Главная / Ҷамъият / Шаҳриёри Давлат занашро талоқ додааст!

Шаҳриёри Давлат занашро талоқ додааст!

Салом Шаҳриёр. Шуморо аз сомонаи «Tojikistontimes.tj» ташвиш медиҳам.

-Салом! Гӯш мекунам.

-Собиқ хушдоманатон ба идораи мо омада даъво карданд, ки гӯё шумо пулҳои он касро хӯрда дар охир духтарашонро талоқ додаед…

shariyori-davlat

-Ростӣ, дар бораи ин зан чӣ гуфтанамро намедонам. Ғайбаташ кунам ё таърифаш кунам…

-Яъне, ҳама он чизе, ки ӯ дар бораи шумо гуфт, ҳақиқат аст?

гон гапаш ҳақиқат надорад. Ҳамааш дурӯғ аст!

онае, ки барои шумо сохтааст, мошинҳое, ки болоӣ пул дода харидааст, ҳамаи инҳоро рад мекунед?

-Дар масъалаи хона ҳаминро мегӯям, ки худашон усто оварданд, худашон масолеҳи сохтмонӣ оварданд, ман зорӣ накардаам, ки хона созед. Лафзи ин занро ҳеҷ фаҳмида намешавад, як дам мегӯяд, ки 23 ҳазор харҷ кардам, дубора мегӯяд, ки 28 то, боз мегӯяд, ки 45 то сарф шуд. Ман фақат ҳамин қадарашро мегӯям, ки ду забонхати ҳамон инсон дар дасти ман аст. Якеаш дастӣ аст, навиштааст, ки ман 23 ҳазор доллари амрикоӣ додам ва нисбати ҳамин шахс ягон шикоят надорам. Як вақти дигар ҷангу ҷанҷол шуд, гуфт ки 5 ҳазори дигари додаамро фаромӯш кардаам.

Худаш ба нотариуси давлатӣ рафта навишта буд, ки 28 ҳазор доллар ба Шаҳриёр Давлатов кӯмак кардам ва дар оянда ягон шикоят надорам. Ин занакро ягон кас маҷбур накарда буд, худаш корро карду имрӯз дар ҳама ҷо аз рӯйи ман шикоят карда гаштааст. Дар ин мавзӯъ гап бисёр аст. Ман шоҳид ва ҳатто сабти овоз дорам, ки дар вақташ ин зан маро чӣ корҳо карда буд. Вай имрӯз даъво карда истодааст, ки Шаҳриёрро ман ситора (звезда) кардам, лекин дар асл ин тавр нест. Мо вақте шинос шудем, ки аллакай консерти сеюми ман дар Кохи Ҷомӣ баргузор мешуд. Ман ҳатто сабти видеоӣ дорам, ки чӣ хел онҳо ба толор даромада истодаанд.

Ду сеанс консерт доштам, дар ҳардуяш иштирок карданд. Худашон наздам омаданд, ки ман Шаҳриёр ном писар доштаму бармаҳал аз дунё гузашт, лекин дар асл чунин писар надоштааст. Ҳама гапҳояш дурӯғ будаанд. Ҳақиқатро фаҳмидан хоҳед, ба шаҳри Қурғонтеппа омада ҳамсояҳои моро пурсед, баъд ба Кӯлоб рафта аз ҳамсояҳои онҳо пурсед, ана баъд худатон мефаҳмед, ки кӣ гунаҳкор аст. Ин занак худаш ду моҳ пешакӣ духтарашро бе никоҳ ба хонаи мо оварда партофт, ки ба занӣ мегирӣ. Эй, ин ҷо он қадар гапу кори бисёре ҳаст, ки агар ҳамаашро ба шумо нақл кунам, ду сол вақт лозим аст! Дуюним сол ман дар хонаи онҳо зиндагӣ карда, ҳамаашонро хӯронидам пӯшондам, ҳатто ба ҳамон духтари аз шавҳар баромадаашон ҳам хизматҳои бисёре карда будам.

 Ин миннат не, ҳақиқат аст. Имрӯз ин зан барои пулаш даъво дорад, магар пули ӯ пулу пули ман пул набудаст? Ман дар қайди хонаи онҳо будам, хостанд хонаро ба номи ман гузаронанд, вале розӣ нашудам.   Ба Худо, ки суханҳояш дурӯғ аст. Худое, ки маро ҳаст кардааст, шоҳид аст, ки ин зан дурӯғ мегӯяд. Ӯ маро “звезда” накардааст, дар клипҳои ман маро кӯмак кардагӣ нест. Онҳо маро дар саҳна дидагӣ ҳастанд. Даъво кардаст, ки  то либосҳояшро ман мехаридам. Мумкин ҳамчун фарзанд як-ду курта гирифтагӣ бошад, лекин он ки тамоми либоси маро ӯ харида бошад, дурӯғ аст. Аз он рӯзе, ки маро ба худаш номзад баровард, ман ин занро дидан намехоҳам…
Маҳинаи Давлат

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …