Главная / Гуногун / Шабзод – Ҳикоя

Шабзод – Ҳикоя

Ҳақ дар забони ҳақ теғ аст, дашна аст,
Бар хуни мурғи ҳақ шабзод ташна аст.

Гулрухсор

 

Офтоб ба ғуруб мерафт.

Домани шафақ лолагун мегашту дили пирамард сиёҳ.

Ва андак-андак умедаш ба сўз мубаддал мегашт. Ба ин мардум чи бало асар карда бошад? Ҳеҷ кас парвои ҳеҷ касро надорад. Инсоф, раҳму шафқат намонда. Чашму гўшу дасту дили ҳама ба пул. Ё тавба! Ин қадар ба пул эҳтирому садоқат доранд! Гўё барои пул ба дунё омада бошанд. Ҳама аз паси пул. Пул гуфта худро ба чор сў мезананд. Шабу рўз бо орзуи пул мезиянд. Барои пул шуда ҳатто ҷонашонро дареғ намедоранд-е!

Пулпарастанд, пулпараст!

Пулмастанд, пулмаст!

Охир, чаро?!

О, ин марги рўёрўй аст-ку!

Ҳайф, сад ҳайфи зиндагӣ, ки бо пулҷамъкунӣ гузарад!

Ба ў чунин намуд, ки мошинҳо ҳам «Пул! Пул!» гуфта ба пеш метозанд.

Ниҳоят дили пирамард аз фишори беинсофии ронандаҳо ба изтироб омаду вуҷудашро аламу ғам фаро гирифт. Аз бори беинсофӣ қоматаш хам гашт. Ин ҳама ба хам омада ўро фишор доду фишор ва наздик ба таркидан расид.

Навҳаи талхаш танин андохт:

– Ноинсофҳо! Хаёлатон ки пирамард пул намедиҳад?! Танҳо дуо медиҳад! Э садқаи дуо шавед!

Дили пирамард холӣ нашуд, ки нашуд. Сафед нашуд, ки нашуд. Ва боз таркид:

– Падарсўхтаҳои касофат!

Аммо зуд пушаймон гашт:

– Худоё, бубахш маро! Онҳо аз куҷо медонанд, ки чашми набераи бемори ман ба роҳи бобо чор аст.

Пирамард назар ба сояи худ кард. Он дарозу ранг бохта. Оҳи пурдарде кашид:

– Эҳ, асри суръат! Ду соат ҳамчу тире аз камоне ба ройгонӣ рафт!

Бегумон чашм ба уфуқ андўхт. Шаб гулўи Рўзро бераҳмона медарид. Аз хуни Рўз домони уфуқ пурхун буд.

Ҳо, Шаб Рўзро мекушт.

Пеши назараш чеҳраи набера ба ҷилва омад. Чеҳрааш заъфаронӣ буд. Дар тобу таб месўхт. Хаёле эҳсоси бобоӣ дилашро ба ларза овард. Баданашро арақи сарде пахш кард.

Лаҳзае аз худ бехуд гашт.

«Бубахш, набераҷон, имрўз насиби дидор набудааст».

Дилаш аз аламу яъс сих зад.

Не, не, ана мошине истод. Садои шинаҳои он ба гўшаш расид. Бале, расид. Не, не, кобусе беш нест. Наход…

Не, бахт ба рўяш хандид. «Жигули»-е наздаш истода. Чашмони пирамард рушан шуд, зуд дари мошинро кушода, беихтиёр:

– Здрасти, – гуфт.

– Салом, падар, – ҷавоб дод ронанда.

– И-и… Илтимос бубахшед, тоҷик будаед.

Вай бо камоли эътиқод сар ҷунбонда, бо оҳанги буро гуфт:

– Худоро шукр, тоҷикам.

– Э мани пир рус гумон кардам, – гунаҳгорона гуфт пирамард. – Пирӣ-да, писарам, пирӣ. Ҳазор бахшиш.

– Ҳеҷ гап не, бахшиш напурсед, падар, – бо табассуми малеҳ гуфт ронанда. – Ин айби кепкаи сарам.

– Рост-рост, писарам! Чашмам аввал ба кепка афтид-да.

– Агар ба шаҳр мерафта бошеду аробаи кўҳнаи маро лоиқ донед, марҳамат шинед.

Дар овози ў меҳрубонии ў эҳсос мешуд.

– Чаро «аробаи кўҳна» мегўед?

– Ҳоло одамон дигар «Жигули»-ро писанд намекунанд. Ба он савор шуданро айб медонанд. Мошинҳои хориҷии «Мерседес», «Опел», «Некси»-ро меписанданд.

Табъи пирамард хуш шуд, табассум дар лабонаш гул кард.

– Э не-йе! «Жигули» беҳтарин мошин аст. Бадошт, коргар, бе нозу нуз. Халқӣ гўем ҳам мешавад. Ҳа… Пурсидан айб не, мегўянд. То куҷо мебаред?

– То куҷое ки хоҳед мебарам, падар, – хушнудона гуфт ронанда. – Аз файзи сўҳбататон баҳраманд шавем, шуд. Шумо розӣ бошед, бемалол нишастан гиред.

Пирамард бо хотири болида:

– Бо дилу ҷон, – гуфт ва «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим!» гўён ба мошин нишаст.

– Роҳро бо ҳам чақ-чақ карда ба охир мебарем, – ронанда мошинро сабук ба роҳ даровард.

– Э, умратон дароз бод! Илоҳо, хока гиред, зар шавад! – дуо кард пирамард ва оҳи сабук кашид. Ин нишонаи осудагии ў буд.

Хомўшӣ ба миён омад. Баъд ронанда лаб боз кард:

– Чаро зиқед, падар?

Пирамард бо алам ва канда-канда гуфт:

– Чӣ хел зиқ нашавам, писар? Бовар кунед, ду соати расо дар канори роҳ рост истодам. Як ронанда намегўяд, ки саги куҷоӣ. Ё тавба! Шув-шув гузашта мераванд. Мегўйӣ паси рул робот нишаста бошад.

«Худоё! Дурўғ гуфтам. Як нафар истода буд».

Баробари истодан пурсид, ки:

– Чанд сўм медиҳӣ?

– Чанд сўм? Панҷ сомонӣ медиҳам.

Рўи ронанда каҷ шуд.

– Бист сомонӣ диҳӣ мебарам.

– Во-о-ҳ!

Шинаҳои мошин фиғон кашиду мошин гўё аз ҷо парид.

Ронанда ба ҳасрат оҳ кашида:

– Наранҷед, падар, – гуфт. – Асабҳоятона эҳтиёт кунед. Ба гапам розӣ ҳастед ё не?

Пирамард бо шавқи беандоза гуфт:

– Сад дар сад! – ва афзуд: – Ҳа-а, ҳоло аз ҳеҷ кас ранҷидан мумкин нест. Умедвори некӣ шудан ҳам хатост. Аз худат намонӣ. Аз худат мондӣ – тамом, ҳолат хароб.

– Аз куҷо меоед, писар?

– Аз деҳаи Меҳнатобод, – ҷавоб дод ронанда. – Волидайнамро хабар гирифтам.

– Чӣ, онҳо беморанд? – ташвишомез пурсид пирамард.

– Э не-е, шукри Худо сиҳату саломатанд. Аёдати онҳо қарзи фарзанд аст. Онҳо ҳамеша бо умед чашм ба роҳи фарзанд медўзанд. Фарзанд риштаи ҷони онҳост. Аз дидани чеҳраи фарзанд беҳтар хушбахтие нест. Чашмонашон равшану дилашон мадор мегирад. Аз ин рў тез-тез хабар гирифта, хизматашона мекунаму дуо мегирам.

– Офарин, писарам! – таҳсиномез нидо намуд пирамард. – Илоҳо, баракат ёбед! Хока гиред, зар шавад!

– Ҳоло ҳеҷ кор накарда, – бо табассуми ширин гуфт ронанда, – ду бор дуоям додед, падар. Ташаккур!

– Чаро надиҳам, писарам, – қаноатмандона гуфт пирамард. – Охир, дуои нека ба одами нек медиҳанд. Замин аз об, одам аз дуо баҳра мегирад. Писарам, исми шарифатон чист?

– Фурўғ.

– Номи хуб, – хушҳолона гуфт пирамард. – Яъне рўшноӣ, некӣ. Ва боз латофат.

Фурўғ лаб ба таҳсин кушода, бо лаҳни ширин гуфт:

– Оҳо, шумо олим будаед-ку!

– Э не-е, олимӣ куҷо? – хандид пирамард. – Чил сол муаллими забону адабиёт будам.

– Падар, исми шарифи шумо чист?

– Олим.

Фурўғ гўё як хурма тилло ёфта бошад, бо нишот нидо намуд:

– Э, ана нагуфтам!

Симчўбу дарахтон ғув-ғув як-як қафо мемонданд.

Онҳо зуд ба ҳам унс гирифтанд. Охир, ҳазрати Бедил беҳуда нагуфта: «Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр, аз рўи кина кинаву аз рўи меҳ меҳр».

Шув-шуви бод бо овози якнавохти мошин ҳамсадо гашта, ба гўш форам мерасид.

– Чаро бевақт азми сафар кардед, падар?

– Хабар ёфтам, ки набераам бетоб, зарпарвин шудааст. Дар балнисаи Чапаев. Ин чи хел балниса бошад, нафаҳмидам.

– Фаҳмидам, падар. Ин беморхонаи кўдаконаи бемориҳои сироятӣ мебошад. Дар кўчаи Чапаев, дар наздикии Қасри Миллат ҷойгир аст. Ҳамроҳ ба аёдати ў меравем.

– Ҳамроҳ? Ай садқаи даҳонат-е!

– Розӣ ҳастед, охир?

Чеҳраи пирамард, ҳамчун нилуфар аз тулўи офтоб кушода шуд.

– Сад бор розиям. Барои чӣ розӣ нестам! Шумо маро пеши набераам бареду ман чиба розӣ намешудам?!

– Пас аз аёдат меҳмони хонадони ман мешавед. Чӣ гуфтед?

– Меҳмон? Дар шабӣ? Э не, писарам. Э не! Айб, ба Худо, ки айб!

– Меҳмон атои Худо гуфтаанд, – гуфт ў бо табассум. – Қадам болои дида!

Миёни онҳо хомўшӣ уфтод. Вале пирамард онро зуд барҳам зад:

– Шумо чи кораед, писарам.

– Дар сохтмони Нерўгоҳи барқи обии Роғун кор мекунам. Бригадир.

– Оҳ, наход?! Пеш чӣ кор мекардед?

Фурўғ каме фикр карда, баъд ҷавоб дод:

– Пеш муовини Вазири энергетика будам.

Баногоҳ дар дили пирамард чигуна як шубҳае ба вуҷуд омад, вале дар дақиқаи дигар, ҳамчун абрпорае аз шиддати бод, нопадид гардид.

– Дар замони мо бисёр беадолатиҳо рўй медиҳанд. Ва ҳар навбат онҳоро дида, хуни кас меҷўшад.

Ва баъди дақиқае дар чашмони пирамард оташаке барқ зад.

– Аз муовинӣ ба бригадирӣ. Ин чӣ хел шуд? Ситораатон туғрӣ наомад?

Фурўғ хомўш монд.

– Ҳа-а, фаҳмидам. География рост наомад.

– Наёфтед, падар. На ину на он. Бо хоҳиши худам.

– Охир, сабаб доштагист?

– Сабабашро ба шумо намегўям. Ин барои шумо гаронӣ мекунад.

Зимистони соли 2008 сангин омад. Болои сўхта намакоб барқ набуд. Вуҷуди мардумро сардии ғаму дард бештар беқарор мекард. Хабари марги аввалин устодаш мисли заминларза ўро ба ҷунбиш овард.

– Охир, ту куҷо будӣ? Устод се рўз туро суроғ кард!

– Дар хориҷ будам.

– Гуфтем. Гуфтанд, ки дар хориҷ чӣ мекобад? Чӣ гум кардааст? Ҳар чӣ ки лозим аст, дар ҳамин ҷо ҷўяд.

Пеши тобути устод ба зону уфтод. Мехост, фиғон бардорад, навҳа кашад, вале нафас дар гулўяш дармемонад. Ин гуна яъси тоқатшиканро бори аввал эҳсос мекард…

Либоси ғам дар бар карда, ҳафт шабу рўз мотам гирифт, азодорӣ намуд. Бо рўҳи бузурги устод дар гуфтугў буд. Ва дар вуҷуди ў таҳаввулоте рух дод. Рўзи ҳаштум ариза навишта, бо хоҳиши худаш аз вазифа даст кашид. Деҳа ба деҳа гашта, чил нафар ҷавононро ҷамъ овард ва бригада ташкил намуда, ба Роғун рафт.

– Ташаббусам ба шумо маъқул нашуд, падар?

– Бад нест… – посух дод ў

– Чӣ хел?!

– Оре, бад нест!

– Яъне маъқул нест?

– Ба худат маъқул аст?

– Бале!

– Муҳим ҳамин аст. Оё касе пайравӣ кард?

– Алҳол не. Аммо дунё ба умед, шайтон ноумед.

Офтоб ғуруб карда, оламро пардаи хокистарӣ фаро гирифт.

– Падар, таҳорат доред?

– Таҳорат? Ҳа, дорам. Чӣ буд?

– Шом шуд, падар. Дар ҳамин оромӣ, дур аз ғавғои шаҳр шомро хонему баъд роҳамонро давом диҳем. Оё шумо розӣ ҳастед?

– Сад розӣ. Чаро розӣ набошам. Аммо ҷойнамоз надорам.

– Ман ду ҷойнамоз дорам, – гуфт Фурўғ ва мошинро дар назди дарахтони арўсқомати бурс қарор гирифт.

Ба сатҳи ҳамворе по гузоштанд, ки бо сабзаву себарга пўшида буд.

– Ин ҷойнамозҳо аз Маккаи Мукаррама омадаанд.

– Нахо-о-од? Шумо ба зиёрати хонаи Худо мушараф гаштаед?

– Не, падару модарам мушараф гаштанд.

– Рост? Ҳамроҳ рафта буданд?

– Ҳа.

– Ҳай-ҳай, чӣ кори хубе кардаанд. Шумо чӣ? Нияти зиёрат доред ё не?

– Дорам, падар.

– Рост? Чӣ хубе! Насиб бошад, ҳамин сол меравед?

– Э не… Имсол не… Худо хоҳад пас аз бунёди Нерўгоҳи барқи обии Роғун.

– Э дар ақлат садқае!

– Ҳамин ки Роғунро сохтему ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштем, Худо розӣ шуда бошад, азми зиёрати хонаи Худо мекунам. То он рўз дар ҷўши сохтмон қарор хоҳам дошт.

– Ягон каси дагар ҳам намоз мехонда бошад? – ба чор сўй чашм давонд пирамард. – Ҷамоат мекардем, савобаш бештар мешуд.

– Рост, падар, – розӣ шуд Фурўғ. – Ку азон гўям. Шояд биёянд.

Ва ў баланд азон гуфт. Аммо касе наомад. Мошинҳо шув-шув гузашта мерафтанд. Пирамард оҳи бадард кашиду гўё худ ба худ гуфт:

– Куҷо шитоб дошта бошанд.

Пас аз адои намози шом сўҳбаташон идома ёфт.

– Норак қасри мўҳташам аст. Қасри мўҳташами дўстӣ. Онро тамоми мардуми собиқ Шўравӣ бунёд намуданд. Аммо Роғун дигар аст. Он қасри мўҳташами нангу номуси миллати тоҷик мебошад!

Ман итминони комил дорам, ки халқи тоҷик Роғунро месозад!

Чунонки Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и безаволи худро офарид!

Чунонки Ҷалолиддини Балхии Румӣ «Маснавии маънавӣ»-и оламгири худро тақдим намуд!

Чуноне ки Нўъмон ибни Собит мазҳаби Имоми Аъзамро поя гузошт!

Бояд қасри мўҳташами Роғунро бисозем, то ки фарзандону набераҳо бо мо фахр кунанд!

Сўҳбати Фурўғу пирамард гарм буду гуворо.

Аммо Фурўғ эҳтиётро аз даст намедод, чашм аз роҳ намеканд…

 

*      *      *

 

– Ўҳ!..

Баробари нидои ронанда мошин замин газид ва сахт қиғғос зад. Ва чунон такон хўрд, ки пирамард кам монда буд аз нишастгоҳ биафтад. Қариб сараш ба шишаи ҷилави мошин бархўрад. Ибтидо Фурўғ ба худ омад:

– Сабил монад.

– Чӣ ҳодиса рўй дод, писарам? – ба ташвиш афтод пирамард.

Садои пирамард ба ҳадде пуризтироб буд, ки Фурўғ шитобзада шарҳ дод:

– Дар рўи роҳ ким-чизе ҳаст.

– Нахо-о-од? Э саг-паг будагист? Ҳоло чӣ бисёр, саги девона.

– Ку бинем.

Фурўғ ба чашми худ бовар намекард. Рўи роҳ писараке мехобид. Даҳ-дувоздаҳсола. Маҷрўҳ, оғўштаи хоку хун.

– Кадом ронандаи нохалафе зада гурехтааст, – бо андўҳи гарон, қариб ки гириста гуфт Фурўғ.

– Оҳ, Худоё! – дар бадани пирамард мурғак давид.

Писарак зинда буд, ҷон дар бадан дошт. Нолиши дардолуд мекард. «Оча! Очаҷон!» мегуфт. Шамол ҳув-ҳув вазида, ба мўи сари Фурўғ ва риши пирамард панҷа мезад, бозӣ мекард.

– Аҳволаш вазнин, падар, – бо тарсу ҳарос ва саросема гуфт Фурўғ ба пирамард. – Бисёр вазнин. Ўро тезтар ба беморхона бурдан лозим.

– Истед, писарам, истед, саросема нашавед, – ташвишомез гуфт пирамард ва дуздона ба гирду атроф чашм давонд. – Охир, ин кори бозӣ нест.

– Чӣ бозӣ нест? – нафаҳмид Фурўғ.

– Ҷавони аҷибу раҳмдиле ҳастед. Дили раҳмин ҳамеша ғамгин, гуфтаанд.

– Шуморо нафаҳмидам, падар.

– Оё шумо наметарсед? – бо эҳтирос суол кард пирамард.

– Аз чӣ? Аз кӣ?– бо тааҷҷубу ҳайронӣ пурсид Фурўғ.

– Некӣ мекунеду ба сад бало мепечед, писарам, – бо алам гуфт пирамард. – Кӣ бовар мекунад, ки ин бачаро мошине зада гурехтааст? Кӣ? Аз шумо домангир мешаванд. Шуморо гунаҳгор мекунанд. Ба бало мемонед, азоб мекашед. Ҷони ҷавон доред. Ба ҷони ҷавонатон ҷабр накунед. Мефаҳмед ё не?

Ҳиссиёти вазнин ва пуртаҳлукае тазйиқаш медиҳад.

– Падар, ҳоло вақти ин гапҳо нест, – бо андўҳи гарон вале ҷиддӣ гуфт Фурўғ. – Охир, дар ин ҷо марг тантана дорад, марг табассум мекунад. Бачаро бояд наҷот диҳем. Баъд ягон гап мешудагист.

Пирамард каме фикр карда, таклиф намуд:

– Биё, беҳтараш мошини ёрии таъҷилиро ҷеғ мезанем.

– Падар, магар намедонед, ки онҳо чӣ хел кор мекунанд? Мошин нест, бензин надоранд. Боз ҳазору як баҳона меёбанд. То меоянд, ки шаб рўз мешавад. Аз сад ҷони бача як ҷонаш ҳам намераҳад. Худамон ўро ба беморхона мебарем. Ҳар дақиқа ғанимат.

Пирамард бо овози пуряъсу илтиҷоомез гуфт:

– Биё, ягон касро ҳамчун шоҳид бо худ гирем.

– Не, падар, вақт меравад. Шоҳиди мо Худои тори сар.

Ҷасорати Фурўғ ба пирамард ҳам ҷасорат бахшид. Ва аз бенадешагии худ хиҷолат кашида гуфт:

– Хоҳиш мекунам маро бубахшед, писар. Ҳа, ҳа, рост мегўед, писар! Вақт ғанимат!

Гўё бори вазнине аз китфони Фурўғ бардошта шуд.

Андаке нафасаш рост гашт.

Пирамард писаракро бо эҳтиёт ба оғўш гирифт. Нолат ҷонкоҳи писарак баланд шуд. Дард кард ҷони пирамард, сўхт мағзу устухонаш.

Мошин аз нав роҳ гирифт.

– Оҳ, Худоё! Худовандо! Дар паноҳат нигоҳ дор!

Садои мотор баландтар шуд, мошин бо суръати сареъ ба пеш метохт.

Дар оғўши пирамард марг қаҳ-қаҳа дошт, панҷа ба ҷони писарак мезад. Писарак базўр «Оча… Очаҷон…» мегуфт. Пирамард мехост худро мард бигирад, вале оби дидааш ба ў итоат намекард. Беист мерехту мерехт…

 

 

*      *      *

 

– Тезтар!.. Аҳволи бача вазнин аст!..

– Ҳой, ҳой! Оҳистатар! Ин ҷо кўча не, беморхона, – гуфт бачазанаки зардинаи мўйбуридаи халати сафедпўш. – Чӣ ҳодиса рўй додаст?

– Магар намебинед… Бачаро мошин задааст… Тезтар ҷарроҳӣ кардан лозим…

– Ман бояд ҳуҷҷат пур кунам, – вай паси миз нишасту қаламро ба даст гирифт. – Чӣ ном дорад? Чандсола? Адреси хона? Падару модар? Кӣ задаст? Дар куҷо задаст? Чаро задаст?..

– Хоҳарҷон, – бо зорӣ гуфт Фурўғ. – Ҳуҷҷатҳо намегурезанд, баъд пур мекунед. Ҳоло бачаро наҷот додан лозим.

Бачазанак сар ҷунбонид ва нафасе сукут карду сонӣ аз ў пурсид:

– Чӣ ном дорӣ?

Ў зуд номашро ба забон овард.

– Аз куҷо мешавӣ?

– Охир, ин ба бача чӣ дахл дорад?

– Дорад, ки мепурсам. Ман ҳамшира. Инро ҷарроҳ ҳал мекунад. Рафтем ба утоқаш.

Ҳамшира қарс-қарс сақич хоида, онҳоро назди дари ҷарроҳ бурд. Дарро тиқ-тиқ нохун зад.

– Кӣ?!

– Ман, Гулсанам…

– Даро.

Ҷарроҳ марди тоссари фарбеҳи қассобнамо зери чашм ба онҳо нигарист.

– Ҳамшира, чӣ гап?

– Кўдаке вазнин…

Ҷарроҳ ўро песонда дод зад:

– Чанд бор гўям, ки сақич нахой?!

– Бахшиш…

– Чӣ мехоҳӣ? Тезтар гап зан.

– Бачаро ҷарроҳӣ кардан лозим.

Ҷарроҳу ҳамшира ба ҳам нигаристанд. Нигоҳашон маъниҳои зиёд дошт. Онро танҳо худашону Худо медонист.

– Чӣ шудааст ба ў?

– Мошин задаст.

– Мошин задаст?! – бо шунидани ин хабар қариб изҳори шодмонӣ намуд ҷарроҳ, вале дарҳол ба худ омад, эҳтиёт шуд.

– Хайр шуд, шуд, – ғур-ғур кард ҷарроҳ. – Рафта об биёр. Обе нест, ки чой монам. Аз ташнагӣ сўхтам.

Назари ҷарроҳ ба Фурўғ афтод.

– Ту ронанда?

– Ҳа… Ман… Ман ронанда… Ман ўро…

– Охир, хонӣ мемурӣ-а?! Пул дорам гуфта, праваро мехариву газро зер мекунӣ. Ман бояд милиса ҷеғ занам…

Рўи хотири писарак Фурўғ ин таҳқирро фурў бурд.

– Не, не, ман назадаам, – гуфт Фурўғ. – Худо нигоҳ дорад. Ман ўро аз роҳ ёфта овардам…

– Ҳа-а, шуд, шуд! Яъне ту падари кўдак мешавӣ?

– Не, ман падараш не. Ман бегона, намедонам, ки ў кист ва аз куҷост. Гуфтам-ку, ман ўро аз роҳ ёфта овардам.

– Ин мўйсафед бобояш?

– Вай ҳам бегона аст.

– Ин бегона, вай бегона, – бо иллат гуфт ҷарроҳ. – Пас ҳаққи хизмати моро кӣ медиҳад?

Ҷарроҳ нигоҳи сард ва бераҳмонае дошт.

– Чӣ хел ҳаққи хизмат?

Ҷарроҳ чунон бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба ў нигарист, ки гўё баногоҳ аз сайёраи дигар фуруд омада бошад.

– И-иъ! Аҷоиб-ку!

– Чӣ аҷоиб? – суол кард Фурўғ.

Ҷарроҳ лабханд кард.

– Чӣ аҷоиб? – гашта пурсид ҷарроҳ ва афзуд: – Дору, асбобу анҷом, кор ва боз ҳазору як майда чуйда… Ҳамаи ин пул меистад, домулло. Ё аз кисаи худам диҳам?

Пирамард ўро сари инсоф оварданӣ шуда гуфт:

– Эй писарам, мову шумо аз як кундаем.

– Чӣ-ӣ?! Ман кунда?!

– Не, не, ман гуфтанӣ, ки мову шумо мумину мусалмонем, ба Худо ки савоб мегиред… Дар дунё аз ин кори савобтар нест. Бовар кунед.

Ҷарроҳ ба хашм омад:

– Ҳой, пиракӣ! Тормоза зер кун!

– Чӣ? Кӣ?

– Ку як бор ҳалво бигў!

– Чч-чӣ-чӣ?!

– Як бор ҳалво бигў!

– Худоё, кар шудаам чи бало! Чи бигўям?

– Ҳалво!

– Ҳалво?

– Боз як бор такрор кун!

– Ҳалво…

– Мазза кардӣ? Даҳонат ширин шуд? Не, ширин шуд?!

Пирамард музтар монд.

– Дидӣ, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Савоб! Савоб! Аз пиракиҳо танҳо ҳамин гапро мешунавӣ. Поят дар лаби гўру гўрро ҳам намефаҳмӣ. Ман даҳто хўранда дорам. Даҳто-о! Фаҳмидӣ? Ману ҳамсарам ва ҳашто фарзандам. Аз савоб шиками фарзандонам серу танашон пўшида намешавад. Боз мактаб бидеҳ мегўяд, боғча бидеҳ мегўяд, инаш те мегўяд, ваяш те мегўяд… Эҳ-ҳ!.. Боз главврач ҳаст, горздрав ҳаст, минздрав ҳаст… Эҳ-ҳ!.. Ту бошӣ «Савоб! Савоб!» гуфта сафсата мехонӣ.

Пирамард ба ў чашм дўхт. Мехост сухане гўяд, аммо нафасашро сахт чизе гирифт. Ҷарроҳ дар дил завқид. «Ҳа-а, забонат ба комат фурў рафт?  Бовар кардӣ? Э, содда, содда! Дар бисотам як писар дорам. Пас аз панҷ сол ба дунё омад. Чӣ азобҳое накашидем. Пеши сад касу нокас сар хам кардем. Лекин шер омад, шер! Чор кило! Ҳоло ў эрка. Нозу нузаш беҳисоб. Талаботаш калон, баробари даҳто».

– О…о…

– О по нест. Ана ҳамин хел. То пул наоред, аз ҷоям намехезам.

– Ҳо.

Ҷарроҳ ўро песонд.

– Чӣ ҳо?!

– Наметарсед?

– Чӣ-ӣ? – Ў абрўвонашро барҳам кашида, чашмони хурд-хурди дар косахона чуқур афтодаашро боз ҳам тангтар карда, оташи ғазабашро ба тарафи пирамард фиристод: – Аз кӣ? Аз ту? Ту, ту?!

– Илтимос, ту-ту накунед, – ҷиддӣ гуфт ў ва афзуд: – Не, аз ман не, аз давлат. Аз сиёсати давлат хабар доред ё не?

– Ғам нахўр, хуб хабар дорам, – истеҳзоомез гуфт ҷарроҳ. – Ҳамин сиёсат маро қурбон кард.

– Магар намедонӣ ки ташкилоте зидди порахўрӣ амал мекунад. Порахўронро ба маҳкама мекашад. Рўзашонро сиёҳ мекунад.

Ҷарроҳ аз ин сухан мори ба хашм омадагӣ барин якбора сар боло кард:

– Ҳой, мўйсафед!  Ту маро натарсон! Ман бисёр тарсидагӣ!

– Пас маълум, ки ту аз давлат наметарсӣ?

– Заррае ҳам. Гап дорӣ?

Пирамард лаб фурў баст.

– Чаро хомўшӣ? Ба гапи рост чӣ ҳам мегўӣ?

Пирамард бо чашмони пур аз ғазаб ба вай нигариста, сипас гутохона пурсид:

– Гўш бикун, хайр, аз давлат наметарсӣ, аз Худо чӣ?

– Не! Боз ҳам не!

– Ба Худо бовар надорӣ?

– Не!

– Буздил ва ҳақир ҳастӣ?

– Не, ҷасурам. Зеро дар ин ҷо Худо манам!

Аз беадабӣ ва ноинсофии ҷарроҳ оташи хашми пирамард аланга зад:

– Чӣ-чӣ? Чӣ гуфтед?!

– Нашунидӣ? Гуфтам, ки дар ин ҷо Худо ман ҳастам.

– Шумо-о-о?!

– Ҳа, ман, ман!

Рагҳои чаккаи пирамард парида, дилаш аз қафаси сина берун ҷастан мехост.

– Астағфируллоҳ гўед, тавба кардам, гўед.

– Э бас-е! Гап ёд нате! То гулў серам!

Ғаму ғусса, дарду алам, хашму навмедӣ дар ниҳоди пирамард бо ҳам печиду якбора дар мағзаш эҳсоси мағшуш ба ҷунбиш омад. Ва ҳамчун барги хушки дар оташ афтода даргирифт:

– Э садқаи вазифаи пуршарафи духтурӣ шавед шумо! Шумо қасами Гиппократро бо пул мефурўшед?!

– Э ҳой! Чӣ ин қадар Гиппократ, Гиппократ мегўӣ? Гиппократ ҳам агар имрўз мебуд, бе пул коратонро буд намекард! Ман гений гуфта, шояд даҳ баробар зиёдтар ҳақ мегирифт. Фаҳмидӣ!

Чашмони ў чашм набуд. Як пора шишаи сард буд. Ва холӣ буд. Ғам надошт. Дард надошт. Нанг надошт. Ор надошт.

«Дили ў сард аст, сад оташ занӣ ҳам гарм намегардад».

– Майлаш, ман пул медиҳам, – Фурўғ даст ба ҷайбаш бурд. – Ана ҳамагӣ сад сомонӣ дорам. Мешавад?

– Чӣ-ӣ?! – ҷарроҳ абрў чин кард, қавоқ гиронд, яъне нафраташ омад. – Сад сомонӣ ҳам пул шуд?!

– Ё тавба!..

– Замона охир шуд… – гуфт пирамард ва даст ба ҷайбаш бурд. – Ана ман ҳам бист сомонӣ дорам. Бигир!

– Маро усал кардед? Э ҳой, бо саду бист сомонӣ пишак ба офтоб намебарояд… Охир, ман сар наметарошам. Ҷарроҳӣ мекунам. Ҳама ҷояш маҷақбод будагист. Буридан лозим, ҷо ба ҷо кардан лозим, дўхтан лозим.

Ҳамшира об овард.

– Оба мону давида сигарет биёр, ки сарам мекафад.

Ҷавоне беибо ба утоқ даромад. Се касро дида, саросема шуд, дасту по гум кард. Як-як ба ҳар се дида дўхт.

– Мемурӣ пеш аз даромадан дарро тақ-тақ занӣ?!

Ҷавон гашта берун баромада дарро кўфту сипас даромад.

– Кистӣ? Чӣ мехоҳӣ? Касеро мошин зад?

– Э не-е… Кадомтон аки Хошок мешавед? – беҷуръат пурсид ў.

– Хайр, ман Хошок. Чӣ буд? Ту худат кӣ?

– Ман?.. Ман медбрат…

– Ҳой, медбрат! Худат намерасидӣ! Ку харата ҳай кун!

– О… Ман гап дорум.

– Зан гапата! Тез!

– Ҳа… вай… Маро акаи Хаскаш роҳӣ кард. Гуфт ки акаи Хошокро гирифта биё…

– Кадом Хаскаш?

– Ҳо-о, аз шўъбаи дил…

– Чӣ, дилаш зад?!

– Э не-е… Тура ҷеғ дора.

– Мана?

– Ҳа, туя.

– Шаб саҳар намешуд?

– Чӣ-ӣ-ӣ?

– Саҳар меравам.

– Э не-е, ҳозир гирифта биё, гуфт. Чои сафед тайёрай, гуфт. Бе аки Хошок аз гулў намегузарад, гуфт. Тез гирифта биё, гуфт

– Э рўш сиёҳе!

Чашмони ташнаи ҳирси Хошок барқ заданд. Ду ҳирс – чои сафед ва пул ба набард омад. Набард дер давом накард. Ба зудӣ анҷом ёфт. Кӣ ғолиб омад? Кӣ мешуд? Албатта пул ғолиб омад.

– Гўй ки ҳоло кораш аз мўи сар бисёр, андактар меояд.

Ҷавон ҳарфе назада, мунтазири ў истод.

– Ба дару девор гап задам?!

– Чӣ?

– Нашунидӣ, чӣ гуфтам?

– Чӣ гуфтӣ?

– Сари қаврат гуфтам! Рав!

– Бе ту намеравам. Маро ҷанг мекунад.

– Тф-у! – ҷарроҳ бо қаҳр аз ҷо бархост.

– Меравем?

Ҷарроҳ боз ҳам бештар ба ғазаб омад. Аз чашмонаш гўё оташ меборид. Ва ў дод зада, гуфт:

– Ҳо-о-й, медбрат! Канӣ гум шав!

Ва сўи ў қадам гузошт.

Медбрат тарсид. Ларзид. Шах шуд. Сипас ба худ омаду думашро хода кард.

Дили Фурўғу пирамардро гургон тала мекарданд. Онҳо зайле ки болои сўзан бошанд, вазнашонро аз як по ба пои дигар партофта, ба чеҳраи ҷарроҳ менигаристанд, ором надоштанд, дар ҳаяҷону изтироб буданд.

Дар паси тиреза торикӣ ва ваҳшат ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Ҷарроҳ бепарво, орому беғамона ба соати кисагии пўшдору ялаққосиаш нигарист.

– Даҳ дақиқа кам даҳ! – нидо зад ҷарроҳ ва гўё ки оҳ кашид. – Вақт ин қадар тез метозад-е. Мегўӣ ки тайёра бошад.

– Бале, вақт рафта истодааст, – илтиҷо кард Фурўғ.

– Вақти кӣ? – пурсид ў ва лабханд карду чор дандони тиллоияш ялаққос зад.

– Охир бачаро наҷот додан лозим, – боз зора кард Фуруғ.

– Ман бист сол барои он нахондам, ки ту занию ман наҷот диҳам. Фаҳмидӣ?

– Гуфтам-ку, ман назадаам…

– Ҳа, албатта! – нешханд зад ҷарроҳ. – Кӣ қоил мешавад? Ҳеҷ гап не, ба дасти милиса афтида се-чор шаттаи обдор ки хўрдӣ ҷон-ҷон гуфта қоил мешавӣ. Онҳо дар ин кору усто, метавонанд.

– Ман ўро аз роҳ ёфтам, – қариб ки гириста гуфт Фурўғ ва ба пирамард ишора кард: – Ана, падарам шоҳид.

– Ҳа-а, падару писар якгапа шудем гўё?!

Овози ҷарроҳ оҳанги истеҳзо ва таҳдид дошт.

Дили пирамард беихтиёр кашиш хўрд. Панҷаҳои ҳасрат гўё ба он чангол мезад ва риштаҳои эҳсосро мебурид.

– Астағфируллоҳ гўед, шаккокӣ накунед, тавба кардам, гўед. Ман ин касро бори аввал мебинам. Ин кас аз рўи одоб маро падар гуфтанд.

– Ту ба ман гап ёд нате, мўйсафед.

– Охир бача вазнин аст…

– Вазнин? Вазнин ки бошад ҳаққи хизмат ҳам вазнин мешавад.

Дили Фурўғ сип-сиёҳ буду ҳеҷ бовар намекард, ки дар рў ба рўяш духтур истодааст. Нафратовар гашт афту башараи ҷарроҳ дар назараш. Вой бар ҳоли писараки бечора. Ҷавр бар ҷони падару модари ў. Ҳоло шояд дар кўчаҳо сарсону саргардон, фарзанд мекобанд.

Куҷоӣ, ай адолат!

Ки аз дасти ту дили ҷарроҳи сияҳкор пора-пора гардад.

Оҳ, Худоё!

Бигзор, бигзор, то набинему насўзем.

Ба ҷои адолат ғиреви Фурўғ баланд мешавад:

– Охир шумо бигўед, ки мо чӣ кор кунем?!

– Чӣ кор мекардӣ? Бачаро гашта бар!

– Ба куҷо?

– Ба ҳамон ҷое ки гирифтӣ.

Дили Фурўғ фишурда шуд. Ва ғаме чун кўҳ бораш гашт.

– Инсоф кунед…

– Инсоф мегўӣ?! – ҷарроҳ ба сўи Фурўғ ғуррид. – Аз кадом инсоф гап мезанӣ? Ман бист сол хондам. Сад сомонӣ маош мегирам. Ҳамин аст инсофат?

– Охир, кўдак гунаҳгор не-ку?

– Кӣ гунаҳгор?

Зояндаи зулмот – шаб – ҳокими мутлақ буду қаҳ-қаҳа мезад. Дар фазои утоқи ҷарроҳ инсоф месўхт. Пора-пора, ришта-ришта месўхт. Бе аланга месўхт. Дарун-дарун месўхт. Чун каҳдуди сўзон месўхт. Дуди ғализ мекард. Миёни анбўҳи дуди инсоф Фурўғу пирамард ҳайрон монданд.

«Аҷиб, чӣ коре буд, ки кардам? Чӣ г… буд, ки хўрдам? Кошкӣ намеистодам. Не, не! Аз рўи қонуни инсонӣ рафтор кардам. Ё монда равам? Чӣ мешуда бошад? Не, не! Ин аз рўи инсоф не».

Дасту пои Фурўғ кам-кам меларзид.

– Ягон илоҷ кунед, убол аст… Худатон гўед, чӣ кор кунем? Кўдак аз даст меравад.

– Рафта аз падару модараш пурс. Онҳо куҷо буданд? Чаро фарзандашонро соҳиб нашуданд? Мезоянду ба кўча сар медиҳанд. Паноҳашон ба Худо. Баъд кӣ гунаҳгор, духтур.

«Худоё, чӣ гуноҳе содир карда будам, ки ба чунин инсони сияҳдилу беинсоф рў ба рўям кардӣ?»

– Кам диҳаду ғам не!

– Чӣ-ӣ?! Таъна мезанӣ, ё тарсам медиҳӣ?

Дар ин ҷо аз раҳму шавқат осоре дида намешуд. Аз дару девор садои «Пул! Пул!» меомад. Ба ҳар куҷо ки менигарист манзар аз пул дошт. Ҳар он садо, ки мешунид, садои пул буд. Фурўғ ба чашмонаш бовар намекард. Ба хаёлаш, ки хоби даҳшатноке медид. Кош ҳамаи ин хоб мебуд. На, ў хоб намедид. Хоб набуд. Ҳақиқат буд, ҳақиқати талх. Вай аз забони садҳо одамон дар бораи ҷаври духтурон шунида буд. Дар маҷаллаву рўзномаҳо даҳҳо мақолаи даҳшатнок хонда буд. Вале бовар намекард. Ҳангомаву овоза мепиндошт. Ҳоло бошад бо чашмони худ медид. Ва беҳуда ҳам онҳоро Шабзод ном намебурдаанд. Халқ хуни дил мехўранду онҳо хуни ҳалқро мемаканд. Ва ў аз ҷафои ҷарроҳ ба дод омад:

– Худат хурду нафсат калон!

– Э бас кун-э!

– Дониста бош: Нафси бад – балои ҷон!

– Хайр, ғавғо бас! – дод зад ҷарроҳ. – Ку кабинетро холӣ кунед! Тез!

– Не, то ҷарроҳӣ накунед, ба ҳеҷ куҷо намеравем.

– Э безор аз ҷонам кардед! Асо! Асо-о!! – ҷарроҳ аз қаҳр дод зад. – Куҷо шудӣ? Ку ин ҷо биё!

Ба кабинет як марди паҳлавонҷўсаи тоссар даромад.

– Чӣ мегўӣ, раис?

– Инҳора барор, ки асабҳоямро хароб карданд.

Ба тани Фурўғ чизе хазид.

– Чӣ гуноҳ кардаанд? – чашмони ў ба рўи Фурўғ лаҳзае мехкўб шуд.

– Ғайри кори савоб ягон гуноҳе накардаем, – гуфт Фурўғ.

– Ҳм…м. Ин… – Асо номуайян ғур-ғур кард.

– Беҳуда намегўянд: ё хара пеши бор, ё бора пеши хар!

– Чӣ-ӣ?! – Асо теғи нигоҳ сўи пирамард кашид ва ваҷоҳаташро бадҳайбат намуд, то ки дар ниҳоди меҳмонон тарсу ларз ва ҳарос эҳё созад.

Тамоми вуҷуди Фурўғро ҳиссиёти навмедона ва ноилоҷӣ фаро гирифт. Дилаш ях шуд. Тамом! Ҳамааш барбод рафт! Бача наҷот намеёбад. Дар вуҷудаш, ҳисси ғазаб ва дилхунукӣ нисбат ба ҷарроҳ пайдо шуд. Ҳуд ба худ андешид, ки аз афташ бо сухани хуб бо ў гуфтугў кардан бефоида аст.

– Инсони разил! Бешараф!

Нафасаш банд омад, лабонаш париданд. Пирамард ҳайратзада ба ў нигарист. Ваҷоҳаташ дигаргун гашт.

– Писарам, ором, ором бош. Илтимос.

Фурўғ худро ба даст гирифту фикри аз куҷо пул ёфтан дар сараш чарх зад. Ва якбора симои як дўсташ пеши назараш ба ҷилва омад. Зуд рў ба ҷарроҳ овард:

– Чанд сомонӣ лозим?

– Чӣ-ӣ? Сомонӣ? Э, мо бо сомонӣ кор намекунем.

– Бо чӣ кор мекунед? – ҳайрон ба рўи ҷарроҳ нигариста пурсид Фурўг.

– Намедонӣ? Не, ту намедонӣ?

– Охир, аз куҷо донам?

– Чаро худатро мусичаи бегуноҳ мегирӣ? Чаро худро ба нодонӣ мезанӣ?

– Нодонӣ? – гашта пурсид Фурўғ. – Агар медонистам, ҳоло пеши шумо набудам.

– Чӣ, ту магар аз моҳ афтидӣ? Набошад бидон, бо доллар. Як ман не, ҳама духтурон бо доллар кор мекунанд. Умуман на танҳо духтурон. Ҳама. Фаҳмидӣ?

Ранги сабзи доллар пеши чашмаш ҷилва кард. Ин ҷилва дилашро табдили ранг дод. Кунун дилаш ранги зард дошт.

– Хайр, чанд доллар лозим?

– Лозим нагўй, минат накун, – бо зарда гуфт ҷарроҳ. – Ман барои ту гадо нестам. Ман аз ту пул наметалбам. Ман ҳаққи хизматамро мегирам. Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам. Гўй, чӣ қадар?

– Аслан, ҳаққи хизмат сесад доллар мешавад, – гуфт ҷарроҳ. – Вале, майлаш, барои ту гузашт мекунам. Дусад доллар биёр мешавад.

Пирамард ба шўр омад:

– Чӣ-ӣ? Дусад доллар? О ин беинсофии рўирост-ку! Мебахшед…

– Бахшиш-пахшиш нест!

– Дузд бошу бо инсоф бош гуфтаанд, – пирамард хост аз гиребони ҷарроҳ гирад. – Чаро дусад доллар? Чаро?

Фурўғ чолокона пирамардро ба оғўш гирифт, ба курсӣ шинонд.

– Чаро?… Чаро?… – такрор мекард пирамард.

– Ором шавед, падар, хоҳиш мекунам, ором шавед! Ҷанҷол накунед, падар. Пул ёфт мешавад, бача шифо ёбад шуд.

Дили пирамард боизтироб метапид, нафасаш дарун афтид.

Фурўғ ба ҷарроҳ рўй овард:

– Майлаш, ман розӣ. Ман ба хонаи як дўстам меравам. Шумо ҷарроҳиро сар кунед

Ҷарроҳ лабханд зад.

– Э, не-е! Ин ҷо бозор не. Мо насия кор намекунем. Биёред, мебинем.

– То омадани ман…

Аз ин тасаввур дилаш таҳ зад, баданаш ба ларза омад.

– Дунё чапа намешавад. Даматро ба дарун зану тезтар рав.

– Гуфтам-ку, аз дўстам гирифта меорам.

– Надиҳад чӣ?

– Медиҳад. Вай дўстӣ ҷонӣ. Барои ман ҳеҷ гоҳ «не» нагуфтааст.

– Ҳе, сода, сода! Ҳоло медонӣ дўст чӣ? Пул! Фаҳмидӣ?

Хост гўяд, ки ҳамаро ба худ чен накун. Вале нагуфт. Дигар гапро ҳайф донисту вақтро ғанимат.

 

*      *      *

 

– Ана дусад доллар!

Аз тез-тез роҳ гаштан Фурўғ ҳаш-ҳашкунон нафас мекашид.

– Тиш-ш-ш! Оҳиста гап бизан! «Девор муш дораду муш – гўш!»

– Муш?..

Табассум дар лабони ҷарроҳ гул кард. Чашмонаш барқ заданд. Оташи ин барқ мағз-мағзи ҷони Фурўғро сўзонд.

– Ҳа, ин ҷо чӣ бисёр, мушу мушбача. Чашми ҳамаи онҳо ба дасти ман чор.

Ҷарроҳ ҳарисона пулро аз дасти ў гирифта ба киса андохт.

– Ана ин гапи дигар. Мешудааст-ку! То сахт наоӣ, ақлатон намедарояд-а?

Фурўғ то сухани ноҷое нагўяд, оҳи ҷуқуре кашид.

– Шуд! Корро сар кардан мумкин, – гўён бешитоб аз утоқ баромад.

Ба тани Фурўғ ҷон, ба дилаш мадор омад. «Худоҷон!» – гўён чанд ояти медонистагиашро хонд. Ва аз Худо шифои писаракро талабид. Вале ҷарроҳ чунон оҳиставу бепарво роҳ мерафт, ки гўё ба зиёфате равон аст. Ғусса дили Фурўғро фишор доду ба ў рў овард:.

– Акоҷон, тезтар, илтимос…

Ҷарроҳ ба сўи ў нигоҳи аҷибе партофт, гўё ба Фурўғ каме нафрат дошт. Баъд қариб бо ғазаб дўғ зад:

– Ту кори худатро дон! Ба ман ақл нашав!

Сипас бо ҳамон оҳанг изофа намуд:

– Ман худам медонам чӣ кор мекунам.

Назди дари ҷарроҳхона ҷарроҳ ба сўи онҳо дўғ зад:

– Харатона ҳай кунед!

Фурўғу пирамард паси дар монданд.

– Худоё! – нолид пирамард. – Пулат набошад, мурдаатро зоғон мехўранд!

– Бале, рост мегўед, падар.

– Оҳ, Худоё!..

Фурўғ беқарор буду дар худ меларзид. Дилаш сип-сиёҳ. Пеши чашмонаш танҳо писаракро медид, ки «Оча! Очаҷон!» мегуфт. Ў ҳам дар дил: «Худо! Худоҷон!» мегуфт.

Пирамард ҳам ҷои нишаст намеёфт. Ба Худо рў оварда, беист дуо мехонд.

 

*      *      *

 

Ҷарроҳ бо ҳаловат ба ҳамшира амр кард:

– Ба ҷарроҳӣ тайёр шав!

– Ҷарроҳӣ лозим не, – оҳиста гуфт ҳамшира.

– Чӣ хел лозим не?! – ба сўи ў дўғ зад ҷарроҳ. – Кӣ гуфт ки лозим не? Кӣ? Гап зан?

– Охир, дер шуд, – бо андўҳ гуфт ҳамшира. – Дигар ба ў ҳеҷ кас ёрӣ дода наметавонад.

– Чӣ хел дер шуд? – бо ҳамон оҳанг гуфт ҷарроҳ. – Ба чӣ дер шуд?

– Бача мурд, – гунаҳкорона пичиррос зад ҳамшира.

– Мурд? – бепарвову беғамона пурсид ҷарроҳ. – Нахо-о-од? Ҳм…м. Хайр ҳеҷ гап не. Мурда бошад ба мо чӣ. Мо ҷарроҳӣ кардан мегирем.

Ва ў дар дил хандид: «Э гаранги Худо. Пулаш додагӣ, дар кисаам».

Дилаш фараҳ, вуҷудаш лаззате дошт.

«Чок мекунему медўзем. Барои ман аз ин кор дида кори осоне нест. Мисли ду карат ду ду-чор. Бори аввал не-ку? Баъд худро андўҳзада мегирему мегўем, ки аз дастамон ҳар чӣ ки омад кардем. Тақдираш ҳамин будааст. Ҷояш ҷаннату гўраш пурнур бошад. Охир, мо Худо не-ку! Аз мо не, аз Худо домангир мешаванд. Тамом вассалом! То ба имрўз ягон кас эътироз кард? Не! Ҷанг кард? Не! Гапи сахт гуфт? Не! Ба ҷое арзу дод бурд? Не!»

Ҷарроҳ дасти писаракро ба даст гирифт. Он ях барин хунук буд. Ба рўяш нигарист.. Нигаристу нигарон монд. Шинос барин. Кӣ бошад? Дурустар зеҳн монд. Ва гўё барқ зад, ки таконе хўрд. Ҷарроҳ бачаро шинохт. Вай ягона писараш буд.

– Не-е! – дод зад ҷарроҳ. – Не! Не!

Вале ин ҳақиқат буд, ҳақиқати талх.

Дили ҷарроҳ сонияе аз кор монд, банди пойҳояш суст ва беҳол шуданд. Сараш чарх зад, нафасаш танг омад. Аз ҳаракат монд, дар ҷояш шах шуд. Баъд ба худ омаду фиғонаш ба фалак печид. Фиғон мекашид, мўю рўй меканд. Сар ба дару девор мезад.

Аммо…

Вале…

Лекин…

Афсўс, сад афсўс!..

15 ноябри соли 2009

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …