Главная / Ҷамъият / Шаҳри Душанбе

Шаҳри Душанбе

Душанбе (форс. دوشنبه‎) – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Масоҳати шаҳр то 01.01.2016 – 126,6 км мураббаъ буда, дар он 802,2 ҳазор нафар шаҳрванд зиндагӣ мекарданд. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион тан аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш – 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш – 74800 метри мураббаъ мебошад. Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад. Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла — 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро-ро дорад.

sovremeni_dushanbe

Нақшаи нави генералии шаҳри Душанбе бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид, ки тибқи он васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12, 7 ҳазор гектари ҳозира то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст. Афзоиши шумораи аҳолӣ дар ҳудуди лоиҳавӣ дар марҳалаи аввал то соли 2025 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 1 миллиону 176 ҳазор нафар муайян гардидааст.

ТАЪРИХИ ДУШАНБЕ

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (форс. «شومان»‎) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (форс. «سومان»‎) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[4] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (форс. «حصار شادمان»‎) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (форс. «حصار»‎) ё «Ҳисорак» (форс. «حصارک»‎) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[5] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Аз ҷойноми «Душанбе» (форс. «دوشنبه»‎) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «Душанбе-қурғон» (форс. «دوشنبه قورغان»‎) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.

Соли 1924, пас аз ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва пойтахт эълон гардид.

16 октябри соли 1929 Душанбе ба Сталинобод, (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924-1953) номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон)

САНОАТ:

Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷойгир буд. Дар пойтахт тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ мекард ва чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро истеҳсол мекард. Комплекси саноатии пойтахт ҳоло 230 корхонаи саноатии гуногуншаклро дар бар мегирад, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор аҳолии пойтахт фаъолият доранд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 30 % молҳои сермасриф (аз ҷумла хурокворӣ) ташкил медиҳад. Маҳсулоти аз коргоҳҳои пойтахт ба фуруши беруна содиротшаванда: матоъҳои пахтагин, ресмони пахтагин, коркарди маҳсулоти ҷуроббарорӣ, маҳсулоти кабелбарорӣ, арматура ва маҳсулоти коркарди кишоварзӣ ва диг. ташкил медиҳад. Зиёда аз 10 корхонаҳои якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд.

Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.

  • Саноати сабук – соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
  • Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ – корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» – корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» – корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
  • Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ: Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
  • Саноати масолеҳи бинокорӣ – заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
  • Соҳаи электроэнергетикӣ – корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб – корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
  • Саноати кимиёвии пойтахт – аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
  • Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза – ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
  • Саноати полиграфӣ – зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.

Маориф

Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ – 20;

дар онҳо:
Донишҷӯён, ҳазор нафар – 97,2;
Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар – 17,1;
Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ – 9;

дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 9,0;
Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар – 2,1;
Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ – 140;

дар онҳо:
Хонандагон, ҳазор нафар – 172;
Омӯзгорон, ҳазор нафар – 7,2;
Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ – 112;
Бача дар онҳо, ҳазор нафар – 24,1

Илм

Ташкилотҳои илмӣ – 45;
теъдоди кормандони илмӣ – 2828;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
докторони илм, нафар – 231;
номзадҳои илм, нафар – 583.

аз ҷумла:
Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – 15;
теъдоди кормандони илмӣ – 883;

Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
докторони илм, нафар – 115;
номзадҳои илм, нафар – 229.[11]

Мактабҳои олӣ

Мақолаи асосӣ: Мактабҳои олии Душанбе

Ёдгориҳои меъморӣ – таърихӣ
1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ, дар майдони “Дӯстӣ”;

2. Ҳайкали Садриддин Айнӣ;

3. Ҳайкали Абуалӣ ибни Сино;

4. Ҳайкали Мирзо Турсунзода;

5. Ҳайкали А. Фирдавсӣ;

6. Ҳайкали В. В. Куйбишев;

7. Ҳайкали А. Рӯдакӣ;

8. Ҳайкали Садриддин Айнӣ ва Максим Горкий;

9. Ҳайкали Абулқосим Лоҳутӣ;

10. Ҳайкали Умари Хайём;

11. Нимпайкараи академик Бобоҷон Ғафуров;

12. Нимпайкараи Махатма Гандӣ;

13. Муҷтамаи ёдгории Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Ситораҳои Шарқ”);

14. Муҷтамаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Муҷтамаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Осорхонаҳо

Мақолаи асосӣ: Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Осорхонаи миллии Тоҷикистон (соли 2012 таъсис ёфтааст)
Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод (соли 1934 таъсис ёфтааст)
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон (2001)
Осорхонаи мардумшиносии АИ Тоҷикистон(этнографӣ)(1954)
Хона — музейи Садриддин Айнӣ (1963)
Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе (1991)
Хона — музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1968)
Хона — музейи Муҳиддин Аминзода (1974)
Осорхонаи Турсунзода — Хона — музеи Мирзо Турсунзода (1981)
Осорхонаи шарафи ҷангии шаҳри Душанбе (1995)
Осорхонаи Лоҳутӣ (1963)
Осорхонаи заминшиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (2011)
Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков

Муассисаҳои театрӣ

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ
Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов
Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
Театри давлатии лӯхтак

Муассисаҳои консертӣ

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев
Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ
Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода
Ансамбли «Сомон»
Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»
Маркази эҷодии «Илҳом»

Боғу гулгаштҳо

Боғи А. Рӯдакӣ
Боғи фароғат ва истироҳати ба номи С. Айнӣ
Боғи ҳайвонот
Кӯли ҷавонон
Боғи «Ирам»
Боғи Лучоб
Боғи Ғалаба
Боғи кӯдакон (Душанбе)
Боғи ноҳияи Шоҳмансур
Гулбоғи ба номи А. Мироненко
Гулбоғи ба номи В. Куйбышев (Душанбе)
Гулбоғи «Бӯстон»
Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо

Нашрияҳо

Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:
рӯзнома – 37
маҷалла – 37

аз ҷумла Маҷаллаи «Тоҷикистон»,«Илм ва ҳаёт», Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Тоҷикистон»,«Адабиёт ва санъат», Рӯзномаи «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Азия-плюс», «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» «Нидои ранҷбар» ва диг. нашр мешаванд.

Дар пойтахт 4 Оҷонсиҳои иттилоотии Тоҷикистон амал карда истодаанд: Оҷонсии иттилоотии «СИМОНЮС», Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс», АМИТ «ХОВАР», Оҷонсии умумимиллии иттилоот «ТОҶНЮС»(«TOJNEWS») (фаъолияти оҷонсӣ дар соли 2016 қатъ шудааст).

Тандурустӣ

Аз ҳама беморхонаи калонтарин дар Осиёи МарказиТеъдоди беморхонаҳо – 43;
Кати беморони онҳо – 5447;
Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар – 6282;
Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда – 16.[12]

Иншоотҳои варзишӣ

Стадионҳо – 8;
Толорҳои варзишӣ – 121;
Ҳавзҳои шиноварӣ – 4;
Толорҳои теннисбозӣ – 3;
Майдонҳои футболбозӣ – 57;
Машқгоҳи тирандозӣ – 3;
Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ – 140;
Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
Стадиони Фрунзе – 24 ҳазор;
Стадиони Спитамен (Спартак) – 6 ҳазор;
Стадиони Авиатор – 2 ҳазор.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …