11)        Шартҳои озод кардани тарафҳо аз масъулияти қодир набудан барои иҷрои уҳдадориҳо ё ба таъхир гузоштани ҳамаи уҳдадориҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи он қарор доранд.

12)        Муҳлати амали Созишнома, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо баъди гузаштани муҳлат ё қатъ гардидани он.

13)        Усули ҳисобкунии зарару ҷуброн мутобиқи моддаи 43 Қонуни мазкур.

14)        Ҳуқуқ ва механизмҳои истифодашавандаи танзими баҳсхое, ки метавонанд байни фармоишгар ва шарики хусусӣ ба миён оянд.

15)        Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба иттилооти махфӣ:

16)        Шартҳои дахлдори молиявӣ.

17)        Таксими хавфҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ.

18)        Ба шарики хусусӣ пардохт намудани ҷубронпулӣ аз ҳисоби буҷети дахлдор ё пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, ки шарики хусусӣ барои хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 32 Қонуни мазкур анҷом додааст.

19)        Уҳдадориҳои бахши хусусӣ барои иҷро ё татбиқи лоиҳаи шарикӣ, хавфҳои молиявӣ, техникӣ ё амалиётӣ иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё истифодаи моликияти давлатӣ ва гирифтани пардохтҳо барои хизматрасонӣ.

Моддаи 30. Ҳуқуқӣ татбиқшаванда

Ҳар як Созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад, агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 31. Ҳукукӣ моликият ба дороиҳо вобаста ба қитъаи замини лоиҳавӣ ва сервитутҳо

  1. Дар Созишнома масъалаҳои зерин бояд ба қадри зарурӣ пешбинӣ карда шаванд:

          –        дороиҳое, ки моликияти давлатӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд;

          –       дороиҳое, ки моликияти шарики хусусӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд.

  1. Созишнома инчунин ба категорияҳои зерин дахл доштани дороиҳоро муайян мекунад:

          –    дороиҳое, ки онҳоро шарики хусусӣ бояд ба ташкилоти фармоишгар ё дигар шахсе, ки ташкилоти фармоишгар зикр намудааст, мутобиқи шартҳои Созишнома баргардонад ё супорад;

         –        дороиҳое, ки ташкилоти фармоишгар бо салоҳдиди худ метавонад аз шарики хусусӣ харида гирад;

        –    дороиҳое, ки шарики хусусӣ то ба анҷом расидани муҳлати амал ё то бекор гардидани Созишнома метавонад нигоҳ дорад ё ихтиёрдорӣ кунад.

  1. Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузории замин ба шарики хусусӣ қитъаи заминро барои истифодабарӣ пешниҳод менамояд ё дар мавриди зарурӣ ҷиҳати гирифтани ҳуқуқҳои марбут ба истифодаи қитъаи замин тибқи лоиҳаи шарикӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи замин, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур бошад, кумак  мерасонад.
  2. Ташкилоти фармоишгар ё дигар мақомоти давлатӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ва Созишнома ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи заминро ба ихтиёри шарики хусусӣ вогузор менамояд ё ки дар мавриди зарурӣ ба шарики хусусӣ барои ба даст овардани ҳуқуқӣ ворид шудан, гузаштан тавассути ҳудуд ё дар он ҷой иҷро кардани кору сохтани иншоот, моликияти шахсони сеюм, дар мавриди зарурӣ ва тавре ки татбиқи лоиҳаи шарикӣ талаб мекунад, кумак мерасонад.

Моддаи 32. Механизмҳои молиявӣ

  1. Созишнома метавонад ба шарики хусусӣ чиҳати ба даст овардани ҳуқуқӣ муқаррар кардан, гирифтан ё ҷамъ кардани пардохти ҳаққи хизматрасониро ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарики мутобиқи шартҳои Созишнома иҷозат диҳад. Созишнома усулу шаклҳои муқаррар ва тасҳеҳ намудани пардохти ҳаққи хизматрасониро мутобиқи шартҳое, ки мақоми танзимкунандаи салоҳиятдор муқаррар намудааст, пешбинӣ менамояд.
  2. Ташкилоти фармоишгар метавонад пардохти бевоситаро ба шарики хусусӣ ба сифати иваз ё илова ба пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи шарикӣ анҷом диҳад.

Моддаи 33. Тадбирҳоӣ таъминотӣ

  1. Бо назардошти ҳама гуна маҳдудиятҳое, ки метавонанд дар Созишнома пешбинӣ гарданд, шарики хусусӣ ҳуқуқ дорад нисбат ба дороиҳо, ҳуқуқҳо ё манфиатҳои худ, ки ба лоиҳаҳои шарикӣ дахл доранд ва ё барои таъмини маблағгузории татбиқи лоиҳаи шарикӣ зарур мешавад, тадбирҳои таъминотии зеринро андешад:

–        таъминот нисбат ба молу мулки манқул ё ғайрманқуле, ки ба шарики хусусӣ тааллуқ дорад ё манфиатҳои он дар дороиҳои лоиҳаи шарикӣ;

–        гарави даромадҳои оянда ва қарзҳои дебиторӣ дар назди шарики хусусӣ барои иҷрои лоиҳаи шарикӣ.

  1. Иштироккунандагони шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ, ки мувофиқи моддаи 27 Қонуни мазкур таъсис дода шудааст, ба гарав ё андешидани дигар тадбирҳои таъминотии ҳиссаи худ дар шахси ҳукукӣ ҳак доранд.
  2. Тадбирҳои таъминотӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба молу мулки давлатӣ ё дигар моликият, дороӣ ё ҳуқуқҳое, ки барои пешниҳод кардани хизматрасониҳои давлатӣ зарур буда, нисбат ба онҳо фароҳам овардани чунин таъминотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, наметавонанд фароҳам оварда шаванд.

Моддаи 34. Супурдан ва гузашт кардани ҳуқуқҳое, ки Созишнома пешбииӣ намудааст

  1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шарики хусусӣ, ки Созишнома пешбинӣ намудааст, бе розигии хаттии ташкилоти фармоишгар наметавонанд ба шахси сеюм вогузор карда шаванд, агар моддаи 33 Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Созишнома бояд шартҳоеро муайян намояд, ки ҳангоми иҷрои онҳо ташкилоти фармоишгар ба гузашт кардани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба бахши хусусӣ дар Созишнома, аз ҷумла аз ҷониби шарики хусусии нав ба зимма гирифтани ҳама уҳдадориҳои у ва далелҳои тасдиқкунандаи имконияти техникӣ ва молиявии шарики хусусии нав, ки метавонанд барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ лозим шаванд, розигӣ медиҳад.

Моддаи 35. Додани бастан назоратии сахмияҳо ё ҳисса ба шахси сеюм

  1. Агар дар Созишнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастаи назоратии саҳмияҳо ё ҳисса дар шахси ҳуқуқии шарики хусусӣ бе розигии ташкилоти фармоишгар ба шахси сеюм дода намешавад.
  2. Созишнома шартҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар онҳо розигии ташкилоти фармоишгар мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур . дода мешавад.

Моддаи 36. Уҳдадориҳои бахши хусусӣ ҷиҳати амалӣ кардани лоиҳаи шарикӣ

  1. Созишнома дар мавриди зарурӣ уҳдадориҳои бахши хусусиро барои таъмини:

          –        тағйир додани лоиҳаи шарикӣ бо мақсади таъмин  намудани мутобиқати он бо эҳтиёҷоти аҳолӣ дар лоиҳаи шарикӣ; муттасилии лоиҳаи шарикӣ;

           –        пешниҳод намудани лоиҳаи шарикӣ бо шартҳои усулан якхела барои ҳамаи истифодабарандагон;

          –     дастрасии баробарҳуқуқӣ бидуни табъиз ва дар мавриди зарурат, барои дигар пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикӣ, ки бахши хусусӣ татбиқ менамояд.

  1. Шарики хусусӣ ҳуқуқӣ ба ташкилоти фармоишгар тавсия додани қабули қоидаҳои танзимкунандаи татбиқи лоиҳаи шарикиро дорад, ки аз ҷониби шарики хусусӣ дар татбиқи лоиҳаи шарикӣ истифода мешаванд.

Моддаи 37. Ҷуброн ҳангоми тағйирот дар қонунгузорӣ

Дар Созишнома ҳуқуқӣ шарики хусусӣ оид ба ҷуброн нишон дода мешавад, ба шарте ки хароҷоти иҷрои шарики хусусӣ дар Созишнома ба таври назаррас афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар натиҷаи тағйирот дар қонунгузорӣ ё дигар тадбирҳои танзими давлатие, ки бевосита ба лоиҳаи шарикӣ дахл доранд, дар муқоиса бо хароҷот ва арзиши қаблан пебинишуда кам шуда бошад.

Моддаи 38. Таҷдиди назар кардани Созишнома

  1. Созишнома шартҳои аз ҷониби шарики хусусӣ таҷдиди назар гардидани муқаррароти Созишномаро бо назардошти ҷуброн муайян менамояд, ба шарте, ки хароҷоти иҷрои Созишнома аз тарафи

шарики хусусӣ хеле афзуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар муқоиса бо хароҷоти дар ибтидо тахминшуда ва арзиши иҷрои он дар натиҷаи тағйироти зерин ба таври назаррас кам шуда бошад:

1)    Тағйирот дар шартҳои иқтисодӣ ё молиявӣ.

2)   Тағйирот дар қонунгузорӣ ё муқаррароти танзимкунандае, ки бевосита нисбат ба лоиҳаи шарикӣ татбиқшаванда намебошанд, ба шарте ки тағйироти иқтисодӣ, молиявӣ, қонунгузорӣ ё меъёрӣ:

а)пас аз бастани Созишнома ба вуҷуд меоянд;

б)берун аз доираи назорати шарики хусусӣ қарор доранд;

в)чунин хислате доранд, ки шарики хусусӣ натавонистааст онҳоро ҳангоми бастани Созишнома бо мулоҳиза тахмин кунад ё ба инобат гирад ё ин ки оқибати онҳоро пешгирӣ ё рафъ намояд.

  1. Созишнома расмиётро барои таҷдиди назар намудани шартҳои Созишнома баъди фаро расидани ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, муқаррар менамояд.

Моддаи 39. Назорат ва идораи лоиҳаи шарики

  1. Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои пешбининамудаи Созишнома назорат ва идораи кори лоиҳаи шарикиро бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии самаранок ва муттасил ё сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳаҳои шарикӣ дар сурати аз ҷониби шарики хусусӣ иҷро нагардидани қисми зиёди уҳдадориҳои моддии худ ва қодир набудани шарики хусусӣ ба бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлати зиёд баъд аз ташкилоти фармоишгар гирифтани огоҳинома (на бештар аз шаш моҳ) ба уҳда гирад.
  2. Агар ташкилоти фармоишгар карори ба уҳда гирифтани назорат ва идораи лоиҳаи шарикиро мутобики қисми 1 моддаи мазкур қабул намояд, ташкилоти фармоишгар мутобиқи шартҳои Созишнома:

даромадеро, ки предмета гарави қонеъ гардонидани ҳама гуна уҳдадориҳо мебошад, ҷамъ меоварад ва пардохт менамояд;

лоиҳаи шарикиро рушд медиҳад ва истифода менамояд, пардохти ҳаққи хизматрасониро муқаррар менамояд ва ба қарордоди кунунии хизматрасонӣ мутобиқ кунад;

метавонад ҳангоми зарурат пешниҳодҳои лоиҳавиро барои сохтмон, хизматрасонии техникӣ ё истифодабарии лоиҳаи шарикӣ пешбинӣ намояд.

Моддаи 40. Иваз намудани шарики хусусӣ

Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои моддӣ аз ҷониби шарики хусусӣ ё дигар ҳолате, ки ба таври дигар метавонад қатъи Созишномаро асоснок созад, ташкилоти фармоишгар метавонад ба талаботи ҳар муассисае, ки маблағгузории лоиҳаи шарикиро таъмин менамояд, розӣ шавад. Вале шарики хусусӣ шарики хусусиро бо дигар шахсе иваз мекунад, ки барои иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Созишномаи мавҷуда таъин гардидааст.

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба он мусоидат намояд, ки шарики хусусӣ қарздории дебиторӣ ва дороиҳои лоиҳаи шарикиро ба фоидаи қарздиҳанда бо шартҳое, ки ташкилоти фармоишгар метавонад бо мақсади таъмини татбиқи бомуваффақият, баанҷомрасонии корҳо, назорат ва идоракунии лоиҳаи шарикӣ муайян намояд, таъмин кунад.

Моддаи 41. Муҳлати амал ва тамдиди муҳлати амали Созишнома

Муҳлати амали Созишнома дар Созишнома муайян карда мешавад. Ташкилоти фармоишгар метавонад ба тамдиди муҳлати амали Созишнома ба истиснои ҳолатҳое, ки натиҷаи яке аз ҳолатҳои зерин мебошанд, розӣ нашавад:

         –   мавқуф гузоштан, ба анҷом расондан ё боздошта шудани истифодаи лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи ҳолатҳое, ки берун аз доираи назорати бомулоҳизаи тарафҳо қарор доранд;

        –  боздоштани лоиҳаи шарикӣ дар натиҷаи амалҳои ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ;

        – зиёд шудани хароҷоти вобаста ба талаботи ташкилоти фармоишгар, ки дар ибтидо дар Созишнома пешбинӣ нашудааст, агар бахши хусусӣ чунин хароҷотро бе тамдиди муҳлат баргардонида натавонад;

      – дар мувофиқа бо шарики хусусӣ, бо сабаби вобаста ба манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои маҳфуздорандаи ташкилоти фармоишгар асоснок карда шудаанд.

Моддаи 42. Бекор кардани Созишнома

  1. Ташкилоти фармоишгар метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад:

агар интизор шудани он ки шарики хусусӣ уҳдадориҳояшро бинобар қодир набудан, иҷро накардани уҳдадориҳои моддӣ ё бо сабабҳои дигар иҷро карда наметавонад ё ба мақсад мувофиқ набошад;

сабабҳои рафънопазири манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ, ба ҷуброн кардани зиёни шарики хусусӣ, тавре ки ин дар Созишнома пешбинӣ гардидааст.

  1. Шарики хусусӣ метавонад Созишномаро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад, агар:

ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ уҳдадориҳои моддиашро дар доираи Созишнома иҷро накунад;

шартҳои таҷдиди назар кардани Созишнома мутобиқи моддаи 40 Қонуни мазкур риоя гардида, вале тарафҳо вобаста ба

ба таҷдиди назари Созишнома ба мувофиқа нарасида  бошад;

хароҷоти иҷрои Созишнома аз ҷониби шарики хусусӣ ба таври назаррас зиёд шуда бошад ё арзише, ки шарики хусусӣ аз чунин иҷрои Созишнома ба даст меорад, дар натиҷаи амал ё беамалии ташкилоти фармоишгар ё дигар мақоми давлатӣ хеле кам шуда бошад, инчунин агар тарафҳо натавониста бошанд дар мавриди таҷдиди назар намудани Созишнома ба мувофиқа расанд.

  1. Ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад Созишномаро бо розигии ҳамдигар ё агар иҷрои уҳдадориҳои он бинобар ҳолатҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи тарафҳо қарор дошта бошанд, бекор кунад.

Моддаи 43. Ҷуброн ҳангоми бекор шудаии Созишнома

Дар Созишнома тартиби ҷуброни зиёни тарафҳо қайд карда мешавад, ки он дар ҳолати бекор кардани Созишнома ҳисоб карда мешавад ва дар мавриди зарурӣ ҷуброни воқеии арзиши корҳои дар доираи Созишнома иҷрошуда, хароҷот ё талафоти анҷомдодаи тарафҳо, аз ҷумла фоидаи аз дастдода пешбинӣ карда мешавад.

Моддаи 44. Идораи Созишнома

Ташкилоти фармоишгар барои аз ҷониби шарики хусусӣ- ба таври зарурӣ таъмин намудан, амалӣ кардан, идора, иҷро, мониторинг, инчунин пешниҳод намудани хисоботҳо оид ба Созишнома масъул аст.

Моддаи 45. Баанҷомрасонии лоиҳа ва тадбирҳо дар давраи гузариш

Созишнома дар ҳолати зарурӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

механизм ва расмиёти таҳвили дороии ташкилоти фармоишгар дар ҳолати барҳамдиҳӣ;

ҷуброне, ки шарики хусусӣ метавонад нисбат ба молу мулки ба ташкилоти фармоишгар ё бахши хусусии нав супурдашуда ё ба молу мулки харидоринамудаи ташкилоти фармоишгар, ҳуқуқ дошта бошад;

таҳвили технологияе, ки барои фаъолияти лоиҳаи шарикӣ

зарур аст;

ба ҳайати кормандони ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ омузонидани масъалаҳои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои шарикӣ;

аз ҷониби шарикони хусусӣ таъмин намудани хизматрасониҳо ва захираҳои иловагӣ, аз ҷумла таҳвили қисмҳои эхтиётӣ, дар мавриди зарурат, дар муҳлати қобили қабул баъди супоридани лоиҳаи шарикӣ ба ташкилоти фармоишгар ё вориси шарики хусусӣ.

                                          БОБИ 5. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 46. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба лоиҳаи шарикӣ

  1. Иштирокчии тендер дар ҳама ҳолатҳои зиён дидан барои баррасии масъала, пеш аз он ки аз расмиёти ҳалли баҳсҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкурро истифода намояд, тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ ба Шӯро муроҷиат мекунад.
  2. Ҳамаи баҳсҳо байни ташкилоти фармоишгар ва шарики хусусӣ бо риояи талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо механизмҳои танзими баҳсҳо, ки тарафҳо дар Созишнома мувофиқа намудаанд, ҳал карда мешаванд.
  3. Агар шарики хусусӣ ба аҳолӣ хизмати худро пешниҳод намояд, ташкилоти фармоишгар метавонад аз шарики хусусӣ таъсис додани механизмҳои самарабахши баррасии арзу шикояти мизоҷон ё истифодабарандагони лоиҳаи шарикиро талаб намояд.

Моддаи 47. Ҳуқуқи Шӯро оид ба муқаррар намудани қоидаҳо

  1. Шӯро метавонад барои татбиқи мақсадҳои Қонуни мазкур қоидаҳоро бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намояд.
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур қабул карда мешаванд, масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:

муайян кардани меъёрҳои ниҳоӣ, ки бо раванди тендер алоқаманд мебошанд;

ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба гузаронидани тендер ва музокироти мустақим;

муайян кардани механизмҳои танзими баҳсҳо мутобиқи Қонуни мазкур;

ҷорӣ намудан, таҷдиди назар кардан ва ситонидани пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.

  1. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе розигии хаттии Шӯро ё аз номи Шӯро мазмуни ягон ҳуҷҷат, мукотибот ё ягон иттилоотеро, ки ба шахси бегона дахл дорад ё дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба ин шахе маълум гардидааст, ба ғайр аз иттилооте, ки дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби ин шахе, (шахсон) аз он воқиф шудааст, ба шахсони бегона ошкор намояд.

Моддаи 48. Беэътибор донистани Созишнома

  1. Созишнома беэътибор дониста мешавад, агар ташкилоти фармоишгар:

бе розигии Шӯро ва мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар бобҳои 2 ва 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад;

бар хилофи дастурҳои Шӯро, ки мутобики сархати дуюми моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо шарики хусусӣ ба Созишнома ҳамроҳ шавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур Созишнома аз ҷониби Шӯро беэътибор дониста мешавад ва нисбат ба ташкилоти фармоишгар ва ҳам нисбат ба шарики хусусӣ эътибори қонунӣ надорад.

Моддаи 49. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Моддаи 50. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қонуни мазкур пас аз се моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

                   Ш. Душанбе

            28.декабри соли 2012.

                     №907

 

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …