Главная / Гуногун / Шакар дар Тоҷикистон камчин ва гаронтар шудааст

Шакар дар Тоҷикистон камчин ва гаронтар шудааст

Охири моҳи сентябри соли 2020 –ум дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар бозорҳои шаҳру ноҳияиҳои Тоҷикистон шакар камчин шуда истодааст ва дар аксари мағозаҳо алакай қариб дар фуруш нест.

Нархи шакар бошад одатан дар баҳору тобистон атрофи 7-сомонӣ арзиш дошт валеле акнун мушоҳида мешавад, ки дар бозора алакай нархи фуруши шакар аз 8 сомонӣ зиёд шуда дар бисёр ҷойҳо он 8,5 сомонӣ фурухта мешаванд. Яъне дар давоми ҳамаги як моҳ нархи шакар ба андозаи 20% афзоиш ёфтааст, ки ин боиси нигаронии мардум ва худи савдогарон шудааст.

shakarБа нигоҳи фурушандагони мағозаҳо сабаби қиммат шудани нархи шакар ин ворид нашудани бори нав аз хориҷа мебошад. Умуман шакар дар Тоҷикистон куллан аз хориҷӣ кишвар ворид мешавад ва дар дохили кишвар таоман истеҳсол намешавад.

Солҳои шӯравӣ аз лаблабуи қанд шакару қанд истеҳсол мешуд вале алҳол ин раванд дигар таҷриба надорад.

Маълумоти умумӣ дар бораи Шакар

Шакар ин маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, ки аз зироатҳои шакардор, аз қабили лаблабуи қанд ва найшакар тайёр карда мешавад. Зиёда аз 99% шакар аз карбогидратҳо иборат аст – маводи ғизоӣ, ки организмро бо энергия таъмин мекунанд. Сахароза зуд вайрон мешавад ва дар организм ҷаббида мешавад.

Таснифи шакар аз рӯи намуди ашёи хом:

  1. Шакари лаблабу – ашёи хоми асосии истеҳсоли чунин шакар лаблабуи қанд аст.
  2. Шакари қамиш – Ашёи хоми асосии ин шакар ғӯзапояи найшакар мебошад.
  3. Шакари хурмо – ин шакар ба шарбати хурмо асос ёфтааст
  4. Шакари ҷуворӣ – ашёи хоми асосии чунин шакар пояи растании сорго мебошад.

Бузургтарин содиркунандагони шакар Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо, Бразилия, Таиланд ва Чин мебошанд.

Бояд қайд кард, ки шакарро бояд ба меъёр истеъмол кард, зеро истифодаи аз ҳад зиёди он боиси пайдоиши баъзе бемориҳо дар бадани инсон мегардад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …